Фазилати моҳи рамазон дар ҳадисҳои Паёмбари Акрам(с)

0
178

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Аз дидгоҳи маорифи динӣ замонҳо ва маконҳо фазилати хосси худро доранд ва инсон бо шинохт ва огоҳӣ аз онҳо метавонад беҳтарин баҳарамандиро дошта бошад. Яке аз онҳо моҳи рамазон аст, ки фазилат ва ҷойгоҳи бисёр муҳим дорад ва инсон бо истифода аз он метавонад худро ба камолоти шоиста ва мақоми бандагии хосси Худованд бирасонад. Дар китобҳои ахлоқӣ ва баъзе аз ҳадисҳо моҳи рамазон ба фасли баҳор ташбеҳ шудааст ва бузургон ин моҳро баҳори зиндагӣ ва бандагӣ медонистанд. Дар инҷо чанд намуна аз ҳадисҳои Паёбмри Акрам (с)-ро, ки дар фазилат ва фурсатҳои моҳи рамазон омадааст, зикр мешавад,  то мӯъминон нисбат ба ин моҳ ва рӯзҳову лаҳзаҳояш бештар ва беҳтар таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

          Ҳадиси аввал

Расули Худо (с) дар фазилати рӯзадорӣ ва савобу подоши он фармуданд:

«إِنَّ رَبَّكُمْ يَقُولُ كُلُّ حَسَنَةٍ بِعَشْرِ أَمْثَالِهَا إِلَى سَبْعِمِائَةِ ضِعْفٍ وَالصَّوْمُ لِى وَأَنَا أَجْزِى بِهِ…»

          Ҳамоно Худованд мефармояд  ҳар некие даҳ баробар  то ҳафсад баробар подош ва савоб назди Худованд дорад, ҷуз рӯзадорӣ, (ки Худованд фармуданд) рӯза барои  Ман аст ва ман Худ подоши онро медиҳам. (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси шуомраи 769)

Ҳамчунин ин ҳадис дар ҷои дигар ба таъбири мутафовиттаре омадааст, ки мефармояд:

«إِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ يَقُولُ إِنَّ الصَّوْمَ لِى وَأَنَا أَجْزِى بِهِ إِنَّ لِلصَّائِمِ فَرْحَتَيْنِ إِذَا أَفْطَرَ فَرِحَ وَإِذَا لَقِىَ اللَّهَ فَرِحَ…» 

          Рӯза барои Ман аст ва Ман подоши онро медиҳам. Барои рӯзадор ду шодӣ аст: Он гоҳ ки ифтор кунад хушҳол мешавад ва он гоҳ ки Худоро мулоқот кунад ва подошаш диҳад. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси шумори 2764)

Аз ин ҳадисҳо фаҳамида мешавад, ки аъмоли неки инсон даҳ, то ҳафсад баробар савоб доранд, вале рӯзадорӣ аз ин қоида истисно шудааст. Иллаташ шояд ба хотири ин бошад, ки инсон бо рӯзадорӣ дар воқеъ бо нафси шаҳвонияш мубориза мекунад ва худро аз ҳолати танпарварӣ ва ҳаёти заминӣ то ҳадде ҷудо мекунад, то таваҷҷӯҳаш ба ҳақиқатӣ вуҷудаш бештар шавад ва ин худ бисёр муҳим аст. Ин нукта аз ин хотир аст, ки инсон бо гурусангӣ ва ибодату бандагӣ худро аз ҷараёни шайтон наҷот медиҳад ва афкору васвасҳои шайтониро дар худ мекушад дар натиҷа  ба Худованд ва бандагияш аз рӯи огоҳӣ мешавад. Расуди Худо (с) дар ҳадисе фармуданд:

«إنَّ الشَّيطانَ لَيَجري مِنِ ابنِ آدَمَ مَجرَى الدَّمِ، فَضَيِّقوا مَجارِيَهُ بِالجوعِ«

          Ҳамон шайтон дар даруни бани одам ҷараён меёбад (таъсир мегузорад) ба монанди ҷараён ёфтани хун дар  рагҳо, пас шумо рӯзадорон маҳал ва роҳҳои ҷараёни ӯро ба василаи рӯза гирифтан ва гуруснагӣ кашидан бибандед. (Эҳёи улуми дин, боби фазилати рӯза)

Шаётини аз ҷин ва инс ҳастанд, ки монеи рушди истеъдодҳои инсон ба таолӣ ва бандагии Худованд мешаванд, вагарна таваҷҷӯҳи инсон танҳо ба моддиёт набуд. Ҳамон тавре, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«لولا أنَّ الشَّياطينَ يَحُومونَ على قُلوبِ بَني آدمَ لَنَظَروا إلى مَلَكوتِ السَّماءِ»

          Агар чунончи шаётонҳо бар қалби одамизод тасаллут пайдо намекарданд ва онҳоро дар ихтиёр намегирифтанд, бешак инсон ба осмонҳо нигоҳ мекард ва ҳақиқати онро медид. (Эҳёи улуми дин, боби фазилати рӯза)

          Ҳадиси дуввум:

Расули Худо (с) дар фазилати рӯза ва инсони рӯзадор фармуданд:

«نوم الصائم عبادة، وصمته تسبيح، وعمله مضاعف ودعاؤه مستجاب، وذنبه مغفور»

          Хоби рӯзадор ибодат аст ва сукуташ тасбеҳ ва амалаш ду баробар ва дуояш мустаҷоб ва гуноҳаш ормурзида мешавад.(Канзулуммол, ҳадиси шуомри 23562)

Дар ин ин ҳадис панҷ вежагӣ барои моҳи рамазон аст, ки дар моҳҳои дигар инсон онҳоро бо талошу кӯшиш ва дар воқеъ бо амал ба даст меоварад, вале дар ин моҳ бидуни ин ки коре карда бошад Худованд ба ӯ подош ва савоб медиҳад, ки нишон аз фазилати бисёр болои моҳи рамазон дорад.

  1. Хоби инсони рӯзадор ибодат навишта мешавад.
  2. Сукуташ тасбеҳ ва зикр навишта мешавад дар ҳоле ки дар моҳҳои дигар бояд заҳмат бикашад, то аз зикргӯяндагон бошад.
  3. Ҳар амали нек ва хайре, ки анҷом диҳад ду баробар подош дода мешавад.
  4. Дуоҳо мустаҷоб мешавад.
  5. Гуноҳонаш омурзида мешавад.

          Ҳадиси севвум

Расули Худо (с) дар робита ба дуои фарди рӯзадор фармдуданд:

«الصائم لا ترد دعوته»

          Дуои инсони рӯзадор аз тарафи Худованд рад намешавад.(Муснади Аҳмади ибни Ҳанбал, ҳадиси шумораи 10186)

Дуое ки инсон дар моҳи рамазон мекунад, назди Худованд пазируфта мешавад ва дар ин маврид дар китобҳои ҳадисӣ  зиёд аст, ки аз зикри онҳо худдорӣ мешавад.

Инсон аз Худованд маърифат ва талаби илм, рушду таолӣ, касби рӯзии ҳалол мекунад, чаро ки ин моҳ моҳи дархост ва талаб аз Худованд аст, ки бо иртибот барои инсон ҳосил мешавад ва рӯҳи инсон бо бандагӣ тароват пайдо мекунад ҳамон тавре, ки шоир мефармояд:

Гар бихоҳи маърифат дар рӯҳу ҷон ё дар вуҷуд

Гар бихоҳи иззату рушду таолӣ  кун суҷуд

Касби рӯзӣ кун ҳалолу тарки ҳар гуна гуноҳ

Мебарад боло туро, аз пастию аз ҳар рукуд.

          Ҳадиси ҷаҳорум

          Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

إذا جاء رمضان فتحت أبواب الجنة و غلقت أبواب النار وصفدت الشياطين

          Ҳар вақт моҳи Рамазон биёяд дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дӯзах баста ва шайтонҳо ба банд кашида мешаванд.(Сунани Нисоӣ, ҳадиси шумораи  2093)

Инсон бо васвасаҳои шайтон аз бандагии Худо дур мешавад, ҳол ки фурсат аст ва шайтон дарбанд аст, бояд худро бисозад ва дар ин як моҳ тамрин кунда, то дар моҳҳои дигар битавонад дилро посбонӣ кунад, то дилаш машғули корҳои ғалат нашавад.

          Натиҷа

Фазилатҳои моҳи рамазон барои инсон як фурсат эҷод мекунанд, ки ӯ худро ба камол бирасонад ва то ҳадде аз зиндагии моддии худ фосила бигирад ва худро пайдо кунад, ки натиҷааш пайдо кардани Худованди Мутаол дар даруни худ аст. Ҳар куҷо фурсат ба вуҷуд меоваранд мехоҳанд касонеро ки талаб ва хоҳиш доранд ба натиҷа бирасонанд. Моҳи рамазон дар воқеъ фурсатҳо ва лаҳзаҳое аст, ки аз ҷониби Худованд ба инсон дода мешавад, то худро рушд ва таолӣ диҳад. Ҳамон тавре, ки дар ҳадисҳо зикр шуд арзишҳо дар ин моҳ подошҳои беҳисоб дода мешаванд ва фарди рӯзадор подошаш бешатр аз он чизе дода мешавад, ки дар моҳҳои дигар дорад. Дуоҳо пазируфта, хоб ибодат сукут тасбиҳ, аъмол чанд баробар подош ва гуноҳон омурзида мешавад. Ин фурсатҳо аст, ки ин моҳ ва рӯзҳову лаҳзаҳои онро мутафовит мекунанд, то инсонҳо ҷойгоҳи худро пайдо кунанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед