Рӯза(бахши севвум)

0
165

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Пас аз баёни фалсафа ва анвои рӯза ва низ аҳкоми дидани ҳилол дар навишторҳои гузашта, акнун ба идомаи баҳси рӯза мепардозем.

Мубтилоти (шиканандаҳои) рӯза:

Корҳое, ки рӯзаро мешиканад бар ду қисм аст, ё ҳам қазо ва ҳам каффораро бар мукаллаф воҷиб мекунад ва ё ин ки фақат қазо воҷиб мешавад.

Қисми аввал: Корҳое, ки дар сурати анҷоми он тавассути мукаллафи рӯзадор, ҳам қазо ва ҳам каффора бар ӯ воҷиб мешавад:

1) Касе, ки қасдан ҷимоъкунанда (бо инсони зинда) ва ё ҷимоъшаванда бошад (аз пеш ва ё аз пас) ҳатто агар инзоли манӣ сурат нагирад.

2) Касе, ки аз рӯи қасд чизе бихӯрад ва ё бинӯшад.

3) Касе, ки аз рӯи қасд доруе бихӯрад.

Ин мавориде, ки гуфта шуд дар сурати анҷоми он, ҳам қазо ва ҳам каффора воҷиб мешавад, махсуси рӯзаи моҳи мубораки Рамазон аст ва агар касе ин корҳоро дар рӯзаи ғайри моҳи рамазон анҷом дод, фақат қазо бар ӯ воҷиб мешавад ва каффора надорад.

Каффораи рӯза иборат аст, аз шаст рӯз рӯза гирифтан ё озод кардани як ғулом ва ё додани шаст таом ба шаст мискин. Агар касе як рӯз рӯзаи худро фосид кард, бояд яке аз ин каффораҳоро анҷом диҳад, ба иловаи як рӯзи қазои он рӯзаи фосидшуда.

روی الدّار قطنی من حدیث أبی هریرة، أنّ رجلاً أکلَ فی رمضانَ فأمَرَه النّبیُّ (ص) أن یَعتِقَ رَقَبةً أو یَصومَ شَهرَینِ أو یُطعِمَ سِتّینَ مِسکیناً

Шахсе дар Рамазон рӯзаи худро хӯрд, Паёмбари Акрам (с) ба ӯ амр кард, ки ғуломеро озод кунад ё ду моҳ рӯза бигирад ва ё шаст мискинро таом диҳад.(Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисоралривоя, ҷ 1, с 267).

Қисми дуввум: Корҳое, ки дар сурати анҷоми он тавассути мукаллафи рӯзадор, фақат қазо бар ӯ воҷиб мешавад:

1) Касе, ки аз рӯи хато чизе бихӯрад  ё бинӯшад, масалан шахсе, ки медонад рӯзадор аст ва дар ҳоли ғарғара кардани об ногаҳон миқдоре аз об ба ҳалқаш фурӯ меравад.

2) Касе, ки ӯро маҷбур ба шикастани рӯзааш бикунанд.

3) Касе, ки аз рӯи  гумон рӯзаи худро ифтор кунад, ки ин ду навъ дорад:

А: Касе, ки чизе мехӯрад, дар ҳоле ки гумон мекунад субҳ нашудааст, вале баъдан барояш маълум мешавад, ки субҳ шудааст.

Б: Касе, ки рӯзаи худро ифтор мекунад, ба гумони ин ки офтоб ғуруб кардааст, дар ҳоле ки баъдан мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ғуруб нашудааст.

4) Касе, ки доруеро ба димоғ ё ба ҷое, ки ба самти шикам роҳ дорад (ба ғайр аз решаи мӯҳои бадан) бимолад.

5) Касе, ки сангреза ё монанди онро фурӯ бибарад.

6) Касе, ки қасдан ба пурии даҳон қай кунад.

Мавориде, ки на қазо дорад ва на каффора:

1) Касе, ки бидуни ихтиёри худ қай кунад.

2) Касе, ки саҳван чизе бихӯрад  ё бинӯшад.

3) Касе, ки нохоста муҳталим шавад, монанди ин ки дар хоб манӣ аз ӯ хориҷ шавад.

4) Касе, ки бо нигоҳ ба зане мӯҳталим шавад.

5) Касе, ки нохоста ғубор, дӯд ва ё магас дар ҳалқаш дохил шавад.

عَن النَّبِیّ (ص) قال: إذا نَسِیَ فأکَلَ وَ شَرِبَ فَلیُتِمَّ صَومَه فإنَّما أطعَمَهُ الله و سَقاهُ

Паёмбари Акрам (с) фармуданд: Вақте касе фаромӯш кард ва (дар ҳолати рӯза) чизе хӯрд ва нӯшид, пас бояд тамом кунад рӯзаашро (рӯзааш намешиканад) зеро, ки Худованд ӯро хӯронда ва нӯшондааст. (Саҳеҳи Бухорӣ, боби Савм, ҳадиси 1933).

Макрӯҳоти рӯза:

1) Чашидан ва ҷавидани ҳар чизе, магар ин ки ғизои кӯдак бошад. (Вале мисвок кардан ва сурма дар чашм кашидан макрӯҳ намебошад).

2) Бӯсидан ва мулоиба, дар сурате, ки тарс аз инзоли манӣ дошта бошад.

Чанд масъала:

1) Агар касе бо ҳайвони зинда, ҳайвон ва инсони мурда ва ё дар ғайри фарҷ вати (духул) намояд ва ё бӯса ва мисос кунад, агар инзол сурат гирад фақат қазо воҷиб мешавад ва дар сурате, ки инзол нашуд, на қазо дорад ва на каффора.

2) Агар касе чизеро, ки дар байни дандонҳояш боқӣ мондааст бихӯрад,  дар сурате, ки камтар аз нахӯд бошад рӯзааш ботил намешавад. Аммо агар онро аз даҳон берун кунад ва баъд бихӯрад,  рӯзааш ботил мешавад ва фақат қазо дорад. (Вале назди имом Зуфар (рҳ) ҳам қазо дорад ва ҳам каффора).

3) Касе, ки беихтиёр қай кардааст, агар он қай ба худии худ ба ҳалқаш баргардад дар сурате, ки зиёд бошад, рӯзааш ботил мешавад ва қазо дорад на каффора. (Аммо назди имом Муҳаммад (рҳ) дар сурате, ки худаш қайро фурӯ барад, рӯзааш ботил мешавад).

4) Мард ва зани кӯҳансоле, ки оҷиз аз рӯза гирифтан ҳастанд, метавонанд рӯзаи худро ифтор карда ва барои ҳар як рӯзи он як мискинро таом диҳанд ва агар тавоноӣ пайдо карданд, бояд қазои он рӯзҳоро баҷо оваранд.

5) Зани бордор ё дорои фарзанди ширхор, маризе, ки тарс аз зиёд шудани маразаш дорад ва мусофир рӯзаи худро ифтор мекунанд ва бидуни фидя додан рӯзаи худро баъдан қазо мекунанд.

Фидя: Ба товон ва ғаромати коре гуфта мешавад ва дар мавриди рӯза итъоми як мискин мебошад.

وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ فَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ

«Ва бар касоне, ки тоқати он [рӯза]-ро надоранд, фидяест, [ки он] таоми мискин аст; ва касе, ки бо рағбат хайре анҷом диҳад, пас, он барояш беҳтар аст.» (Сураи Бақара, ояти 184).

6) Маризе, ки пас аз шифо ёфтан ва ё мусофире, ки пас аз муқим шудан агар ба миқдори рӯзҳое, ки ифтор кардаанд, зинда монда бошанд ва бимиранд, ворисони онҳо бояд ба миқдори рӯзҳое, ки қазои онро баҷо наёвардаанд, фидя бидиҳанд. Аммо агар теъдоди рӯзҳое, ки зинда мондаанд камтар аз рӯзҳои ифтор кардаашон бошад, ворисони онҳо фақат ба ҳамон миқдори зинда буданашон бояд фидя бипардозанд.

Дар ин масъала васияти мурда шарт аст ва он ҳам дар сеяки  моли ӯ нофиз аст.

Нукта: Фидяи як намоз бо як рӯзи рӯза баробар аст; яъне ғаромати як рӯз намоз (панҷ вақт) баробари бо панҷ рӯзи рӯза аст.

Идома дорад…!

Манобеъ:

Қурони Карим

Саҳеҳи Бухорӣ, Дорулфикри Бейрут.

Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал ривоя, Дорулкутуб ал илмия Бейрут.

Рӯза (бахши аввал)

Рӯза (бахши дуввум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед