Рӯза (бахши чорум)

0
151

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

 Эътикоф амале аст пур аз фазилату асарҳои хуб, ки Паёмбари Акрам (с) бисёр ба он таваҷҷӯҳ доштанд ва даҳ рӯзи охири моҳи мубораки Рамазонро ҳамеша муътакиф буданд.

عَن عَبد الله ابن عُمَر (رض) قالَ: کانَ رَسولُ الله (ص) یَعتَکِفُ العَشرَ الأواخِرَ مِن رَمَضانَ.

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (рз) ривоят шудааст, ки гуфт: Расӯли Худо (с) даҳ рӯзи охири моҳи Рамазонро муътакиф мешуданд. (Саҳеҳи Бухорӣ, боби Эътикоф, ҳадиси 2025)

عَن عائِشة (رض) أنّ النَّبیَّ کان یَعتَکِفُ العَشرَ الأَواخِرَ مِن رَمَضانَ، حَتّی تَوَفّاهُ الله تعالی ثُمّ اعتَکَفَ أزواجُهُ من بعده.

Аз Оиша (рз) ривоят аст, ки Паёмбар (с) даҳ рӯзи охири моҳи Рамазонро пайваста ба эътикоф менишастанд, то ин ки Худованд Ӯро қабзи рӯҳ кард , пас аз Ӯ ҳамсаронаш муътакиф шуданд. (Саҳеҳи Бухорӣ, боби Эътикоф, ҳадиси 2026)

Маънои эътикоф:

Эътикоф мондани шахси рӯзадор аст дар масҷиди ҷамоат (масҷиди панҷ вақта) барои ибодат кардан.

Барои эътикоф фоидаҳои бисёре аст, ки метавон ба теъдоде аз онҳо ишора намуд:

1- Инсон барои тафаккур кардан вақт пайдо мекунад.

2- Барои инсон фурсате муносиб пайдо мешавад, то ба розу ниёз бо Парвардигор бипардозад ва бо хондани намозу Қуръон худро ба Худои худ наздиктар созад.

3- Фурсате барои инсон аст, ки аз корҳои нописанди худ тавба кунад ва ба муҳосибаи нафси худ бипардозад.

Масоили эътикоф:

– Эътикоф дар моҳи мубораки Рамазон суннати муаккада ва дар ғайри он нафл мебошад.

– Эътикоф дар масҷиде бояд бошад, ки намозҳои панҷгона бо ҷамоат дар онҷо хонда мешавад.

– Инсон бояд ният кунад, ки дар масҷид менишинад.

– Камтарини замон дар эътикофи воҷиб як шабонарӯз аст, аммо дар эътикофи ғайри воҷиб аксари рӯзро бишинад кифоят мекунад.

– Занҳо бояд дар хона эътикоф баҷо оваранд, на дар масҷид ва аз ҳайзу нифос ҳам бояд пок бошанд.

Корҳое ки муътакиф метавонад дар замони эътикоф дар масҷид анҷом диҳад:

1- Хӯрдану ошомидан.

2- Хобидан.

3- Хариду фурӯш бидӯни ҳозир кардани ҷинси мавриди муомила.

4- Шахси муътакиф хомӯш наменишинад ва суҳбат ҳам намекунад, магар ин ки суханҳои хуб бизанад.

Нукта: Ин корҳо барои касе, ки муътакиф набошад, дар масҷид ҷоиз нест.

Ботилкунандаҳои эътикоф:

1- Агар шахси муътакиф бидуни узр аз масҷид хориҷ шавад, ҳатто ба андозаи замони кӯтоҳе , эътикофаш ботил мешавад .

2- Агар шахси муътакиф бо ҳамсари худ ҳамбистар шавад, ҳарчанд, ки дар шаб ва аз рӯи фаромӯшӣ бошад, эътикофаш ботил мешавад.

وَلَا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ

«Ва дар ҳоле ки шумо дар масҷид муътакиф ҳастед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед». (Сураи Бақара, ояти 187)

Аз ин оят ҳам манъи ҳамбистар шудан бо ҳамсар дар ҳолати эътикоф ро метавон фаҳмид ва ҳам ин ки маҳалли эътикоф бояд масҷид бошад.

3- Агар муътакиф омезиш дар ғайри фарҷ намояд ва ё бӯса кунаду ламс кунад, дар сӯрате ки инзоли манӣ сӯрат гирад, эътикофаш ботил мешавад ва дар ғайри инзоли манӣ ботил намешавад, ҳарчанд, ки ин корҳо барои муътакиф ҳаром аст.

Чанд масаъла:

1- Агар касе дар муддати як шабонарӯзе, ки ба эътикоф менишинад амалеро анҷом диҳад, ки эътикофро ботил кунад, бояд қазои онро баҷо оварад.

2- Шахсе, ки эътикоф нишастааст аз масҷид хориҷ намешавад, магар барои рафъи ҳоҷатҳои инсонии худ ва ё барои намози ҷумъа баъд аз завол. Аммо агар касе маҳалли эътикофаш аз масҷиди ҷомеъ дӯр бошад, метавонад ба андозае зудтар ҳаракат кунад, ки ба хондани намози ҷумъа ва суннатҳои он бирасад.

3- Агар муътакиф ба намози ҷумъа рафта ва беш аз хондани намози ҷумъа дар он масҷид бимонад , эътикофи ӯ ботил намешавад, зеро ки дар масҷид мондааст.

4- Агар шахси муътакиф ба қасди намози ҷаноза бихоҳад аз масҷид хориҷ шавад, эътикофаш ботил мешавад, зеро ки намози ҷаноза воҷиби кифоӣ аст ва бо хондани дигарон аз бақия соқит мешавад. Аммо агар ба қасди хондани намози ҷумъа ва ё бартараф кардани ҳоҷати инсонӣ хориҷ шавад ва дар масири худ ба намози ҷаноза бархӯрд намояд, метавонад намози ҷанозаро хонда ва ба маҳалли эътикофи худ бозгардад.

5- Агар муътакиф дар нияти худ шарт кунад, ки дар байни эътикоф ба аёдати мариз ё ба намози ҷаноза меравад, ин шарти ӯ саҳеҳ аст ва анҷоми он халале дар эътикоф ворид намекунад.

6- Агар касе эътикофи чанд рӯзро назр кунад, лозим аст, ки он рӯзҳоро ба ҳамроҳи шабҳояшон эътикоф бишинад, ҳарчанд, ки шарт накарда бошад ва наметавонад рӯзҳоро ҷудогона ва шабҳоро ҷудогона муътакиф шавад.

Аммо агар касе як рӯзи хосро шарт кунад, ки фақат рӯзро муътакиф мешавад, метавонад ин корро анҷом диҳад.

7- Агар касе қасд кунад, ки як моҳ муътакиф мешавад, наметавонад ният кунад, ки фақат рӯзҳояшро эътикоф медорад, зеро ки моҳ шомили тамоми рӯзҳо ва шабҳо аст, на фақат рӯзҳо.

Манобеъ:

  1. Қурони Карим
  2. Саҳеҳи Бухорӣ, Дорулфикри Бейрут.
  3. Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал ривоя, Дорулкутуб ал илмия Бейрут.

4.Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва Дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

  1. Фатово манбаъ ал улӯм, Аллома Муҳаммад Умари Муллозиҳӣ.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед