Рӯза (бахши аввал)

0
120

Ба номи Ҳудованди бахшандаи меҳрубон

Рӯза яке аз ибодатҳое аст, ки Худованди Мутаол дар моҳи мубораки Рамазон бар мусалмонон фарз кардааст ва иллати интихоби ин моҳ барои рӯзадорӣ ин аст, ки ин моҳ бар дигар моҳҳо бартарӣ дорад, зеро Қуръони Карим, ки дастурҳо ва қонунҳои саодат ва ҳидояти башариро доро аст, дар ин моҳ нозил шуда ва ҳамчунин шаби қадр, ки беҳтарин шаби сол аст дар ин моҳ қарор дорад, бинобар ин моҳи Рамазон бар дигар моҳҳои сол бартарии махсусе дорад.

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ

“Моҳи Рамазон аст, ки дар он Қуръон [ҳамчун] роҳнамо барои мардум ва нишонаҳои равшан аз ҳидоят ва ҷудокунанда[-и ҳақ ва ботил] нозил шудааст. Ва ҳар кас аз шумо он моҳро дарёбад, пас бояд онро рӯза бидорад.” (Сураи Бақара, ояти 185)

Фалсафаи рӯза
Бо таваҷҷӯҳ ба фармудаи Худованди Мутаол дар Қуръони Карим, асоситарин фалсафаи рӯза тақво аст ва агар касе бихоҳад ба ин тақво бирасад, илова бар тарки хӯрдан ва ошомидан ва дигар шиканандаҳои рӯза бояд қалб ва забони худро низ рӯза бидорад ва аз дашному гуфтори нописанд ва ҳамчунин аз афкори палиду зишт дӯрӣ кунад ва илова бар рӯзаи ҷисми рӯзаи рӯҳӣ дошта бошад ва ҳамвора ба зикри Худованди Мутаол машғул бошад.

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

“Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо муқаррар шуд, ҳамонгуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, муқаррар шуда буд; шояд, ки шумо парҳезгор шавед.” (Сураи Бақара, ояти 183)

Паёмбари гиромии Ислом (с) мефармояд:

قال النَّبيَّ صلَّى اللهُ عليه وسلَّم إذا كان يومُ صَومِ أحَدِكم فلا يَرفُثْ، ولا يصخَبْ، فإن سابَّهَ (أو شَاتَمَهُ ) أحدٌ، أو قاتَلَه؛ فلْيقُلْ: إنِّي امرؤٌ صائِمٌ

“Вақте касе аз шумо рӯзадор буд дашном ва носазо нагӯяд, сару садо накунад ва агар касе ӯро дашном дод ва бо ӯ даргир шуд бигӯяд: Ман рӯзадорам.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 1894 ва 1904 ; Фатҳулборӣ,  саҳ 125 ; Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 1511)

Илова бар тақво, ки муҳиммтарин фалсафаи рӯза аст, фалсафаҳои дигаре низ барои рӯза вуҷуд дорад, ки асарҳои иҷтимоӣ ва фардӣ дорад. Аз ҷумла инки рӯза баробарӣ ва мусовот байни сарватманд ва фақирро ба ҷомеа меомӯзд ва бо рӯза гирифтан сарватмандони ҷомеа ҳолу рӯзи фақиронро беҳтар дарк ва эҳсос мекунанд ва мумкин аст, ки ба кумаки ниёзмандон ва маҳрумон ҳам бишитобанд, ки ин яке аз осори мусбати иҷтимоии рӯза аст.

Дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст:

کَانَ رَسُولُ اللهِ (ص) أَجْوَدَ النَّاسِ بالخَیر وَکَانَ أَجْوَدُ مَا یَکُونُ فِی رَمَضَانَ

“Расули Худо (с) аз ҳама кас саховатмандтар ва бахшандатар буд ва дар моҳи рамазон бештар аз дигар вақтҳо саховат ва бахшандагӣ дошт.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 1902)

Ҳамчунин имрӯза илми пизишкӣ собит кардааст, ки бисёре аз бемориҳо ба сабаби зиёдаравӣ дар хӯрдан барои инсонҳо ба вуҷуд меояд, ва рӯза гирифтан метавонад сабаби дармони он бемориҳо шавад.

Рӯза асарҳои мусбати зиёде дорад, ки дар ин навиштор ба ҳамин миқдор басанда мекунем ва дар идома ба баҳси аслии рӯза мепардозем.

Савм дар луғат ва истилоҳ
Савм (صوم \ Рӯза) дар луғат ба маънои худдорӣ ва дӯрӣ кардан аз ҳар чизе дар ҳар замоне аст.

Ба унвони мисол дар яке аз оятҳои Қуръони Карим савм ба маънои худдорӣ кардан аз сухан гуфтан омадааст:

فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ الْبَشَرِ أَحَدًا فَقُولِي إِنِّي نَذَرْتُ لِلرَّحْمَنِ صَوْمًا فَلَنْ أُكَلِّمَ الْيَوْمَ إِنْسِيًّا

“Ва агар аз одамиён касеро бибинӣ, пас бигӯ: Ба дурустӣ, ки ман барои [Худои] Раҳмон рӯзае назр кардаам, бинобар ин, имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт.” (Сураи Марям, ояти 29)

Аммо савм дар истилоҳи шаръӣ иборат аст аз тарки хӯрдан, ошомидан ва ҳамбистар шудан бо ҳамсари худ аз субҳ то ғуруби хуршед ҳамроҳи бо ният (қасди қурбат). (Фатовои Ҳиндия, саҳ 256 ; Хулосатулмасоил, саҳ 146 ; Алҳидоя, ҷ 1, саҳ 533)

Анвоъи рӯза
Рӯза се навъ аст: Фарзӣ – Воҷибӣ – Нафлӣ

Рӯзаи фарзӣ ду навъ аст:
1) Фарзи муайян (таъйин шуда): Монанди рӯзаи моҳи мубораки Рамазон.

2) Фарзи ғайри муайян: Монанди каффораҳо ва қазои рӯзаҳои моҳи рамазоне, ки онҳоро нагирифтааст.

Аммо инки гуфтем ғайри муайян ба ин ҷиҳат аст, ки ин навъ рӯза бар ҳама фарз нест ва танҳо бар касоне лозим мешавад, ки рӯзаи фарзиро бо анҷоми коре ботил карда бошанд ва ё нагирифта бошанд, ба ҳамин далел ба он ғайри муайян гуфта мешавад ва агар рӯзаи худро ботил накарда бошанд бар онҳо низ фарз нест, ки дубора рӯза бигиранд.

Рӯзаи воҷиб низ ду навъ аст:
1) Воҷиби муайян: Монанди инки касе рӯзе аз рӯзҳои ҳафтаро барои худ муайян мекунад, ки он рӯзро рӯза бигирад ва фарқе намекунад, ки як рӯз бошад ё бештар.

2) Воҷиби ғайри муайян: Он аст, ки масалан касе назр кунад ки дар сурати иттифоқ афтодани фалон воқеа, аз як сол, чанд рӯз, чанд ҳафта ва ё чанд моҳро рӯза мигирам, аммо замони он муайян ва мушаххас нест ва вобаста ба иттифоқ афтодани ҳамон воқеаи дар назар гирифта шуда мебошад ва пас аз он воқеа ин шахс метавонад дар давоми сол ҳар рӯзеро, ки бихоҳад рӯза бигирад. Албатта ба ғайр аз моҳи мубораки рамазон, зеро, ки дар ин моҳи муборак рӯза аз ҷониби Худованд фарз шудааст ва касе наметавонад дар он рӯзаи воҷиби муайян ва ё ғайри муайян бигирад.

Рӯзаи  нафл (зиёдӣ): Ҳар шахс метавонад дар тамоми сол ғайр аз моҳи мубораки рамазон рӯза бигирад, ки ба он рӯзаи нафлӣ мегӯянд.

Нияти  рӯза
Нияти рӯзаи моҳи Рамазон бояд қабл аз нисфи наҳори шаръӣ (завол) бошад ва агар касе рӯзи аввали моҳи рамазонро ба ҳар навъе ният карда бошад ва қабл аз нисфи наҳори шаръӣ барояш равшан шавад, ки имрӯз рӯзи аввали рамазон аст, метавонад нияти худро тағйир дода ва нияти рӯзаи фарзӣ кунад.

Аммо агар дар ҳолати маризӣ ё мусофират рӯзаи қазоӣ ният карда бошад, наметавонад нияти худро ба фарзи вақтӣ баргардонад, зеро дар ҳолати маризӣ ва сафар метавонист рӯза нагирад, вале акнун, ки ин рӯзаи қазоиро ният кардааст, рӯзаи ин рӯз ҳамон рӯзаи қазои мешавад, на рӯзаи фарзи вақтӣ.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим рӯзаи фарзии моҳи мубораки рамазонро дар ҳолати маризӣ ё сафар аз зиммаи мукаллаф бардоштааст ва мукаллафро ба гирифтани рӯза дар як вақти дигар мулзам кардааст.

وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

“Ва ҳар кас бемор ё дар сафар бошад, пас, теъдоде аз рӯзҳои дигарро рӯза бидорад. Худо осониро барои шумо мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад. То теъдод[-и рӯзҳо]-ро комил кунед ва Худоро бар ин ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед; шояд, ки шумо шукргузорӣ кунед.” (Сураи Бақара, ояти 185)

Ба ҳамин далел аст, ки нияти шахсе, ки дар ҳолати сафар ё маризӣ рӯзаи қазоӣ гирифтааст ба нияти фарзи вақтӣ баргардонда намешавад, зеро гуфта шуда буд, ки дар ин ҳолатҳо рӯза нагирад ва ҳоло ки гирифтааст, бояд бо ҳамон ният тамом кунад ва қазои ин рӯзро баъд аз моҳи мубораки рамазон баҷо оварад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки барои рӯзаи қазоӣ, каффора ва назри мутлақ, шарт аст, ки аз тарафи шаб ният карда ва таъйин кунад, ки фардо чӣ навъ рӯзаеро қасд дорад бигирад.

Идома дорад …!

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед