Никоҳ (бахши севвум)

0
35

Ба  Худованди бахшандаи меҳрубон

Никоҳи мутъа ва муваққат

  • Мутъа никоҳе аст байни марду зан, ки бо лафзи эҷобу қабул барои манфиат бурдан дар замони маълум сурат мегирад.
  • Муваққат никоҳе аст, ки бо тамоми шартҳои “никоҳ” анҷом мегирад, вале ба муддати маълум.

Бархе аз олимон ин ду никоҳро як қисм медонанд, вале бархе дигар фарқашонро дар манфиат бурдан медонанд, ки дар никоҳи мутъа манфиат бурдан дар замони маълум аст, вале дар никоҳи муваққат қайде надорад ва фақат замонаш маълум аст.

Ин ду никоҳ аз назари имом Абӯҳанифа(рҳ) ҷоиз набуда ва ботил аст.

Сарпарастӣ дар никоҳ

Зане, ки мехоҳад шавҳар кунад сарпарасти асосии ӯ дар аввал падар, падарбузург ва бародар буда ва амаку тағои сарпарасти дури ӯ мебошанд.

Ғулом, кӯдак ва девона ҳаққи сарпарастӣ надоранд.

Кофир бар мусулмон ҳаққи сарпарастӣ надорад.

لَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلًا

Худо ҳеҷ роҳе барои [тасаллути] кофирон бар мӯъминон, қарор надодааст. (Сураи Нисо, ояти 141)

  • Касе, ки сарпарасте надошта бошад, монанди канизе, ки озод шудааст, вале сарпарасте надорад, дар ин сурат ҳамон мавлое, ки ӯро озод кардааст метавонад ба унвони сарпарасти ӯ қарор гирад.
  • Агар касе ҳеҷ сарпарасте надошта бошад, имом ва ҳокими мусалмон сарпарасти ӯ ҳастанд.
  • Зани озоди оқил ва болиғ метавонад бо ризояти худ ба ҳамсари ҳамкуфви муносиби худаш дарояд, ҳарчанд ки сарпарасташ дар издивоҷи ӯ дахолате надошта бошад. Ин қавли имом Абӯҳанифа(рҳ) мебошад.

Бинобар назари Абӯюсуф (рҳ) ин никоҳ чун иҷозати сарпарастро қабл аз хондани никоҳ надорад, ботил аст.

Бинобар назари имом Муҳаммад (рҳ) агар сарпараст баъд аз хондани ин ақди никоҳ ризоят даҳад, никоҳ саҳеҳ аст, вале агар ризоят надиҳад, никоҳ ботил аст.

Никоҳи духтари бокира

  • Барои сарпараст ҷоиз нест, ки духтари бокираи худро бар издивоҷ маҷбур намояд, вале агар аз духтари худ барои шавҳар доданаш савол кард ва духтар сукут кард ё хандид, ин худ навъе иҷоза аст ва сарпараст метавонад, ки ба ҳамин кифоят карда ва барои издивоҷ иқдом кунад.

أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ (ص) قَالَ: لاَ تُنْكَحُ الْبِكْرُ حَتَّى تُسْتَأْذَنَ ، قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ كَيْفَ إِذْنُهَا؟ قَالَ: أَنْ تَسْكُتَ

Расули Худо (с) фармуданд: Духтари бокираро ба никоҳ надиҳед, то инки аз ӯ иҷозат бигиред, гуфтанд: Эй Расули Худо иҷозати ӯ чӣ гӯна аст? Фармуданд: Инки сукут кунад. (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби Никоҳ, ҳадиси 5136)

Аммо агар ин иҷозат хостан аз духтари бокира барои издивоҷаш аз тарафи сарпарасти дур ё ғайри он бошад, бо сукут ва ханда наметавонанд барои издивоҷи он духтар иқдом кунанд ва духтар бояд ҳатман бо сухан гуфтан ин иҷозатро бидиҳад.

  • Агар сарпараст бидуни иҷозати духтар ӯро ба ақди никоҳи касе дароварад ва пас аз он хабар ба духтар бирасад, дар ин ҳолат агар духтар сукут карда ва мухолифат накунад, ин ақди никоҳ саҳеҳ мебошад.
  • Агар сарпараст аз духтари беваи худ барои шавҳар доданаш иҷоза бигирад, дар ин ҳолат сукут ё хандаи духтар далолат бар иҷозат додан намекунад ва бояд ҳатман бо сухан ва калом иҷозатро бидиҳад.
  • Агар бакорати духтаре ба далели варзиш кардан, ҳайз, ҷароҳат ва монанди инҳо аз байн рафта бошад, ҳукми иҷозат гирифтани сарпараст ва ризоят додани духтар монанди ҳукми духтари бокира аст.
  • Дар даъвои назди қози шавҳар иддао кунад, ки хабари никоҳи ӯ ба зан расида ва зан сукут кардааст, дар ин сурат агар зан бигӯяд, ки ман сукут накарда, балки рад карда будам, дар инҷо сухани зан мавриди қабул қарор мегирад, магар инки шавҳар шоҳид оварад, бар инки зан сукут карда будааст, ки дар ин сурат никоҳ собит аст.

Никоҳи фарзанди ноболиғ

  • Сарпарасти аслӣ (падар, падарбузург, бародар) метавонад духтар ва писари ноболиғи худро ба никоҳи дигаре дароварад, хоҳ бокира бошад ва ё ғайри бокира.

Аммо бинобар назари имом Молик (рҳ) ҳаққи никоҳи фарзанди ноболиғ фақат барои падар мебошад.

Имом Шофеъӣ (рҳ) ин ҳақро махсуси падар ва падарбузург медонад ва на дигар сарпарастҳо.

  • Духтар ё писари ноболиғ, ки ба тавасути падар ва ё падарбузург ба никоҳи касе дигар дароварда шуда бошанд, пас аз болиғ шудан наметавонанд ин никоҳро фасх кунанд. Аммо агар духтар ва писари ноболиғ тавасути ғайри падар ва падарбузург ба никоҳе дароварда шуда бошанд, ҳаркадом аз онҳо ихтиёр доранд, ки пас аз болиғ шудан ақди никоҳро фасх кунанд ва ё дар он ақд бимонанд.

Дар сурате  фасх ҷоиз аст, ки бояд билофосила ва дар ҳузури қозӣ он фасх сурат бигирад.

  • Агар духтаре пас аз болиғ шудан ва фаҳмидани инки ҳаққи фасх дорад сукут кунад, пас аз сукут дигар ҳаққи фасх надорад. Аммо писар пас аз болиғ шудан ва фаҳмидани инки ҳаққи фасх дорад, сукуташ эътибор надорад ва бояд розигӣ ва ё норозигии худро ё бо сароҳати лафз баён намояд ва ё рафторе анҷом диҳад, то мушаххас шавад, ки аз ин никоҳ розӣ аст.
  • Фасхи никоҳ баъд аз болиғ шудан ба манзалаи талоқ намебошад, балки фақат ботил шудани ақди никоҳе аст, ки аз тарафи сарпараст дар замони ноболиғӣ анҷом гирифта буд. Лизо натиҷаҳои талоқ ҳам монанди иддаи талоқ, нафақа ва … бар ин фасх иҷро намешавад.
  • Агар яке аз духтар ва писари ноболиғе, ки ба никоҳи ҳам даромадаанд бимирад, дигарӣ аз ӯ ирс мебарад.
  • Дар сурате, ки сарпарасти аслӣ ғоиб бошад ва ғайбати ӯ тӯлонӣ шавад, сарпарасти дур ҳаққи вилоят дорад, ки издивоҷи духтар ё писарро барқарор намояд.
  • Зани девонае, ки падар ва писари болиғ дорад, агар бихоҳад издивоҷ кунад, бинобар назари имом Абӯҳанифа (рҳ) ва Абӯюсуф (рҳ) сарпарасти аслии ӯ писараш мебошад ва бинобар назари имом Муҳаммад (рҳ) сарпарасти аслии ӯ падараш мебошад, зеро ки падар нисбат ба фарзанд меҳрубонтар ва дилсӯзтар аст.

Манобеъ:

Қуръони Карим

Саҳеҳи Бухорӣ, Дорулфикри Бейрут.

Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

Ал-ҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва Дорулфайҷо, Димишқ, Бейрут.

Ал-фиқҳ алалмазоҳибил арбаъа, Алҷазирӣ, Дорулкутуб ал-илмия, Бейрут.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед