Никоҳ (бахши дуввум)

0
65

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар бахши аввал пас аз муқаддима ба баёни матолибе ҳамчун лафзи эҷоб ва қабули никоҳ, шароити шоҳидони никоҳ ва касоне, ки никоҳ бо онҳо ҳаром аст, пардохтем. Акнун дар ин бахш ба қисматҳои дигаре аз аҳкоми никоҳ ишора менамоем.

Никоҳ ва издивоҷи мавло бо каниз:

  • Мавло барои иртиботи ҷинсӣ бо канизи худ ниёзе ба никоҳ кардан надорад, зеро ки ҳамон молик будан дар ҳукми никоҳ аст. Аммо дар сурате, ки бихоҳад бо канизи худ никоҳ кунад, никоҳи ӯ саҳеҳ аст.
  • Агар мавло зани озодро дар никоҳи худ дошта бошад ва ё зани озодеро талоқ дода бошад ва ҳануз иддаи он зан тамом нашуда бошад, наметавонад канизеро никоҳ кунад, аммо дар сурате ки канизеро ба никоҳ дошта бошад, бо зани озод ҳам метавонад никоҳ ва издивоҷ намояд.

Инки дар замони иддаи зани озоди талоқдодашуда наметавонад бо каниз никоҳ кунад, фақат назди Имом Абӯҳанифа (рҳ) аст ва далели он ҳам ингуна баён шудааст, ки аз назари Имом Абӯҳанифа (рҳ) зане, ки дар замони иддаи талоқ аст, ҳануз баъзе аз аҳкоми никоҳ монанди нафақа, хона ва … бар уҳдаи мард боқӣ мебошад.

  • Дар сурате, ки канизе бо ғуломе издивоҷ карда бошад, мавлои он каниз наметавонад бо ӯ никоҳ ва ё ҳатто иртиботи заношӯӣ дошта бошад.

Никоҳ бо ғайри мусулмон:

  • Никоҳ бо занони аҳли китоб ҷоиз мебошад.

الْيَوْمَ أُحِلَّ لَكُمُ الطَّيِّبَاتُ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الْمُؤْمِنَاتِ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكُمْ

”Имрӯз покизаҳо барои шумо ҳалол карда шуд; … ва [низ издивоҷ бо] занони покдомани аз мӯъминон ва занони покдомани аз касоне, ки пеш аз шумо ба онҳо китоб дода шудааст [барои шумо ҳалол шуд].” (Сураи Моида, Ояти 5)

  • Бо занони маҷусӣ ва мушрик ва бутпараст никоҳ ҷоиз намебошад.

وَلَا تَنْكِحُوا الْمُشْرِكَاتِ حَتَّى يُؤْمِنَّ

”Ва бо занони мушрик издивоҷ накунед, то [вақте ки] имон оваранд.” (Сураи Бақара, ояти 221)

  • Издивоҷ бо занони ситорапарасте, ки қаблан аҳли китоб будаанд ҷоиз мебошад, аммо агар зане аз ибтидо ситорапараст буда ва бар дине пойбанд набуда бошад, издивоҷ бо ӯ ҳаром аст.
  • Бар зан ва марде, ки дар ҳоли эҳром ҳастанд, никоҳ ҷоиз мебошад, бар хилофи назари Имом Шофеӣ (р), ки ба ин ҳадис истинод кардааст:

عُثْمَانَ بْنَ عَفَّانَ يَقُولُ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَا يَنْكِحُ الْمُحْرِمُ وَلَا يُنْكَحُ

”Усмон ибни Аффон (рз) мегӯяд: Расули Худо (с) фармуданд: Муҳрим на худаш метавонад никоҳ кунад ва на касе дигар метавонад ӯро ба никоҳ бидиҳад.” (Саҳеҳи Муслим, Китоби никоҳ, Боби таҳрими никоҳи муҳрим)

Чанд масъала:

1- Ҳамзамон бо ду хоҳар наметавон никоҳ кард.

2- Дар сурате ки зане талоқ дода шавад, то замоне ки он зан дар идда бошад наметавон бо хоҳари у никоҳ намуд.

3- Марди озод метавонад 4 занро ҳамзамон дар никоҳи худ дошта бошад, хоҳ он занҳо озод бошанд ва ё каниз, аммо бештар аз 4 никоҳ ҳамзамон ҷоиз намебошад.

Марди ғулом танҳо бо 2 зан метавонад ҳамзамон никоҳ кунад.

فَانْكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ مَثْنَى وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ

”Пас, аз онон заноне, ки мавриди писанди шумост, ду ва [ё] се ва [ё] чор занро ба ҳамсарӣ гиред.” (Сураи Нисо, Ояти 3)

Бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошт, ки мақсад аз никоҳ бо 4 зан, хондани ақди никоҳ мебошад, аммо мавло ба воситаи молик будан (бидуни никоҳ кардан) метавонад бо ҳар теъдод канизе, ки дорад иртиботи ҷинсӣ барқарор намояд.

5- Агар марде яке аз 4 зани худро талоқ диҳад, то тамом шудани иддаи он зан наметавонад зани дигареро ба унвони зани чаҳорум никоҳ кунад.

6- Бинобар назари Имом Абӯҳанифа (рҳ) агар зане аз роҳи зино ҳомила шуда бошад, дар сурате ки зонӣ (марде, ки бо он зан зино кардааст) маълум набошад, никоҳ бо ӯ ҷоиз аст, аммо духул то баъд аз зоймон ҷоиз намебошад. Назди Абӯюсуф ин никоҳ ботил аст.

Аммо агар зани ҳомилаи собитнасаб (насаби фарзанди дар шикамаш маълум бошад) дар иддаи талоқ ё иддаи мавт бошад, бинобар қавли иҷмои олимони фиқҳӣ никоҳ бо он зан то  зоймонаш ҷоиз намебошад.

7- Никоҳи зани ҳомилае, ки шавҳари ӯ ноболиғ будааст, то баъд аз зоймон ҷоиз намебошад.

8- Агар мавло бихоҳад уммиваладашро, ки ҳомила аст ба никоҳи каси дигаре дароварад, ин никоҳ ҷоиз набуда ва ботил аст.

Уммивалад: Канизе аст, ки мавло аз ӯ фарзанд дорад ва ба ҳамин далел он каниз ба унвони уммивалад шинохта мешавад, ки аҳкоми он низ бо аҳкоми каниз мутафовит аст.

9- Мавло метавонад пас аз иртиботи ҷинсӣ бо канизи худ онро ба ақди касе дигар дароварад. Ҳамчунин метавонад барои мутмаин шудан аз инки каниз ҳомила шуда аст ё не, мунтазир бимонад.

Дар сурате ки мавло мунтазир намонад ва канизро ба ақди касе даровард, шавҳари он каниз метавонад бо у иртиботи ҷинсӣ барқарор намояд ва ниёз нест, то мушаххас шудани ҳомила будан ё набудани каниз мунтазир бимонад.

10- Агар касе занеро дар ҳолати зино бибинад ва қабл аз мушаххас шудани ҳомила будан ё набудани он зан бихоҳад бо у издивоҷ кунад, ин никоҳ саҳеҳ аст ва иртиботи ҷинсӣ ҳам ҷоиз мебошад.

Манобеъ:

Қуръони Карим

Саҳеҳи Бухорӣ, Дорулфикри Бейрут.

Саҳеҳи Муслим, Дорулҳадиси Миср.

Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

Ал-ҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва Дорулфайҷо, Димишқ, Бейрут.

Ал-фиқҳ алалмазоҳибил арбаъа, Алҷазирӣ, Дорулкутуб ал-илмия, Бейрут.

Никоҳ (бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед