Никоҳ (бахши чаҳорум)

0
140

Ба номи Худованди бахшандаи маҳрубон

Кафоат дар никоҳ

Кафоат ба маънои баробарии ду тарафи никоҳ дар дин, ахлоқ, шароити иқтисодӣ ва хонаводагӣ ва … мебошад.

Зан ва мард барои издивоҷ бояд куфви ҳамдигар бошанд (аз ҷанбаҳои мухталиф бо ҳам дар як сатҳ бошанд). Ҳамчуноне ки дар ин маврид Расули Худо(с) фармуданд:

عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ , قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَا تَنْكِحُوا النِّسَاءَ إِلَّا الْأَكْفَاءَ , وَلَا يُزَوِّجُهُنَّ إِلَّا الْأَوْلِيَاءُ».

Ба никоҳ дарнаоваред занҳоро, магар бо ҳамкуфви онҳо ва ба  шавҳар намедиҳад онҳоро магар сарпарастонашон. (Сунани Алдор Қутнӣ, ҷ4, саҳ 358, ҳадиси 3601).

Кафоат дар дини Ислом:

Касе, ки ду пушташ мусалмон бошад, бо касе, ки чанд пушташ мусалмон аст, ҳамкуфв мебошанд.

Касе ки як пушташ мусалмон бошад, бо касе, ки ду ё чанд пушташ мусалмон аст, ҳамкуфв намебошад.

Касе, ки танҳо худаш мусалмон аст, бо касе, ки як пушташ мусалмон бошад ҳамкуфв нест.

Кафоат дар ғулом ва канизи озодшуда низ монанди кафоати дар дин аст.

Бинобар назари имом Абӯҳанифа (рҳ) агар шахсе духтари озоди худро ба ҳамсарии ғуломе дароварад ва ё канизеро ба ҳамсарии писари озоди худ дароварад, дар ин сурат ба далели маслиҳате, ки сарпараст (падар) лиҳоз кардааст метавон гуфт, ки ҳамкуфв будан риоят шудааст.

Аммо бинобар назари имом Муҳаммад ва имом Абӯюсуф (рҳ) дар ин навъи никоҳ зарар маълум аст ва ҳамкуфв намебошанд.

Кафоат дар пойбандӣ ба дастуроти динӣ:

Марди фосиқ барои зани солиҳа ҳамкуфв намебошад, фарқе намекунад, ки фисқи ӯ барои мардум ошкор бошад ва ё фақат барои хонаводаи зан маълум бошад. Дар сурате, ки фисқи ӯ барои ҳама ошкор набошад, барои хонаводаи зан ниёзе нест онро ошкор кунанд.

Кафоат дар мол:

Марде, ки аз додани маҳри нақдӣ ва ҳамчунин аз пардохти нафақа оҷиз бошад, ин шахс ҳатто барои духтари фақир ҳамкуфв намебошад. Аммо марде, ки бар ин ду (маҳр ва нафақа) тавонои дошта бошад, ҳамкуфви зани молдор аст ва на зани фақир.

Аммо агар марде бо кор кардани рӯзона битавонад нафақаи ҳамсарашро таъмин кунад, вале маҳри нақдиро натавонад пардохт кунад, дар ин сурат байни олимон ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале бештари онҳо бар ин назар ҳастанд, ки ҳамкуфв ҳисоб мешавад. Ин дар сурате аст, ки имкони ҳамхобӣ бо ҳамсар барои мард вуҷуд дошта бошад.

Вале агар ҳамсар сағира (ноболиғ)-е бошад, ки мард натавонад бо ӯ ҳамхобӣ кунад, дар ин сурат таъмини нафақа ҳамкуфв буданро намерасонад ва бояд ҳатман мард тавони пардохти маҳри нақдиро дошта бошад.

Агар марде ба андозае пул дошта бошад, ки битавонад маҳри нақдиро бипардозад, аммо ба ҳамон андоза қарздор ҳам бошад, дар ин сурат ҳамкуфв барои зан ҳисоб мешавад, зеро ихтиёр дорад, ки он пулро ё ба қарзаш бидиҳад ва ё ба унвони маҳр ба ҳамсараш бипардозад.

Кафоат дар касбу кор:

Шахси бофанда, ҳиҷоматкунанда, ҷорӯбкаш, дабоғатдиҳандаи пӯст, барои атрфурӯш, сарроф, порчафурӯш ва монанди инҳо ҳамкуфв намебошанд.

Нукта: Тамоми мавридҳое, ки барои ҳамкуфв будан гуфта шуд, фақат дар ҳангоми никоҳ кардан эътибор дорад ва агар завҷе дар ҳангоми никоҳ ҳамкуфв бошанд, вале дар идомаи зиндаги он шартҳо аз байн раванд, дар он ҳангом наметавонанд никоҳро ба далели ҳамкуфв набудан фасх намоянд. Монанди инки касе дар вақти никоҳ солеҳ бошад, аммо дар идомаи зиндаги фосиқ шавад, дар ин сурат наметавон ба далели фисқаш никоҳро фасх намуд.

Чанд нукта ва масъала:

Дар дини Ислом бар ҳамкуфв будан дар издивоҷ тавсияи бисёр шуда аст, то дар оянда зану шавҳар дар зиндагии худ ба мушкилот бархӯрд накунанд, аммо бояд талош кард, ки бо шахси диндор ва пойбанд ба дастуроти дин издивоҷ кард, яъне муҳимтарин масаъла дар ҳамкуфв будан диндории шахс бошад ва дар марҳалаҳои баъдӣ мол, зебои ва … .

عَنِ النَّبِی صَلّی الله عَلَیهِ وَ سَلَّم قال: تُنْكَحُ المرأَةُ لِأَرْبَعٍ: لِمَالِهَا، وَلِحَسَبِهَا، وَلِجَمَالِهَا، وَلِدِينهَا؛ فَاظْفَرْ بِذَاتِ الدِّينِ.

Паёмбари Акрам (с) фармуданд: Зан ба хотири чаҳорчиз ба никоҳ дароварда мешавад: Барои молаш, барои аслу насабаш, барои зебоияш ва барои диндорияш, пас зани диндор (пойбанд ба дастуроти дин)ро интихоб кунед. (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби ал никоҳ, ҳадиси 5090).

Кафоат дар никоҳ мустаҳаб аст ва беҳтар аст, ки зану мард ҳамкуфв бошанд. Аммо издивоҷи зану марде, ки ҳамкуфв набошанд ҳароми шаръӣ намебошад.

Аҳаммияти кафоат дар никоҳ ба андозае аст, ки агар зане нафси худашро ба ғайри ҳамкуфви худ бахшида ва худро ба никоҳи он мард дароварад, сарпарасти ӯ метавонад, то қабл аз ҳомила шудани он зан дар никоҳи онҳо дахолат карда ва онро фасх намояд.

Агар марде насаби худро ба гунае муаррифӣ карда бошад, ки баъд аз никоҳ мушаххас шавад дуруғ гуфтааст ва насабаш онгуна, ки мегуфт набошад, дар ин сурат ҳам зан ва ҳам сарпарасташ метавонанд никоҳро фасх намоянд.

Никоҳи фузулӣ

Никоҳи фузули никоҳе аст, ки шахсе марду занеро бидуни огоҳии худашон ба никоҳи ҳамдигар дароварад. Дар ин сурат агар онҳо пас аз иттилоъ аз никоҳ ризоят диҳанд, он никоҳ саҳеҳ аст ва илло ботил мебошад. Ба ин навъ никоҳ кардан никоҳи фузулӣ гуфта мешавад.

عَنْ أُمِّ حَبِيبَةَ، أَنَّهَا كَانَتْ تَحْتَ عُبَيْدِ اللَّهِ بْنِ جَحْشٍ فَمَاتَ بِأَرْضِ الْحَبَشَةِ، فَزَوَّجَهَا النَّجَاشِيُّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَأَمْهَرَهَا عَنْهُ أَرْبَعَةَ آلَافٍ وَبَعَثَ بِهَا إِلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَعَ شُرَحْبِيلَ ابْنِ حَسَنَةَ، فَقَبِلَ النَّبِی.

Аз Умми Ҳабиба (рз) нақл шуда аст, ки ҳамсари Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш буд, ки дар Ҳабаша аз дунё рафт, пас Наҷошӣ ӯро ба издивоҷи Паёмбари Акрам (с) даровард (ба сурати никоҳи фузулӣ) ва маҳри ӯро 4 ҳазор дирҳам қарор дод ва ӯро ба ҳамроҳи Шураҳбил ибни Ҳасана ба самти Паёмбари Акрам (с) фиристод, Паёмбари Акрам (с) низ он никоҳро қабул кард. (Сунани Аби Довӯд, ҷ 2, саҳ 235, ҳадиси 2107).

Агар як нафар бо ваколат аз марду зан ҳам иҷоб ва ҳам қабулро бихонад, ин никоҳ фузулӣ намебошад ва ин шахс вакил аз тарафи зану шавҳар ва сарпарасти онҳо барои хондани ақди никоҳ аст. Масалан бигӯяд:

أَنکَحتُ مُوَکِّلَتی فاطمة لِمُوَکِّلی علی.

Никоҳ кардам вакилам Фотимаро барои вакилам Алӣ

Манобеъ:

Саҳеҳи Бухорӣ, Дорулфикри Бейрут.

Сунани Аби Довӯд, Алмактабаҳ алъасрия, Бейрут.

Сунани Алдор Қутнӣ, муассисаи Алрисолаҳ, Бейрут.

Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдаққоқ ва Дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

Алфиқҳ алалмазоҳиб аларбаа, Алҷазирӣ, Дорулкутуб алъилмия, Бейрут.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед