Никоҳ (бахши аввал)

0
220

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима:

Никоҳ ва издивоҷ дар дини Ислом як амали муқаддасе аст, ки дар динҳои гузашта ҳам мавриди таъкиди паёмбарони илоҳӣ будааст ва Паёмбари Акрам (с) низ никоҳро аз суннатҳои худ баён намуда ва мусалмононро ба ин кор бисёр ташвиқу тарғиб менамуданд.

Эшон дар ҳадисе мефармоянд:

عَن اَنس بن مالِک قالَ رَسولُ الله (ص): أما واللَّهِ إنِّي لَأَخْشَاكُمْ لِلَّهِ وأَتْقَاكُمْ له، … وَ أَتَزَوَّجُ النِّسَاءَ، فمَن رَغِبَ عن سُنَّتي فَلَيسَ مِنِّي.

Аз Анас ибни Молик нақл аст, ки расули Худо (с) фармуданд: “қасам ба Худо тарси ман аз Худованд бештар аз шумо аст ва аз шумо ботақвотар ҳастам, … ва бо занон издивоҷ мекунам, пас касе, ки аз суннати ман(издивоҷ) рӯйгардон шавад аз ман нест“. (Саҳеҳ Бухорӣ, Боби никоҳ, Ҳадиси 5063)

Издивоҷ танҳо барои бартараф кардани ғаризаи ҷинсӣ нест, балки инсон бо издивоҷ илова бар қонеъ кардани ниёзҳои ҷинсии худ аз роҳи ҳалол, ба саломату оромиши рӯҳӣ низ мерасад, ки ин оромиш инсонро барои наздик шудан ба Худованд ва камоли ниҳоӣ бисёр кӯмак мекунад. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً

Ва аз нишонаҳои Худо ин аст, ки барои шумо аз худатон ҳамсароне офарид, то бо онҳо оромиш ёбед ва байни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ қарор дод“. (Сӯраи Рӯм, Ояти 21)

Яке дигар аз аҳдофи муҳимми издивоҷ, бақои насли башарият дар сояи таълиму тарбияти исломӣ аст, ба ҳамин далел аст,ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим ба инсонҳо ёд додааст, ки чигуна барои доштани насли пок дуо кунанд, онҷо ки мефармояд:

رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا

“Парвардигоро! Аз ҳамсаронамон ва фарзандонамон, ба мо равшании дидагон бибахш ва моро барои парҳезгорон, пешво қарор деҳ”. (Сӯраи Фурқон, Ояти 74)

Таърифи никоҳ:

Никоҳ ақду пайванде аст, ки ба василаи иҷоб (бахшидани зан) ва қабул (қабул кардани мард) эҷод ва дуруст мешавад, ки дар натиҷаи он зану шавҳар ба ҳамдигар маҳрам мешаванд.

Чигунагии лафзи иҷоб ва қабул:

Лафзи ин ду (бахшидан ва қабул кардан) бояд дар сиға ва қолаби замони гузашта бошад, монанди: زَوَّجتُ، أنکحت، رضیت، قبلت

Ё яке аз он ду лафз амр бошад ва дигари мозӣ (замони гузашта), монанди: Зан мегӯяд: زَوِّجنی “ба ақди худ даровар маро” ва мард мегӯяд: زَوَّجتُ “ба занӣ қабул кардам туро”.

Гуфтани ҷумлаи “мо зану шавҳар ҳастем” дар ҳузури шоҳидҳо далолат бар ақди никоҳ намекунад, зеро гуфта шуд, ки иҷобу қабул дар ақди никоҳ шарт аст.

Ақди никоҳ ба лафзҳое монанди “ба никоҳи худат қабул кардӣ?” , “ба издивоҷи худат даровардӣ?” ва ё лафзҳое, ки вазъ шудаанд барои молик шудани чизе дар ҳоли ҳозир монанди ҳиба, байъ ва садақа, саҳеҳ аст, зеро дар ин муомилаҳо молик шудани холӣ аст. Монанди инки бигӯяд “тану нафси худамро бахшидам”.

Дар ҳолати ҳузури завҷайн бидуни вакил гирифтани касе, ҳатман бояд бахшидани занро мард ва қабул кардани мардро зан бишнаванд.

Шоҳидҳои ақди никоҳ:

Барои саҳеҳ шудани ақди никоҳ, бояд шоҳид вуҷуд дошта бошад, ки дар идома ба шароити он шоҳидҳо ишора мекунем:

1- Ду марди озод ва ё як марду ду зани озод бошанд. (Ғулом  набошанд).

2- Мусалмон бошанд.

3- Мукаллаф бошанд.

4- Дар як маҷлис иҷоб  ва қабули зану мардро бо ҳам бишнаванд.

Чанд масаъла дар мавриди шоҳидҳои никоҳ:

– Ақди никоҳ бо шоҳид шудани ду фосиқ саҳеҳ мешавад, аммо дар ҳангоми даъвои байни зану шавҳар шаҳодати ду шахси фосиқ назди қозӣ эътибор надорад.

– Шоҳид шудани як писар аз мард ва як писар аз зан ва ё ду писар аз мард ё зан барои ақди никоҳ ҷоиз аст, аммо шаҳодати ин шоҳидон ҳангоми даъво назди қозӣ барои шахси наздики худ қобили қабул набуда ва барои тарафи муқобил қобили қабул аст. Масалан агар писарони мард ба нафъи ӯ ҳангоми даъво шаҳодат диҳанд қабул нашуда, вале агар ба нафъи зан шаҳодат диҳанд қабул мешавад ва шаҳодати писарони зан  барои модарашон ҳам ҳангоми даъво инчунин аст.

– Шоҳид шудани кофири зиммӣ (кофири зиммӣ касе аст, ки бо додани ҷизя иҷозати зиндагӣ дар мамлакати мусалмононро дорад) барои ақди никоҳ ҷоиз аст, аммо ба далели куфре, ки дорад шаҳодаташ назди қозӣ ҳангоми даъво қобили қабул намебошад, зеро шаҳодати кофир алайҳи мусалмон пазируфта нест.

– Вакил дар сурате, ки муваккилаш ҳозир шавад, чун дигар вакил нест, метавонад ба унвони шоҳид қарор бигирад, монанди ҳозир шудани духтари болиғ, ки дар ин сурат сарпарасти у метавонад ба унвони шоҳиди никоҳ қарор бигирад.

Касоне, ки никоҳ бо онҳо ҳаром аст:

1- Падару модар.

2- Бародару хоҳар.

3- Фарзандони бародару хоҳар.

4- Падарбузургу модарбузург.

5- Фарзандони падарбузургу модарбузург.

6- Падар ва модари ҳамсар.

7- Ҳамсари падар (мойиндар).

8- Фарзандони ҳамсари падар, ки аз падари худи шахс бошанд. (дар сурате, ки фарзандони ҳамсари падар аз шавҳари дигаре бошанд никоҳ бо онҳо ҷоиз аст).

9- Тамоми мавридҳои дар боло гуфташуда аз ҷиҳати сабаб ва насаб буд, дар сурати ризоъ (ширхорагӣ) ҳам ҳамин ҳурмати никоҳ вуҷуд дорад.

10- Падар, модар ва фарзандони зане, ки бо ӯ зино карда бошад. (дар сурате ки он зан аз 9 сол ба боло бошад).

11- Падар, модар ва фарзандони касе, ки бо ӯ мулоъаба ва муломаса карда бошад. (дар сурате, ки он зан аз 9 сол ба боло бошд).

12- Падар, модар ва фарзандони касе, ки бо қасди лаззату шаҳват ба фарҷи дохилии ӯ нигоҳ карда бошад. (дар сурате, ки он зан аз 9 сол ба боло бошд).

Манобеъ:

Қуръони Карим

Саҳеҳ Бухорӣ, Дорулфикри Бейрут.

Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

Ал-ҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва Дорулфайҷо, Димишқ, Бейрут.

Ал-фиқҳ алалмазоҳибил арбаъа, Алҷазирӣ, Дорулкутуб ал-илмия, Бейрут.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед