Намози таровеҳ

0
271

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Калимаи таровеҳ аз роҳат гирифта шудааст, намози таровеҳ суннат ва ба ҷамоъат хондани он суннати кифоӣ мебошад ва аз панҷ кисми ду ракъатӣ иборат мебошад, ки пас аз адои чаҳор ракъати намози таровеҳ як истироҳат аст, ки аҳли Макка агар ин намозро дар Масҷидулҳаром мехонданд дар ҳангоми ин истироҳат як тавоф ба атрофи хонаи Каъба анҷом медоданд ва аҳли Мадина дар ҳолати ин истироҳат, чаҳор ракъат намози фуродо мехонданд ва марсум дар байни мардуми Тоҷикистон ин аст, ки пас аз хондани чаҳор ракъати намози таровеҳ ва замони истироҳат ҳамагӣ ё ду, се нафари тасбиҳоти машҳурро мехонанд.

Шахси намозгузор ихтиёр дорад, ки дар вақти истироҳати намози таровеҳ тасбеҳ бигӯяд ё хомуш бошад, то имом барои чаҳор ракъати баъӣ омода шавад.

Вақти намози таровеҳ баъд аз намози хуфтан аст, то тулӯи фаҷр, албатта қабл ва баъд аз намози витр, яъне ҳам қабл аз намози витр метавон намози таровеҳро хонд ва ҳам баъд аз он, аммо пеш аз намози хуфтан хондани намози таровеҳ ҷоиз нест.

Агар шахсе паз аз хондани фарзи намози хуфтан намози витр ва таровеҳро ҳам бихонад ва пас аз он огоҳ шавад, ки дар ҳангоми хондани намози хуфтан таҳорат надоштааст, лозим аст, ки паз аз адои фарзи намози хуфтан дубора намози таровеҳро ҳам бихонад, агар бетаҳоратии шахси намозгузор танҳо дар замони хондани фарзи хуфтан бошаду намози витрро саҳеҳ хонда бошад, намози витрро такрор намекунад, ба назари Имоми Аъзам (рҳ), аммо ба назари имомайн яъне Имом Муҳаммад ва Абӯюсуф намозгузор илова бар фарзи хуфтан, суннат, витр ва таровеҳро ҳам бояд дубора бихонад.

Агар шахси намозгузор бар асари фаромӯшӣ намози таровеҳро пеш аз намози хуфтан бихонад, ба назари Имоми Аъзам (рҳ) намози таровеҳ ӯ саҳеҳ аст, аммо шогирдони Имом (рҳ) мегӯянд паз аз хондани намози хуфтан намози таровеҳ бояд дубора хонда шавад.

Дар мавриди дубора хондани намози витр ихтилоф аст, Имом Абӯҳанифа муътақиданд, ки чун намози витр намози ҷудогона аст, намозгузор метавонад паз аз хондани намози фарзи хуфтан витрро нахонад, аммо Имомайн мегӯянд; намози витр дубора бояд хонда шавад.

Ба миқдори ду ракъат нишастан пас аз хондани чаҳор ракъат аз намози таровиҳ мустаҳаб аст, аммо нишастан дар охирин истироҳат; яъне пас аз хондани ракъати 16-ум ба хотири тӯлонӣ нашудани намози таровеҳ мустаҳаб нест ва шахси намозгузор метавонад дар охирин замони истироҳат намози витрро бихонад.

Беш аз 20 ракъат хондани намози таровеҳ назди Имом Абӯҳанифа макрӯҳ аст.

Ба таъхир андохтани намози таровеҳ то гузаштани як сеюм аз вақти шаб мустаҳаб аст, аммо дар мавриди хондани он паз аз гузашти ниме аз шаб ихтилоф аст, вале асл ин аст, ки дар он замон ҳам хондани он макрӯҳ нест.

Баъзе гуфтаанд, ки намози таровеҳ суннати Паёмбари Акрам(с) аст ва баъзе дигар ҳам гуфтаанд, ки суннати ҳазрати Умар(рз) аст, аммо бар асоси Фатовии Ҳиндия ва Саҳеҳи Бухорӣ намози таровеҳ дар замони Расули Худо (с) ба сурати ҷамоат хонда намешуд ва паз аз вафоти Паёмбар (с) ҳазрати Умар(р) дастур дод, то ин намоз ба сурати ҷамоат хонда шавад ва пас аз он бидъати ҳасана хонда шуд.

Намози таровеҳ суннати кифоӣ мебошад, яъне агар баъзе онро бихонанд аз гардани дигарон соқит мешавад ё суннати муаккада ва наздик ба воҷиб аст, яъне баробар аст бо ҳукми намози ҷамоати панҷвақта, аммо намози ҷамоати таровеҳ бар асоси Фатовии Ҳиндия суннати кифоӣ аст.

Бар асоси Фатовии Оламгир ё Фатовии Ҳиндия ва инчунин дар Қозихон беҳтар он аст, ки шахси намозгузор намози таровеҳро ба сурати фуродо ва бо қироати худаш бихонад ва ба ғайри худ иқтидо накунад.

Агар занон намози таровеҳро ба сурати танҳоӣ дар хонаҳои худ бихонанд саҳеҳ аст.

Агар ҳамаи мардон намози ҷамоати таровеҳро тарк кунанд ҷоиз нест, магар онки дар он минтақа дар як макон ё бештар намози таровеҳ ба сурати ҷамоат баргузор шавад.

Ба назари Имоми Аъзам (рҳ) намози таровеҳ барои бузургоне ба монанди муфтиҳо ва қозиҳо суннат аст.

Агар гурӯҳе дар манзиле ҷамъ бошанду дар ҳамон макон намози таровеҳро ба сурати ҷамоат бихонанду ба масҷид нараванд намози онҳо саҳеҳ аст, аммо фазилати рафтан ба масҷидро аз даст додаанд, зеро хондани он дар масҷид афзал аст, ба монанди фазилати хондани намозҳои панҷвақта дар масҷид.

Лозим нест бар мардум касеро, ки хушхонӣ мекунад (овози зебо дорад) имоми худ қарор диҳанд, балки лозим аст касеро имом кунанд, ки қароати саҳеҳ дорад, зеро имоми хушхон мардумро аз тадаббур ва хушӯъ дар намоз дур мекунад.

Агар дар байни намози таровиҳ узре ба имом бирасаду натавонад 20 ракъатро комил бихонад, имоми ҷонишин аз ибтидо оғоз намекунад, балки идомаи намозро мехонад.

Агар имоми фарзи хуфтан дигар кас ва имоми таровеҳ касе дигар бошад ҷоиз аст.

Намози витр дар моҳи мубораки Рамазон

Намози витр дар ин моҳ аз назари Имоми Аъзам (рҳ) воҷиб ва аз назари дигарон суннат аст ва паз аз хондани намози таровеҳ ба ҷамоат намози витр ҳам ба сурати ҷамоат хонда мешавад.

Асосан беҳтар аст, ки намози витр дар хона ва ба сурати фуродо хонда шавад, аммо дар моҳи мубораки Рамазон афзал он аст, ки ба сурати ҷамоат ва дар масҷид хонда шавад. Баъзеҳо ҳам мегӯянд, ки хондани он дар хона ва ба сурати фуродо мустаҳаб аст.

Барои мардон макрӯҳ аст, ки барои хондани намози таровеҳ ба сурати ҷамоат дар хона, мардеро иҷора кунанд.

Дар як масҷид ду бор намози ҷамоати таровеҳ баргузор шавад макрӯҳ аст.

Барои имом ҷамоат хондани комили намози таровеҳ дар ду масҷид макрӯҳ аст, аммо барои муқтадӣ хондани он дар ду масҷид ҷоиз аст.

Хондани намози ҷамоати таровеҳ барои намозгузорон танҳо як маротиба суннат аст ва агар намозгузорон бихоҳанд дар як шаб ду маротиба намози таровеҳро бихонанд, бояд онро ба сурати фуродо бихонанд.

Агар имом намози хуфтану витр ва таровеҳро дар хонаи худ бихонаду баъд аз он имом шавад, барои мардум макрӯҳ аст, аммо ин барои муқтадӣ макрӯҳ нест ва метавонад паз аз хондани намози хуфтану витру таровеҳ, дар хонаи худ пушти сари имом ҳам дубора бихонад.

Агар имом қасди имомат ба мардумро надошта бошаду мардум дар ҳолати рукуи вай ба ӯ бипайванданд ва надонанд, ки имом дар хонаи худ намози хуфтану витру таровеҳро хондааст макрук нест, на барои имом ва на барои қавмаш.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед