Намози мариз (бемор) бахши аввал

0
191

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тарки намоз ҳатто дар ҳоли беморӣ ҳам ҷоиз нест, аммо дар бархе маворид шиддати маризӣ ба ҳадде аст, ки қудрати анҷоми аркони ибодот ва махсусан намозро аз намозгузор мегирад. Дар чунин шароите дини Ислом аҳкоми хоссеро вазъ кардааст.

Мариз кист?

Ҳар вақте ки мард ё зани намозгузор аз қиём (истодан) дар намоз оҷиз (нотавон) шавад, ҳақ дорад, ки намозашро нишаста бо рукуъ ва суҷуд бихонад.

Беҳтарин қавл дар тафсири оҷиз, адами тавоноӣ ва нотавонӣ аз қиём аст, мелоки фатво ҳам ҳамин натавонистан дар сарпо истодан аст.

Ҳамин ҳукмро дорад шахси намозгузоре, ки тавоноии қиёмро пайдо кардааст, аммо хавф дорад, ки бо истода намоз хондан бемориаш бадтар ё дер хуб мешавад. Ҳамчунин шахсе, ки нишаста метавонад намоз гузорад, аммо дар ҳолати истода сараш тоб меравад. Ё шахсе, ки дар ҳолати нишаста эҳсоси дард намекунад, аммо агар истода намоз гузорад дард пайдо мешавад ё машаққаташ бештар мешавад.

Мелоки мавориди боло на қиём, балки машаққати зиёд шудан ё дер беморӣ хуб шудан аст, вале дар асл ҷавоз барои инки мариз нишаста намоз бихонад, ҳамон оҷиз будан аз қиём аст.

Агар бар анҷоми баъзе аз қиём қодир бошад, на ҳамаи қиём (масалан агар қиёмаш ду дақиқа тӯл бикашад, як дақиқа қодир аст) ҳукмаш чунин аст, ки ба ҳамон андозае, ки тоқат дорад қиёмро ба ҷо оварда ва боқиро нишаста мехонад, ҳатто агар қодир бошад барои гуфтани такбир дар ҳолати қиём, аммо тавони қироатро надошта бошад, дар ин ҳолат такбирро дар ҳолати қиём гуфта ва боқии намозро дар ҳолати нишаста мехонад.

Дар сурате, ки қодир бошад ба андозаи беъзе аз қиём, аммо на ба андозаи тамоми қироат, Шамсул-аиммаи Ҳалвоӣ мегӯяд, чун ин шахс медонад, ки қодир ба қиёми комил нест, хавф дорам, ки намозаш дуруст бошад, пас беҳтар аст, ки аз ибтидо намозашро нишаста бихонад.

Аммо агар қодир бошад ба анҷоми қиём дар ҳолати такя ба девор ё сутун саҳеҳ он аст, ки намозашро дар ҳолати қиём ва такя ба девор бихонад, дар ғайр ин сеҳеҳ нест. Ҳамчунин аст, агар қодир бошад бар такя ба асо ё ходими худ ё шахсе, ки намозгузорро дар анҷоми аҷзои намоз кӯмак кунад.

Бемор агар қодир аст намозашро дар хона дар ҳолати қиём ба ҷо оварад, аммо дар сурати рафтан ба масҷид дигар қодир нест, истода намоз бихонад, дар ин маврид машойих ихтилофи назар доранд, бархе ба хотири савоб гуфтаанд, ки беҳтар аст, ки ба масҷид биравад ва баъзе ҳам гуфтаанд, ки ба хотири аҳаммияти қиём беҳтар аст, ки дар хона бо қиём бихонад, назари ихтиёр шуда ин аст, ки дар хона бо қиём бихонад ва фатво ҳам ба ҳамин назар дода шудааст.

Аммо дар мавриди инки шахси намозгузоре, ки қодир ба қиём нест ва бояд намозашро нишаста адо кунад, чунин шахсе чӣ гӯна бояд биншинад? Гуфта шудааст ҳар навъе, ки бемор роҳат аст ва метавонад ба он ҳолат бинишинад, метавонад поҳояшро ҷамъ ё дароз кунад.

Агар шахсе ҳатто бар хондани намоз дар ҳолати нишаста ҳам тавон надошта бошад, агар битавонад ба чизе ё шахсе барои анҷоми намоз такя кунад, лозим аст бо такя намозашро ба ҷо оварад ва дар анҷоми рукуъ ва суҷуди худ аз дигарон ё чизе кӯмак бигирад. Пас агар бо вуҷуди қудрати нишаста хондани намоз ҳатто бо такя агар дароз кашида ё ба паҳлу намозро бихонад ҷоиз нест.

Агар оҷиз бошад аз қиёму рукуъ ва суҷуд, аммо нишаста метавонад, чунин шахсе нишаста ва бо имо ва ишора намозро мехонад, яъне барои рукуъ ва суҷуд бо сараш ишора мекунад ва каме сарро хам мекунад ба нишонаи рукуъ ва бештар аз он хам мекунад ба нишонаи суҷуд. Агар шахсе дар ҳолати нишаста ва бо ишора намоз бихонад, вале қодир набошад байни рукуъ ва саҷдаи худ бо ишораи сар тафовут эҷод кунад, намозаш саҳеҳ нест, яъне лозим аст, ки ишораи саҷда поинтар аз ишораи рукуъ бошад.

Агар шахсе тавони қиёмро дошта ва қодир ба саҷда бошад, аммо қодир ба рукуъ набошад (масалан камараш мушкиле дорад ва наметавонад рукуъ кунад) барои чунин шахсе мустаҳаб аст, ки намозашро нишаста ва бо имо ва ишора бихонад тибқи фатвои Қозихон.

Шахсе, ки бо имо ва ишора намоз мехонад, коре бикунад, ки дар ҳолати табиӣ саҷдаи саҳв лозим шавад, бояд бо имо ва ишора саҷдаи саҳвро ба ҷо оварад.

Барои шахсе, ки бо ишораи сараш намоз мехонад ҷоиз нест, ки чизе ба мисли чуби банд гузошта шавад ё чизе баланд бардошта шавад то намозгузор битавонад бар он саҷда кунад. Аммо агар он чиз дорои ду сатҳ бошад масалан сатҳи рукуъаш болотар аз сатҳи саҷдааш бошад, дар ин ҳолат ҷоиз аст ва намозаш ҳам саҳеҳ аст. Аммо агар тавони ишора бо сарро надошта бошад намозаш дар ҳолати нишаста саҳеҳ нест. Вале худ ҳамон чизе, ки намозгузор мехоҳад болои он саҷда кунад дар рӯи замин бошад ва баланд бардошта нашуда бошад, дар ин сурат намозаш саҳеҳ аст.

Аммо агар намозгузор наметавонад бинишинад:

Агар битавонад ба пушт бихобад, дар ҳоле, ки пойҳояш ба сӯи қибла аст, бо сар барои анҷоми рукуъ ва саҷда имо ва ишора мекунад.

Агар метавонад ба паҳлу бихобад, дар ҳоле, ки сураташ рӯ ба қиблааст, бо сар барои анҷоми рукуъ ва саҷда имо ва ишора мекунад. Аммо ҳолати беҳтар аз байни ба пушт хобидан ё ба паҳлу, ба пушт хобидан беҳтар аст. Агар шахси намозгузор қодир бар хондани намозаш бар паҳлӯи рост набошад, метавонад ба паҳлӯи чап бихонад.

Агар тавони хобидан ба паҳлӯи рост ё чапро дорад, аммо наметавонад сарашро такон диҳад, беҳтар аст, ки намозашро ба таъхир андозад, зеро намоз хондан бо имо ва ишора тавассути чашмон ё абрувон ва ё қалб саҳеҳ нест.

Идома дорад… .

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед