Намози мариз– бемор (қисми сеюм)

0
136

Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон

Тарки намоз ҳатто дар ҳоли беморӣ ҳам ҷоиз нест, аммо дар бархе маворид шиддати маризӣ ба ҳадде аст, ки қудрати анҷоми аркони ибодот ва махсусан намозро аз намозгузор мегирад. Дар чунин шароите дини Ислом аҳкоми хоссеро вазъ кардааст. Дар ин қисмат ба чанд масъала дигар дар бораи аҳкоми намози мариз ишора мекунем.

Масаълаи якум

Агар намозгузор бар асари тарс аз саг ё даррандае ва ё одамӣ ба муддати як шабонарӯз беҳуш шавад, намоз аз чунин шахсе соқит мешавад.

Аммо сурати дуюм баракси аввалӣ аст, агар шахсе шароб бинӯшад ба ҳадде, ки ақли ӯ зоил ва маст шавад ва мастии вай ҳам ба муддати як шабонарӯз идома пайдо кунад, аз чунин шахсе намоз соқит намешавад.

Тафовути ин ду дар он аст, ки сурати дуюм дар феъли худ дахил буда, феълашро худ интихоб мекунад ва сурати якум дар феъли худ дахил нест, яъне шаробхор худро бо дасти худ беҳуш кардааст дар сурате, ки беҳушии сурати аввал аз дасти худаш хориҷ аст.

Масаълаи дуюм

Агар шахсе маводи нашаъовар ва ё давое, ки ақли ӯро зоил мекунад истифода барад, агар аз як шабонарӯз бештар давом кунад, аз назари Шайхайн намоз аз чунин шахсе соқит намешавад.

Масаълаи сеюм

Агар шахсе як шабонарӯз бихобад аз чунин шахсе ҳам намоз соқит намешавад ва бояд қазои намозҳои худро ба ҷо оварад.

Масаълаи чорум

Агар марде бар асари аҷзе агар рӯза бигирад, намозҳояшро нишаста мехонад ва агар рӯзаи худро ифтор кунад намозҳояшро дар ҳолати қиём ба ҷо меорад, ба монанди афроди солим, чунин шахсе бояд рӯза гирифта ва намозҳои худро нишаста бихонад.

Масаълаи панҷум

Агар шахси мариз дар ҳолати огоҳӣ намозашро қабл аз вақт бихонад (масалан медонад, ки намози пешин вақташ дохил нашудааст, аммо боз намозашро мехонад) ва ё аз рӯи хато дар сурате, ки метарсид, ки бемориаш шадидтар шавад (яъне фикр мекунад, ки вақти намоз расидааст, аммо ҳануз вақти он нарасида бошад) намози чунин шахсе саҳеҳ нест ва ин ба монанди шахсе аст, ки намозашро ба ғайри қироат ё ба ғайри вузу хондааст.

Масаълаи шашум

Агар мавлое абде дошта бошад ва он абд мариз бошад ва маризии абд ба ҳадде бошад, ки натавонад вузу бигирад, бар мавлои вай лозим аст, ки ба абди худ кӯмак кунад, то абд вузу бигирад.

Агар абди мавло зан бошад ва он зан ҳам ҷория (зани дигари мавло) дошта бошад дигар бар мавло воҷиб нест, ки абди худро кӯмак кунад.

Масаълаи ҳафтум

Ҳар шахсе, ки аз иҷрои рукн нотавон бошад, магар бо ҳадас соқит мешавад аз ҳамон рукн ҳадас. Яъне дар пешониаш захме вуҷуд дорад мехоҳад саҷда кунад аз он захм зардӣ ё хун берун мерезад. Чунин шахсе намозро бо нишаста ва имо мехонад, имое, ки ҳадас ба вуҷуд наорад.

Аммо агар тавоноии қиёму рукуъро дошта бошад, аммо танҳо бо анҷоми саҷда аз захмаш хун ҷорӣ шавад, метавонад танҳо саҷдаро бо ишора анҷом диҳад, аммо афзал он аст, ки ҳамаи аҷзои намоз ба як навъ ба ҷо оварда шаванд. Яъне аз ибтидо нишаста ва бо имо бихонад. Ба монанди шахси маризе, ки пешобаш манъ намешавад, дар сурате, ки дар ҳолати қиём намозашро бихонад, аммо чунин фарде нишаста намоз бихонад мушкиле барояш пеш намеояд, бояд намозашро нишаста бихонад.

Масаълаи ҳаштум

Агар шахсе аз тарси дида шудан тавассути душман намозашро нишаста бихонад, намозаш саҳеҳ аст. Ё дар маҳалле аст, ки онҷо ба ҳадде нест, ки шахси намозгузор битавонад дар ҳолати қиём намозашро ба ҷо оварад метавонад намозашро нишаста ба ҷо орад, дар сурате, ки дар берун аз онҷо барои ӯ хатари душман ё даррандае вуҷуд дошта бошад.

Масаълаи нуҳум

Агар шахси намозгузор дар замини санглох ва ноҳамвор бошад, ки натавонад дар онҷо қиём ё саҷда кунад метавонад намозашро ба сурати нишаста бихонад. Аммо агар дар дохили хайма ва ё ҷои дигар бошад, ки тавони берун рафтан ва дар ҳолати қиём намозро ба ҷо оварда битавонад, аммо замин гилолуд ва борони шадид меборад, ҳам нишастану бархостан барояш сахт аст ва ҳам либосҳояш касиф мешавад, метавонад дар ҷои муносибтар намозашро ба сурати нишаста ба ҷо оварад ва намозаш ҳам саҳеҳ аст.

Масаълаи даҳум

Маризе, ки дар ҳолати маризияш намозҳояш қазо шуда бошад, агар дар замони қазои он намозҳо солим бошад, бояд қазои он намозҳоро ба монанди афроди солим ба ҷо оварад. Агар бо фикри инки намозҳои қазо шудаи вай дар ҳолате будааст, ки намози вай нишаста ва бо имову ишора будааст ва намозҳои қазои худро ба сурати нишаста ва бо имову ишора бихонад, сеҳеҳ нест.

Масаълаи ёздаҳум

Агар шахсе, ки дар ҳолати маризияш бихоҳад қазои намозҳои замоне, ки солим бударо ба ҷо оварад, баракси масъалаи боло метавонад намозҳои қазои худро ба сурате, ки дар тавони ӯ аст, яъне нишаста ва ё бо имову ишора бихонад.

Масаълаи давоздаҳум

Марди фаромӯшхотире, ки ёдаш меравад аҷзои намоз шахсеро барои ёдоварӣ дар канори худ бинишонад, то ба ӯ бигӯяд, ки қироату рукуъ ва ё саҷдаи кунад, намози чунин шахсе саҳеҳ аст. Дар сурате, ки роҳи дигаре вуҷуд надошта бошад, ҷуз ёдоварӣ кардан.

Масаълаи сездаҳум

Барои мариз мустаҳаб аст, ки намози худро дар рӯзи ҷумъа ба таъхир андозад, то имоми ҷумъа намозро тамом кунад. Аммо агар ба таъхир наандозад намозаш бо кароҳат саҳеҳ аст. Вале асл бар он аст, ки чун ин шахс мариз аст ва рафтан ба масҷид бар ӯ воҷиб нест, метаванад пас аз азон намозашро бихонад.

Намози мариз – бемор (қисми дуюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед