Намози ҷумъа(қисми сеюм)

0
51

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар қисматҳои гузашта дар мавриди аҳаммияту шароити сиҳҳат ва вуҷубу суннатҳои намози ҷумъа суҳбат кардем, дар ин қисмат аз баҳс чанд масъала дар мавриди намози ҷумъа баён мекунем.

Масъалаи якум:

Замоне ки борони  шадид биборад, хондани намози ҷумъа барои мурдуми шаҳр воҷиб нест.

Масъалаи дуюм:

Чуноне ки дар қисмати қабл зикр шуд хондани намози ҷумъа барои шахсе, ки кур аст воҷиб нест, аммо агар касе бошад, ки барои рафтан ба намоз ба вай кумак расонад, хондани намоз барои шахси кур ҳам лозим аст.

Масъалаи сеюм:

Намози ҷумъа барои ғулом фарз нест ва мавлои ӯ ҳам ҳақ дорад ғуломи худро аз рафтан ба намози ҷумъа ва намозҳои ҷамоъате, ки вақтгир ва ҳазинабар аст манъ кунад, зеро ғулом барои хизматрасонӣ мебошад, аммо мавло наметавонад ғуломи худро ба кулли аз хондани намоз манъ кунад.

Агар ғулом мукотаб бошад, яъне қарордод дошта бошад, ки масалан дар як ё ду сол маблағи муайянеро пардохт кунад, то озод шавад, бар ин ғулом намози ҷумъа фарз мешавад ва ҳамчунин ғуломе, ки мавлояш ниме аз қиматашро бахшидааст.

Масъалаи чорум:

Агар шахсе нафареро барои коре иҷора карда бошад ҳақ дорад, ки ӯро аз рафтан ба намози ҷумъа манъ кунад (Ба қавли Абу Ҳафс), аммо агар ин шахс дар намози ҷумъа ширкат кунад, ҳақ надорад аз соҳиби кораш талаби маош бикунад. Аммо агар маҳалли баргузории намози ҷумъа қариб бошад, соҳибкор наметавонад шахси ба иҷора гирифтаи худро аз рафтан ба намоз манъ кунад ва маошашро ҳам бояд комил пардохт кунад.

Масъалаи панҷум:

Барои шахсоне, ки гуфтем намози ҷумъа фарз нест, агар дар намози ҷумъа иштирок кунанд илова бар онки савоб мебаранд, фарзи намози пешин ҳам аз гардани онҳо соқит мешавад.

 Масъала шашум:

Баргузор кардани намози ҷумъа дар фанои шаҳр, яъне атрофи шаҳр ва ё маконҳое ба монанди варзишгоҳҳо ҳам ҷоиз аст.

Масъалаи ҳафтум:

Агар шахсе аз деҳа вориди шаҳр шавад ва нияти мондан то рӯзи ҷумъаро бикунад, бар ин шахс намози ҷумъа лозим мешавад, аммо агар нияти хуруҷ аз шаҳрро дар рӯзи ҷумъа дошта бошад, чӣ пеш аз дохил шудани вақти намоз бошад ва чӣ баъд аз он, намози ҷумъа бар вай лозим намешавад.

Масъалаи ҳаштум:

Барои касоне ки намози ҷумъа бар онҳо фарз нест ва дар атрофи шаҳр қарор доранд ҳақ доранд, ки дар рӯзи ҷумъа намози пешинро дар деҳа бо азону иқома ба ҷо оваранд.

Масъалаи нуҳум:

Агар мусофирон дар рӯзи ҷумъа дар шаҳр ҳозир шаванд, намози худро фуродо мехонанд, албатта ин фатво ахиран тағйир карда ва мегӯяд мусофирон метавонанд намози пешин, на намози ҷумъаро бо ҷамоъат бихонанд.

Масъалаи даҳум:

Дар бораи инки намози ҷумъа дар Арафот ташкил мешавад ё не, дар ин маврид ихтилоф аст ва гуфтаанд чун дар ин рӯз ҷамъи салотайн мешавад, намози ҷумъа хонда намешавад.

Масъалаи ёздҳум:

Агар шаҳр хело калон бошад ба андозае, ки як тарафаш аз тарафи дигараш чандин километр бошад, ба назари Имоми Аъзам (р) ҷоиз аст, ки дар он шаҳр чанд намози ҷумъа баргузор шавад.

 Масъалаи дувоздаҳум:

Ҳарвақто дар сиҳҳати намози ҷумъа шак шавад, оё намози ҷумъае, ки адо шудааст ҷомеъ шароит буда ва шурути сиҳҳати намози ҷумъаро доштааст ё не, дар ин сурат лозим аст пас аз хондани намози ҷумъа чор ракъат ба нияти намози пешин хонда вашад. Дар баъзе ақвол гуфта шудааст, ки дар ин чор ракъат замми сураи лозим аст зеро агар намози ҷумъа саҳеҳ бошад, ин чор ракъат намози нафл ба ҳисоб рафта ва намози нафл ҳам бидуни замми сура саҳеҳ нест.

Дар мавриди тариқаи нияти ин чор ракъат гуфта шудааст, ки намозгузор ният кунад “ният кардам бигузорам охирин намози пешине. ки бар ман аст”.

Масъалаи сездаҳум:

Агар шахсе бидуни изни имоми ҳамешагии ҷумъа хутба бихонад, саҳеҳ нест магар инки имоми ҷумъа ӯро ба хондани хутба амр кунад, ё мири шаҳр бемор шавад ва шахсе бедуни изни мири шаҳр намоз ва хутбаро бихонад ҷоиз нест, бар хилофи намозҳои панҷвақта. Изни амир ё имоми ҷумъа барои хутба изн аст, барои хондани намози ҷумъа ва бар акс яъне агар амр шуд хутба бихонад, намозро ҳам шомил мешавад, агар чи бигӯяд ҳаққи хондани намозро надорӣ, танҳо хутба бихон.

Масъалаи чордаҳум:

Агар султони шарҳ зан бошад, ҷоиз аст амр кунад ба иқомаи намози ҷумъа, на бо имомати худаш балки касе дигарро амр мекунад.

Масъалаи понздаҳум:

Агар халифаи муслимин фавт кунад, ҷонишинон ва васиёни вай метавонанд намози ҷумъаро баргузор кунанд, ба шарте, ки пеш аз марг аз мақоми худ барканор нашуда бошад.

Масъалаи шонздаҳум:

Агар халифа ба деҳот сафар кунад, наметавонад намози ҷумъаро дар деҳа баргузор кунад, зеро гуфтем яке аз шурути сиҳҳати намози ҷумъа баргузории он дар шаҳр аст, аммо агар ба яке аз шаҳрҳо сафар кунад, метавонад намози ҷумъаро баргузор кунад.

Идома дорад…

Намози ҷумъа (қисми дуюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед