Намозҳои суннат ва аҳкоми он

0
40

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Намози суннат ба ду қисми суннати муаккада (таъкидшуда) ва суннати ғайри муаккада, яъне мустаҳаб ва мандуб тақсим мешавад, ки ҳарду қисми онро зикр мекунем.

Якум

Намозҳои суннати муаккада

  1. Ду ракъат қабл аз намози фарзи субҳ
  2. Чаҳор ракъат қабл аз фарзи зуҳр
  3. Ду ракъат баъд аз фарзи зуҳр
  4. Ду ракъат баъд аз фарзи мағриб
  5. Ду ракъат баъд аз фарзи хуфтан
  6. Чаҳор ракъат бо як салом пеш аз намози ҷумъа
  7. Чаҳор ракъат бо як салом пас аз намози ҷумъа
  8. Ду ё чаҳор ракъат ҳангоми кусуф (хуршедгирифтагӣ) ё хусуф (моҳгирифтагӣ)
  9. Намози таровеҳ (бист ракъат бо даҳ салом).

Дар байни суннатҳои зикршуда, ду ракъат суннати намози субҳ аз афзалияти болое бархудор аст, паз аз он ду ракъат суннат баъд аз мағриб қарор дорад, сипас ду ракъат баъд аз намози зуҳр, баъд аз он ду ракъат суннати пас аз намози хуфтан, баъд аз он чаҳор ракъат суннати қабл аз зуҳр.

Олиме, ки ба ҳадди марҷаият бирасад, ҷоиз аст барои ӯ суннатҳоро тарк кунад, то ба саволҳои мардум посух гӯяд, магар ду ракъат суннати намози субҳ, аз ин ҷиҳат мушаххас мешавад, ки агарчи суннати субҳ муаккада гуфта шудааст, аммо гоҳо ба ҳадди воҷиб наздик мешавад.

Чанд масъала дар бораи намозҳои суннат

Чанд масъаларо дар робита бо суннатҳои баёнкардашуда зикр мекунем.

Масъалаи якум

Агар шахсе ба гумони инки шаб асту ду ракъат намози шаб хонд, баъд аз он мутаваҷҷеҳ шуд, ки фаҷр тулӯъ кардааст, он ду ракъате, ки ба нияти намози шаб хонда будро метавонад ба ҷои суннати субҳ ҳисоб кунад.

Масъалаи дуюм

Бар касе, ки қудрати қиём ва тавони истода хондани суннати намози субҳро дорад, ҷоиз нест, ки онро нишаста адо кунад. Боқии суннатҳоро нишаста хонда мешавад. Далели инки суннати намози субҳро нишаста хонда намешавад, қариб ба воҷиб будани он зикр шудааст.

Масъалаи сеюм

Адо кардани намози суннати субҳ дар ҳолати савора ва бидуни узр ҷоиз нест, аммо дигар суннатҳоро бидуни узр ҳам мешавад дар ҳолати савора адо кард, ҳатто агар намозгузор рӯ ба қибла ҳам набошад.

Масъалаи чаҳорум

Суннат аст, ки намозгузор дар ҳангоми адои суннати намози субҳ дар ракъати аввал сураи Кофирун ва дар ракъати дуюм сураи Ихлосро қироъат кунад. Қобили зикр аст, ки ин таъйини сура нест, балки аз боби фазилати он аст.

Масъалаи панҷум

Агар шахсе огоҳона ду ракъат суннати намозро қабл аз расидани замони намози субҳ бихонад ҷоиз нест.

Масъалаи шашум

Агар шахсе чаҳор ракъат бо ду салом намози таҳаҷҷуд бихонаду сипас мутаваҷҷеҳ шавад, ки замони намози субҳ дохил шудааст, ду ракъати охири ӯ аз ҷиҳате, ки қариб ба вақти фаҷр аст, ба унвони суннати намози субҳ ҳисоб мешавад, ба шарте, ки байни ин чаҳор ракъат фосила наандохта бошад.

Масъалаи ҳафтум

Ҳар вақт замони адои суннатҳо бигузарад ва қазо шавад, қазоӣ надорад, магар суннати субҳ, ки агар шахсе дар хоб монд ва натавонист намози фарзи субҳ ва суннаташро адо кунад, то қабл аз зуҳр метавонад ҳам намози фарз ва ҳам суннати субҳро қазо кунад. Агар дастаҷамъӣ бошанд, метавонанд намози субҳро ба сурати ҷамоат ва бо ҷаҳрия бихонанд.

Масъалаи ҳаштум

Агар шахсе дар ҳангоми вуруд ба масҷид мушоҳида кард, ки имом намози субҳро шурӯъ кардааст, агар яқин дошта бошад, ки суннати намози субҳро бихонад ба ҷамоат мерасад, метавонад суннати субҳро адо кунад, аммо агар хавф дошта бошад, ки дар сурати хондани намози суннати субҳ аз ҷамоат мемонад, дар ин сурат намози суннатро нахонда ба ҷамоат васл мешавад ва пас аз адои намози фарзи субҳ ҳам қазои суннатро ба ҷо намеоварад.

Масъалаи нуҳум

Агар шахс вориди масҷид шуду дид, ки имом ҷамоат ба ҳамроҳи қавм фарзи зуҳрро мехонанд, шахс бояд ба ҷамоат васл шавад ва пас аз хондани намози фарзи зуҳр аввал чаҳор ракъат суннати қабл аз зуҳр, сипас ду ракъати суннати баъд аз зуҳрро мехонад.

Масъалаи даҳум

Агар шахс чаҳор ракъати суннати зуҳрро ният кунад, аммо қаъда (ташаҳҳуд)-и аввалро фаромӯш кунад, намозаш ҷоиз аст ва дигар ниёз ба хондани дубораи он намоз нест.

Дуюм

 Намозҳои суннати ғайри муаккада

  1. Чаҳор ракъат қабл аз аср
  2. Шаш ракъат баъд аз намози мағриб
  3. Чаҳор ракъат қабл аз фарзи хуфтан
  4. Чаҳор ракъат баъд аз намози хуфтан
  5. Ду ракъат то ҳашт ракъат намози таҳаҷҷуд (намози шаб)
  6. Ду ё чаҳор ракъат намози таҳияи масҷид
  7. Ду ракъат намози таҳияи вузу
  8. Ду то 12 ракъат намози чошт
  9. Ду ракъат намози истихора (талаби хайр кардан) ва ду ракъат намози ҳоҷат
  10. Ду ракъат намози истисқо (талаби борон дар замони хушкӣ)
  11. Чаҳор ракъат бо як салом намози тасбеҳ.
  12. Ду ракъат намози татаввуъ, дар ҳар вақте, ки намозгузор бихоҳад намоз бихонад, хондани беш аз ду ракъат макрӯҳ аст. Дар рӯз ҳадди ақал ду то чаҳор ракъат аст, дар шаб набояд аз ҳашт ракъат бештар шавад. Аммо афзал дар шабу рӯз чаҳор ракъат аст.

Баёни чанд масъала дар мавриди намозҳои суннати ғайри муаккадаи мустаҳаби мандуб.

Масъалаи якум

Вақти намози чошт ё зуҳо аз шурӯи хуршед, то заволи хуршед, яъне то замони дохил шудани вақти намози зуҳр аст.

Масъалаи дуюм

Тариқаи хондани намоз тасбеҳ, такбир гуфта сано хонада сипас 15 маротиба ҷумлаи зерро хонда мешавад:

سبحان الله و الحمد لله و لا إله إلا الله و الله اکبر

Субҳоналлоҳ валҳамдулиллоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар

Сипас аузу биллоҳ гуфта сураи Ҳамд қироат мешавад ва пас аз он зами сураи дигар карда мешавад, сипас 10 маротиба дар қиём, рукуъ, саҷдааш ва байни саҷдаҳояш ҷумлаи болоро мехонад.

Масъалаи сеюм

Фазилати намозҳои мустаҳабӣ, хондани онҳо дар хона аст, ба монанди хондани намозҳои фарз дар масҷид ба далели ҳадис:

أَفْضَلُ صَلاَةِ الْمَرْءِ فِي بَيْتِهِ إِلاَّ الْمَكْتُوبَةَ

Намоз хондани мард дар хона беҳтар аст, ба ғайр аз намозҳои фарз. (Муснади Имом Аҳмад, ҷ 5, саҳ 176)

Масъалаи чаҳорум

Мустаҳаб аст шахс пас аз хондани намози фарз барои адои намози суннат ё мустаҳаб каме ҷои худро тағйир диҳад.

Масъалаи панҷум

Агарчи намози таровеҳ аз намозҳои суннат аст, аммо мустаҳаб аст, ки дар масҷид ё дар манзили шахсе бо ҷамоат хонда шавад.

Манбаъ:

Фатовии Оламгир маъруф ба Фатовии Ҳиндия.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед