Мубтилоти таҳорат дар ҳолати намоз

0
35

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мо дар бахшҳои гузашта дар мавриди мубтилоти таҳорат суҳбат кардем, аммо дар ин қисмат дар бораи мубтилоти таҳорат дар ҳолати намоз мехоҳем суҳбат кунем.

Баёни чанд масъала дар мавриди мубтилоти таҳорат дар дохили намоз

Агар дар дохили намоз таҳорати намозгузор ботил шавад, чунин фарде, ки ҳадас ба ӯ расидааст бояд чӣ кор анҷом диҳад? Масалан агар касе, дар дохили намоз ҳадасаш расид мустаҳаб аст, ки даст дар даҳон ва бинии худаш гирад ва рӯяшро аз қибла  бар нагардонад қаҳқаро, яъне рӯ сӯи қибла ва ақиб-ақиб аз сафҳо берун равад, то расад ба таҳорат. Ин чанд хосият дорад, аввал инки мардум медонанд, ки ин шахс таҳораташ ботил шудааст; дуюм инки ҷойгоҳаш ҳифз мешавад, яъне мавриди тамасхур қарор намегирад ва барои гирифтани вузу ба ин ҳолат баргаштааст, чаро гуфтем рӯяшро аз қибла бар намегардонад? Зеро, ки инҳироф аз қибла дар намоз ботилкунандаи намоз аст, дуруст аст ин шахс ҳадасаш расидааст, яъне таҳораташ ботил шудааст, аммо намозаш ҳукман мутаваққиф аст ва бояд сариъ ба сӯи вузу гирифтан биравад, агар ин шахс ба андозаи як рукн, яъне як рукуъ ё як саҷда ё як қироат дар ҷояш бимонаду ба сӯи вузу гирифтан наравад, ин шахс дигар наметавонад баъдан вузу гираду баргашта намозашро идома диҳад, чунин шахсе намозашро бояд аз ибтидо бихонад.

Манзур аз ҳадас корест, ки лозим аст вузу гирифта шавад, на ҳадаси ғусл, аммо дар ҳадасе, ки ғуслро воҷиб мекунад истиъноф, яъне аз ибтидо хондани намоз лозим аст.

Ҳоло мумкин аст савол  пеш ояд,  ки  дар  кадом ҳолати  намоз бошад, ҷавоб  ин аст, ки дар тамоми ҳолати намоз баъд аз такбири таҳрима, ҳатто баъд аз ташаҳҳуд, ташаҳҳуд яъне миқдори нишастан дар намоз, намози ду ё се ё чаҳор ракаъатӣ бошад дар ракаъати дуюм ташаҳҳуд хонданаш ҳам воҷиб аст, нишастанаш ҳам ба миқдори ташаҳҳуд воҷиб аст, аммо дар ракъати охири намоз хондани ташаҳҳуд воҷиб аст, аммо миқдори нишастани  ташаҳҳуд  фарз  аст, ҳоло ин шахс пас аз хондан ва нишастан танҳо саломи намозро нагуфтааст, ки ҳадасаш расидааст, ин шахс ҳам бояд аз назари Имом Абуҳанифа (рҳ) вузу гирифта баргашта салом медиҳад, аммо назди Имомайн, яъне Абуюсуф ва Имом Муҳаммад намози ин шахс дуруст ва комил аст, чаро? Зеро, ки назди Имом Абуҳанифа (рҳ) хориҷ шудани намозгузор бо феъли худаш воҷиб аст, аммо назди Имомайн хориҷ шудани намозгузор бо феъли худаш воҷиб нест, Имомайн мегӯянд ташаҳҳуд хонданаш воҷиб, нишастанаш фарз ва хориҷ шудани намозгузорро бо феъли худ воҷиб нест, баръакси Имом Абуҳанифа (рҳ).

Чанд масъалае, ки намозгузор пас аз иттифоқ афтодани он наметавонад намозашро идома диҳад, он масоил кадоманд?

  1. Масалан дар зери як дарахт намоз мехонд, мевае аз дарахт бар сару сурати намозгузор афтод ва аз ҷои бархурд кардааш хун ҷорӣ шуд, таҳораташ ботил шудааст.
  2. Масалан ду кӯдак бозӣ мекунанд ва ба тарафи ҳамдигар санг партоб мекунанд, санги онҳо ғайри қасдан бар сари намозгузор мехурад, хун аз сараш ҷорӣ шуд, ин шахс наметавонад намозашро идома диҳад.
  3. Дар саҷда, чун асли саҷда дар замин аст, саҷда кард ва бо суръат сарашро ба сӯи замин бурд бо сангрезаи тез бархурд кард ва пешониаш харошида шуд ва хун ҷорӣ шуд, ин шахс дигар наметавонад намозашро идома диҳад, аммо намозаш ботил нашудааст, албатта ба шарте, ки ба миқдори як рукн аз он ҳадас нагузарад.
  4. Аз даҳону биниаш бидуни ихтиёр хун хориҷ шавад, агар ҳамин шахс дар ҳамин ҳолатҳо ба миқдори як рукн биистад ва барои вузу гирифтан иқдом накунад ҳукман намозаш ботил аст ва бояд, ки намозашро дубора аз аввал бихонад, аммо агар билофосила барои вузу гирифтан ҳаракат кунад таҳораташ ботил, аммо ҳукман намозаш боқӣ аст ва метавонад пас аз вузу гирифтан намозашро идома диҳад.

Дар чунин ҳолате ин шахс чӣ бояд бикунад? Иқдом кунад барои вузу гирифтан, аммо боз ҳам дар ин як масъалаи дигар вуҷуд дорад, агар ҳамин шахс дар дохили намоз ҳадасаш расид, масалан дар наздикиаш як об аст ва як каме дуртар оби дигар ҳамин шахс ҳақ надорад, ки барои вузу гирифтан суроғи оби дуюм биравад, ҳатман бояд, ки дар макони наздиктар вузу бигирад. Ҳоло агар фосилаи оби дуюм аз ҷое, ки намоз мехонад ба андозаи байни ду саф буд, метавонад дар онҷо ҳам вузу бигирад, аммо агар бештар аз он буд наметавонад. Сабаби натавонистанаш амали зиёд дар интихоби ҷои дуюми об хоҳад буд.

Мо зикр кардем, ки ин шахсро ҳадас расид шояд дар зеҳни шумо савол ояд, ки ин таҳораташ ботил шуд ҳукми намозаш боқист, дар ҳамин байн, ки мехоҳад биравад вузу гирад амдан (дониста) чизе бихӯрад ё чизе биёшомад ё хандаи қаҳқаҳа кунад оё боз ҳам ҳукми намозаш боқист? Не дар ин ҳолат дигар ҳукми намозаш ҳам боқӣ нест, чун ин ҳукман дар дохили намоз буд ин корҳо дар дохили намоз аз мубтилоти намоз аст.

  1. Шахсеро дар дохили намоз ҳадас расид дар хонааш ҳам об дорад, вале ин шахс одатан дар оби ҷорӣ вузу мегирифт ё дар ҳавз вузу мегирифт дар сурате, ки ин оби ҷорӣ ва ҳавз наздик бошанд метавонад дар ҳар кадом, ки бихоҳад вузу бигирад.
  2. Асли вузу як маротиба шустанаш фарз аст, дубор мустаҳаб ва себор суннат аст, ҳоло агар ҳамин шасх рафта аъзои вузуашро чаҳор маротибаӣ бишуяд боз ҳам муртакиби амали касир шудааст ва бояд намозашро аз ибтидо бихонад, аммо агар вузу гираду ба ҷои намозаш баргардад ва ёдаш ояд, ки масҳи сарро фаромуш кардааст, агар баргардаду масҳи сар кунад, чун таркиб фарз нест ва суннат аст дар фиқҳи ҳанафӣ, метавонад, масҳи сар кунад ва вузуяш дуруст аст, аммо агар зан бошад, ки ҳадасаш бирасад дар ҳолате, ки дар намоз аст ва аз тарафе ҳам тамоми бадани зан аврат аст, ин зан дар сурати гирифтани вузу бояд ки кашфи аврат кунад, то битавонад вузу бигирад, агар чунин кунад, намози ин зан ҳукман ботил аст, ин зан бояд тавре вузу бигирад, ки аъзои авраташ бараҳна нашавад.

Мо ин чанд масъалае, ки зикр кардем баёнгари ҷавози идомаи намоз буд, аммо истиъноф, яъне аз ибтидо хондани намоз беҳтар ва мустаҳаб аст.

  1. Агар фарде захме дар бадан дошт ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки аз захмаш хун ё зардобе ҷорӣ шуд, вузуи чунин шахсе шикаста ва бояд дубора вузу бигирад ва хуну зардобе, ки дар атрофи захм аст, тамиз кунад баргардаду намозашро идома диҳад, аммо агар ин шахс худаш сабаби хунрезӣ аз захмаш шуда бошад, чун ин кор амдӣ ва дониста аст дигар наметавонад пас аз вузу намозашро идома диҳад.

Бинобаро ин замоне метавонад пас аз расидани ҳадас ба намозаш идома диҳад, ки расидани ҳадас амдӣ набошад.

  1. Ё касе дар канори намозгузор идрор кард ва пешоби вай дар либосҳои шахси намозгузор расид, ин шахс ҳам бояд то ҳадди имкон либосашро иваз кунад ва агар натавонад иваз кунад бояд, ки либосашро шуста ва ба намозаш идома диҳад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед