Мубтилоти таҳорат дар ҳолати намоз(қисми сеюм)

0
33

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ин қисмати навиштор ба баёни чанд масъала дар мавриди расидани ҳадас ба имоми ҷомоат ва масъалаи истихлоф (ҷонишин қарор додан) ва ҳамчунин масъалаи гумон дар намоз мепардозем.

Масъалаи якум

Агар пушти сари имом як нафар бошаду таҳорати имом ботил шавад ниёзе нест, ки имом ишора кунад, ки он шахс ҷонишини вай шавад, он шахс худаш ба намози худ идома медиҳад, имом ҳам пас аз вузуи ҷадид метавонад баргашта пушти сари ӯ намоз бихонад ё дар ҳамон маҳалле, ки вузу гирифтааст метавонад намозашро идома диҳад.

Масъалаи дуюм

Агар имоми ҷамоат як нафарро ҷиҳати имоматии худ бо ишора таъйин кунад ва он шахси мавриди ишораи имом касе дигарро ишора кунад, ҳақ бо касе аст, ки имом таъйин мекунад, зеро, ки имом медонад, ки чи касе шоистагии имом ҷамоатро дорад.

Масъалаи сеюм

Агар ҳар тоифае, ки пушти имом ҳастанд як нафарро таъйин кунанд, масалан панҷ ё шаш тоифа буданду ҳар тоифа як нафарро интихоб кунад, дар ин сурат ҷонишини имом касе мешавад, ки аз назари қавм раъйи бештар дошта бошад ба монанди интихобот, аммо агар раъйи ҳамаи онҳо баробар бошад намози ҳамаи онҳо ботил мешавад.

  Масъалаи чаҳорум

Агар имом ба ҷиҳати фаромушӣ аз қироат бозмонд, ин имом ҳақ надорад касе дигарро ҷонишини худ кунад, агар ба миқдоре, ки намоз саҳеҳ бошад, қироат карда бошад намозро идома медиҳаду ракъати дигарро мехонад, ин шахс ҳар қадар ҳам фаромӯш кунад бар акси касе, ки ҳадас бар ӯ расидааст наметавонад касеро ҷонишини худ кунад, агар касеро ҷонишини худ кард, ҳам намози худаш ва ҳам намози қавм ботил мешавад.

Масъалаи панҷум

Агар касе гумон кунад, ки ӯро ҳадас расидаву таҳораташ ботил шудааст, аммо пас аз ҷустуҷӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳеҷ асаре аз ҳадас дар либосҳояш нест, ин шахс агар аз масҷид ва сафҳои намоз берун нарафта бошад, метавонад бидуни вузуи ҷадид намозашро идома диҳад, зеро, ки ин шахс аз қабл вузу дошт ва гумон карда буд, ки вузуяш ботил шудааст, аммо агар пас аз берун рафатан аз масҷид мутаваҷҷеҳ шуд ин ҳадас ба ӯ нарасидааст ва гумон кардааст, ки вузуяш ботил шудааст, ин шахс бояд намозашро аз ибтидо бихонад.

Масъалаи шашум

Агар шахси намозгузор гумон кунад, ки бидуни вузу ба намоз истодааст ва пас аз он фикр карду ба ин натиҷа расид, ки бидуни вузу ба намоз истодааст, намозаш ботил ва пас аз вузу гирифтан намозашро аз ибтидо мехонад.

Масъалаи ҳафтум

Агар шахси масҳ карда ба хуффайн гумон кард, ки муддати масҳаш тамом шудааст ва пас аз диққат матаваҷҷеҳ шуд, масҳаш ҳануз вақт дорад, агар аз сафи намоз хориҷ шуда бошад наметавонад намозашро идома диҳад, аммо агар хориҷ нашуда бошад метавонад намозашро идома диҳад.

Масъалаи ҳаштум

Агар шахсе, ки бо таямум намоз мехонад сароберо мушоҳида кунад, аммо пас аз ҳаракат ба сӯи он фаҳмид, ки сароб будаасту ҳақиқат набудааст, ин шахс агарчи аз сафи намоз хориҷ нашуда бошад ҳам наметавонад ба намозаш ба монанди касе, ки гумон кардааст, ки ба ӯ ҳадас расидааст идома диҳад, зеро, ки вуҷуди об ботил кунандаи таямум аст гарчанде, ки гумон кардааст, ки оберо дидааст.

Дар се масъалаи охир агар гумони намозгузор хато ҳам бошад, дигар наметавонад, ки намозашро бо ҳамон такбири таҳримаи қаблиааш ба монанди касе, ки ҳадасаш расидааст, идома диҳад ва лозим аст, ки аз ибтидо намозашро бихонад.

Масъалаи нуҳум

Агар дар манзиле чанд нафар меҳмон бошанд ва бихоҳанд намозро бо ҷамоат бихонанд, сиҳиби хона авло ба имомат аст, яъне беҳтар аст, ки имоми ҷамоат шавад, магар инки дар байни меҳмонҳо қозӣ ё султон бошад, дар ин сурат қозӣ авло ба имомат аст.

Масъалаи даҳум

Дар хонае соҳиби хона ва мустаъҷир ва меҳмонҳо ҷамъ бошанд ва бихоҳанд намозро ба ҷамоат бихонанд, мустаъҷир ҳаққи имомат дорад ва ҳам метавонад касеро ҷиҳати имомати намоз иҷозат диҳад.

Масъалаи ёздаҳум

Касе дохили масҷид шавад, ки аз имоми маҳалла олимтар аст, боз ҳам имоми маҳалла авлотар аст ба имомати намози ҷамоат, тибқи фармудаи Паёмбар (с).

Масъалаи дувоздаҳум

Агар гунге имоми ҷамоат шавад барои афроде ба монанди худаш, намози ҳама ҷоиз аст, аммо дар байни онҳо касе бошад, ки бо имо ва ишора намоз мехонад дар қабул шудани намози вай ихтилоф аст, вале касе, ки бо имо ва ишора намоз мехонад барои касе, ки гунг аст имоми ҷамоат шавад намози гунг дуруст аст, гарчанде ки дар ин маврид ҳам ихтилоф аст.

Масъалаи сездаҳум

Маъзур: касе, ки ҳукми таҳораташ барои як вақти намоз аст масалан аз намози пешин то аср аст, агар маъзур имом шавад барои касе, ки узре ба монанди худаш дорад, намози онҳо саҳеҳ аст, вале имоми маъзур узраш ғайр аз узри муқтадӣ бошад, намози муқтадӣ ботил аст.

Мубтилоти таҳорат дар ҳолати намоз(қисми дуюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед