Мубтилоти таҳорат дар ҳолати намоз(қисми дуюм)

0
45

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Баёни чанд масъала дар мавриди расидани ҳадас ба имоми ҷомоат ва масъалаи истихлоф (ҷонишин қарор додан)

  1. Баёни чанд масъала дар мавриди расидани ҳадас ба имоми ҷамоат

Масъали якум

Агар ҳадас ба имоми ҷамоат  бирасад имоми ҷамоат  чӣ кор бояд бикунад? Аввалин коре, ки мекунад ҳамон тавре, ки дар қисмати қабл зикр кардем, бояд дасташро рӯи бинии худ гирифта аз сафи аввал касеро, ки нисбат ба аҳкоми намоз огоҳ аст (монанди аҳкоми саҷдаи саҳв ё саҷдаи тиловат) ба таври ишора ба ҷои худ имом кунад, зеро ки бо лафз касеро ҷонишини худ кунад сухан гуфтан ба шумор меравад ва намози худ ва намози касоне, ки ба ӯ иқтидо кардаандро ботил мекунад.

Масъалаи дуюм

Имоме, ки ҳадасаш расидааст ва касе дигарро ҷонишини худ мекунад, ҷонишин аз ҳамон ҷое, ки имоми ҷамоат  вузуяш ботил шудааст, идома медиҳад, масалан дар саҷда буд, ки вузуяш ботил шуд, набояд бо гуфтани такбир сарашро аз саҷда баланд кунад, чаро, ки ин амали сухан гуфтан дар намоз маҳсуб мешавад ва намози худ ва касонеро, ки ба ӯ иқтидо кардаанд, ботил мекунад.

Масъалаи сеюм

Имом аввал барои вузу гирифтан меравад ва ҳангоме, ки вузу гирифт метавонад баргашта ба ҷамоат  васл шавад ва ба имоме, ки худаш ҷонишинаш карда буд идома диҳад, то намозашро бо ҷамоат  тамом карда бошад ё метавонад дар ҳамон маҳалли вузуяш намозашро ба таври фуродо идома диҳад.

Масъалаи чоҳорум

Агар намозгузорро ҳадасаш расид ва рафт тарафи зарфе, ки махсуси вузугирифтан аст ва вузу гирифт, агар зарфро бо як даст бардошту ба маҳалли намоз овард идома додани намозаш саҳеҳ аст, аммо агар бо ду даст бардошт ва ба маҳлли намоз овард чун дар инҷо амали касир анҷом додааст намозаш ботил мешавад.

Масъалаи панҷум

Намозгузоре, ки ҳадасаш расид ва барои вузу гирифтан ниёз буд, ки қуфлеро боз кунад, агар хатари дуздӣ вуҷуд дошта бошад бастани қуфл мушкиле надорад, аммо агар хатаре вуҷуд надошта бошад бастани қуфл амали касир ба ҳисоб омада ва намозро ботил мекунад.

Масъалаи шашум

Намозгузоре, ки беихтиёр ҳадасаш расид ва барои гирифтани вузу рафт, аммо дар роҳ амдан (дониста) муртакиби амали ботилкунандаи вузу ё намоз шуд ин фард дигар наметавонад ба намозаш идома диҳад ва бояд пас аз вузу намозашро аз ибтидо бихонад.

Масъалаи ҳафтум

Агар намозгузор ҳадасаш расиду барои гирифтани вузу ниёз ба истинҷо дошт, намози чунин шахсе ботил аст, чаро, ки истинҷо бо кашфи аврат анҷом мешавад ва кашфи аврат дар намоз ботилкунандаи он аст.

  1. Баёни чанд масъала дар мавриди истихлоф

Истихлоф, яъне ҷонишин кардани имом касеро ба ҷои худаш ба унвони имоми дуюм барои идома додани намоз.

 Масъалаи якум

Дар сафи аввали намоз бояд касоне биистанд, ки аз аҳкоми намоз огоҳ бошанд, то дар сурати ҷонишини имом шудан битавонанд намозро идома диҳанд ё воҷибе аз намоз тарк шуда бошад аз аҳкомаш (монанди саҷдаи саҳв) огоҳ бошанд.

Масъалаи дуюм

Дар ҳангоми истихлоф ҳар кадом аз имом ё ҷонишин ҳарф бизанад намозаш ботил мешавад, агар имом ҳарф бизанад илова бар намози худ намози бақияро ҳам ботил мекунад.

Масъалаи суюм

Наҳваи ишораи имом барои идомаи намоз тавассути ҷонишинаш. Агар имом рукуъро тарк карда бошад, ишораи он гузоштани дастони имоми аввал бар зонуҳояш аст, то имоми дуюм бифаҳмад, ки рукуъеро имоми аввал анҷом надодааст.

Масъалаи чаҳорум

Агар саҷдаро тарк карда бошад ишора мекунад ба пешониаш, то нишон диҳад, ки як саҷдаро тарк кардааст.

Масъалаи панҷум

Агар қироатро тарк карда бошад ишора мекунад ба даҳонаш, то нишон диҳад, ки қироатро тарк кардааст.

Масъалаи шашум

Агар як ракъати намоз боқӣ монда бошад, ишора мекунад ба як ангушташ, агар ду ракъат боқӣ монда бошад ишора мекунад ба ду ангушташ, то нишон диҳад, ки чанд ракъат аз намоз боқӣ мондааст.

 Масъалаи ҳафтум

Агар саҷдаи тиловат бар ӯ воҷиб шуда бошад, ишора мекунад бар исбааш ва пешониаш ва даҳонаш, то нишон диҳад, ки саҷдаи тиловат бояд анҷом шавад.

Масъалаи ҳаштум

Агар саҷдаи саҳв бар имоми аввал воҷиб шуда бошад, ба дил ва пешониаш ишора мекунад.

Ҳамаи мавридҳое, ки дар бораи наҳваи ишораи имом зикр шуд, дар сурате аст, ки имоми ҷонишин аз онҳо огоҳ набошад, аммо агар имоми ҷонишин огоҳ бошад, дигар лозим нест, ки имоми аввал барои имоми ҷонишин ишора кунад.

Масъалаи нуҳум

Агар масбуқ яъне касе, ки аз ибтидои намоз набудаасту дар ракъати сеюм омадааст ва як ракъат бо имом хонд ва қабл аз онки имом салом диҳад ба имом ҳадас расид ва масбуқро ҷонишини худ кард. Аввалан ин имом ҳаққи ҷонишин шудан надорад, магар инки қабл аз ташаҳҳуд бошад, дуюман агар масбуқ қабл аз ташаҳҳуд ҷонишин шуд, намозро то ташаҳҳуд идома медиҳад ва касе дигарро ҷонишини худ мекунад, то худ ракъатҳои боқӣ мондаи худро бихонад.

Масъалаи даҳум

Агар лоҳиқро имом ҷонишини худ кард, лоҳиқ яъне касе, ки аз аввали намоз буд, вале дар байни намоз ҳадасаш расид ва рафт, ки вузу гирад ва баргашт, ки имом ва қавм миқдоре аз намозро хондаанд яъне дар аввали намоз буд, дар байни намоз набуд, вале дар охири намоз ҷонишинаш кардаанд, ин шахс дар ҳар як аз ракъаташ як ташаҳҳуд мехонад, то дар ракъати охир касе дигарро ҷонишини худ кунаду худ намозашро такмил мекунад.

 Масъалаи ёздаҳум

Агар имом пас аз расидани ҳадасаш касеро ҷонишини худ кард, имоми дуюм агар қабл аз хориҷ шудани имоми аввал аз масҷид дар меҳроб ва маҳалли имом қарор гирифт, метавонад намозро идома диҳад, аммо агар имоми аввал аз масҷид хориҷ шуду ҷонишин дар ҷои имом қарор нагирифт, ба сабаби инки фосила афтодааст наметавонад намозро идома диҳад ва ҷонишиниаш ҳам ботил мешавад, дар ин сурат намози ҷонишин ва қавм ботил шудааст, аммо имоми аввал метавонад вузу гирифта баргардаду ба намозаш идома диҳад.

 Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед