Моҳи Рамазон бар ҳамагон муборак бод!

0
281

Салому дуруди Худо ба ҳамаи шумо азизон!
Фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ва тавфиқи рӯзадориро ба ҳамаи мусулмонон ба хусус миллати азизамон табрик ва таҳният мегӯем!
Худои Мутаолро сипосгузорем, ки бори дигар моро бар сари дастархонипур аз меҳру раҳмат ва хайру баракаташ ба меҳмонӣ даъват намуд ва фурсат ёфтем, ки ин моҳи Рамазон ҳам сар бар остони дӯст бигузорем.
Дар ин шабу рӯзи нуронӣ ва меҳмонӣ сари дастархони осмонӣ бо канали “Mazhabi Ahnof” дар хидмати шумо азизон хоҳем буд, то битавонем дар боло бурдани адаби бандагӣ ва фаҳмидани паёмҳои зиндагӣ ба ҳамдигар ёрӣ намоем.
Барои ин кор аз Худои Маннон тавфиқ ва ёрӣ мехоҳем, то ба мо ақли расо, фаҳми пӯё, забони гӯё ва қадами устувору хидмати мондагор ато намояд.
Аз ҳамаи шумо азизон дар ин моҳи саросар хайру баракат ва баҳори Қуръону дуову муноҷот ва итоату ибодат дуои хайр мехоҳем.
Худоё, Худованди Кариму Раҳим, тамоми муҳоҷирону мусофироне, ки дур аз Ватану ҷудо аз аҳли байту хонавода ва пайвандонашон қарор доранд, дар ин моҳи пурбаракат хотири тамоми онҳоро ором, ризқу рӯзиашонро фаровон ва танашонро аз вуҷуди тамоми бемориҳо ва балоҳои заминиву осмонӣ дар ҳифзу паноҳи Худат нигаҳ бидор!
Умедворем дӯстон ва азизон бо баёни саволҳо ва дидгоҳҳои худ дар шумораи ватсап (+37281980000) ба нишонии www.ahnof.com ҳамдигарро дар огоҳибахшӣ ёрӣ намоем. Саъй мекунем, ки дар аввалин фурсат посухгӯи пурсишҳо бошем.
Худованд ҳамаи моро дар роҳи ризои худаш муваффақ бигардонад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед