Издивоҷ

0
170

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамаи муҳаббатҳо ва дӯстиҳо, муваққат ва маҳдуд ҳастанд. Танҳо дустӣ ва муҳаббат байни зану шавҳар аст, ки доим ва номаҳдуд аст. Зеро як тани воҳидро ташкил медиҳанд, ҳадафи муштарак доранд ва беш аз ҳар фарди дигаре ба якдигар ниёзманд ҳастанд. Издивоҷ, яке аз неъматҳои бузурги Худованд барои башар аст, зеро ҳам сабаби оромиши ҷисмии зану шавҳар ва ҳам сабаби оромиши фардӣ ва иҷтимоии онҳо мешавад. Аз ин рӯ дар Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбари Акрам (с) тавсияи бисёр ба “издивоҷ кардан” шудааст, ки дар ин навиштор аҳаммияти ин мавзӯъ ва бархе аз осорашро баён мекунем.

А) Аҳамияти издивоҷ

Қуръони Карим дар ин маврид мефармояд:

وَ أَنْكِحُوا الْأَيامى‏ مِنْكُمْ وَ الصَّالِحينَ مِنْ عِبادِكُمْ وَ إِمائِكُمْ إِنْ يَكُونُوا فُقَراءَ يُغْنِهِمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَ اللَّهُ واسِعٌ عَليمٌ

“Ва ба ҳамсарони аз миёни худ ва шоистагони аз бардагонатон ва канизонатонро ба издивоҷ дароваред. Агар фақир бошанд, Худо аз фазли Худ онҳоро бениёз мегардонад; ва Худованд кушоишгари доност”. (Сураи Нур, ояти 32)

Худованди Мутаъол дар ин оят аз касоне, ки омодагӣ ва салоҳияти издивоҷро доранд ба унвони солеҳин ном бурда ва дастур додааст, ки издивоҷ кунанд ва аз фақру надорӣ натарсанд, ки Худованд аз фазли худаш онҳоро бениёз мекунад, аммо дар муқобил ба касоне, ки қудрати издивоҷ ва таҳияи маҳрро надоранд тавсия кардааст, ки аз зино дурӣ кунанд, то Худованд аз фазли худаш онҳоро ҳам бениёз карда ва қудрат бар издивоҷро ба онҳо ато кунад.

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

النِّكَاحُ سُنَّتِي فَمَنْ رَغِبَ عَنْ سُنَّتِي فَلَيْسَ مِنِّي

Издивоҷ суннат ман аст, пас касе, ки аз суннати ман дурӣ кунад, аз ман нест. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 5, саҳ 1949)

Ҳамчунин Расули Худо(с) мефармоянд:

إذَا تَزَوَّجَ العَبدُ فَقَدِ استَكمَلَ نِصفَ الدِينِ فَليَتَّقِ اللهَ فِى النِّصفِ البَاقِى

Ҳаргоҳ касе издивоҷ кунад, нисфи динашро комил кардааст ва барои (ҳифз) нисфи дигараш бояд тақвои Худо пеша кунад. (Канзул-уммол, ҷ 16, саҳ 263; Шуъабул-имон, ҷ 4, саҳ 382)

Б) Осори издивоҷ

Издивоҷ осори моддӣ ва маънавии бисёре дорад, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем:

  1. Оромиши рӯҳу равони инсон ва дастёбӣ ба маваддат (дустӣ) ва раҳмат

Худованди мутаъол дар Қуръони Карим мефармояд:

هُوَ الَّذي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ واحِدَةٍ وَ جَعَلَ مِنْها زَوْجَها لِيَسْكُنَ إِلَيْها

Ӯ Зотест, ки шуморо аз як нафс офарид; ва ҳамсарашро аз ӯ падид овард, то бо ӯ ором гирад. (Сураи Аъроф, ояти 189)

ва дар сураи дигар мефармояд:

وَ مِنْ آياتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْواجاً لِتَسْكُنُوا إِلَيْها وَ جَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَ رَحْمَةً إِنَّ في‏ ذلِكَ لَآياتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

Ва аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки барои шумо аз худатон ҳамсароне офарид, то бо онҳо оромиш ёбед; ва байни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ қарор дод. Ҳамоно дар ин нишонаҳоест, барои гурӯҳе ки тафаккур мекунанд. (Сураи Рум, ояти 21)

Дар ин оят, ҳадаф аз издивоҷ, оромиш баён шудааст. Ҳақиқатан вуҷуди ҳамсарон, ки сабаби оромиши ҳамдигар ҳастанд аз неъматҳои бузурги Худованд аст. Ин оромиш, аз онҷо сарчашма мегирад, ки зану шавҳар, комилкунандаи якдигар ва сабаби пешрафту нишот ва оромиши якдигар мебошанд, ба тавре, ки ҳар як, бидуни дигарӣ оромиш надорад.

  1. Бақо ва зиёд кардани насл

Яке аз масъалаҳое, ки сабаби аҳаммияти издивоҷ мешавад, бақо ва зиёд кардани насли инсон аз роҳи саҳеҳ ва ҳалол яъне издивоҷ аст, ки Имом Абӯҳанифа (рҳ) дар китоби Муснадашон ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) нақл мекунанд, ки он ҳазрат (с) дар ин маврид мефармоянд:

تُزَوِّجُوا فَإنِّی مُکَاثِرُ بِکُمُ الأمَم

Издивоҷ кунед, ки ман ба касрат (зиёдӣ)-и шумо бар умматҳои дигар фахр мекунам. (Муснади Имоми Аъзам, китоби никоҳ, саҳ 635, ҳадиси 261)

Ҳадиси мазкурро Абудовуд (рақами 2050) ва Насоӣ (рақами 3227) ва Ибни Ҳаббон дар саҳеҳаш (ҷ 9, саҳ 363, рақами 4056) ва Ибни Моҷа (рақами 1863) ва Байҳақӣ (ҷ 7, саҳ 78, рақами 13235) ва дигарон ҳам нақл кардаанд.

  1. Афзоиши имон

Аз қавитарин нерӯи инсон ва аз асоситарин роҳҳои ба хато кашида шудани инсонҳо, нерӯи ҷинсӣ аст, ки розӣ кардани саҳеҳи он, аз тариқи издивоҷ, нақши муҳимме дар пешгирӣ аз ба гуноҳи афтодан ва эҷоди робитаи отифӣ ва маънавӣ дар байни зану шавҳар дорад ва заминаи афзоиши имонро фароҳам месозад. Ба ҳамин хотир Паёмбари Акрам(с) дар ҳадисе, ки Имоми Аъзам (рҳ) нақл кардаанд, тавсия мекунанд, ки бо издивоҷ кардан имон ва тақвои худро нисбат ба гузашта афзоиш диҳед:

تَزَوَّج تَستَعِفَّ مَعَ عِفَّتِکَ

Издивоҷ кун, то покдомнии ту бештар аз қабл шавад. (Муснади Имоми Аъзам, китоби никоҳ, саҳ 638 – 9, ҳадиси 263)

Ҳадиси мазкурро Табаронӣ дар Муъҷамул-кабир (ҷ 17, саҳ 368, рақами 1008) ва Ҳоким дар Мустадрак (ҷ 3, саҳ 329, рақами 5270) нақл кардаанд.

  1. Ҳифзи вуҷуди инсон аз хатарҳо

Чи қадар бисёранд бемориҳои ҷисмиву парешониҳои рӯҳӣ, ки бар асари тарки издивоҷ барои одам ба вуҷуд меоянд ва бисёранд мушкилҳои асабӣ, рафторҳои номутаносиб, хашмҳо, даъвоҳо, ки бар асари тарки издивоҷ барои инсон пайдо мешаванд. Коршиносони оила бар ин боваранд, ки инсон ҳатто барои истифода аз фикраш ва расидан ба эстеъдодҳояш бояд издивоҷ кунад. Омори афроде, ки бо тарк издивоҷ тавонистаанд истеъдоди худро дар ҷомеа ошкор кунанд бисёр кам аст ва ҳатто бархе аз коршиносон боварӣ доранд, ки дар байни ин гурӯҳ асаре аз истеъдод дида нашудааст.

  1. Эҷоди муҳит ва ҷомеаи солим барои тарбият

Аз дигар осори издивоҷ эҷоди муҳит ва ҷомеъаи солим мебошад. Яке аз омилҳои муҳим дар тарбият, муҳити солим аст; агар афроде, ки ба сину соли издивоҷ расидаанд ба мавқеъ издивоҷ кунанд, фазо ва муҳити ҷомеа солимтар шуда ва барои тарбияти кӯдакону наврасон омода мешавад.

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

إِذَا جَاءَكُمْ مَنْ تَرْضَوْنَ خُلُقَهُ وَ دِينَهُ فَزَوِّجُوهُ إِلّا تَفْعَلُوهُ تَكُنْ فِتْنَةٌ فِي الْأَرْضِ وَ فَسَادٌ كَبِيرٌ

Агар касе (хостгорӣ) омад, ки аз ахлоқу динаш розӣ ҳастед, уро домод гиред. Агар чунин накунед, дар замин фитна ва фасоди бузург хоҳад шуд. (Сунани Тирмизӣ, ҷ 3, саҳ 394; Сунани Ибни Моҷа, ҷ 1, саҳ 632)

Натиҷа

Ҷомеъа аз афроде ташкил шудааст, ки бо ҳам робита доранд; аз ин рӯ салоҳу фасоди он ҳам вобаста ба салоҳу фасоди афрод ва робитаи онҳо бо якдигар аст. Барои онки ба ҷомеаи солимтар ва муфидтар барисем, бояд суроғи ниҳодҳои созандаи ҷомеъа ба монанди ниҳоди издивоҷ ва ташкили хонавода биравем ва бо эҷоди робитаҳои солим байни онҳо, ҷомеъаро ба сӯи саодат ҳидоят бикунем. Яке аз масаълаҳое, ки мардум дар иртибот бо ҳам бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, масъалаи издивоҷ аст, ки бояд нисбат ба он таваҷҷӯҳ кард дар ғайри ин сурат инсон ба роҳҳое кашида мешавад, ки ҳам худ ва ҳам ҷомеаро ба гумроҳӣ ва фасод мерасонад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед