Итоат аз ҳокимони фиръавнсифат аз назари Қуръон

0
133

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Итоат аз ҳокимони фиръавнсифат аз назари Қуръон

Муқаддима:
    Итоат ба маънои пайравии шахс аз амр ва наҳй Аллоҳ Таоло  болотар аз худ аст ва Худои Мутаол аз ҳама махлуқот болотар ва бартар аст, балки махлуқот ҳарчи доранд аз Ӯ аст. Бандагӣ низ ҳамон ҳақиқати убудият аст. Абд ба касе гӯфта мешавад, ки тааллуқ ба мавло ва соҳиби худ дорад ва иродааш тобеи иродаи Ӯ аст. Убудият ва бандагӣ ниҳояти авҷи такомули як инсон ва қурби ӯ ба Худо аст, ба ҳамин далел аст, ки Худованд ҳадаф  аз хилқати инсонро “убудият” муаррифӣ мекунад:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

Ва ҷин ва инсонро офаридаам, то маро парастиш кунанд”( Сураи Зориёт, ояти 56)

 Бандагӣ ва убудият ҳам дар сояи итоат аз Худованди Мутаол ва аз касоне, ки Ӯ амр кардааст итоат шаванд,   ҳосил мешавад ва агар инсон итоат аз дастури ғайри илоҳӣ кунад мушрик ба ҳисоб меояд.

Итоатро метавон ба ду қисм тақсим кард, итоати илоҳӣ ва итоати ғайри илоҳӣ. Якум  итоати илоҳӣ шомили итоати Худо ва Паёмбар (с) ва касоне, ки Худои Мутаол иҷоза додааст аз эшон итоат шавад,  монанди итоат аз пешвоён ва олимони динӣ,  падару модар  дар  сурате, ки дар ростои итоати илоҳӣ бошад. Дувум  итоат аз золимон ва фиръавнсифатон  итоати ғайри илоҳӣ аст, ки бояд аз он парҳез кард.

Итоат дар луғат
Ин вожа аз решаи “ ط‌ـ‌وع (тавъ)” (зидди карҳ) ба маънои фармон бурдан ҳамроҳ бо хузуъ ва рағбат аст. (Аҳмад ибни Форис, Абул Ҳасан, Мақоисуллалғат, ҷ 3, саҳ  431)

Моддаи итоат аз решаи “тавъ” ба маънои ром ва мутеъ будан аст.(Ибни Манзур,  моддаи тавъ) Итоат ба маънои  фармонбарӣ аз мавҷуди бартар аст. (Мустафавӣ, Ҳасан, Аттаҳқиқу фи калимотил Қуръонил Карим, ҷ 1 саҳ  377)

Ҳаммаънои калимаи  итоат: Имтисол, инқиёд, бандагӣ, пайравӣ, тобеият, тамкин, хидматкорӣ, тоат, фармонбардорӣ, фармонбарӣ, мутобиат аст ва зидди он  нофармонӣ ва саркашӣ мебошад.

Итоат дар луғат ҳамон тавре, ки баён шуд ба маънои ом ва куллӣ яъне фармон бурдан ва фармонбарӣ, ром ва мутеъ будан омада аст.  Аммо  аз назари ақл, Қуръон ва суннат низ ин гуна аст?.  Оё Худои Мутаол ин иҷозатро ба мо додааст, ки аз  ғайри аз худаш итоат кунем ва фармон бибарем ва бандаи дигаре бошем?!. Ҷавоб ин аст, ки  аз нигоҳи Қуръон ва ривоёт итоат махсуси Худо мебошад.

Шояд савол пеш ояд, ки Қуръони Карим итоатро ба Худо ва паёмаброн ва улиламр низ нисбат медиҳад, на инки итоат фақат махсуси Худо бошад. Монанди ин ояти шарифа, ки дар Қуръон омада аст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ

“ Эй касоне, ки имон овардаед Худо, Паёмбар ва улиламри аз миёни худатонро итоат кунед”( Сураи Нисо, ояти 59)

Итоате, ки дар ояти шарифа аз паёмбар ва улиламр зикр шудааст аввал ин ки фармони худи Худо мебошад ва мо бояд бечуну чаро фармони Худоро иҷро кунем.  Дувуман итоат аз паёмбар ва улиламр дар ҳақиқат ҳамон итоати Худо мебошад, зеро паёмбар ба ҳар коре, ки моро амр мекунад дар ростои ризояти Худо мебошад.

Калимаи итоат дар Қуръон
Калимаи итоат дар Қуръони Карим ва муштақоти он тақрибан 78 бор ба кор рафтааст. Ин зиёдии такрор аввалан нишонаи таъкид ва аҳаммияти ин масъаларо мерасонад. Дувуман ҳадаф аз такрори ин вожа  бедор кардани уммати ислом ва инсонҳои адолатхоҳ аст, ки итоат аз Худо ва паёмбарон  дунёи инсонро обод мекунад, ки дар паи он   саъодат ва хушбахтии ухравӣ ва ҷовидонагии инсонро ба армуғон меоварад. Севуман  ҷомеъаро дар баробари Худованди Мутаол масъул ва ҷавобгӯ медонад, ки чашмбаста ва куркурона аз ҳар ҳокиме итоат  накунанд.  Ҳокимоне, ки худ фармонбардори Худо нестанд ҳеҷ вақт дунёи инсонҳоро обод  намекунанд, балки ҳамаи манфиъатҳоро ба фоидаи худашон ба кор мебаранд ва ҳатто сабабгори бадбахтии дунё ва  охирати башар мешаванд.

Дар як нигоҳи куллӣ итоат бар ду қисм  илоҳӣ ва ғайри илоҳӣ, ташреӣ ва таквинӣ  тақсим мешавад. Дар оятҳои гуногун марзи онҳо мушаххас шудааст, ки итоати чӣ касоне итоати  Худост ва итоати чӣ  касоне итоати Худо нест.  Итоат аз Расул,  улиламр ва падару модар, то вақте ки  ба нофармонии Худо амр накардаанд, итоати Худо аст.  Итоат аз кофирону мунофиқон,  фосиқон ва ҳокимони ситамгару  ҷинояткор  итоати Худо набуда, балки итоат аз онҳо дар пешгоҳи Худо гуноҳи бузург ва нобахшиданӣ ба ҳисоб меояд.

Итоати ташреӣ баёнгари ин аст, ки ҷомеъа дар баробари ҳукм ва қонуни Худованд бояд таслим ва фармонбар бошанд ва Ӯ фақат ҳаққи қонунгузорӣ дорад.  Паёмбарон ва бандагони солиҳу одил ҳам иҷрокунандаи  қонуни илоҳӣ ҳастанд ва агар ҷое ҳам ҳукм ва ё қонунгузорӣ кунанд ҳатман ба амри Худо буда ва мавриди писанди Ӯ хоҳад буд ва ин ҳақро ҳам Худои Мутаол ба онҳо додааст ва ба ҳукми ақл ва тасреҳи Қуръони Карим,  итоати Худованд, Паёмбар (с) ва раҳбарони дин, ки худ одил ҳастанд бар ҳамаи мардум  воҷиб аст.

Яке аз оятҳои комил дар ин робита, ки маҳдудаи итоатро мушаххас мекунад, ин ояти шарифа аст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللّهِ وَالرَّسُولِ إِن كُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ ذَلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلا

“Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро итоат кунед ва Паёмбарро итоат кунед ва улу-л-амри худро; ва агар дар чизе низоъ намудед, пас, онро ба Худо ва Расул боз гардонед, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред. Ин барои шумо беҳтар ва хушоқибаттар аст.” (Сураи Нисо, ояти 59)

Донишмандон ва муфассирон мурод аз улиламрро дар ин оят мусулмони одил ва олимони дин ва ҳокимони барҳақ донистаанд.

Замахшарӣ гӯфтааст: Худо ва Паёмбар (с) аз ҳокимони ҷавр безоранд, бинобарин танҳо итоат аз ҳокимеро метавон дар канори  итоат аз Худо ва Расул (с) қарор дод, ки адолатпеша буда ва ҳақро баргузинанд. (Тафсири  Ал-кашшоф, Замахшарӣ, ҷ 2, саҳ 524)

Тибқи фармудаи ин муфассири Қуръон  миллат ва ҷомеае, ки аз ҳокимони ҷавр ва золим фармонбарӣ мекунанд Худо ва Расули Ӯ аз онҳо безоранд. Мо миллат ва ҷомеа бояд вазифаи илоҳии худамонро бидонем ва бишносем. Яке аз вазифаҳое, ки мо  миллати мусалмон дорем бар асоси ин ояти шарифа шинохти ҳокими одил ва адолатпеша аст. Илова бар ин шинохт дар сурати лозим агар он ҳоким  золим, фосиқ ва ситамгар шуд, мо вазифаи илоҳӣ дорем, ки дар баробари ӯ истода  ва пеши роҳи  беадолатии ӯро бигирем.  Дар ғайри ин ҳолат мо фардои қиёмат масъул ва ҷавобгӯ ҳастем.  Худои Мутаол одил аст ва паёмбарони Ӯ илова бар инки одил ҳастанд ва вазифаи илоҳӣ доранд, ки ҳам худ ва ҳам уммат  дар баробари зулм ва золим истода ва пеши зулм ва беадолатиро бигиранд.

Идомаи ин ояти шарифа вазифаи муҳими уммат ва ҷомеаро мефаҳмонад.  Ҳатто Паёмбар (с) агар ба танҳоӣ қиём ба адолат кунад ва ҷомеаи башарӣ бо эшон  ҳамроҳӣ накунанд, мумкин нест адолат дар миёни инсонҳо пиёда шавад.

Бархе “улиламр”-ро бар уламои дин татбиқ карда ва ба зайли ояти мавриди  баҳс (“агар дар чизе ихтилоф кардед онро ба Худо ва Расул ирҷоъ диҳед”),  истидлол  карданд: Равшан аст, ки фақат  уламои дин ҳастанд, ки  ба чигунагии истинботи ҳукми мавриди низои китоб ва суннат огоҳӣ доранд. (Тафсири Қуртубӣ  ҷ 5, саҳ 250)

Бар асоси фармудаи  ин  муфассир (Қуртубӣ) вазифаи уламо равшан мешавад. Вақте ки  ба ғайр аз олимони динӣ касе  ба истинботи аҳкоми илоҳӣ огоҳ нест, чӣ тавр аксарияти олимони мо  розӣ мешаванд ҷомеаҳои башарӣ итоат аз ҳокимони ноодилро ба ҷо оваранд!?. Чаро уламо ба мардум равшанӣ намеандозанд, ки итоат аз ҳокими золим ва фосиқ ҳаром аст !?. Маргар олимони динии ҷомеаи мо ин ояти шарифаро надидаанд, ки Худованд мефармояд:

وَمَنْ لَمْ يَحْكُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأُولَئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ

“Ва ҳар кас бар асоси он чи Худо нозил кардааст ҳукм накунад, пас онҳо худ кофиранд” ( Сураи Моида, ояти 44)

 Бинобар ин вазифаи олимон ва равшанфикрон  сангинтар аст, ки на худ итоат аз ҳокими  золим ва кофирро бикунанд ва на бигузоранд ҷомеа аз онҳо пайравӣ кунанд.

Натиҷа

Пас дигар чӣ боқи мондааст; оё ҷомеъа ва миллатҳои ғаюр ва адолатхоҳ ҳокимони худро намешиносанд ва фисқу ҷинояти онҳоро намедонанд!? Ва оё вақти он нарасидааст, ки мо аз ин ҳокимони ситамгар ва ҷиноятпеша безорӣ ҷуста ва ба итоати Худои Мутаол рӯ биёварем!? Ва бо қиём алайҳи ҳокимони ситампеша озодӣ ва адолатро барои худ ва наслҳои оянда ба вуҷуд биёрем? Ҳамонтавр ки мушоҳида кардед ин муфассири Қуръон ҳам иҷозати итоат аз як ҳокими фосидро намедиҳад, то онҷо, ки ҳамагон хабар дорем аксари ин ҳокимон ба ҳароми илоҳӣ даст зада ошкоро шаробхурӣ, зино ва тамоми анвои фасод ва қатлро анҷом медиҳанд ва ғорат аз ҷайбу меҳнати миллат мекунанд ва дар баробари амри Худо меистанд. Натанҳо худ балки мардумро ҳам гирифтор карда, даъват ба ин амр мекунанд. Оё боз ҳам инҳо ҷои итоат доранд ?.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед