Истиқомату пойдорӣ дар роҳи Худованди Мутаол (2)

1
252

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Истиқомату пойдорӣ дар роҳи Худованди Мутаол (2)

Пойдорӣ ва истиқомат дар роҳи Худованди Мутаол иборат аст аз пазируфтани аҳкоми Худо ва пайравӣ аз дастуроти илоҳӣ, яке аз масоили муҳими матраҳшуда дар Қуръони Карим аст. Масъалаи “истиқомату пойдорӣ”, ки инсони мӯъмин агар дар ҷиҳати нигаҳ доштани имони худ собитқадам бошад ва сабру истиқомат кунад машмули лутфу раҳмати илоҳӣ мешавад ва аз роҳи худ мунҳариф намешавад ва дар амал ҳам пойдорӣ ва истиқомати шоиста мекунад. Паёмбарони илоҳӣ дар Қуръони Карим намунаҳои ошкори истиқомат ва сабру пойдорӣ бар дину имон ҳастанд, ки масъалаи истиқомат бо масъалаи рисолати илоҳиашон ва даъват ба дини Ислом пайванд хӯрдааст, ки дар роҳи даъвати мардум ба ҳақ бисёр ранҷҳо дидаанд, аммо истиқомат карданд, то ваъдаҳои дурӯғини мушрикон инсонҳоро ба роҳи каҷ набарад ва гирифтори васвасаҳои шайтонӣ нашаванд. Дар Қуръони Карим сифоти мӯъминонеро, ки истиқомату пойдорӣ дар дин мекунанд инчунин баён кардааст:

إِنَّ الَّذينَ قالوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ استَقاموا تَتَنَزَّلُ عَلَيهِمُ المَلائِكَةُ أَلّا تَخافوا وَلا تَحزَنوا وَأَبشِروا بِالجَنَّةِ الَّتي كُنتُم توعَدونَ
“Ҳамоно касоне, ки гуфтанд: “Парвардигори мо Худост”, сипас устувор монданд, фариштагон бар онҳо фурӯд меоянд (ва мегӯянд), ки натарсед ва андӯҳгин набошед ва ба биҳиште, ки ваъда дода шуда будед, шод бошед.” (Сураи Фуссилат, ояти 30)

Дар ин ояти шарифа сухан аз мӯъминоне аст, ки дар имонашон росиху побарҷо ҳастанд ва Худованд ба подошҳое ҳам, ки барои онҳо қарор додааст, ишора мекунад.

Дил ба Худо бастан ва имони маҳкам пайдо кардан ва сипас, тамоми зиндагиро ба рангу меҳвари имон қарор додан аст; чӣ бисёр касоне ҳастанд, ки ишқи Худоро дар забон доранд, вале дар амал истиқомату пойдорӣ надоранд; афроди сусту нотавонанд. Вақте дар баробари тӯфони шаҳватҳо қарор мегиранд бо имон видоъ карда ва дар амал мушрик мешаванд ва вақте ҳам, ки манофеашон ба хатар меафтад ҳамон имони сусту андакро ҳам аз даст медиҳанд. Пас арзиши инсон, ки дар имон ва амали солеҳ хулоса мешавад, дар ин ояти шарифа ба он ишора шудааст ва кори инсон ба ҷое мерасад, ки дар партави имон ва истиқомату пойдорӣ фариштагони илоҳӣ бар ӯ нозил мегарданд ва паёми илоҳиро, ки сар то сар лутфу раҳмат аст ба ӯ мерасонанд.

Яке аз роҳҳои дастёбии суботи қадам ва истиқомату пойдорӣ дар дин, диққату андеша дар зиндагии паёмбарони илоҳӣ(а) ва пешвоёни ҳидоятгар ва мухолифони онҳо аст. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَكُلًّا نَقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنْبَاءِ الرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِ فُؤَادَكَ وَجَاءَكَ فِي هَذِهِ الْحَقُّ وَمَوْعِظَةٌ وَذِكْرَى لِلْمُؤْمِنِينَ
“Ва ҳар кадом аз ахбори паёмбаронро бар ту ҳикоят мекунем, чизе, ки ба он дилатро устувор медорем; ва дар ин (ахбор), ҳақ ва панд ва ёдоварие барои мӯъминон, ба ту омадааст.” (Сураи Ҳуд, ояти 120)

Худованди Мутаол бо баёни саргузашти паёмбарон ва мухолифони онҳо ҳиммату иродаи Расули Худо(с) ва пайравони он ҳазратро тақвият мекунад, то бар асари мухолифатҳо ва коршикании душманон, гарду ғубори ноумедӣ бар қалби онҳо нанишинад ва бидонанд, ки душманони онҳо ба андозаи Фиравн қавӣ нестанд ва худи онҳо ҳам ба андозаи ҳазарти Мӯсо(а) дар гаҳвора заиф нестанд; ҳамон Худое, ки ҳазрати Мӯсо(а)-ро бар Фиравн пирӯз гардонд, пирӯзии шуморо ҳам тазмин мекунад.

Инки Худованди Мутаол ба мӯъминон дӯстии фариштагон дар дунё ва охиратро мужда додааст ва ҳамчунин биҳишти ҷовидонаро барои онҳо омода кадааст, далолат бар ин аст, ки устуворӣ ва пойдорӣ дар имон ва амал аз шарифтарин ибодатҳои Худо ва аз боарзиштарин равишҳо мебошад ва мартабаи ниҳоии камол дар он аст. Инчунин арзиши истиқомату пойдорӣ ошкор мешавад ва Худованд ҳам ба ингуна мӯъминон баракоти худро нозил мекунад ва онҳоро ёрӣ мерасонад.

Яқинан муқовимат, сабру шикебоӣ бар таклифҳо ва дастуроти илоҳӣ кори бузург ва албатта сахту душворе аст ва мӯъминони пойдор сазовори ин неъмату луфти бузург дар пешгоҳи Худованд ҳастанд ва шоистаи ҳамнишинӣ ва ҳамдамӣ бо фариштагон ва дӯстӣ ва маҳаббати онон мебошанд.

Як раҳмати илоҳии дигаре, ки шомили мӯъминони пойдор мешавад, дурӣ аз хавфу андӯҳ аст ва манзур аз гуфтани “Парвардигори мо Худост” иқрору гувоҳӣ ба ягонагии Худованд аст ва манзур аз истиқомату пойдориашон дар иқрор ин аст, ки аз ончи гувоҳӣ ба ҳақ буданд, медиҳанд, мунҳариф намешаванд ва ба бероҳа намераванд ва ҳеҷ рафторе хилофи он анҷом намедиҳанд.

Яке аз орзуҳои ҳамешагии инсон, расидан ба оромиш ва раҳоӣ аз изтиробу нигаронӣ аст, ки дар партави имон ва истиқомату пойдорӣ шакл мегирад. Фариштагон бар инсон нозил мешаванд ва мужда медиҳанд, ки на аз ҳодисаҳои бимноки оянда тарс дошта бошад ва на аз ҳаводиси нохушоянди гузашта. Ин фариштагон аз ҷониби Худованд мӯъминони собитқадамро ба он биҳиште башорат медиҳанд, ки васфи онро шунидаанд ва ин фариштагон ёру мададкори инсон дар борабари васвасаҳои шайтон мебошанд; шайтоне, ки қасам хӯрдааст то газанди худро ба ҳама бирасонад. Дар Қуръони Карим мехонем:

قَالَ فَبِمَا أَغْوَيْتَنِي لَأَقْعُدَنَّ لَهُمْ صِرَاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ
ثُمَّ لَآتِيَنَّهُمْ مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ وَمِنْ خَلْفِهِمْ وَعَنْ أَيْمَانِهِمْ وَعَنْ شَمَائِلِهِمْ وَلَا تَجِدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِينَ
 (Иблис) Гуфт: “Пас, ба сабаби онки маро гумроҳ кардӣ, ҳатман барои (гумроҳ кардани) онҳо (бар) роҳи рости Ту менишинам.”
“Сипас, аз пеши рӯяшон ва аз пушти сарашон аз тарафи росташон ва аз тарафи чапашон, қатъан ба суроғашон меравам ва бештари онҳоро шукргузор намеёбӣ.” (Сураи Аъроф, ояти 16-17)

Ин шайтони қасамхӯрда тасмим гирифтааст, ки тамоми макри худро барои гумроҳ кардани инсон ба кор бигирад ва дар инчунин шароит аст, ки инсон пайваста ба ёрии Худованд ва фариштагони маъмури илоҳӣ ниёз дорад, то дар партави лутфу раҳмати илҳоӣ ва мадади фариштагон аз васвасаҳои шайтонҳои бузургу кӯчак дар амон бошад ва қалби инсон, ки Худованд дар он ҷой дорад гирифори лағзишҳо нашавад, чароки дар ривоятҳо ба қалби инсон бисёр таъкид шудааст. Дар ривояте аз Расули Худо(с) мехонем:

قَالَ النَّبِیُّ صَلَّی اللهُ عَلَیهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ: مَثَلُ القَلبِ كَمَثَلِ رِيشَةٍ بِأَرضِ فَلاةٍ فِي يَومٍ عاصِفٍ تُقَلِّبُهَا الرِّيحُ ظَهراً لِبَطنِ
“Масали қалб ҳамонанди пари мурғе аст дар биёбон, дар рӯзе, ки боди сангин мевазад ва ин бод онро аз ин рӯй ба он рӯй мегардонад.” (Ҷомеуссағир, Шайбонӣ, ҷ 2, саҳ 131)

Дар ҳадиси дигар омадааст:

قَالَ النَّبِیُّ صَلَّی اللهُ عَلَیهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ: إِنَّما سُمِّىَ القَلْبُ مِنْ تَقَلُّبِهِ إِنَّما مَثَلُ القَلْبِ کَمَثَلِ رِيْشَةٍ في أَصْلِ شَجَرَةٍ يُقَلِّبُهَا الرِّيْحُ ظَهْرَاً لِبَطْنٍ
Расули Худо(с) фармуд: “Ҳамоно сабаби номгузории қалб ба ин ном дигаргун шудани он аст, мисоли қалб ҳамонанди пари афтода дар конори дарахте аст, ки бод онро зеру рӯ мекунад.” (Ҳилятулавлиё, Абӯнаими Исфаҳонӣ, ҷ 1, саҳ 361)

Пас собит ва устувор нигаҳ доштани қалб дар баробари хатарҳои ҳамешагии шайтонӣ ва бодҳои тӯфонии шаҳватҳо амри муҳиме аст. Инсон як неруи қавӣ ва тануманд ниёз дорад, то битавонад ба растгорӣ бирасад ва ин неруи қавӣ ҳамон лутфу раҳмати илоҳӣ аст, ки намунаи он ёру ёвар будани ҳамешагии фариштагони илоҳӣ бо мӯъмине аст, ки талош дар пойдорӣ ва истиқомат дар дин дорад.

1 ШАРҲ

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед