Истиқомату пойдорӣ дар роҳи Худованди Мутаол (1)

0
244

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Истиқомату пойдорӣ дар роҳи Худованди Мутаол (1)

Ҳеҷ ҷомеа бидуни таҳаммули мушкилот ба рушд намерасад, аз инрӯ Худованди Мутаол яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеаро пойдорӣ ва истиқомат дар баробари сахтиҳо донистааст ва дар таълимоти динӣ, шарти пешрафти низоми иҷтимоӣ ва якояки инсонҳо, истодагӣ ва пойдорӣ аст. Дар ҳақиқат ин сабру истиқомат ва пойдорӣ аст, ки ҷомеаи исломиро ба рушди комил мерасонад. Инсон дар инчунин ҷомеа гомҳои баланде дар ҷиҳати пешбурди аҳдофи илоҳии худ мебардорад ва дар натиҷа саодати илоҳӣ ва комёбӣ насибаш мешавад. Ҳамчуноне, ки Худованди Мутаол мефармояд:

إِنَّ الَّذِينَ قالُوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ اسْتَقامُوا فَلا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَ لا هُمْ يَحْزَنُونَ
أُولَئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ خَالِدِينَ فِيهَا جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
“Ҳамоно касоне, ки гуфтанд: “Парвардигори мо Худост”, сипас, пойдорӣ (ва истиқомат) карданд, пас, на тарсе бар онҳост ва на онҳо андӯҳгин шаванд.”
“Онон аҳли биҳиштанд, ба подоши ончи анҷом медоданд, дар он ҷовидонаанд.” (Сураи Аҳқоф, ояти 13-15)

Касе, ки ба ягонагии Худованди Мутаол эътиқод дорад ва касеро ғайри Ӯ шоистаи парастиш намедонад ва дар ин бовари худ содиқона истиқомат мекунад ва ҳеҷгуна шерк ба имни ростини ӯ роҳ намеёбад ва итоат аз дастуроти илоҳӣ мекунад, насибу раҳмати илоҳӣ дар ин дунё насибаш мешавад ва дар охират ҳам машмули подошу неъматҳои илоҳӣ мегардад.

Мақсуд аз гуфтани “Парвардигори мо Худованд аст”, танҳо лафз нест, балки интихоби роҳи ҳаққу дуруст ва пойдорӣ бар он аст ва муҳимтар аз изҳори имон ва иқрор ба тавҳиду ягонагии Худованди Мутаол, ин истиқомат ва пойдорӣ бар он аст, чароки ақл ҳукм мекунад сухани ҳақ бояд гуфта шавад ва ҳеҷ тарсу ҳаросе тавонад пеши роҳи ҷилванамоӣ ва ошкор шудани ҳаққу ҳақиқатро бигирад. Дуруст аст, ки инсон ба таври табиӣ хоҳиши зиндагии хубу шоиста ва зиндагонии ҷовид дорад, аммо Худованд роҳи расидан ба тамоми хостаҳои инсонро дар гарави амали неку солеҳ медонад.

Бисёр барои инсон сахт аст, ки роҳи истиқоматварзиро интихоб кунад ва дар ин роҳ тамоми озору азиятҳоро ба ҷон бихарад, аммо Худованди Мутаол ба инчунин касоне, ки дар роҳи илоҳӣ сабру истиқомат доранд ва бар ҳақ истодагӣ мекунанд, подоши бузурге ҳамчун биҳиштро мужда медиҳад, чароки корҳои сахт подошҳои беҳтарин ҳам доранд ва чӣ зебо аст подошҳои Худованди Мутаол.

Албатта инсони мӯъмин ба мавқеъ ва шароити феълӣ ва шоистаи худ набояд мағрур бошад. Танҳо изҳор доштани имон кифоят намекунад, балки истиқомат ва истодагӣ бар саранҷому ояндаро бояд дар назар бигирад. Ин имон ба Худованди Мутаол тарсу хавфро аз байн мебарад, ва ояндаи бисёр равшанро барои инсон рақам мезанад. Танҳо касоне аз гузашта ва кардаҳои худ пушаймон намешаванд, ки пайваста дар роҳи Худо ҳаракат кунанд ва дар ин роҳ шикебоӣ кунанд ва подоши устувории имон ва анҷоми амали неку солеҳ, ҷовидона будан дар биҳишт ва баҳрамандӣ аз неъматҳои илоҳӣ мебошад. Ин биҳишт подоши аҳли амал аст, на аҳли сухан, зеро, ки Худованди Мутаол дар ояти шарифаи зикршуда зимни таъкид бар подошу биҳишти ҷовидона, амали некро ҳам баён фармудааст ва ин баҳрамандӣ махсуси касоне, аст ки аз назари эътиқодӣ дар масири тавҳид бошанд ва аз назари амал дар роҳи истиқомат ва сабр қарор дошта бошанд.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, ки тамоми мартабаҳои имон ва ҳамаи аъмоли нек дар ин ояти шарифаи сураи Аҳқоф вуҷуд дорад; чароки тавҳид асоси тамоми эътиқодот ва боварҳои саҳеҳ аст ва тамоми усули эътиқодӣ ба решаи тавҳид бозмегарад. Истиқомат ва сабр ҳам решаи тамоми аъмоли нек аст, зеро тамоми аъмоли некро дар се унвон метавон хулоса кард: Сабр бар итоат, сабр бар маъсият ва сабр бар мусибат; пас он касоне, ки аз назари эътиқодӣ дар масири тавҳид ҳастанд ва дар амал ҳам сабру истиқомат мекунанад, на тарсе аз рӯйдодҳои оянда доранд ва на аз гузаштаи худ андӯҳ доранд ва аҷру подош ва неъматҳои илоҳӣ ҳам дар интизори онон мебошад. Ин биҳишти ҷовидона подоши итоатҳо ва корҳое аст, ки дар дунё барои Худо ва дар роҳи Худо анҷом медоданд.

Ҳарчанде, ки аҳаммияти истиқомат ва сабру истодагӣ дар доираи имон ва динмадорӣ равшан гардид, аммо роҳи дурусту саҳеҳ ҳам бояд баён шавад то сабру истиқомат ва пойдорӣ дар роҳи ҳақ бошад. Дар ҳақиқат ин масъалаи диндорӣ ва динмадорӣ аст, ки байни ҳаққу ботил фарқ мегузорад ва дини Ислом бо тамоми бахшҳои мавҷуд дар он роҳу равиши саҳеҳу дурусти расидан ба камол ва саодат мебошад, ки агар лаззати ин роҳи ҳақ ба коми касе бирасад ғарқи раҳмати илоҳӣ мешавад ва ҷону дил дар ин роҳ истиқомат мекунад. Ин имон ва динмадорӣ дар сарлавҳаи ҳаёти ӯ саҳми худро боқӣ мегузорад ва Худованд ҳам раҳмати худро насиби бандааш мекунад, то дар роҳи шинохти дин бо тавфиқи илоҳӣ растгор шавад; ин дин, дини сайқалдиҳандаи қалбҳо ва дини ақли саҳеҳ ва нақли сареҳу ошкор аст.

Дине аст, ки аз бутпарасатӣ ва фосид шудани ахлоқ наҳй мекунад ва тамоми маҷмӯаи дини Ислом саъй дар расондани инсон ба комёбӣ ва растгориро дорад.

Дине аст, ки ислоҳи қалбҳо ва баданҳо ва саъй барои ҷалби ҳар навъ манфиати динӣ ва дунёиро дар пай дорад.

Дине аст, ки аз ҷониби Худованди Мутаол нозил шудааст ва на дар қаблу баъди худ ҳеҷ ботилеро роҳ намедиҳад. Дине аст аз ҷониби Худованди Ҳаким, ки ҳеҷ ботилкунандае наметавонад асле аз усулашро нақз кунад хабар аз камбудии он тавассути ақл диҳад, балки ақлҳои солим ба дурустии он шаҳодат медиҳанд.

Дини Ислом, дини тамоми паёмбарони илоҳӣ (а) ва тамоми пешвоёни ростини ҳидоятгар аст ва онҳо чароғи роҳнамо ба сӯи ҳидоят мебошанд. Дар баробари тамоми касоне, ки ақлу қалбашон мариз ва ахлоқашон рӯ ба пастӣ ва моддигарӣ аст ва гирифтори васвасаҳои шайтонӣ шудаанд, истодагӣ ва истиқомат варзида ва дар ин роҳи муҳим мегӯянд: “Парвардигори мо Худост”. Фариштагони илоҳӣ ҳам маъмур мешаванд, то онҳо тарсу андӯҳ надошта бошанд ва онҳоро ба биҳишт мужда медиҳанд. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефамояд:

إِنَّ الَّذينَ قالوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ استَقاموا تَتَنَزَّلُ عَلَيهِمُ المَلائِكَةُ أَلّا تَخافوا وَلا تَحزَنوا وَأَبشِروا بِالجَنَّةِ الَّتي كُنتُم توعَدونَ
“Ҳамоно касоне, ки гуфтанд: “Парвардигори мо Худост”, сипас устувор монданд, фариштагон бар онҳо фурӯд меоянд (ва мегӯянд), ки натарсед ва андӯҳгин набошед ва ба биҳиште, ки ваъда дода мешудед, шод бошед.” (Сураи Фуссилат, ояти 30)

“Парвардигори мо Худост”, ин ҷумлае нест, ки фақат забонӣ бошад ва боваре нест, ки муддате дар дил бимонад, балки як барномаи комиле барои зиндагӣ аст ва ҳаргуна ҳаракат, рӯйкард ва андешаро дар бар мегирад ва тарозуеро дар инсон ба вуҷуд меоварад, ки барои андеша ва эҳсос, аъмолу рафторҳо, воқеаҳо ва рӯйдодҳо, робитаҳо ва муомилот ба василаи он арзёбӣ мешавад. Истиқомату пойдории имон ва оромиши нафс ва итминони дил, ҳаргуна андешаи мунҳариферо, ки бар дили инсон рахна мекунад сусту ларзон карда ва инсонро аз ҳаргуна осеб наҷот медиҳад. Бар асоси барномаи зиндагии инсон, гуфтану собитқадам мондан дар ин шиори “Парвардигори мо Худост” инсонро аз ҳаргуна фарёде, ки ӯро ба инҳироф мекашонад, дур мекунад ва дар ҷиҳати ин барномаи саодатманд аст, ки инсон баҳраи истиқоматашро аз ҷониби Худо дарёфт мекунад ва аз тамоми ғаму андӯҳ раҳоӣ меёбад.

Инсон бо тавфиқи илоҳӣ ва кӯмак аз ақли саҳеҳ ва нақли сареҳу ошкор ва пайравӣ аз суннати набавӣ метавонад дар роҳи ҳақ қадам гузошта ва дар ин роҳ пойдорӣ ва истиқомат кунад ва бо анҷоми аъмоли неку шоиста машмули подошу неъматҳои бениҳояти Худованди Мутаол дар дунё ва охират гардад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед