Иди Қурбон ва рамзи муваффақияти Иброҳими Халилуллоҳ

0
197

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Иди Қурбон ва рамзи муваффақияти Иброҳими Халилуллоҳ (а)

Иди Қурбон яке аз гиромитарин идҳои мусалмонон мебошад, ки рӯзи исботи ишқу таслим дар баробари дастури илоҳӣ ва имтиҳону озмоиши ҳазрати Иброҳим (а) ва ҳазрати Исмоил (а) аст, ки аз он муваффақу сарбаланд берун омаданд, лизо ба ёди ҳазрати Иброҳим (а) ва фарзандаш ҳазрати Исмоил (а) аз тарафи бисёре аз мусалмонон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз ҳазрати Иброҳим (а) бо итоати комил аз дастури Худованд ва бо ишқу таслими маҳз дар баробари фармони илоҳӣ, мехост фарзанди азизаш ҳазрати Исмоил (а)-ро қурбонӣ кунад ва сар бибурад, аммо дар охирин лаҳза Худованд ин амали онҳоро қабул мекунад ва бидуни қурбонӣ кардан ва сар буридани ҳазрати Исмоил (а) муваффақияти онҳоро дар ин имтиҳони бузурги илоҳӣ эълон мекунад.

Мо дар ин мақола қасд дорем ба баррасии ин масъала бипардозем, ки рамзи муваффақият ва сарбаландии ҳазрати Иброҳим (а) дар ин имтиҳони бузурги илоҳӣ чӣ буд?

Ҳазрати Иброҳими Халил дар қурбонгоҳ
Ҳазрати Иброҳим (а), ин пайғамбари бузурги илоҳӣ, ки имтиҳонҳо ва озмоишҳои фаровонеро бо муваффақият пушти сар гузошта буд, хоби аҷиб ва шигифтангезе дид, ки баёнгари оғози як имтиҳон ва озмоиши бузурги дигар дар мавриди ин пайғамбари Азиму-шаън аст. Он ҳазрат дар хоб дид, ки аз сӯи Худованд ба ӯ дастур дода шудааст, ки фарзанди дилбандашро бо дасти худ қурбонӣ кунад ва сар бибурад. Фарзанде, ки талабшуда аз Худо буд ва Ҳазрати Иброҳим (а) солҳо интизори омадани ӯро кашида буд ва ҳоло ба сини навҷавонӣ расида ва навҷавони буруманд шуда буд.

Қуръони Карим ин моҷароро ин гуна баён мекунад:

فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ السَّعْيَ قَالَ يَا بُنَيَّ إِنِّي أَرَى فِي الْمَنَامِ أَنِّي أَذْبَحُكَ فَانظُرْ مَاذَا تَرَى قَالَ يَا أَبَتِ افْعَلْ مَا تُؤْمَرُ سَتَجِدُنِي إِن شَاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّابِرِينَ/ فَلَمَّا أَسْلَمَا وَتَلَّهُ لِلْجَبِينِ/ وَنَادَيْنَاهُ أَنْ يَا إِبْرَاهِيمُ/ قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْيَا إِنَّا كَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ/ إِنَّ هَذَا لَهُوَ الْبَلَاءُ الْمُبِينُ/ وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ

“Ҳангоме, ки ӯ (ҳазрати Исмоил) ба мақоми саъю кушиш (навҷавонӣ) расид, гуфт: писарам, ман дар хоб дидам, ки туро сар мебурам, назари ту чист? Гуфт: падарам ҳар чи дастур дода шудаӣ анҷом бидеҳ, ба хости Худо маро аз сабркунандагон хоҳӣ ёфт/Ҳангоме, ки ҳарду таслим шуданд ва сурати ӯро бар хок ниҳод/ Ва ӯро нидо додем, ки эй Иброҳим/Он хобро таҳаққуқ бахшидӣ (ва ба таклифи худ амал кардӣ), мо ин гуна некукоронро подош медиҳем/Ин яқинан ҳамон имтиҳони ошкор аст/ Мо зибҳи азимро фидои ӯ кардем ” (Сураи Соффот, ояти 102 то 107)

Ҳазрати Иброҳим (а) маъмур шуда буд, ки фарзанди худашро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад ва сар бибурад, аммо аз онҷое, ки ин таклиф ва дастур як чизи аҷибу ғайримаъмул ва бар хилофи ақл буд, се шаби пушти сари ҳам ин хоб такрор шуд, то инки ин масъала барои ҳазрати Иброҳим (а) қатъӣ ва яқинӣ гардид.

Ҳазрати Иброҳим (а), ки борҳо аз имтиҳонҳои бузурги илоҳӣ сарбаланду пирӯз берун омада буд, ин бор низ бояд сар ба фармони ҳазрати Ҳақ мегузошт ва фарзанде, ки як умр дар интизораш буд ва акнун навҷавони зебо шуда буд, бо дасти худ сар мебурид. Аммо бояд қабл аз ҳама фарзандро омода мекард ва лизо қадами аввал ин буд, ки ин масъаларо бо худи фарзанд дар миён бигузорад, аз ин ру ба фарзандаш хитоб кард ва фармуд: يَا بُنَيَّ إِنِّي أَرَى فِي الْمَنَامِ أَنِّي أَذْبَحُكَ فَانظُرْ مَاذَا تَرَى(Сураи Соффот, ояти 102)  фарзандам, ман дар хоб дидам, ки туро зибҳ мекунам ва сар мебурам, бо диққат ва тааммул бигу назарат дар ин бора чист?. Фарзанде, ки тарбиятшудаи падар ва монанди падар буд бо оғуши боз ва бо хости қалбӣ фармуд: “يَا أَبَتِ افْعَلْ مَا تُؤْمَرُ(Сураи Соффот, ояти 102) эй падар ҳар чи дастур дода шудаӣ анҷом бидеҳ. Аввлан ин ки бо лафзи “аб (падар) ”, падари худро хитоб мекунад, яъне ин масъала сабаб намешавад, ки ҳазрати Исмоил (а) падари худро падар надонад, дуввуман ин ки гуфт, ҳар чи дастур дода шудаӣ анҷом бидеҳ ва нагуфт, ки ҳар чи хоб дидаӣ анҷом бидеҳ. Яъне аз тарафи ман фикрат роҳат ва осуда бошад.

Сипас писар ҷумлае гуфт, ки дараҷаи эмон ва адаби ӯро дар муқобили Худованди Мутаол баён мекунад: “سَتَجِدُنِي إِن شَاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّابِرِينَ(Сураи Соффот, ояти 102),  ба хости Худо маро аз сабркунандагон хоҳӣ ёфт, яъне ба эмон ва иродаи худ такя накарда, балки ба машият ва иродаи Худованд  такя намуд.

Бинобар ин, падар ва писар аввалин марҳалаи имтиҳон ва озмоишро ба хубӣ ва сарбаландӣ ба поён расониданд.

Аз он ҷое, ки ин имтиҳон бисёр муҳим ва бузург буд,“ إِنَّ هَذَا لَهُوَ الْبَلَاءُ الْمُبِينُ(Сураи Соффот, ояти 106) шайтон барои шикаст додани онҳо талош кард, гоҳ ба суроғи падар ва гоҳ суроғи писар ва гоҳе ба суроғи модар мерафт, то онҳоро аз ин амал боз дорад. Аммо ҳар се нафар қотиъона шайтонро рад карданд. Бар асоси ривояте, шайтон ба дунболи ҳазрати Иброҳим (а) ҳаракат кард вақте ба маҳалли ҷамараи аввал расид ҳазрат бо ҳафт санг ӯро аз худ ронд ва ҳангоме, ки ба маҳали ҷамараи дуввум расид боз шайтонро мушоҳида кард, ин бор ҳам  бо ҳафт санг ӯро рад кард ва дар маҳали ҷамараи севвум ҳам ин кор такрор шуд. (Ҷалолиддини Суютӣ, тафсири Ад-дурул мансур, ҷ 5, саҳ 280)

Лаҳзаи ҳассос фаро расид, фармони илоҳӣ бояд иҷро мешуд, ҳазрати Иброҳим (а), ки худ дар баробари Худованд таслими маҳз ва комил буд, вақте дар баробари фармони Худо таслими фарзандро дид, ӯро дар оғуш гирифт ва бӯсид ва ҳар ду дар ин лаҳза ба гиря афтоданд, гиряе, ки муқаддимаи шавқи расидан ба лиқои илоҳӣ буд. Падари мерубон танҳо фарзанди худашро бо сурат бар замин  хобонд. Қуръони Карим бо ишораи кӯтоҳ дар ин маврид мефармояд: فَلَمَّا أَسْلَمَا وَتَلَّهُ لِلْجَبِينِ(Сураи Соффот, ояти 103) ҳангоме, ки ҳардуи онҳо таслим ва омода шуданд, Иброҳим (а) пешонии фарзандро бар хок ниҳод. Сипас кордро бар гӯлӯи фарзанд гузошт ва бо қудрат ба ҳаракат даровард, аммо корди бурранда ва тез дар гӯлӯи фарзанд камтарин асаре нагузошт, ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳайрат фурӯ рафт ва бори дигар кордро ба ҳаракат даровард, аммо нидо омад: وَنَادَيْنَاهُ أَنْ يَا إِبْرَاهِيمُ/ قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْيَا إِنَّا كَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ(Сураи Соффот, ояти 104 то 150) “Эй Иброҳим, он хобро таҳаққуқ бахшидӣ ва ба таклиф ва вазифаи худ амал намудӣ, мо ин гуна некукоронро подош медиҳем.” Яъне касоне, ки таслими маҳз ва комили илоҳӣ бошанд, ҳам ба онҳо тавфиқи пирӯзӣ дар имтиҳонро медиҳем ва ҳам намегузорем фарзанди онҳо аз даст биравад ва ин имтиҳони бузург ва муҳим аст:  إِنَّ هَذَا لَهُوَ الْبَلَاءُ الْمُبِينُ (Сураи Соффот, ояти 106)

Аммо барои инки барномаи ҳазрати Иброҳим (а) нотамом намонад ва дар пешгоҳи Худованд қурбонӣ карда бошад, Худованд гусфанди бузург мефиристад, то ба ҷои фарзандаш қурбонӣ кунад: وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ (Сураи Соффот, ояти 107)

Дар натиҷа ҳазрати Иброҳим (а) дар ин имтиҳон ва озмоиши бузурги илоҳӣ низ пирӯзу муваффақу сарбаланд шуд.

Таслими маҳз дар баробари Худо рамзи муваффақияти ҳазрати Иброҳим (а)
Дар ин ки ҳазрати Иброҳим имтиҳонҳо ва озмоишҳои бузургеро бо пирузӣ ва муваффақият ба поён расонидааст шакке нест ва ин масъала дар оятҳои Қуръони Карим баён шудааст. Ҳамонгуна ки баён кардем яке аз имтиҳонҳо ва озмоишҳои бузурги илоҳӣ, ки ҳазрати Иброҳим дар он пирузу муваффақу сарбаланд шуд, дастури Худованд дар бораи қурбонӣ кардан ва сар буридани фарзанди дилбандаш бо дасти худи ӯ буд.

Масъалае, ки дар инҷо дар паи баррасии он ҳастем ин аст, ки чаро ҳазрати Иброҳим ба чунин мақом ва ҷойгоҳе назди Парвардигор расид? Ба иборати дигар рамзи муваффақият ва саодати он ҳазрат чист? Чӣ чизе сабаб шудааст, ки ҳазрати Иброҳим ҳам дар дунё хушбахту муваффақ буд ва ҳам дар охират саодатманд? Ҳазрати Иброҳим танҳо шахсияте аст, ки Худованди Мутаол сарнавишти ӯро дар дунё ва охират ба зебоӣ баён кардааст ва мефармояд:

وَلَقَدِ اصْطَفَيْنَاهُ فِي الدُّنْيَا وَإِنَّهُ فِي الآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ”

“Ӯро (Иброҳимро) дар ин ҷаҳон бар гузидем ва ӯ дар охират аз солеҳон аст ” (Сураи Бақара, ояти 130)

Бо баррасии оятҳои Қуръони Карим ба даст меояд, ки посухи масъалаи боло ва рамзи пирузӣ ва муваффақият ва саодати ҳазрати Иброҳим дар як калима аст, ки дар ояти баъд ба он ишора шудааст ва он “таслими маҳз ва мутлақ”-и ҳазрати Иброҳим дар баробари Худованд мебошад.

Дар Қуръони Карим омадааст:

إِذْ قَالَ لَهُ رَبُّهُ أَسْلِمْ قَالَ أَسْلَمْتُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ”

“Ҳангоме ки Парвардигораш ба ӯ фармуд: “таслим шав”,(дар баробари Худованд таслим шуд ва фармони Ӯро ба ҷону дил пазируфт ва) гуфт: дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам” (Сураи Бақара, ояти 131)

Бинобар ин, рамзи пирузӣ ва муваффақият ва саодати ҳазрати Иброҳим, таслими маҳз ва мутлақ ва ҳамешагии ӯ дар баробари Худованд буд ва ин буд, ки ӯро “Халилуллоҳ” кард ва сабаби муваффақияти ӯ дар тамоми имтиҳонҳои бузурги илоҳӣ аз ҷумла дар имтиҳони бузург, яъне дастури Худованд дар бораи қурбонӣ кардан ва сар буридани фарзандаш бо дасти худи ӯ шуд.

Ин матлабро аз оятҳои дигари Қуръони Карим ҳам метавон ба даст овард, аз ҷумла “Сураи Бақара, ояти 128”, “Сураи Анъом, ояти 72” ва …

Нуктаҳо:
Аз ин имтиҳон ва озмоиши бузурги илоҳӣ, ки ҳазрати Иброҳим ба он дучор шуда буд ва онро бо муваффқият ва сарбаландӣ пушти сар гузошт, нуктаҳо ва матлабҳои зиёде метавон истифода кард, аммо мо фақат чанд нуктаро дар инҷо баён мекунем:

1- Ҳар инсоне бояд бо худ биандешад ва тафаккур кунад, ки агар он рӯз Иброҳими Халил (а), Исмоил (а)-ро, ки ҳамаи ҳастӣ ва нишонае аз вобастагии дунёияш буд, ба қурбонгоҳ бурд, имрӯз Исмоили мо кист? Ё чист? Мол, мақому мансаб, мавқеъияту ҷойгоҳ, ҷавонӣ, зебоӣ ва …. Ҳар чизе, ки моро ба дунё вобаста кардааст. Ҳар чизе, ки миёни мо ва Худо монеъ шудааст. Ҳар ғафлате, ки бар қалбамон нишаста ва фитрати покамонро сиёҳ кардааст. Ҳамаро ба қурбонгоҳ бибарем ва қурбонӣ кунем. Дар ғайри ин сурат наметавонем ба мақоми таслими маҳз дар баробари фармони ҳазрати Ҳақ наздик бишавем. Шоир чи зебо мегӯяд, ки:

Бигзар аз фарзанду молу ҷони хеш,
То Халилуллоҳи давронат кунанд.
Сар бинеҳ бар каф, бирав дар кӯи дуст,
То чу Исмоил қурбонат кунанд.

2- Худованди Мутаол ба Пайғамбари Акрам(с) мефармояд:

فَلاَ وَرَبِّكَ لاَ يُؤْمِنُونَ حَتَّىَ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لاَ يَجِدُواْ فِي أَنفُسِهِمْ حَرَجًا مِّمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسْلِيمًا ”

“Ба Парвардигорат савганд, ки онҳо муъмин нахоҳанд буд, магар инки дар ихтилофоти худ, туро довар қарор диҳанд, сипас аз доварии ту дар дили худ эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд ” (Сураи Нисо, ояти 65)

Аз ин оят бардошт мешавад, ки таслими маҳз будан, на фақат дар баробари Худо, балки дар баробари пайғамбари Худо ҳам лозим ва зарурӣ ва меъёру мелоки эмон аст.

Ҳатто метавон гуфт таслими маҳз будан дар баробари раҳбари динии ҷомеа низ лозим ва зарурӣ ва меъёру мелоки эмон аст. Албатта раҳбари динии воқеъӣ, ки шароити раҳбариро доро бошад, на ҳар касе, ки иддиои раҳбарии динӣ дорад. Ҳамчуноне ки дар шароити имрӯза шоҳиди он ҳастем, ки дар бисёре аз кишварҳои исломӣ ва мусалмоннишин ҳокимони зиёде ҳастанд, ки иддиои раҳбарии динӣ доранд, аммо рафтор ва амали онҳо бо шариати исломӣ мутобиқат надорад, балки мухолифи дастурҳои илоҳӣ амал мекунанд ва қонун мегузоранд.

Бинобарин бояд мусалмонон ҳушёр бошанд ва фиреби ин ҳокимони дар зоҳир мусалмонро нахӯранд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед