Ҳиҷоб фарз аст.

0
720

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Ҳиҷоб фарзи илоҳӣ аст

Муқаддима
Набудани ҳарим миёни зан ва мард ва озодии муоширатҳои беҳадду марз, ҳаяҷонҳо ва илтиҳобҳои ҷинсиро фузуни ме бахшад ва тақозои секс(sex)ро ба сурат як аташирӯҳӣ ва як хости сер нашуданӣ табдил мекунад.
Ислом ба қудрати ин ғариза таваҷҷуҳи комил кардааст ва ривоятҳои зиёде дар бораи хатарнок будани нигоҳ, хатарнок будани хилват бо зани номаҳрам ва хатарнок будани ғаризае, ки марду занро ба якдигар пайванд медиҳад, ворид шудааст. Ислом барномае барои таъдил ва ром кардани ин ғариза андешидааст ва дар ин замина ҳам барои занон ва ҳам барои мардон, таклиф таъйин кардааст. Аммо иллати инки дар ислом дастури пӯшиш ихтисос ба занон ёфтааст ин аст , ки майл ба худнамоӣ, худороӣ ва намоишгарӣ махсуси занон аст.
Ҳиҷоб ва сатри зан дар баробари мардҳои номаҳрам фарз ва аз заруриёти дини мубини Ислом аст. Дар Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбари Акрам (с) ва суханон фуқаҳо ва муфассирон фарз будани он баён шудааст.
Маънои ҳиҷоб
Луғат шиносон ҳиҷобро монеъ (парда), ки байн ду чиз ҷудоӣ андозад, пӯшондан, пӯшиш, сатр ва аврат маъно кардаанд. (Тоҷуллуғат; Лисонулараб; Тоҷуларус, зайли вожаи ҳиҷоб).
Миқдори ҳиҷоб
Андоза ва миқдори фарзи ҳиҷоби зан дар баробари марди номаҳрам аз назари фуқаҳои мазоҳиби исломӣ тамоми бадан ба ҷуз рӯй ва панҷаи дастон аст. (Зуҳайлӣ, Алфиқҳулисломӣ ва Адилатуҳ, ҷ 1, саҳ 739). Ҳукми мазкур баргирифта аз Қуръон ва ҳадис аст.
Ҳиҷоб дар Қуръони Карим
Оёти бисёре ҳиҷобро лозим донистаанд ду ояте, ки ошкоро ҳиҷобро фарз баён мекунад зикр мекунем.

  1. Худованд дар сураи Аҳзоб мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَنْ يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا“Эй Пайғамбар! Ба ҳамсарон ва духтаронат ва занони мӯъминон бигӯ: “ҷилбобҳо” (рӯсариҳои дарози) худро бар худ фурӯ афкананд, ин кор барои ин ки шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд беҳтар аст. (Ва агар то кунун хато ва кӯтоҳӣ кардаанд тавба кунанд) Худованд бахшандаи меҳрубон аст”.(Сураи Аҳзоб, ояти 59)

Ҷалбоб
Ҷалобиб ҷамъи “ҷалбоб” аст, ва ҷалбоб пӯшиш ва сатре аст, ки бадани занро фаро гирифта сар, сина ва гарданро бипушонад. (Хатиб, Аттафсирулқуръонӣ Лилқуръон, ҷ 11, саҳ 752).
Юднина
Юднина ба маънои наздик кардани ҷалобиб (русариҳои дароз) ба бадан аст. Дар ин оят омадааст занон русариҳоро бар худ наздик кунанд. Муфассирон дар мақсад аз таркиби ин вожа ихтилофи назар доранд. Имом Қуртубӣ дар чигунагии пӯшиши ҷалбоб (русарии дароз) мегӯяд: Либосе аст, ки тамоми бадани занро бипушонад. (Қуртубӣ, Алҷомиъ Лиаҳкомилқуръон, ҷ 14, саҳ 243).
Аз маъно ва мафҳуми калимаи “ҷалбоб” ва “юднина” фарз будани пӯшондани сар, сина ва гардан барои занон исбот мешавад, ба ҳамин хотир фуқаҳо ва муфассирон мегӯянд ҳиҷоб аз заруриёти Ислом аст.

  1. Худованд дар сураи Нур мефармояд:

وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ…
“Ва ба занони бо имон бигӯ: чашмҳои худро (аз нигоҳи ҳавасолуд) фурӯ гиранд ва домани худро ҳифз кунанд ва зинати худро (ҷуз он миқдор, ки ошкор аст) намоён накунанд ва рӯсариҳои худро бар синаи худ афкананд (то гардану сина бо он пушонида шавад) ва зинати худро ошкор насозанд, ҷуз барои шавҳаронашон ё…” . (Сураи Нур, ояи 31)

Хумур
Хумур ҷамъи “химор” аз решаи “хамр” ба маънои пӯшиш аст, дар истилоҳ ва урфи араб “порчае, ки занон сари худро бо он мепушонанд ва дар забони форсӣ русарӣ аст” (Муфрадоти Роғиби Исфаҳонӣ, саҳ 160). Муфассирон ҳам хумурро русарӣ маъно кардаанд. (Қуртубӣ, Алҷомиъ Лиаҳкомилқуръон, ҷ 14, саҳ 156).
Ҷуюб
Ҷуюб ҷамъи “ҷайб” аст гиребон, яқа ва шикофи ҷома дар қисмати гардан ҷайб номида мешавад. Луғатшиносон ва муфассирон ҷайбро киноя аз маҳалли он гирифтаанд, ки ҳамон гардан ва сина аст. (Ибни Манзур, Лисонулараб, ҷ 1, саҳ 288; Қуртубӣ, Алҷомиъ Лиаҳкомилқуръон, ҷ 14, саҳ 230).
Аз Саид Ибни Ҷубайр (р) ҳам нақл шудааст, ки эшон мақсуд аз ояро, пӯшиши гардан ва сина медонад ба гунае, ки чизе аз он пайдо набошад. (Суютӣ, Дуррулмансур, ҷ 5, с 42). Бинобар ин бо таваҷҷуҳ ба ин оят маълум мешавад, сар, гардан ва синаҳо бояд пӯшида шавад.
Ҳиҷоб дар ривоёт
Имоми Аъзам (р) дар китоби Муснадашон ҳадисе аз Ҷобир (р) нақл мекунанд, ки Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

مَن لَم یَستُر عَورتَه منَ النَّاسِ، کان فی لعنة الله و الملائکه و الخلق اجمعین
“Касе аз мардум, ки аврати худро напушонад Худованд, Малоика ва тамом махлуқот ӯро лаънат мекунанд”. (Муснади Имоми Аъзам, китоби одоб, ҳ 461, саҳ 888)

Асмо хоҳари ҳазрати Оиша (р) ба хонаи Паёмбари Акрам (с) омад дар ҳоле, ки ҷомаи нозук пӯшида буд Расули Худо (с) рӯйи худро аз ӯ баргардонданд ва фармуданд:

يَا أَسْمَاءُ إِنَّ الْمَرْأَةَ إِذَا بَلَغَتِ الْمَحِيضَ لَمْ تَصْلُحْ أَنْ يُرَى مِنْهَا إِلاَّ هَذَا وَ هَذَا و َأَشَارَ إِلَى وَجْهِهِ وَ كَفَّيْهِ
Эй Асмо вақте, ки зан ба булуғ расид ҷоиз нест чизе аз бадани ӯ дида шавад ҷуз рӯй ва панҷаи дастонаш. (Сунани Абӣ Довуд, ҷ 4, саҳ 106).

Имом Суютӣ дар бораи чигунагии либоси ҳиҷоб нақл кардаанд, ки зане ба назди ҳазрати Оиша (р) омад, ки русариаш нозук буд, ҳазрати Оиша (р) ба вай гуфт магар сураи Нурро нахондаӣ, он русариро аз вай гирифта пора кард ва русарии дигаре ба сараш андохт. (Суютӣ, Дуррулмансур, ҷ 5, саҳ 42).
Натиҷа
Ҳиҷоб ва сатри зан дар баробари мардҳои номаҳрам фарз ва аз заруриёти дини мубини Ислом аст. Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбари Акрам (с) ва фуқаҳо ва муфассирон бар фарз будани ҳиҷоб таъкид кардаанд.
Андоза ва миқдори фарзи ҳиҷоби зан дар баробари марди номаҳрам аз назари фуқаҳои мазоҳиби исломӣ тамоми бадан ба ҷуз рӯй ва панҷаи дастҳо аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед