Баракати истиломи Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямонӣ

0
205

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Баракату раҳмати Худованд гоҳе аз роҳи табиӣ ва гоҳе аз роҳи ғайри табиӣ ба дасти мо мерасад. Инсонҳо бештар роҳи табииро шинохта ва ба дунболи он мераванд, аммо роҳи ғайри табииро камтар шинохта ва дар натиҷа камтар аз он истифода мебаранд. Ва танҳо огоҳон ба он роҳ ҳастанд, ки ба василаи он аз Худованд талаби баракату раҳмат мекунанд. Дар ин навиштор талаби баракату раҳмат аз Худованд аз роҳи ғайри табиӣ яъне истилом (даст задан ва бӯсидан)-и Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямониро бо нигоҳ ба аҳодиси Расули Худо (с) баррасӣ мекунем.

Вожашиносӣ

Барои фаҳми беҳтар ибтидо маънои вожаҳои “Истилом”, “Ҳаҷаруласвад” ва “Рукни Ямонӣ”-ро баён мекунем.

  1. Маънои истилом:

Истилом калимаи арабӣ ба маънои гирифтан, даст задан, дастмолӣ кардан ва бӯсидан аст. (Мунтаҳал араб,вожаи истилом)

  1. Маънои Ҳаҷаруласвад:

Ҳаҷаруласвад номи арабӣ ба маънои санги сиёҳ аст. Санги сиёҳранги муқаддасе, ки дар девори хонаи Худо, Маккаи Мукаррама насб шудааст, ки ҳоҷиён тавофи хонаи Худоро аз ин санг оғоз макунанд.

  1. Маънои Рукни Ямонӣ:

Рукни Ямонӣ гушаи ҷанубии Хонаи Худо аст, ки қабл аз Ҳаҷаруласвад қарор дорд.

Истиломи Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямонӣ аз назари олимони чаҳор мазҳаб:

Олимони чаҳор мазҳаб ҳамагӣ истиломи Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямониро ҷоиз медонанд, ки мо дар инҷо назари теъдоде аз онҳоро баён мекунем:

  • Сарахсӣ (ҳанафӣ): Эшон бо зикр ҳадисе аз Ибни Умар (рз) ва Ибни Аббос (рз) дар мавриди истиломи Паёмбари Акрам (с) ба ҳар ду рукн нақл мекунанд, ки Расули Худо (с) гӯнаи муборакашонро бар рӯи Рукни Ямонӣ мегузоштанд. (Шамсуддини Сарахсӣ, Алмабсут, ҷ 4, саҳ 49)
  • Абӯбакри Кошонӣ (ҳанафӣ): Эшон дар бораи аъмоле, ки ҳоҷӣ шоистааст анҷом диҳад (аз ҷумла кашидани даст ба Ҳаҷаруласвад ва бӯсидани он) ва инки Расули Акрам (с) ва асҳоби бузургвори он ҳазрат ҳам чунин мекарданд ва ин нукта, ки Расули Акрам (с) гоҳ вақте, ки савори шутур буданд, бо Асо рукнро истилом мекарданд, сипас онро ба сӯи даҳони муборакашон мебурданд ва низ ин нукта, ки Ҳаҷаруласвад дар рӯзи қиёмат барои касоне, ки онро ламс кардаанд, шаҳодат медиҳад, аҳодисеро нақл кардаанд. (Абӯбакри Кошонӣ, Бадойиуссанойеъ, ҷ 2, саҳ 146)
  • Исмоили Ҳаққӣ (ҳанафӣ): Эшон тафсири ирфонӣ аз бархе аҳодисе, ки дар бораи даст задан ба Ҳаҷаруласвад аст, кардаанду бар ҳамин асос инсони комилро бартар аз каъбаву дасти ӯро аз Ҳаҷаруласвад бартар дониста ва бӯсидани дасти инсони комилро ҳамон аҳду паймон бо Худову Расули Ӯ донистаанд. (Исмоили Ҳаққӣ, Тафсири рӯҳулбаён, ҷ 9, саҳ 23)
  • Ҳафсакӣ (ҳанафӣ): Аз ҷумлаи аъмоли ҳоҷиро кашидани ҳар ду даст ба Ҳаҷаруласвад ва бӯсидани он донистаанд. (Алоуддини Ҳафсакӣ, Ад-дурр-ул-мухтор, ҷ 2, саҳ 541-543)
  • Ибни Абдулбир (моликӣ) : Эшон мегӯянд, ки назари ҳамаи олимон ҷоиз будани истиломи ҳарду рукн аст. (Ибни Қудома, Алмуғнӣ, ҷ 2, с 394)
  • Ибни Қудома (ҳанбалӣ) ; ҳадисеро нақл мекунанд, ки ҳазрати Умар (рз) ба пайравӣ аз Паёмбари Акрам (с) Ҳаҷаруласвадро мебӯсиданд. Ва мегӯянд ин ҳадис мавриди қабули имомайн (Бухорӣ ва Муслим) аст. (Ибни Қудома, Алмуғнӣ, ҷ 2, саҳ 383)

Дар бораи бӯсидани Ҳаҷаруласвад ҳам олимон иттифоқи назар доранд, аммо дар мавриди бӯсидани Рукни Ямонӣ байни олимон ихтилофи назар аст. Дар бораи бӯсидани даст ҳам баъд аз истиломи Ҳаҷаруласвад, ихтилоф назар аст. Имом Моликӣ мухолиф, аммо Имом Аҳмад ва Имом Абӯҳанифа ва Имом Шофеӣ (раҳ) мувофиқи ин кор ҳастанд.

  • Ибни Қудома мегӯяд агар ҳоҷӣ наметавонад Ҳаҷаруласвадро баъд аз истилом бибӯсад, дасти худро, ки рӯи он кашидааст бибӯсад. Ҳамчунин номи 9 нафар саҳоба ва имоми Шофеӣ (раҳ) ва Исҳоқро зикр мекунад, ки бо бӯсидани даст пас аз дастмолӣ кардани Ҳаҷаруласвад мувофиқ ҳастанд ва мегӯяд далели ин кор, амали Паёмбар (с) аст, ки пас аз дастмолии Ҳаҷаруласвад дасти муборакшонро бӯсиданд, асҳоби Паёмбар (с) чунин амал карданду олимон ҳам дар ин маврид аз асҳоби Паёмбар (с) пайравӣ карданд. Ба ҳамин хотир ба фатвои касоне, ки мухолифи Паёмбар (с) ва асҳобу олимони дин ҳастанд тавваҷӯҳ накунед. Вай дар идома мегӯяд; агар ҳоҷӣ чизе мисли асо дорад, ки метавонад бо он Ҳаҷаруласвадро ламс кунад, ин корро анҷом диҳад ва он чизро бибӯсад. Далели мо ҳадисе аз Ибни Аббос аст, ки Саҳеҳ Муслим онро нақл кардааст:

رَأَیت رَسُولَ اللَّهِ یطُوفُ بِالْبَیتِ، وَیسْتَلِمُ الرُّکنَ بِمِحْجَنٍ مَعَهُ، وَیقَبِّلُ الْمِحْجَنَ

“Расули Худоро дидам, ки Хонаи Худоро тавоф ва бо асое, ки ҳамроҳи худ доштанд, Ҳаҷаруласвадро истилом карда ва асои худро мебӯсиданд”. (Ибни Қудома, Алмуғнӣ, ҷ 3, саҳ 395)

  • Имом Нававӣ (шофеӣ): истиломи Ҳаҷаруласвадро яке аз суннатҳои тавофи Каъба медонанд. (Муҳйиддини Нававӣ, Равзатуттолибин, ҷ 3, саҳ 85)
  • Имом Шофеӣ бӯсидани тамоми аркони Каъба, балки ҳар мавзеи аз онро ҷоиз медонанд. (Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ, Китобул Ум, ҷ 2, саҳ 188)
  • Бадруддини Айнӣ (ҳанафӣ): шореҳи саҳеҳи Бухорӣ ҳам бӯсидани ҳар нуқта аз хонаи Худоро писандида медонад. (Бадруддини Айнӣ, Умдатулқорӣ, ҷ 9, саҳ 241)

Баракати истиломи Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямонӣ дар аҳодиси Паёмбари Акрам (с)

Каъба ин хонаи амни илоҳӣ, кӯҳантарин пойгоҳи ибодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Худованд дар рӯйи замин аст ва дар канори он, маконҳои муқаддаси бисёрест, ки ҳар як аз арзишу аҳаммияти болое бархӯрдоранд. Аз ҷумлаи онҳо, яминуллоҳ ва дасти Худо; Ҳаҷаруласвад ё санги сиёҳ ва Рукни Ямонӣ ҳастанд, ки дорои таърихи пур аз фарозу нишеб мебошанд. Аҳодис дар мавриди азамат, шарофат, аҳаммияту фазилати онҳо бисёр ва суханони зиёде дар бораи онҳо барои гуфтан аст, ки мо як намуна аз онро, ки дар аҳодиси Расули Худо қобили мушоҳида аст, баён мекунем.

Баррасии зиндагонии Паёмбари Акрам (с) ва рафтори эшон нишон медиҳад, ки он ҳазрат дар тӯли зиндагии пурхайру баракати худ Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямониро истилом мекарданд ва асҳоби бузургвори эшон ҳам бо пайравӣ аз Расули Худо (с) ин корро анҷом медоданд.

Имом Абӯҳанифа ҳадисе аз Ибни Масъӯд (рз) нақл мекунанд, ки Расули Худо (с) фармуданд:

ما لقیتُ الی الرکن الیمانیِّ إلا لقیتُ عنده جبرئیل

“Ҳаргоҳ ба мулоқот (истилом)-и Рукни Ямонӣ мерафтам, Ҷабраилро онҷо медидам”. (Муснади Имом Абӯҳанифа, китоби Ҳаҷ, ҳадиси 243, саҳ 6)

Ҳамчунин аз Ато нақл шудааст, ки мегӯяд:

قیل لرسوله الله: تُکثِرُ من استلام الرکن الیمانی قال: ما أتیت علیه قط الا و جبرئیلُ قائم عنده یستغفر لمن یستلمه

Ба Паёмбари Акрам (с) гуфта шуд; афроди зиёде Рукни Ямониро истилом мекунанд, Паёмбар (с) фармуданд: Ҳамеша мебинам, ки Ҷабраил(а) назди Рукни Ямонӣ истодаасту барои касоне, ки онро истилом мекунанд, аз Худованд талаб мағфират мекунад. (Ҳамон, ҳадиси 244, саҳ 8)

Имом Абӯҳанифа аз Нофеъ ва ӯ аз Ибни Умар (рз) нақл мекунанд, ки нофеъ гуфт:

ما ترکتُ استلام الحجر منذ رأیت رسول الله یستُلِمُهُ

Ман ҳеҷгоҳ истиломи Ҳаҷаруласвадро тарк накардам, зеро ки дидам Расули Худо (с) онро истилом мекунад. (Ҳамон, ҳадиси 245, саҳ 9)

Ин ҳадисро Имом Бухорӣ (раҳ) (рақами ҳадси 1606) аз Ибни Умар (рз) дар мавриди ҳарду Рукн яъне Рукни Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямонӣ нақл кардаанд:

ما ترکت استلام هذین الرکنین فی شدة و الرخاء منذ رأیت النبی یستلمهما

Истиломи ин ду рукн (Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямонӣ )-ро на дар замони сахтӣ ва на дар замони роҳатӣ, ҳеҷгоҳ тарк накардам, зеро дидам Паёмбари Акрам (с) он дуро истилом мекунанд.

Монанди ҳадиси мазкурро Имом Муслим (рақами ҳадис 1268) ҳам аз Нофеъ ва аз Ибни Умар (рз) нақл кардаанд.

Натиҷа:

Бо тавваҷӯҳ ба ончи, ки зикр шуд равшан мешавад, ки истиломи Ҳаҷаруласвад ва Рукни Ямонӣ яке аз роҳҳои расидан ба хайру баракат аст, ки анҷоми он тавассути Паёмбари Акрам (с) амри собит шуда ва ошкор будааст ва гурӯҳи зиёде аз асҳоби Паёмбар (с) ва олимони дин ҳам аз ин суннат пайравӣ ё ба анҷоми он фатво додаанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед