Анвои мункар дар Қуръон ва Аҳодис 2

0
182

Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар
(Қисми шашум)
Анвои мункар дар Қуръон ва аҳодис (2)

Дар қисмати қабл бо ду мавриди мункари эътиқодӣ: Хурофот, табъиз дар аҳкоми дин ва панҷ мавриди мункари иҷтимоӣ: Мудпарастӣ ва тақлиди кӯркӯрона, ширкат дар маҷлиси гуноҳ, бадгӯӣ, бетафовутӣ ва паҳн кардани фаҳшо ошно шудем. Дар ин қисмат бо бархе дигар аз мункарҳои иҷтимоӣ, хонаводагӣ, иқтисодӣ ва мункарҳои ҷиҳодӣ ошно мешавем.

  1. Мункарҳои иҷтимоӣ

Тӯҳмат ва обурӯрезӣ:
Аз ҷумлаи мункарҳои иҷтимоӣ, тавҳину таҳқир, баддаҳонӣ кардан, ғайбат ва тӯҳмату обурӯрезӣ аст.

Тӯҳмат задан аз зишттарин корҳое аст, ки дини Ислом онро ба шиддат маҳкум кардааст, оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳои бисёре дар бораи ин мавзӯъ омадааст.

Қуръони Карим ин тавр рафтор бо дигаронро нишонаи афроди дӯзахӣ дониста ва дар бораи онҳо мефармояд:

كُلَّمَا دَخَلَتْ أُمَّةٌ لَعَنَتْ أُخْتَهَا

“Ҳар замон, ки гурӯҳе дохили (оташ) мешаванд, гурӯҳи дигарро лаънат мекунанд”. (Сураи Аъроф, ояти 38)

Гуноҳ, анҷоми кори ҳаром, дуруғгӯӣ, зулм кардан, оқибати бад доштан, лаъну нафарин шудан, аз байн рафтани имон ва дар охир ҳам дар оташи дӯзах сӯхтан аз оқибатҳои бади тӯҳмат ва обурӯрезӣ аст.

Ҳамчунин нисбат додани фарзанди номашруъ ба ҳамсар, нисбат додани гуноҳи худ ба фарди дигар, нисбат додани гуноҳ ба мӯъмин ва нисбат додани беиффатӣ (зино) ба занон, аз ҷумлаи тӯҳмату обурӯрезӣ ба шумор меоянд.

Паёмбари Акрам (с) дар мавриди оқибати тӯҳмат мефармоянд:

مَنْ ذَكَرَ امْرَأً بِمَا لَيْسَ فِيهِ لِيَعِيبَهُ بِمَا لَيْسَ فِيهِ حَبَسَهُ اللَّهُ فِي نَارِ جَهَنَّمَ حَتَّى يَأْتِيَ بِنَفَاذِ مَا قَالَ فِيهِ

“Касе, ки дар бораи шахсе чизе, ки дар ӯ нест бигӯяд то айбдораш кунад, Худованд ӯро дар оташи ҷаҳаннам маҳбус мекунад то инки гуфтаи худашро исбот кунад”. (Мӯъҷамул-авсат, ҷ 8, саҳ 380)

Пайравӣ аз шахсиятҳои дурӯғин:
Қуръони Карим ва аҳодиси бисёре моро аз пайравии шахсиятҳои дӯруғин монанди фасодкорон, исрофкорон, гуноҳкорон, залилон, ҷоҳилон, ҳавасбозон, ғофилон ва кофирон манъ кардаанд. Дар муқобил пайравӣ аз шахсиятҳои ҳақиқӣ монанди Анбиё, сиддиқин (ростгӯён), шаҳидон ва солеҳонро барои ҳар мусалмоне воҷиб донистаанд ҳамонҳое, ки дар ҳар намоз аз Худованди Мутаол мехоҳем, ки пайравӣ онҳо бошем:

اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ…

“Моро ба роҳи рост ҳидоят кун. Роҳи касоне, ки онҳоро шомили неъмати худ сохтӣ”. (Сураи Ҳамд, ояти 6-7)

Ба унвони намуна Қуръони Карим дар мавриди пайравӣ кардан аз гуноҳкорон мефармояд:

…وَلَا تُطِعْ مِنْهُمْ آثِمًا أَوْ كَفُورًا…

“Ва аз ҳеҷ гугаҳкор ё кофире аз онон итоат макун”. (Сураи Инсон, ояти 24)

Қуръони Карим дар мавриди пайравӣ аз исрофкорон мефармояд:

وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ

“Ва фармони исрофкоронро пайравӣ накунед”. (Сураи Шуаро, ояти 151)

Ҳамон тавре, ки баён шуд Қуръони Карим моро ба итоат ва пайравӣ аз афроди солеҳ ва ҳақиқӣ амр карда ва аз пайравии афроди дурӯғин ва гуноҳкору фосид манъ кардааст чаро, ки солеҳон моро ба маъруф амр мекунанд, аммо фосидкорон ва афроди бад моро ба мункар фармон медиҳанд ва мо ҳам бар асоси Қуръон ва cуннати Паёмбари Акрам (с) вазифа дорем аз фармони маъруф пайравӣ кунем ва аз фармони мункар итоат ва пайравӣ накунем.

Паёмбари Акрам (с) пайравиро танҳо дар корҳои нек дониста ва мефармоянд:

لَا طَاعَةَ لِأحَدٍ فِی مَعصِیَةِ الله إنَّمَا الطَّاعَةُ فِی المَعرُوفِ

“Дар маъсият (гуноҳ)-и илоҳӣ бар касе тоат (пайравӣ) нест, балки пайравӣ танҳо дар кори нек аст”. (Сунани Насоӣ, ҷ 7, саҳ 160)

  1. Мункарҳои хонаводагӣ

Вуҷуди олудагӣ ва корҳои нодуруст дар хонавода, сабаби фасоду бад кирдорӣ дар оянда мешавад. Аз муҳимтарин мункарҳои хонаводагӣ, суиистифода аз сармояи ҳамсар, маҳри зиёд, хостаҳои хориҷ аз тавони ҳамсар ва дахолатҳои нодурусти хешовандон байни зану шавҳар аст.

Бар асоси Қуръони Карим ҳазрати Шуайб (а) хост духтаршро ба ҳазрати Мӯсо (а) бидиҳад, ду навъ маҳрро пешниҳод кард барои инки ҳазрати Мӯсоро ба заҳмат ва сахтӣ наяндозад:

قَالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هَاتَيْنِ عَلَى أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمَانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْرًا فَمِنْ عِنْدِكَ وَمَا أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ

(Шуайб) гуфт: “Ман мехоҳам яке аз ин ду духтарамро ба ҳамрсарии ту дароварам, ба ин шарт, ки ҳашт сол барои ман кор кунӣ ва агар онро то даҳ сол афзоиш диҳӣ, муҳаббате аз ноҳияи туст. Ман намехоҳам кори вазнине бар дӯши ту бигузорам”. (Сураи Қасас, ояти 27)

Аз дигар мункарҳои хонаводагӣ бетаваҷҷӯҳӣ ба фарзандон ва табъиз миёни онҳо аст; Ҳамон тавре, ки шӯхиҳои нодуруст, интиқодҳои носаҳеҳ ва суханони бади волидайн дар ҳузури фарзандон ва ё дурӯғҳое, ки падару модар ба якдигар мегӯянд ва фарзанд онро мефаҳмад, ҳар кадом аз инҳо осори баде дар тарбияти фарзандон ва сарнавишти ояндаи онҳо дорад.

  1. Мункарҳои иқтисодӣ

Мункарҳои иқтисодӣ зиёд ҳастанд, вале мо чанд намуна аз онҳоро баён мекунем.

Рибо (суд ва фоидаи зиёд аз ҳад):
Қуръони Карим рибо ва рибохориро мункар ва эълони ҷанг бо Худованди Мутаол ва Паёмбари Ӯ дониста мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَالِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ

“Эй касоне, ки имон овардаед! Аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед ва он чӣ аз рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед, агар имон доред. Агар (чунин) намекунед, бидонед, Худо ва Расулаш бо шумо ҷанг хоҳанд кард. Ва агар тавба кунед, сармояҳои шумо аз они шумост, (асли сармояи бесуд), на ситам мекунед ва на бар шумо ситам ворид мешавад”. (Сураи Бақара ояти 278-279)

Хӯрдани моли ботил ва ҳаром:
Монанди гаронфурӯшӣ, камфурӯшӣ, фурӯхтани ҷинси айбдор, эҳтикор (анбор кардани ҷинсҳо). ба унвони намуна Қуръони Карим дар мавриди камфурӯшӣ мефармояд:

وَيْلٌ لِلْمُطَفِّفِينَ الَّذِينَ إِذَا اكْتَالُوا عَلَى النَّاسِ يَسْتَوْفُونَ وَإِذَا كَالُوهُمْ أَوْ وَزَنُوهُمْ يُخْسِرُونَ أَلَا يَظُنُّ أُولَئِكَ أَنَّهُمْ مَبْعُوثُونَ لِيَوْمٍ عَظِيمٍ

“Вой бар камфурӯшон! Онҳо, ки вақте барои худ вазн мекунанд, ҳақи худро ба таври комил мегиранд, Аммо ҳангоме, ки мехоҳанд барои дигарон вазн кунанд, кам мегузоранд. Оё онҳо гумон намекунанд, ки барангехта мешаванд, дар рӯзи бузург?!”. (Сураи Мутаффифин, ояти 1-5)

Қобили зикр аст, ки камфурӯшӣ танҳо марбут ба камфурӯшии фурӯшндагони хӯрданию пӯшидниҳо ё дигар чизҳо нест балки кормандону муаллимон ё дигар вазифадорони ҷомеаро ҳам шомил мешавад.

Ришва:
Ришвахорӣ аз ҷумлаи моли ҳаром ва мункар дар дини Ислом ва ҷомеаи исломӣ аст ва ба қадре зишт мебошад, ки Қуръони Карим ва аҳодис ба шиддат аз он манъ кардаанд, Худованди Мутаол дар мавриди ришвахорӣ мефармояд:

وَلَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ وَتُدْلُوا بِهَا إِلَى الْحُكَّامِ لِتَأْكُلُوا فَرِيقًا مِنْ أَمْوَالِ النَّاسِ بِالْإِثْمِ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ

“Ва амволи якдигарро ба ботил (ва ноҳақ) дар миёни худ нахӯред. Ва барои хӯрдани бахше аз амволи мардум, ба гугоҳ, (қисмате аз) онро (ба унвони ришва) ба қозиҳо надиҳед, дар ҳоле, ки медонед, (ин кор гуноҳ аст)”. (Сураи Бақара, ояти 188)

Паёмбари Акрам (с) ҳам дар ин маврид мефармоянд:

أخذُ الأمیر الهَدِیَّة سُحتٌ وَ قَبُولُ القَاضِی الرَّشوَة کُفرٌ

“Ҳадия гирифтани амир ва фармондор ҳаром ва ришва пазируфтани қозӣ баробар бо куфр аст”. (Ҷомеул-аҳодис, ҷ 2, саҳ 41)

Паёмбари Акрам (с) ҷойгоҳи ришвадиҳанда ва ришвагирандаро дӯзах дониста мефармоянд:

الرَّاشِی وَ المُرتَشِی فِی النَّارِ

“Ришвадиҳанда ва ришвагиранда (ҳардуяшон) дар оташи ҷаҳаннам ҳастанд”. (Муснади Имом Аҳмад, ҷ 5, саҳ 279)

Гирифтори қаҳтӣ ва мубтало шудан ба тарс аз осори зиёнбори густариши ришвахорӣ дар ҷомеа мебошад.

  1. Мункарҳои ҷиҳодӣ

Яке дигар аз анвои мункарҳо мункари ҷиҳодӣ аст, ки худи ин ҳам анвое дорад, ба бархе аз онҳо ишора мекунем.

Ғафлат аз душман:
Мавзӯи душманшиносӣ ва ғафлат накардан аз он дар дини Ислом аҳамияти бисёре дорад ва бидуни ҳушёрӣ ва душманшиносӣ наметавон бар тавтеаҳои душманон пирӯз шуд. Таърихи Ислом ва дигар кишварҳое, ки ба онҳо зулму ситам шудааст нишон медиҳад, ки золимон ҳамеша дар пайи нобудӣ ва ишғоли кишварҳои заъиф ва дуздии манобеи табиӣ онҳо будаанд. Имрӯз низ дар кишварҳои исломии монанди Фаластин, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳо шоҳиди душманӣ бо ақидаи исломӣ ва миллӣ ва дуздидани амволи мусалмонон ҳастем.

Қуръони Карим дар ин маврид мефармояд:

وَدَّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ تَغْفُلُونَ عَنْ أَسْلِحَتِكُمْ وَأَمْتِعَتِكُمْ فَيَمِيلُونَ عَلَيْكُمْ مَيْلَةً وَاحِدَةً

“Кофирон орзу доранд, ки шумо аз силоҳҳои худ ғофил шавед ва якбора ба шумо ҳуҷум оваранд”. (Сураи Нисо, ояти 102)

Ҳақиқатан ҷойи тааҷҷуб ва ҳайрат дорад, ки мо нисбат ба душмани худамон хобу ғофил бошем, вале душман нисбат ба мо бедор ва ҳушёр бошад.

Фирор аз майдони ҷанг:
Аз дигар мункарҳо фирор аз ҷабҳа ё майдони ҷанг аст, ки Қуръони Карим дар ин маврид мефармояд:

وَمَنْ يُوَلِّهِمْ يَوْمَئِذٍ دُبُرَهُ إِلَّا مُتَحَرِّفًا لِقِتَالٍ أَوْ مُتَحَيِّزًا إِلَى فِئَةٍ فَقَدْ بَاءَ بِغَضَبٍ مِنَ اللَّهِ وَمَأْوَاهُ جَهَنَّمُ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ

“Ва ҳар кас дар он ҳангом ба онҳо пушт кунад-магар онки мақсадаш канорагирӣ аз майдон барои ҳамлаи дубора ва ё ба қасди пайвастан ба гурӯҳе (аз муҷоҳидон) бошад,- чунин касе ба ғазаби Худо гирифтор хоҳад шуд ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам аст ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!”. (Сураи Анфол, ояти 16)

Худованди Мутаол Паёмбари Акрам (с)-ро аз ширкат дар намози ҷанозаи касе, ки дар ҷанг ширкат намекунад манъ мекунад:

وَلَا تُصَلِّ عَلَى أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا وَلَا تَقُمْ عَلَى قَبْرِهِ إِنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُوا وَهُمْ فَاسِقُونَ

“Ҳаргиз бар мурдаи ҳеҷ як аз онон, намоз нахон. Ва дар канори қабраш, (барои дуо ва талаби омурзиш) наист. Чаро, ки онҳо ба Худо ва Расулаш кофир шуданд ва дар ҳоле, ки фосиқ буданд, аз дунё рафтанд”. (Сураи Тавба, ояти 84)

Сарпечӣ аз фармондеҳ:
Бар асоси Қуръони Карим муъминони ҳақиқӣ касоне ҳастанд, ки ба Худо ва Паёмбараш имон овардаанд ва вақте бо Расули Акрам (с) дар коре ба таври ҷамъӣ бошанд, то аз ӯ иҷоза нагиранд ҷое намераванд:

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِذَا كَانُوا مَعَهُ عَلَى أَمْرٍ جَامِعٍ لَمْ يَذْهَبُوا حَتَّى يَسْتَأْذِنُوهُ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ أُولَئِكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ

“Мӯъминони ҳақиқӣ касоне ҳастанд, ки ба Худо ва Расулаш имон овардаанд ва ҳангоме, ки дар кори муҳимме бо ӯ бошанд, беиҷозати ӯ ҷое намераванд. Касоне, ки аз ту иҷозат мегиранд, ба ростӣ ба Худо ва Паёмбараш имон овардаанд”. Сураи Нур, ояти 62)

Ҷамъ кардани ғанимат:
Дар ҷанги Аҳзоб, ончи сабаби шикастхӯрдани мусалмонон ва кушта шудани гурӯҳе аз онҳо шуд, ҷамъ кардани ғанимат тавассути гурӯҳе аз сарбозони ҷабҳаи Ислом буд, ки вазифаи худро тарк карда ва ба ҷамъ кардани ғанимат машғул шуданд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед