Аҳамияти илм ва илмомӯзӣ дар Қуръон ва ҳадис(бахши аввал)

0
109

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Илм ва дониш ду боле ҳастанд, ки инсон метавонад бо онҳо то ба ниҳоят парвоз кунад. Арзиши ҳар инсон бо чигунагии ба коргирии онҳо муайян мешавад.  Илм ва дониш, огоҳӣ ва  маърифат  ҷойгоҳи инсонро баҷое мерасонанд, ки ҳатто фариштагон ҳам ба он  ҷойгоҳ ғибта мехӯранд. Ҳар қадар доноӣ ва илми инсон бештар шавад, нақши ӯ дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоӣ пуррангтар мешавад. Аз ҳамон рӯзҳои аввали хилқати инсон  дастури ба ёдгирии илм барои ӯ аз тарафи Худованди Мутаол  содир шуд ва шурӯъ ба ёдгирӣ кард. Худованди Мутаол дар ин робита мефармояд:

علم آدم الأسماء کلها

“Ҳамаи номҳоро ба Одам  омӯхт (Сураи Бақара, ояти 31)

Аз назари Қуръони Карим ва аҳодиси набавӣ илм як василаест, ки инсонро ба камол мерасонад ва дунёву  охирати ӯро обод мекунад, аммо ин нуктаро бояд донист, ки арзиши ҳар илме бастагӣ ба мавзӯи он илм дорад, ба ҳамин хотир аст, ки улуми динӣ ва илоҳӣ аз дигар илмҳо ашраф ва бартар ҳастанд.  Валекин ин сабаб намешавад, ки дигар улумро нахонд ва ё беарзиш ҳисоб кард. Дар як  нигоҳи куллӣ  Қуръони Карим ҳар илме, ки инсонро ба дунёпарастӣ бикашонад ва ба чанголи модиёт бидаҳад ва ҳадафи ӯро танҳо расидан ба моли дунё қарор диҳад, чизе ҷуз гумроҳӣ ва залолат нест.

Дар ин қисмат аз навиштор арзиши илм ва илмомӯзӣ аз дидгоҳи Қуръони Карим баҳс ва баррасӣ хоҳад шуд ва дар қисматҳои баъди аз назари аҳодиси набавӣ арзиш ва ҷойгоҳи илмро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Арзиши илм аз нигоҳи Қуръони Карим

Аз нигоҳи Қуръони Карим ин илм аст, ки сабаби бартарӣ ва бузургии инсон нисбат ба тамоми махлуқоти дигар мешавад ҳар махлуқе, ки нисбат ба асмо ва сифоти Худованди Мутаол олимтар бошад, дараҷот ва ҷойгоҳаш назди парвардигор болотар хоҳад буд. Худованди Мутаол дар сураи Бақара аз ояти 30 то  34  ҷараёни хилқати ҳазрати Одам(а)-ро баён мекунад ва илми он ҳазратро далели бартарии он аз малоикатуллоҳ медонад.

Қурьони Карим дар робита ба ин мавзуъ мефармояд:

وَعَلَّمَ ءَادَمَ ٱلۡأَسۡمَآءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمۡ عَلَى ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ فَقَالَ أَنۢبِ‍ُٔونِي بِأَسۡمَآءِ هَٰٓؤُلَآءِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

قَالُواْ سُبۡحَٰنَكَ لَا عِلۡمَ لَنَآ إِلَّا مَا عَلَّمۡتَنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ

“Ва ҳамаи номҳоро ба Одам(а) омӯхт, сипас онҳоро ба фариштагон арза дошт ва гуфт: Ман он чиро, ки медонам шумо намедонед.

Гуфтанд: муназзаҳи Ту моро донише ҷуз ончи ба мо омӯхтаӣ нест, танҳо Туи доно ва  ҳаким”(Сураи Бақара, ояти 31 ва 32)

Таълими инсонҳо яке аз ҳадафҳои беъсати анбиё(а)

Аз ҷумла нуктае, ки аҳаммияти фавқулодаи илм ва илм омӯхтанро аз нигоҳи Қуръони Карим исбот мекунад ин аст, ки таълими инсонҳо  тавасути пайғамбаронро яке аз ҳадафҳои беъсати анбиё зикр кардааст.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим дар ин бора ин тавр баён доштааст:

لَقَدْ مَنَّ اللّهُ عَلَى الْمُؤمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْ أَنفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبْلُ لَفِي ضَلالٍ مُّبِينٍ

“Ҳамоно Худо бар мӯъминон миннат ниҳод онгоҳ, ки дар миёнашон пайғамбаре аз худашон барангехт, то оёоташро бар онҳо бихонад ва покашон кунад ва китоб ва ҳикматашон биомӯзад ва ҳамоно пештар дар гумроҳии ошкор буданд” (Сураи Оли Имрон, ояти 164)

Инсонҳо бидуни таълим аз тарафи парвардигори ҷаҳониён бешак дар ҷаҳолат ва гумроҳӣ хоҳанд монд. Танҳо холиқи ҳастӣ аст, ки ба ҳамаи хайр ва шарҳо, салоҳ ва фасодҳо, саодат ва шақоватҳо огоҳӣ дорад ва бар уҳдаи Худованди Мутаол аст, ки дасти махлуқоти худро бигирад ва аз ҷаҳолат ва гумроҳӣ наҷот диҳад. Бешак! Худованди Мутаол ҳидоят ва таълими башарро бо беҳтарин ваҷҳи мумкин анҷом додааст ва хоҳад дод.

Илм сарчашмаи қудрат аст

Илм илова бар ин ки имон ва тақвои инсонро зиёд мекунад,  дар маорифи динӣ ва достонҳои қуръонӣ сарчашмаи қудрат дониста шудааст.  Ба ҳамин сабаб тавлид ва рушди илм дар ҷомеа сабаби иқтидор ва қудратманд шудани он ҷомеа хоҳад шуд.

Худованди Мутаол дар достони ҳазрати Сулаймон(а) чунин мефармояд:

قَالَ الَّذِى عِندَهُ عِلْمٌ مِّنَ الْکِتَبِ أَنَاْ ءَاتِیکَ بِهِ قَبْلَ أَن یَرْتَدَّ إِلَیْکَ طَرْفُکَ فَلَمَّا رَءَاهُ مُسْتَقِرّاً عِندَهُ قَالَ هَذَا مِن فَضْلِ رَبِّى…

“Аммо он касе, ки илме аз китоб дошт гуфт: Ман онро пеш аз онки чашм барҳам зани миёварам, пас чун Сулаймон(а) он тахтро назди худ ҳозир дид гуфт: Ин аз фазли Парвардигорӣ ман аст”(Сураи Намл, ояти 40)

 Ин ояти шарифа  марбут ба достони Ҳазрати Сулаймон(а) ва маликаи Сабо аст.  Ҳангоме  ки ҳазрати Сулаймон(а) мехостанд тахти маликаи Саборо  назди худ биёваранд, дар марҳилаи аввал яке аз қудратмандтарини ҷиниён пешниҳод кард, ки ман пеш аз онки аз ин маҷлис бархезед, он тахтро хоҳам овард.  Аммо он марде, ки андаке аз илми китобро медонист (вазири ҳазрати Сулаймон(а) Осиф ибни Бархиё), ки илм ва огоҳӣ ба ӯ чунон қудрат дода буд, ки даст ба корҳои хориқулода мезад, Осиф ибни Бархиё гуфтанд: Ман тахтро пеш аз он  ки чашм бар ҳам занед, хоҳам овард ва саранҷом ин корро кард ва тахтро дар назди ҳазрати Сулаймон(а) ҳозир кард.

Ин ояти шарифа ҳарчанд дар мавриди хоссе нозил шудааст, аммо намунаи боризест аз иқтидор ва ва қудратнамоии касе, ки заррае аз улуми илоҳиро омӯхтааст. Ин достон илова бар қудратнамоӣ инсонро нисбат ба омӯхтани улуми динӣ низ ташвиқ мекунад.

Дар ин робита аз ҳазрати Алӣ(к) низ нақл шудааст, ки фармуданд:

العلمُ سُلطَانٌ مَن وَجدَهُ صَالَ وَ مَن لَمْ یَجِدْهُ صِیلَ علَیه

Дониш султон ва қудрат аст ҳар кас онро биёбад, бо он пирӯз шавад ва ҳар кас онро аз даст бидаҳад, ӯро мағлуб кунанд. (Шарҳи Наҳҷулбалоға, Ибни Абилҳадид, ҷ. 20, саҳ 319)

Натиҷа

Бо таваҷҷӯҳ ба оятҳо ва нуктаҳое, ки зикр шуд ба хубӣ маълум аст, ки омӯзиши илм бар ҳамагон зарурӣ мебошад, ба вижа улуми илоҳӣ ва динӣ, ки баён шуд. Яке аз ҳадафҳои асосии  анбиёи илоҳӣ(а) таълими илм бар башарият будааст.

Тибқи фармоишотиӣ ҳазрати Алӣ(к) пешрафт ва қудрати ҳар чомеа бастаги ба сатҳи илмии он ҷомеа дорад.

Аммо нуктаи аз ҳама муҳимтар ин аст, ки мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки ҳама худро мусалмон медонанд, вале таълимоти динӣ дар ин ҷомеа мумнуъ шудааст ва ғайри қонунӣ ба ҳисоб меравад. Мо дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки таълими ҳамаи динҳо ғайр аз Ислом озод аст. Мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки масеҳиён аз аввалин рӯзи таваллуди фарзандашон ӯро ба калисо мебаранд ва касе ба онҳо намегӯяд бояд фарзанди ту 18 сола шавад, баъд иҷоза дорад ба калисо равад, дар ҳоле ки мо мусалмонон дар ватани худамон, ки як ватани мусалмоннишин аст, наметавонем фарзандонамонро ба масҷид барем, то замоне ки ба синни 18 бирасад, мо ба куҷо дорем меравем? Оё ҳокимони мо  давлатмардони мо, ки худро мусалмон мегӯянд, намедонанд ҳақи манъ кардани таълимоти диниро надоранд? Чаро мо мусалмонҳо дар ватани худ, ки як ватани мусалмоннишин аст, ҳасрат бихурем.  Замоне ки мебинем дар ватанамон як масеҳӣ дасти фарзанди хурдсоли худро мегирад ва ба калисо мебарад ва мо аз ин кор маҳрум бошем?

Ба умеди рӯзе, ки ҳама бо ҳам бедор шавем ва ба вазифаи худ амал кунем.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед