Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар танҳо роҳи наҷот 2

0
354

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар танҳо роҳи наҷот!
Қисмати дуввум

Муқаддима:
Оёте, ки амри маъруфро аз воҷиботи дини Ислом медонад, дар қисмати аввал зикр шуд.  Дар ин қисмат сарнавишти қавмеро, ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункар накарданд баён хоҳад шуд. Дар ин қиссаи қуръонӣ ибратҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бояд онҳоро омӯхт ва дар ҷомеа ба таври аҳсан амалӣ кард. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим дар сураи Аъроф достони қавмеро зикр мекунад, ки онҳо дар минтақаи Илла зиндагӣ мекарданд ва аз тоифаи бани Исроил буданд. Ин қавм дар замони ҳазрати Довуд(а) зиндагӣ мекарданд. ( Тафсири Руҳулмаъонӣ, зери ояти 165, сураи Аъроф)

Худованди Мутаол дар сураи Аъроф яке аз саҳнаҳои пурмоҷарои бани Исроилро, ки мавриди имтиҳони илоҳӣ қарор гирифтаанд, бозгӯ мекунад, то барои мусалмонон ибрат бошад.

Наҳваи озмоиши Худованд аз қавми бани Исроил
Ин қавми бани Исроил рӯзи шанбе тибқи амре, ки Худованд ба онҳо карда буд, набояд моҳӣ мегирифтанд ва Худованд ҳам барои озмоиши онҳо ба моҳиҳо дастур дода буд, рӯзи шанбе ба лаби соҳил биёянд ва дар рӯзҳои дигар аз онҷо хориҷ шаванд. Моҳиҳо дар ин рӯз ба ҳадде зиёд мешуданд , ки об аз зиёдии моҳиҳо дида намешуд. Ин қавмро шайтон фиреб дод. Ва роҳи чорае барои онҳо дуруст кард ва гуфт; шумо рӯзи шанбе, ки моҳиҳо меоянд, онҳоро аз тариқи кандани ҷӯйҳое ба самти чоҳҳо ҳидоят кунед, то рӯзи якшанбе натавонанд фирор кунанд ва онҳоро бигиред ва онҳо ин корро анҷом доданд. ( Тафсири Руҳулмаъонӣ, зери ояти 164,Сураи Аъроф)                                        Худованди Мутаол ба сабаби пайравӣ аз роҳнамоиҳои шайтон ва сарпечӣ аз дастуроти илоҳӣ ин қавмро ба азоби сахт гирифтор кард.

Худованди Мутаол дар Қурони Карим Паёмбари Акрам(с) ва пайравони воқеъии ӯро хитоб қарор дода мефармояд:

وَإِذْ قَالَتْ أُمَّةٌ مِنْهُمْ لِمَ تَعِظُونَ قَوْمًا اللَّهُ مُهْلِكُهُمْ أَوْ مُعَذِّبُهُمْ عَذَابًا شَدِيدًا قَالُوا مَعْذِرَةً إِلَى رَبِّكُمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ

“Ва(ба ёд оваред)ҳангомеро ки гурӯҳе аз онҳо(ба гурӯҳи дигар)гуфтанд чаро ҷамъе(гунаҳкор)- ро андарз медиҳед, ки саранҷом Худованд онҳоро ҳалок хоҳад кард ё ба азоби сахт гирифтор хоҳад сохт? (онҳоро ба ҳоли худ бигузоред, то нобуд шаванд)гуфтанд (ин андарзҳо)барои узрхоҳӣ дар назди Парвардигори шумост ба илова шояд онҳо (бипазиранд ва аз анҷоми гуноҳ бозгарданд ва) тақво пеша кунанд.” (Сураи Аъроф, ояти 164)

Аз иборатҳое, ки дар ояти шарифа зикр шудааст, чунин фаҳмида мешавад, ки ин қавм ба се гурӯҳ тақсим шудаанд ва аз гуфтаҳои муфассирон ҳам дар робита ба ин ояти шарифа ин ба даст меояд, ки ин қавм ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Гурӯҳи якум мутаҷовизони ҳудуди илоҳӣ, гурӯҳи дувум хомӯшон дар муқобили мункарот  ва гурӯҳи севум пандиҳандагон мебошанд. ( Тафсири Физилол, тафсири Кашшоф, Фахри Розӣ, Ибни Касир, тафсири Ҷалолайн ва тафсири Насафӣ зери ояти 164, Сураи Аъроф)

Аз ибороте, ки дар ояти шарифа зикр шудааст, чанд нуктаи муҳим ва асосӣ ба даст меояд:

1) Афроде, ки мавъиза мекарданд ҳадафашон ин будааст, ки рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Худованд шарманда ва рӯсиёҳ набошанд ва узре дошта бошанд дар қиболи вазифае, ки Худованд бар уҳдаи ҳар як аз бандагонаш гузошта аст, ки ҳамон амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст.

2) Афроди мавъизагар талош худро мекарданд ва ба вазифаи худ амал мекарданд, то шояд суханашон дар дили афроди мутаҷовизи ҳудуди илоҳӣ русух кунад ва ба суи парвардигор боз гарданд ва дар ниҳоят агар боз нагаштанд ин афрод вазифаи худро анҷом додаанд.   Мафҳуми ин суханон ин аст, ки ҳатто инсон агар эҳтимоли таъсири амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро бидиҳад, бояд ба вазифаи худ, ки амри ба маъруф кардан аст, амал кунад ва натиҷаро бигузорад барои Худо, вале бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки агар ҳукми Худо гуфта нашавад ва аз гуноҳе дар ҷомеъа интиқод ва эътироз нашавад, кам-кам ба фаромушӣ меравад ва сукут кардан далел бар ризоят маҳсуб мешавад. Дар натиҷа амри ба мункаркунандагон қудрат мегиранд. Мункарҳоро табдил ба маъруф ва маъруфҳоро табдил ба мункар мекунанд.

Намунаи ин табдил шуданҳоро мо дар ҷомеъаи имрӯзи худамон ба равшанӣ мебинем. Касоне, ки ҳиҷоби исломӣ доранд омилони мункар ва мутаҷовизони ҳудуди илоҳӣ, (ки лаънати Худо бар онҳо бод)  онҳоро бесавод ва ҳиҷобро аз фарҳанги бегона медонанд. Сабаби ин ҳама амалҳои пасти ҳокимони золим худи мо шудаем. Ва дар қуллаи аввал олимоне ҳастанд, ки мисли қавми бани Исроил хомӯш шуданд ва дар хонаҳои худ бо хорӣ ва пастӣ зиндагӣ мекунанд. Далелашон ин аст, ки мегӯянд мо дар бораи ҳиҷоб ё беадолатиҳои ҳукуматҳо сухане намегӯем, ба ин хотир, ки намехоҳем вориди сиёсат бишавем. Дар ҳоле ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункар,  аввал бар олимони дин воҷиб аст, баъд бар дигарон. Албатта бояд донист, ки ин сукути тӯлонии олимони мо ба хотири тарс аст, на сиёсат ва чизи дигар ва тарсидани онҳо далелҳои худро дорад, ки инҷо ҷои сухан гуфтани он нест.

Нуктаи дигаре, ки дар ояти 164, Сураи Аъроф вуҷуд дорад ин аст, ки вақте гурӯҳи сокитон ба гурӯҳи андарзгуён тазаккур медиҳанд, ки чаро қавмеро, ки Худованд онҳоро ҳалок мекунад ё азоби сахт медиҳад, шумо мавъиза мекунед? Гурӯҳи андарзгӯён ҷавоб медиҳанд ( қолу маъзиратан ило раббикум) барои ин ки узре бошад назди парвардигоратон. Нукта дар ин аст, ки намегӯянд узре бошад назди парвардигори мо, ин яъне ба гурӯҳи сокитон мефаҳмонанд, ки ин масъулияти амри ба маъруф ва наҳй аз мункар масъулияти шумо ҳам ҳаст. Яъне ин масъулият танҳо бар уҳдаи афроди хос нест, балки бар уҳдаи ҳамаи мусалмонон мебошад. Чи қадар оятҳои илоҳӣ дақиқ ҳастанд, агар ба онҳо хуб таваҷҷӯҳ шавад.

Аммо нуктаи ахир ва бисёр қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки гурӯҳе, ки сокит буданд дар муқобили мутаҷовизон ва монеи амри маъруф кунандагон мешуданд, суханашон ин буд, чаро мавъиза мекунед. Ин ҳамон сухане аст, ки дар ҷомеаи мо борҳо ва борҳо шунида мешавад, аз забони раҳбарони динӣ ва падарони азиз, ки мегуянд; писарам чизе нагӯ коре накун ва…. ки ҳамаи мо ба он суханҳо ошно ҳастем ва ин тавр корҳо боис шудааст фарзандони мо аз хурдсолӣ бо тарс ва ваҳшат бузург шаванд.

Сарнавишти ин қавм чӣ шуд?
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

فَلَمَّا نَسُوا مَا ذُكِّرُوا بِهِ أَنْجَيْنَا الَّذِينَ يَنْهَوْنَ عَنِ السُّوءِ وَأَخَذْنَا الَّذِينَ ظَلَمُوا بِعَذَابٍ بَئِيسٍ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ

“ Аммо ҳангоме ки фаромӯш карданд он чизеро, ки ба онҳо тазаккур дода шуда буд (азоб расид) наҳй кунандагон аз бадиро наҷот додем ва касонеро, ки ситам карданд ба хотири нофармонияшон ба азоби сахт гирифтор кардем ” ( Сураи Аъроф, ояти 165)

Дар воқеъ дунёпарастӣ бар онҳо(бани Исроил) ғалаба кард ва фармони илоҳиро, ки  рӯзи шанбе моҳи сайд накардан буд, фаромӯш карданд ва гирифтори азоби илоҳӣ шуданд. Баҳс дар ин ояти шарифа ин аст, ки ин азоби илоҳӣ шомили кадом аз ин се гурӯҳ шудааст ? Қабл аз матраҳ кардани баҳс бояд донист, ки оят инро мефармояд   أَنْجَيْنَا الَّذِينَ يَنْهَوْنَ عَنِ السُّوءِ  (наҷот додем касонеро, ки аз кори  бад дигаронро наҳй мекарданд.) Яъне ояти шарифа ба равшанӣ мефармояд фақат амри маъруфкунандагон наҷот дода шуданд.

Дар идомаи оят Худованди Мутаол мефармояд وَأَخَذْنَا الَّذِينَ ظَلَمُوا بِعَذَابٍ بَئِيسٍ  (ва касонеро, ки зулм карданд ба азоби сахт гирифтем.)  Қуръони Карим ин матлабро ба равшанӣ баён кард ки ; наҷот додем касонеро, ки аз бадӣ мардумро наҳй мекарданд ва касонеро, ки  зулм мекарданд ба азоби сахт гирифтем.

Дар мавриди гурӯҳи севум яъне ҳамон касоне, ки сокит ва хомӯш буданд, Қуръони Карим ба равшанӣ нагуфтааст, онҳоро наҷот додааст ё азоб кардааст. Муфассирони аҳли суннат дар робита ба ин ки Худо чанд гурӯҳро азоб кардааст, ба ду даста тақсим мешаванд:

1) Худо дар бораи касоне, ки хомӯш буданд чизе нагуфтааст, ки азоб шудаанд ё наҷот ёфтаанд, пас мо ҳам намедонем сарнавишти онҳо чӣ шуд;  ба азоб дучор шуданд ё наҷот ёфтанд. ( Тафсири Физзилол, зери ояти 165, Сураи Аъроф)

2) Аз Ибни Аббос(р) саҳобаи Расули Худо(с) дар тафсири ин ояти шарифа нақл шудааст, ки баёнгари ҳалок шудани ду фирқа мебошад, Ибни Аббос мегӯяд; ду фирқа ҳалок шудаанд ва як фирқа наҷот ёфтаанд. Замоне ки эшон ин оятро тиловат мекард, ба гиря афтода мефармуд; гурӯҳе, ки сокит монданд ба азоби илоҳӣ дучор шуданд ва вой бар мо, ки   корҳоеро мебинем, ки мункар ҳастанд ва хомуш истода амри ба маъруф намекунем. ( Тафсири Фахри Розӣ, Руҳулмаъонӣ, ва Тафсири Кашшоф, зери ояти 165, Сураи Аъроф). Қавли дуввум ба ҳақиқат наздик аст, чаро ки худи Худо ба сароҳат дар ояти мавриди баҳс гуфтааст أَنْجَيْنَا الَّذِينَ يَنْهَوْنَ عَنِ السُّوءِ  наҷот додем касонеро, ки аз кори бад онҳоро наҳй мекарданд ва дар мавриди мутаҷовизон мегӯяд; وَأَخَذْنَا الَّذِينَ ظَلَمُوا بِعَذَابٍ بَئِيسٍ  яъне касонеро, ки зулм кардаанд ба азоби сахт гирифтор кардем.                                                                                     Ҳоло бояд донист, ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аз воҷиботи илоҳӣ мебошад ва ба ҷо наовардани воҷиби илоҳӣ зулм ба ҳисоб меояд. Ҳамон тавре, ки Худо ба кори бади сайёдони моҳи, ки дар рӯзи шанбе сайд карданд, унвони зулмро додааст, пас ба ҳамин далел амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро ба ҷо наовардан як зулми бузург ба худ ва ҷомеа ба ҳисоб омада ва сарпечӣ аз дастури Худованди Мутаол мебошад, ки азоби илоҳиро дар пай дорад. Он қисмате аз ҳадис, ки ҷаноби Ибни Аббос(р) мегӯяд; мо корҳоеро мебинем ва сокит(хомӯш) меистем, ишора ба ҷомеъи имрӯзаи мо мусалмонон дорад.  Дар ҳақиқат уламо ва донишмандони мо пайрави ҳамон гурӯҳи хомуши бани Исроил ҳастанд, ки дар хонаву кошонаи худашон нишастаанд ва коре ба ҳокимони золим надоранд. Ҳатто агар як ҷавон бихоҳад сухане бар зидди зулм ва беадолатӣ бигӯяд ва аз ҳаққи худаш ё хоҳари мусалмонаш дифоъ кунад, ӯро сарзаниш карда иҷозати сухан гуфтанро намедиҳанд ва барои пӯшондани амали паст ва нангини худашон даст ба домони Худо зада мегӯянд; Худо бузург аст, Худо қодир аст шумо дуъо кунед  худаш ҳамаро дуруст мекунад. Мутаасифона инҳо ё кур ҳастанд ва ё худро ба курӣ задаанд.  Ҳама медонанд, ки Худо қодир ва тавоност ва агар бихоҳад ҳама чизро дурӯст мекунад, аммо ҳикмати Худои Мутаол дар ин аст, ки мо худамон бихоҳем ва он хостаро дар амаламон нишон диҳем ва агар ғайр аз ин бошад, Худованд ҳеҷ чизро тағйир нахоҳад дод.

Азоби илоҳӣ бар сари ин қавми дунёпараст ва тарсу чӣ буд?
 Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

فَلَمَّا عَتَوْا عَنْ مَا نُهُوا عَنْهُ قُلْنَا لَهُمْ كُونُوا قِرَدَةً خَاسِئِينَ

“ Ҳангоме ки дар баробари ончи ки аз он наҳй шуда буданд сарпечӣ карданд, ба онҳо гуфтем; ба шакли маймунҳои раҳошуда дароед.” ( Сураи Аъроф, ояти 166)

Худованди Мутаол қавми бани Исроилро ба сабаби сарпечӣ аз дастуроташ ва касонеро, ки онҷо буданд ва аз кори бад онҳоро наҳй накарданд, ба шакли маймунҳо даровард. Ин азоби сахти илоҳӣ аст ва касоне, ки ҳамонанди ин қавм аз дастуроти илоҳӣ сарпечӣ мекунанд ва касоне ҳам, ки тамошогари гуноҳ дар ҷомеа ҳастанд, бояд бидонанд, ки чунин азоби илоҳӣ махсуси қавми бани Исроил намебошад,

Умедвор ҳастем, ки мо ҳам бо талош ва кушиш худамонро ислоҳ кунем, то аз зумраи нофармонони Худо набошем ва зиндагии шарофатмандонаро дар пеш гирем. Инро бояд донист, ки марги бо иззат беҳтар аз зиндагии бо зиллат аст.!

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед