Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар танҳо роҳи наҷот 1

0
345

 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар танҳо роҳи наҷот
Қисмати аввал

Муқаддим:
Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар яке аз бузургтарин воҷиботи  дин аст ва ба ҳамин далел оёти зиёде дар Қуръони Карим мушоҳида мешавад, ки мусалмононро даъват ба амри маъруф ва наҳй аз мункарот мекунад. Гарчанде ки оёти фаровоне дар ин мавзӯъ  омадааст, аммо ба ду то аз оёт барои оғози ин баҳс басанда карда ва мавзӯъро аз  ду  тариқ мавриди баррасӣ  қарор медиҳем:

1) Ояте, ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро аз воҷиботи дини мубини Ислом  меҳисобад.

2) Ояте, ки баёнкунандаи сарнавишти қавме аст, ки амри ба маъруф ва наҳи аз мункар накарданд ва гирифтори азоби илоҳӣ шуданд.

Қуръони Карим дар робита ба фарз ва воҷиб будани амри ба маъруф ва наҳй аз мункар фармудааст:

وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

“ Ва бояд аз миёни шумо гур­ӯҳе бошад, ки(мардумро) ба суи корҳои нек даъват кунанд. Ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд ва яқинан онҳо растагоронанд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 104)

Луғатҳо
Калимаи маъруф ба маънои машҳур, шинохташуда ва кори шинохташуда мебошад.( Вожаи “маъруф” луғатномаи Мунтаҳалараб)

Калимаи мункар ба маънои кори бад, қабеҳ, номашруъ, кори ношоиста ва нописанд мебошад.
( Вожаи “мункар” луғатномаи Мунтаҳалараб)

Дар робита ба ин ки амри ба маъруф як фаризаи динӣ ба шумор меояд, ҳамаи муфассирони ҷаҳони Ислом алалхусус муфассирони аҳли суннат ва ҷамоъат монанди Кашшофи Замахшарӣ, Фахри Розӣ, Руҳулмаонӣ, Ибни Касир, Қуртубӣ дар зайли ҳамин оят мегӯянд амри ба маъруф ва наҳй аз мункар як воҷиби динӣ ба ҳисоб меояд.

Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ба чӣ касоне воҷиб аст ?

Дар миёни муфассирон барои исботи ин ки ояти мазкур ҳамаи мусалмононро таклиф мекунад, ки амри ба маъруф кунанд ё бар баъзе онҳо ин дастур воҷиб шудааст, ихтилофи назарҳое ба вуҷуд омадааст. Маншаи ин ихтилофи назарҳо аз ҳарфи  “мин” ки дар оят ҳаст, пеш омада аст. Ду қавли муҳиме, ки сабаби ихтилофи назарҳо шудааст чунин аст, ки гурӯҳе “мин” ро баъзия мегуянд ва гурӯҳе “мин” ро баёния гуфтаанд.

Назари касоне ки “мин” ро баёния мегӯянд бо ду далел назари худро зикр  кардаанд:

1) Худованди Мутаол амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро ба ҳамаи мусалмонон воҷиб кардааст онҷо ки Қуръони Карим мефармояд:

كُنْتُمْ خَيْرَ أُمَّةٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ

“ Шумо беҳтарин қавмҳое ҳастед, ки ба (фоидаи) инсонҳо офарида шудаед (зеро) мардумро ба (сӯи корҳои) хуб даъват мекунед ва эшонро аз (корҳои) бад боз медоред.” ( Сураи Оли Имрон, ояти 110)

2) Ҳеҷ мукаллафе нест, магар ин ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункар бар ӯ воҷиб нашуда бошад. Ин воҷиб ё бо забон аст ё бо даст аст ва ё бо қалб.  Бар асоси қоидаи ақлии дафъи зарари эҳтимолӣ бар  мукаллафин воҷиб аст, ки дар ҳар шароите амри ба маъруфро анҷом диҳанд.
( Тафсири Фахри Розӣ зайли ояти 104, Сураи Оли Имрон)

Аз маҷмӯаи гуфтаҳои Имом Фахри Розӣ чунин бардошт мешавад, ки ҳарфи “мин”­­- дар ояти мавриди баҳс баёния мебошад на баъзия. Яъне  ҳар шахсе, ки ба сини таклиф расид вазифадор аст, ки ин воҷиби илоҳиро ба ҷо оварад. Ҳамон тавре, ки иқомаи намоз, рӯза гирифтан, ва ҳаҷ рафтан ҳамчун як ҳукми зарурии Худо аст, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар низ воҷиби илоҳӣ мебошад ва зану марди мусалмон бояд ин дастури илоҳиро анҷом диҳанд.

Назари касоне, ки “мин”- ро баъзия гуфтаанд бо чаҳор далел исботи иддиъо мекунанд. Дар ин навиштор ба хотири риояти кӯтоҳ гуфтан ду далелро зикр мекунем:

1) Касоне, ки мегӯянд “мин” дар ояти мавриди назар баъзия мебошад ба ин далел аст, ки дар миёни уммати Ислом занон, беморон ва пиронсолон ҳаст, онҳо тавоноии анҷоми амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункарро надоранд ва бар эшон ин ҳукми илоҳӣ воҷиб намебошад. Лекин ин ҳукм ва амри илоҳи шомили донишмандон мешавад. Яъне касе ки огоҳ аз маъруф ва мункар будани он кор бошад ва агар касе донишманд набошад, дар ҷое, ки бояд сахтгирӣ кунад осон мегирад ва дар ҷое ки бояд осон бигирад сахт мегирад.

2) Имом Фахри Розӣ ин қавлро ба Заҳҳок нисбат дода, баён мекунад тарафдорони ин қавл мегӯянд: мақсуди ин оят саҳобагони Расули Худо(с) мебошанд, зеро эшон буданд, ки аз Паёмбар(с) таълим мегирифтанд ва мардумро таълим медоданд. ( Тафсири Фахри Розӣ, зайли ояти 104, Сураи Оли Имрон)

Умуман тамоми муфассирони ҷаҳони Ислом амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро бар ҳамаи мусалмонон воҷиб медонанд. Баъзеҳо аз тарси золимони ҷаббор мегӯянд, амри ба маъруф як воҷиби кифоӣ аст ва шомили мо намешавад, албата чунин маъно кардан реша дар хислати тарсу будани онҳо дорад. Гарчанде ҳамаи олимон амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро як воҷиби кифоӣ медонанд. Аммо бояд таваҷҷӯҳ кард, ки агар идораи ҳукумат дар дасти  ҳокими золим бошад ва мардумро ба мункар ва бадиҳо амр кунад масалан ин ҳоким ба занҳои мусалмон иҷозат надиҳад, ки ҳиҷоби исломиро ба ҷо оваранд ва дар минбари давлат занони бо ҳиҷобро шахсони бесавод ва гумроҳ муаррифӣ кунад, дар чунин ҳолат амри ба маъруф бар ҳамагон воҷиби айнӣ мешавад, мисли хондани намоз ва додани закот, ки бар ҳамагон воҷиб аст, на мардуми хос. Имом Фахри Розӣ барои мардуми баҳонаҷӯ дар зери ояти 104, сураи Оли Имрон қоидаеро баён кардааст, ки дигар мардуми баҳонаҷӯ роҳи фирор надошта бошанд, барои анҷом надодани амри маъруф ва наҳи аз мункар қоида ин аст.“ Ман биҳил кифоя” яъне агар як гурӯҳе аз мардум дар муқобили беадолатии ҳокими бехирад ва зулмҳои ӯ натавонистанд пеши роҳи чунин ҳокимро бигиранд, ин ба он маъно аст, ки шароити “ Ман биҳил кифоя” фароҳам нашудааст, ҳоло агар ин шароит фароҳам нашуда бошад пас натиҷа ин мешавад, ки дар муқобили ҳокими золим барои дифоъ аз арзишҳои исломӣ ва инсонӣ бояд ҳамаи мардум ба по хезанд ва амри ба маъруф бар ҳамагон воҷиб хоҳад шуд, магар то замоне ки гурӯҳи махсусе амри маъруфкунандаҳо ташкил шаванд. Ё ба иборати дигар замоне ки гурӯҳи махсус ба ин қудрат расиданд ва тавонистанд дар муқобили ҳокими золим аз мазлум дифоъ кунанд, дар ин ҳолат амри ба маъруф як воҷиби кифоӣ мешавад.

Агар ғайр аз ин бошад ва қудрати мусалмонон ба андозаи лозим набошад онҳо наметавонанд дар муқобили чунин ҳокими золим хеста ва муқобили ӯ эътироз кунанд ва аз ҳақи хоҳар ва бародари мусалмони худ дифоъ кунанд.  Дар воқеъ ин қоида гӯёи он аст, ки то замоне як гурӯҳи хоссе пайдо нашавад, аз ҳаққи мардум дифоъ кунад бар ҳамаи мусалмонон амри ба маъруф воҷиб аст, на бар баъзе афроди хос, зеро агар чунин накунанд воҷиботи илоҳӣ ва ҳайсияти мусалмонӣ аз байн хоҳад рафт ва қоидаи “Ман биҳил кифоя” иҷро нашудааст.

Паёмбари Акрам(с) мефармояд:

 Бояд амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кунед, вагарна Худованд ҳокими ситамгареро бар шумо мусаллат мекунад, ки на ба пиронсолон эҳтиром мегузорад ва на ба хурдсолон раҳм мекунад. Некон ва солеҳони шумо дуъо мекунанд, вале дуъои онҳо иҷобат намешавад ва аз Худованд ёрӣ талаб мекунанд, аммо Худованд онҳоро кӯмак намекунад. Ҳатто тавба мекунанд, Худованд тавбаи онҳоро қабул намекунад ва аз гуноҳи эшон намегузарад. (Тафсири Руҳулмаъонӣ, зери ояти 104, Сураи Оли Имрон)

Вақте ҳар хонандае ин ҳадисро мехонад, фикр мекунад,ки Расули Худо(с) ин ҳадисро 1400 сол пеш барои мусалмонони ҷомеаи мо гуфтааст. Яъне ҳақиқатан ин ҳадис гуёи ҷомеаи имрӯзаи мо мусалмонон мебошад, зеро ҳам ҳокимони мо золим ҳастанд ва ҳам пешвоёни мо гирифтори нафси худашон шудаанд, аз тарс дар муқобили ҳокими золим хомӯш ҳастанд. Мутаассифона имрӯз кори мо мусалмонон ба ҷое расида аст, ки  ҳокими ноаҳл ва золим худашро соҳиби дин ва дунёи мардум дониста, ҳар тавре ки бихоҳад нақшаи зиндагии мардумро мекашад ва мункиротро ба маъруф  ва маъруфҳоро ба мункар табдил кардааст. Барои мисол ҳиҷоб(сатр), ки як зарурати динӣ ба шумор меравад пеши роҳи онро мегирад ва занҳои бо ҳиҷобро ақибмонда мехонад ва ҳамин тавр рӯз то рӯз шароити маишатии мардум сахт шудааст ва дар айни ҳол шароити маишатии ҳокими золим ва хонадонаш монанди фиръавн буда, дар сархушию мастӣ зиндагӣ мекунанд. Ҷудое аз ин ки агар амри ба маъруфро анҷом надиҳем гирифтори азоб ва хашми илоҳӣ мешавем, бояд мунтазири он рӯзе бошем, ки дар ҷомеаи исломӣ беҳиҷобӣ ва беҳаёӣ ба як фарҳанг табдил хоҳад шуд ва ин нақшаи душманони     дин аст, ки аз тариқи ҳокимони шаҳватрон ва золим ва дар зоҳир  мусалмон онро амалӣ мекунанд. Танҳо роҳи наҷоти моро Расули Худо(с) бо сароҳат ҳамон тавре ки баён шуд гуфтаанд, ки он ба ҷо овардани амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункар яъне истодан дар баробари ҳокимони золим ва беадолатиҳо мебошад.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим роҳи наҷот аз зери султаи ҳокимони золимро низ бо равшанӣ баён кардааст:

إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ

“ Худованд сарнавишти ҳеҷ қавме(миллате) ро тағйр намедиҳад магар онки онҳо ончи дар худашон бударо, тағйр диҳанд.” (Сураи Раъд, Ояти 11)

Ояти шарифа ҷавоби касоне аст, ки мегӯянд, лозим нест мо коре бикунем, Худо бузӯрг аст ва худаш ҳар замоне хост султаи золимонро аз сари мо мегирад. Ҳол онки ҳикмат ва хости Худо бар ин аст, ки то худи инсонҳо нахоҳанд ва дар амал хостаи худро нишон надиҳанд, то абад дар зери султаи фиръавн сифатон хоҳанд монд, пас мо бояд худамон коре ва ҳаракате дар муқобили ҳокими золим бикунем, то ҳайсияти  мо мусалмононро ба нобудӣ набарад, бархезем ва дар ҷомеаи худ ислоҳот ва дигаргунӣ анҷом диҳем, то дар рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Худои Мутаол ва Расули Акрам (с)шармсор ва сарафканда набошем.

Идома дорад……..

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед