Адои намозҳои қазоӣ

0
495

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳар намозе, ки вақташ бигузарад ва қазо шавад бар шахс лозим аст, ки қазои намозашро адо кунад ва фарқе намекунад, ки он намози қазошуда амдан (дониста) ё саҳван (надониста) қазо кардааст ё ба сабаби навм (хоб) қазо шуда бошад, хондани қазои ин намозҳо воҷиб аст. Ҳамчунин фарқ намекунад, ки намозҳое, ки қазо кардааст кам (як намоз) бошад ё зиёд (намози якрӯза ё чандрӯза) бошад.

Масъалаи якум

Агар касе маҷнун бошад ва намози вай дар ҳолати ҷунунаш қазо шавад, қазо бар ӯ лозим нест, дар ҳолати ҷунун ҳам адои намоз бар гардани вай воҷиб нест.

Масъалаи дуюм

Касе, ки мусалмон мешавад, аммо илму аҳкоми намоз бар ӯ нарасида бошад ва танҳо калимаи шаҳодат ба ӯ расида бошад ва пас аз муддате мутаваҷҷеҳ шавад, бар чунин шахсе қазои намоз воҷиб нест.

Масъалаи сеюм

Касе, ки беҳӯш шавад ё бемории припатка дорад ё бемор асту бемориаш ҳам ба ҳадде аст, ки ҳатто намозро бо имо ва ишора ҳам наметавонад бихонад, қазо бар гарданаш воҷиб нест.

Масъалаи чаҳорум

Тартиби адои намозҳои қазоӣ чунин аст, ки шахсе, ки як намоз то панҷ намозро қазо карда бошад ибтидо намозҳои қазоиро ба тартиб, яъне аз бомдод шурӯъ карда ва бо хуфтан тамом мекунад ва баъд аз он намози вақташро мехонад, аммо шахсе, ки шаш намоз ё бештар аз онро қазо кардааст, риояти тартиб бар ӯ лозим нест. Ба чунин касе, ки намозҳоро ба тартиб мехонад, соҳиби тартиб гуфта мешавад ва соҳиби тартиб ҳам лозим нест, олим ва аҳли илм бошад ва ба кудаке ҳам, ки ба балоғат мерасаду хондани намозҳоро ба тартиб ёд мегирад, соҳиби тартиб гуфта мешавад. Албатта лозим ба зикр аст, намози витр дар ин тартиб дохил намешавад, зеро риояти тартиб танҳо барои намозҳои мактуба ва мафруза (фарзӣ)-и панҷгона мебошад.

Масъалаи панҷум

Агар шахсе бихоҳад қазои намози ду рӯзаи худро бихонад, беҳтар он аст, ки ба тартиб ва аз рӯзи аввал бихонад ва барои ҳар кадом аз намозҳо азон ва иқома бигӯяд, аммо агар танҳо як азон бигӯяду барои намозҳои дигар иқома бигӯяд ҳам кифоят аст, вале чунин шахсе чун тартиб бар ӯ воҷиб нест, метавонад ду намози бомдод бихонад ва пас аз он ду намози пешин ва ҳамин тавр то охир.

Масъалаи шашум

Чуноне, ки зикр шуд бар шахси соҳиби тартиб воҷиб аст, ки ибтидо намозеро, ки қазо шудааст, адо кунад ва сипас намози вақтро бихонад, аммо дар ҳангоме, ки вақт танг аст ва танҳо вақт барои хондани намози ҳамон вақт аст, дар ин ҳолат тартиб воҷиб нест ва шахси намозгузор аввал намози вақтро мехонад ва пас аз он намози қазоро адо мекунад.

Масъалаи ҳафтум

Намозҳои қазоӣ ду навъ мешавад: қадимӣ ва нав, намозҳои қадимӣ, намозҳое ҳастанд, ки масалан як ё ду моҳ пеш қазо кардааст ва намозҳои нав, намозҳое, ки имрӯз қазо кардааст. Барои намозҳои нав тартиб воҷиб аст.

Масъалаи ҳаштум

Адои намозҳои қазо ба сурати ҷамоъат: намозҳои қазоиро ҳам метавон ба монанди намозҳои фарзи панҷвақта ба сурати ҷамоат ва ба сурати ҷаҳрия хонд ва ҳатто намозгузор метавонад суннати намози бомдодро ҳам то қабл аз зуҳр бихонад.

Масъалаи нуҳум

Бояд таваҷҷӯҳ кард, ки қазо кардани намозҳо ба сурати амдӣ ва дониста илова бар онки қазои он бар гардани шахси намозгузор воҷиб мешавад гуноҳ ҳам дорад, аммо дар мавриди намозҳое, ки саҳван ва надониста қазо мешаванд, Паёмбари Акрам мефармоянд:

مَن نَسِیَ صَلاة فليُصلِّ إِذا ذكرَها لا كفَّارَة لها إِلاَّ ذلِك

Касе, ки намозашро фаромӯш кунад, ҳангоме, ки ба ёдаш омад онро қазо мекунад ва каффорае бар гардани ӯ нест, ҷуз хондани қазои он намоз. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 1, саҳ 122)

Ё дар ҷои дигар омадааст:

مَن نَسِيَ صَلَاةً أو نَامَ عَنهَا فَليُصَلِّيهَا إذَا ذَكَرَهَا

Касе, ки дар вақти намоз хоб монад ё адои намозро фаромӯш кунад, бар гардани ӯ аст қазои намоз. (Саҳеҳи ибни Ҳаббон, ҷ 4, саҳ 423)

Масъалаи даҳум

Агар шахсе дар ҳолати муқим будан намозашро қазо кардааст, чи дар ҳолати муқим бошад ва чи дар ҳолати мусофир намози қазоро комил мехонад ва агар шахсе дар сафар намозро қазо кардааст, чи дар сафар ва чи дар ҳазар, намози қазоро бояд мувофиқи сафар, яъне шикаста бихонад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед