Аҳкоми талоқ(бахши панҷум)

0
61

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Чанд масъалаи дигар аз аҳкоми талоқ:

1) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки ту баъд аз суннат талоқ ҳастӣ (яъне дар сурате, ки шароити талоқи суннӣ ҳосил шуд, ту талоқ ҳастӣ), дар ин сурат баъд аз аввалин ҳайз ва пок шудан аз он талоқ ҳосил мешавад.

2) Агар марде ба зани худ бигӯяд ҳар замоне, ки фарзанд ба дунё оварди талоқ ҳастӣ ба равиши суннатӣ, дар инҷо агар зан дар як вазъи ҳамл се фарзанд ба дунё оварад, бинобар қавли имом Абу Ҳанифа(р) ва Абу Юсуф (р) ин шарт ҳосил намешавад (яъне наметавон гуфт, ки чун се фарзанд ба дунё овардааст, пас се бор талоқ мешавад) ва фақат баъд аз ба дунё омадани фарзанди аввал як талоқ воқеъ мегардад, зеро ки бинобар назари имом Абу Ҳанифа(р) ва Абу Юсуф (р) хуни нифос пас аз фарзанди аввал аст ва дар сурати пок шудан аз он як талоқ ҳосил мешавад. Дар инҷо талоқи дуввум ва севвум баъд аз ду ҳайз ва пок шудани аз он бо риояти шароити талоқи суннӣ ҳосил мешаванд (на баъд аз ба дунё омадани фарзанди дуввум ва севвум).

Аммо агар мард бигӯяд бо ҳар фарзанде, ки ба дунё меоварӣ як талоқ ҳастӣ, дар ин сурат агар зан дар як вазъи ҳамл се фарзанд ба дунё оварад, се бор талоқ ба равиши суннатӣ шудааст.

Вале агар мард ба зани худ бигӯяд, ки ту пас аз ба дунё овардани фарзанд талоқ ҳастӣ ба равиш бидъӣ, дар ин сурат агар зан дар як вазъи ҳамл се фарзанд ба дунё оварад, се талоқ дар як замон ҳосил мешавад, ба ҳамон равиши бидъӣ.

(Равиши бидъӣ ҳамонтавр, ки қаблан тавзеҳ дода шудааст равише аст, ки талоқдиҳанда баъд аз пок шудани зан аз ҳайз ба якбора ӯро се талоқ бидиҳад ва ё инки баъд аз пок шудан бо ӯ ҳамбистар шавад ва баъд аз он занро талоқ диҳад, дар ин сурат мард муртакиби гуноҳ шудааст, вале талоқ ҳосил мешавад).

2) Агар марде ҳамсари худро зиҳор кард ва баъд қабл аз инки каффораи зиҳорро бипардозад ӯро ба равиши суннатӣ талоқ диҳад, дар ин сурат ин талоқ ҳосил гашта ва ҳурмати зиҳор монеъ аз талоқ намешавад.

Зиҳор чист?

Зиҳор яъне шабеҳ кардани ҳамсар ба яке аз маҳрамҳои худ. Вақте ки мард ба ҳамсари худ бигӯяд ту барои ман монанди пушти модарам (ё хоҳарам) ҳастӣ, инро зиҳор меноманд ва агар марде чунин кореро кард, занаш бар ӯ ҳаром мешавад ва наметавонад бо ӯ ҳамбистар шавад ва ё ӯро аз рӯи шаҳват ламс кунад ва ё ӯро бӯса кунад, то замоне ки каффораи зиҳорро бидиҳад.

Сухан гуфтан бо зани зиҳоршуда ишколе надорад.

Зиҳор аҳкоми хосси худро дорад, ки дар оянда муфассалтар ба онҳо мепардозем.

3) Агар марде бо хоҳари зани худ никоҳ кунад ва қозӣ байни онҳо ҷудоӣ андозад (ба далели ҳурмати никоҳи ҳамзамон бо ду хоҳар), ва дар замоне ки хоҳари занаш дар иддааст зани худро ба равиши суннатӣ талоқ диҳад, дар инҷо талоқ ҳосил мешавад ва ҳурмати никоҳи бо хоҳари зан монеъ аз воқеъ шудани талоқ намегардад.

4) Агар марде зани худро, ки зино карда бошад ба равиши суннатӣ талоқ диҳад, дар ин сурат низ зинои он зан монеъ аз талоқи ӯ нашуда ва талоқи суннатӣ ҳосил мешавад.

5) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки туро талоқ медиҳам бо равиши суннатӣ ба шарти инки бихоҳӣ ва 1000 дирҳам бидиҳӣ (фарқе надорад, ки шарти хостани занро қабл аз лафзи талоқ бигӯяд ва ё баъд аз он, муҳим шарти хостани зан аст), дар ин сурат агар замоне ки ин лафз гуфта мешавад зан дар ҳолати ҳайз бошад, бинобар қиёси имом Абу Ҳанифа (р) талоқ воқеъ намешавад, то замоне ки зан аз ҳайз пок шавад, зеро ки пок будан яке аз шартҳои талоқи суннатӣ аст. Аммо агар ин лафз дар замоне гуфта шавад, ки зан дар покие бошад, ки бо ӯ ҷимоъ сурат гирифта шуда бошад, дар ин сурат талоқ пас аз ҳайз шудан ва пок шудани аз он ҳосил мешавад.

6) Агар марде зани сағираи худро (ки ҳайз намебинад ва покиаш бо моҳ ҳисоб мешавад) ба равиши суннатӣ талоқ диҳад ва қабл аз онки як моҳ (як покии зани сағира) бигузарад, он зан ҳайз бубинад ва пок шавад, дар ин сурат бинобар қавли иҷмоъ талоқ ҳосил намешавад ва бояд дубора талоқ диҳад.

Ҳамчунин агар зани худро, ки ҳайзбин аст талоқ диҳад ба равиши суннатӣ ва қабл аз ҳайз шудан ва пок шудан аз он, он зан ёиса шавад, дар ин сурат талоқ ҳосил намешавад ва бояд дубора талоқ дода шавад, зеро ки шарти талоқи суннатӣ барои зани ҳайзбин покӣ аз ҳайз мебошад, аммо он зан қабл аз онки ҳайз бубинад ёиса шудааст ва шарти зани ёиса барои воқеъ шудан талоқи суннатӣ гузаштани як моҳ мебошад, ки ба ҷои як покӣ аст.

7) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки ту талоқ ҳастӣ ба равиши суннатӣ, дар инҷо агар зан бигӯяд, ки акнун дар ҳамон шароит буда ва пок ҳастам ва мард бигӯяд ки на, ту дар ҳайз ҳастӣ ва ё инки бигӯяд бо ту ҷимоъ кардаам, дар инҷо қавли зан маврид қабул аст.

Аммо агар мард бигӯяд, ки ту талоқ ҳастӣ ба равиши суннатӣ ва зан бигӯяд, ки ман акнун ҳомила ҳастам, вале мард бигӯяд, ки ҳомила нестӣ, дар инҷо ҳарфи мард мавриди қабул аст ва иддаои зан ба инки бигӯяд ҳомила ҳастам қабул намешавад, магар инки далел оварда ва исбот кунад.

8) Агар марде ба зани худ, ки бо ӯ ҷимоъ кардааст бигӯяд туро як талоқ додам ба равиши суннатӣ, дар инҷо агар зан бигӯяд, ки ман қабл аз инки ин лафзро бар забон оварӣ ҳайз буда ва пок шудам ва баъд аз пок шудан низ бо ҳам ҷимоъ накардаем, аммо мард бигӯяд ки ман баъд аз покии ту бо ту ҳамбистар шудаам ва баъд аз он ин лафзи талоқро гуфтам, дар инҷо қавли мард қабул мешавад, на қавли зан.

Аммо агар мард дар инҷо бигӯяд ки ман дар ҳолати ҳайз бо ту ҷимоъ кардам (ва баъд лафзи талоқро гуфтам) ва зан инро қабул накунад, дар ин сурат қавли зан мавриди қабул аст ва чун зан дар туҳри бидуни ҷимоъ аст, пас талоқ ҳосил мешавад.

Дар сурате, ки зан дар инҷо ба мард бигӯяд, ки ту аслан бо ман ҳамбистар нашудаи, қавли зан мавриди қабул воқеъ мешавад.

Манобеъ:

1) Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва Дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

2) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикр, Бейрут.

3) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

Аҳкоми талоқ(бахши чаҳорум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед