Аҳкоми талоқ(бахши ҳаштум)

0
24

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Талоқ дар ҳолати мастӣ:

Мастие, ки инсонро ба ҳадди ҳазён бирасонад ба гӯнае, ки нафаҳмад чӣ мегӯяд ва баъд аз хориҷ шудан аз ҳолати мастӣ ба ёд наоварад, ки дар вақти мастӣ чикор карда ва чӣ гуфтааст, ин навъ мастӣ мумкин аст ба ду иллат иттифоқ биафтад:

Аввал: Агар иллати он ба хотири хӯрдани доруе бошад, ки пизишки мавриди эътимод онро иҷозат дода бошад, ё чизеро ба иҷбор ва ё икроҳ ба ӯ хӯронида бошанд ва ё чизеро хӯрда бошад, ки аз хосияти масткунандагии он беиттилоъ будааст ва хулоса ба нияти мастӣ ва сархӯшӣ нахӯрда бошад, ҳол агар дар ин ҳолат зани худро талоқ бидиҳад, ба иҷмои уламои мазоҳиб талоқ воқеъ намешавад, зеро, ки ӯ дар ин ҳолат монанди маҷнуне аст, ки ақл надорад.

Дуввум: Иллати мастӣ ин бошад, ки бо ихтиёр шароби масткунандаро ба қасди сархушӣ ва мастӣ хӯрда ва ба он огоҳӣ доштааст, ки хӯрдани фалон чиз ӯро маст мекунад, дар ин ҳолат агар ҳамсари худро талоқ бидиҳад, бинобар назари ҷумҳури уламо аз ҷумла имом Абуҳанифа (р) ва ду шогирдш имом Абуюсуф (р) ва имом Муҳаммади Шайбонӣ (р), имом Молик (р), имом Шофеӣ (р) ва имом Аҳмад (р), талоқи чунин касе воқеъ мешавад.

Далелҳое, ки барои ин назаршон гуфтаанд ин аст:

Аввал инки чун бо иродаи худаш ба мастӣ иқдом карда ва худ сабаби фасод ва табоҳии ақли хеш шуда ва ақли ӯ ба сабаби гуноҳ зоил шудааст, бинобар ин талоқи ӯ бахотири муҷозоти гуноҳаш воқеъ мешавад.

Ва дуввум инки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تَقْرَبُواْ الصَّلاَةَ وَأَنتُمْ سُكَارَى حَتَّىَ تَعْلَمُواْ مَا تَقُولُونَ

«Эй касоне, ки имон овардаед! Дар ҳоле ки шумо маст ҳастед ба намоз наздик нашавед, то он ки бидонед чӣ мегӯед.” (Сураи Нисо, ояти 43)

Наҳй дар ин оят бар наздик нашудани ба намоз дар вақти мастӣ, далолат бар ин дорад, ки дар ҳолати мастӣ таклифи шаръӣ аз инсон соқит намешавад ва касе, ки бо ихтиёр худашро дар ҳолати таклиф ба мастӣ мезанд, таклиф аз ӯ бардошта намешавад ва агар дар он ҳолат талоқ диҳад, талоқ ҳосил мешавад.

Акнун ба чанд масъала дар бораи талоқ дар ҳолати мастӣ ишора мекунем:

1) Талоқи одами маст дар сурате, ки мастиаш аз хӯрдани арақ ва ё шираи хурмо бошад ва бо ихтиёри худ ҳам ин корро анҷом диҳад ва пас аз маст шудан ҳамсари худро талоқ диҳад, ин талоқ ҳосил мешавад.

2) Агар мардеро ба зӯр арақ диҳанд ва ё худаш аз рӯй иҷбор бихӯрад ва маст шавад ва сипас дар он ҳолат ҳамсари худро талоқ диҳад, дар ин сурат байни уламо ихтилоф аст ва қавли саҳеҳ ин аст, ки чун дар ин сурат ҳадд бар ӯ ҷорӣ намешавад, пас талоқ ҳам ҳосил намешавад, зеро ки ихтиёрӣ набудааст.

Ва ҳамчунин агар бо ин шароит муомилае карда ва дар моле тасарруф кунад, он муомила эътибор надорад.

3) Агар мастӣ бахотири истифодаи банг (маводи мухаддир) бошад ва дар ин ҳол ҳамсари худро талоқ диҳад, ҳам талоқ ҳосил мешавад ва ҳам ба ӯ ба далели тарвиҷи ин амали зишт дар байни мардум, ҳад зада мешавад.

4) Агар мастӣ бахотири хӯрдани шири асб ва ё монанди он бошад ва дар он ҳол ҳамсари худро талоқ диҳад, дар ин сурат ба иҷмои уламо талоқ ҳосил намешавад.

Ҳамчунин дар ин ҳолат наметавонад ғуломе озод кунад.

5) Агар мастӣ бахотири нӯшидани чизҳое бошад, ки аз меваҳо, донагиҳо ва асал гирифта шудаанд, бошад ва пас аз он ҳамсари худро талоқ диҳад, дар ин сурат байни уламо ихтилоф аст, бинобар назари имом Абуҳанифа (р) ва Абуюсуф (р) талоқ ҳосил намешавад ва бинобар назари имом Муҳаммад (р) талоқ ҳосил мешавад.

6) Бинобар назари имом Муҳаммад (р) дар сурате, ки бахотири истифодаи шираи хурмо маст нашавад, вале сардард шавад ва бахотири он сардард ақлаш зоил шавад (зоил шудани ақл аз рӯй хӯрдан набошад), дар ин сурат агар ҳамсари худро талоқ диҳад, он талоқ ҳосил намешавад ва монанди касе аст, ки гӯё ба сари ӯ зарба задаанд ва ақлаш аз байн рафтааст.

7) Олимон бар ин масъала ҳамназар ҳастанд, ки агар мардеро маҷбур кунанд бар инки иқрор кунад ҳамсари худро талоқ додааст ва ӯ ба иҷбор ин иқрорро бикунад, дар ҳоле ки талоқ надодааст, дар ин сурат ин иқрор таъсире надошта ва талоқе ҳосил намешавад.

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки дар инҷо мардро маҷбур кардаанд, ки иқрор кунад ба талоқ додане, ки дар ҳақиқат воқеъ нашудааст, аммо агар маҷбураш кунанд, ки ҳамсари худро талоқ диҳад ва ӯ он корро бикунад, талоқ ҳосил мешавад.

8) Агар султон мардеро маҷбӯр кунад, ки як шахсеро вакил кунад, то занашро талоқ диҳад, дар инҷо агар мард аз тарси ҷони худ бигӯяд, ки фалониро вакил кардам ва чизе беш аз ин нагӯяд, пас аз он, он вакил занашро талоқ диҳад ва пас аз муддате мард бигӯяд, ки ман фақат гуфтам туро вакил кардам ва нагуфтам, ки туро барои талоқ вакил кардам ва лизо талоқ нашудааст, дар ин сурат ба ҳарфи ин мард эътино намешавад ва талоқ ҳосил шудааст, зеро дар замоне ки ӯро маҷбур карданд вакил интихоб кунад ба ӯ гуфтанд, ки барои талоқ додан вакил интихоб кун ва ӯ низ вакил интихоб кард, ҳарчанд ки фақат гуфта бошад фалониро вакил кардам.

9) Агар марде як каси дигарро вакил кунад, барои инки ҳамсарашро талоқ диҳад ва он вакил пас аз хӯрдани шароб ва маст шудан ҳамсари ӯро талоқ диҳад, дар ин сурат байни олимон ихтилофи назар аст ва бинобар назари аксари онон талоқ ҳосил мешавад.

Идома дорад…!

Манобеъ:

1) Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

2) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

3) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

Аҳкоми талоқ(бахши ҳафтум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед