Аҳкоми талоқ(бахши ҳафтум)

0
18

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар бахши гузашта ба баёни лафзҳои талоқ пардохтем, акнун дар ин бахш мехоҳем ба ин мавзӯъ ишора кунем, ки он лафзҳо дар чӣ шароите агар гуфта шаванд талоқ ҳосил мешавад ва дар чӣ шароите ҳатто бо гуфтани он лафзҳо талоқ ҳосил намешавад.

Амри талоқ дар асл ба дасти шавҳар аст[1], ки ӯ бояд болиғ ва оқил бошад ва фарқе надорад, ки банда ва ё озод бошад ва бо ихтиёр ва ё бо иҷбор талоқ диҳад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин асл ба чанд масъала ишора мекунем:

1) Агар марде ҳамсари худро бо бозӣ ва шӯхӣ талоқ диҳад, талоқ ҳосил мешавад.

2) Агар марде қасди гуфтани сухане ғайр аз талоқро дошта бошад, вале ба сурати ногаҳонӣ ва тасодуфи сиғаи талоқро бар забон ҷорӣ кунад, дар ин сурат низ талоқ ҳосил мешавад.

3) Агар марде лафзи талоқро бар забон оварад, аммо маънои онро надонад, дар ин сурат низ талоқ ҳосил мешавад.

4) Агар марде ду ҳамсар дошта бошад ва қасди талоқи яке аз онҳоро бикунад, масалан яке аз онҳо Зайнаб ва дигари Умра ном дорад ва ӯ қасд дорад Умраро талоқ диҳад, аммо ба иштибоҳ бар забонаш исми Зайнаб меояд, дар ин сурат ба ҳукми қозӣ ва дар зоҳир Зайнаб талоқ шудааст, аммо дар воқеъ байни худ ва Худояш ҳеҷ кадом аз он ду зан талоқ нашудаанд, зеро ки дар воқеъ қасди талоқи Зайнабро надоштааст ва барои талоқи Умра низ лафзи талоқе нагуфтааст.

5) Агар марде лафзи ”анти толиқ”-ро ба ҳамсар худ бигӯяд, вале надонад, ки маънои ин лафзҳо талоқ аст, дар ин сурат низ дар зоҳир ва дар ҳукми қозӣ талоқ воқеъ мешавад, аммо байни ӯ ва Худо талоқе ҳосил нашудааст.

Як нукта барои тафаккур: Ҳамонтавр, ки дар ду мсъалаи ахир (масъалаи чаҳорум ва панҷум) гуфта шуд, дар сурате, ки марде ба иштибоҳ яке аз ҳамсаронашро ба ҷои ҳамсари дигари худ талоқ диҳад ва ё марде лафзи талоқро бигӯяд, дар ҳоле ки маънояшро намедонад, дар зоҳир талоқ сурат гирифтааст, вале дар асл байни ӯ ва Худо талоқе ҳосил нашудааст;[2] Ҳол бояд гуфт, ки вақте гуфта мешавад байни ӯ ва Худо талоқе ҳосил нашудааст, пас набояд зоҳирро бар асл, ки розигии Худованди Мутаол аст тарҷеҳ дод ва гуфт, ки дар зоҳир талоқ шудааст, вақте дар пешгоҳи Худованд талоқ нашудааст, пас дар зоҳир низ набояд талоқ шавад, магар ҳамаи аъмоли мо барои ризои Худованди Мутаол нест? Пас чигуна аст, ки гуфта мешавад дар пешгоҳи Худованд талоқ нашудааст, вале мо дар зоҳир ҳукми ба талоқ медиҳем?!

6) Касе ки ноболиғ бошад (ҳарчанд бидонад, ки чӣ мегӯяд), ва ё девона, хоб, мубарсам (бемори мағзие, ки ҳазён мегӯяд) ва ё беҳуш бошад, агар талоқ диҳад талоқ ҳосил намешавад.

7) Касе ки маътува бошад низ агар талоқ бидиҳад, он талоқ воқеъ намешавад.

Маътува фарде аст, ки кам ақл шудааст, вале девона нашудааст ва гоҳе сухани беҳуда ва бехирадона мезанад ва гоҳе ба ҳолати одӣ ва оқилона сухан мегӯяд, агар ин фард дар ҳолати одӣ талоқ бидиҳад он талоқ ҳосил мешавад, аммо агар дар ҳолати ғайри одӣ талоқ бидиҳад он лафзаш эътиборе надошта ва талоқе сурат намегирд.

Нукта: Дар инҷо низ метавон ба як нуктаи муҳим ишора намуд ва он ин аст, ки чигуна аст гуфта мешавад фарде, ки гоҳе сухани беҳуда мегӯяд ва гоҳе сухани одӣ, агар дар замоне ки сухани беҳуда мегӯяд талоқ диҳад эътибор надорад ва талоқ ҳосил намешавад, аммо агар фарде ба иштибоҳ ё бо шӯхӣ талоқ диҳад эътибор дошта ва талоқ воқеъ мешавад?! Магар талоқ додан аз рӯи шӯхӣ ва ё аз рӯи ҷаҳл ва нодонӣ бо талоқ додан дар ҳолати беҳудагӯӣ чи фарқе дорад?!

8) Агар марде дар ҳолати хоб ҳамсаршро талоқ диҳад ва пас аз бедор шудан барои ҳамсараш таъриф кунад, дар ин сурат талоқ воқеъ намешавад.

Вале агар бигӯяд, ки он талоқро иҷозат додам, ба далели инки лафзи талоқ дар хоб гуфта шудааст, талоқ воқеъ намешавад.

Аммо агар бигӯяд ман дар хоб дидам, ки туро талоқ додаам ва акнун он талоқро иқоъ мекунам(яъне қарор медаҳам ё амалӣ мекунам), дар ин сурат талоқ воқеъ мешавад.

Ҳол агар бигӯяд он лафзеро, ки дар хоб гуфтаам иқоъ мекунам ва қарор медиҳам, дар ин сурат талоқ ҳосил намешавад, зеро ки худи он лафз эътиборе надорад ва дар ҳолати хоб гуфта шудааст.

9) Агар писари ноболиғ ҳамсарашро талоқ диҳад ва баъд аз он болиғ шавад, он талоқ воқеъ намешавад.

Агар баъд аз болиғ шудан бигӯяд, ки он талоқро иҷозат додам, бозҳам талоқ воқеъ намешавад.

Аммо агар баъд аз болиғ шудан бигӯяд, ки он талоқро акнун иқоъ кардам, ба далели инки ҳамин лафзи гуфташуда ибтидои иқоъ мебошад, талоқ сурат мегирад.

10) Агар марде аз тарафи як ноболиғ талоқ диҳад ва он фарди ноболиғ пас аз ба балоғат расидан бигӯяд талоқеро, ки фалони додааст акнун иқоъ мекунам, дар ин сурат талоқ ҳосил мешавад.

Аммо агар бигӯяд иҷозат медаҳам он талоқеро, ки фалони додааст, дар ин сурат талоқ воқеъ намешавад.

11) Агар як фарди ноболиғ вакили як фарди болиғ шуда бошад ва аз тарафи он фарди болиғ талоқ диҳад, ин талоқ саҳеҳ буда ва ҳосил мешавад.

Идома дорад…!

Манобеъ:

1) Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

2) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

3) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

[1]. Дар баъзе аз ҷоҳо мард метавонад ихтиёрӣ талоқро ба ҳамсари худ бидиҳад, ки дар оянда ба ин масъала хоҳем пардохт.

[2]. Ин масъала дар китоби Фатовои Оламгир (Алфатово алҳиндия) ва китоби Алзахира омадааст.

Аҳкоми талоқ (бахши шашум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед