Аҳкоми талоқ (бахши шашум)

0
34

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ин навиштор ба баёни лафзҳое мепардозем, ки метавон бо онҳо сиғаи талоқро ҷорӣ кард.

Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки лафзи талоқ аз ду ҳолат берун нест, ё лафзи сареҳ аст ва мустақим далолат бар талоқ мекунад ва ё лафзи кинояи аст, ки бо қарина метавон фаҳмед, ки мурод талоқ аст.

1- Лафзи сареҳ:

Лафзи сареҳ лафзе аст, ки дар сурати гуфта шудан ғайр аз талоқ эҳтимоли дигаре надошта бошад, монанди инки марде ба ҳамсари худ бигӯяд ту талоқи, ё туро талоқ додам, ё марде бигӯяд ки ҳамсари ман талоқ аст. Пас агар ингуна лафзҳо аз забони мард берун ояд, ҳамсараш бо таваҷҷӯҳ ба навъи талоқе, ки ният карда бошад (талоқи риҷъӣ ё боин – талоқи суннӣ ё бидъӣ ва …) талоқ мешавад.

Агар дар як минтақае як лафз дар талоқ шуҳрат ва ривоҷ пайдо кунад, ба тавре ки ғайри талоқ чизи дигаре аз он фаҳмида нашавад, дар ин сурат он лафз сареҳ ба ҳисоб меояд ва талоқ ба василаи он лафз воқеъ мешавад, ҳатто агар гӯянда нияти талоқ накунад.

Масъала: Агар марде ба ҳамсари худ лафзҳое монанди “гардани ту талоқ” ё “сари ту талоқ” ё “руҳи ту талоқ” ё “бадани ту талоқ” ё “ҷасади ту талоқ” ё “фарҷи ту талоқ” ва … бигӯяд, тамоми ин лафзҳо сареҳ ба ҳисоб меоянд ва ҳар кадом аз ин лафзҳо ё монанди инҳо гуфта шавад талоқ ҳосил мешавад.

Дар гузашта гуфтем, ки яке аз тақсимбандиҳои талоқ, суннӣ ва бидъӣ аст, ки лафзҳои ин ду навъ талоқ бо таваҷҷӯҳ ба инки мушаххас ҳастанд лафзи сареҳ ҳисоб мешаванд, ки дар идома ба онҳо ишора мекунем.

Лафзҳои талоқи суннӣ:

Барои талоқи суннатӣ лафзҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки далолат бар он талоқ кунад ва онҳо иборатанд аз:

أنتِ طالقٌ لِسُّنَّة ؛ أنتِ طالقٌ بالسُّنَّة ؛ أنتِ طالقٌ فی السُّنَّة ؛ أنتِ طالقٌ علی السُّنَّة

أنتِ طالقٌ بالعَدل ؛ أنتِ طالقٌ طلاقاً عدلاً

أنتِ طالقٌ طَلاق الإسلام ؛ أنتِ طالقٌ طَلاق الدین

أنتِ طالقٌ بأحسَنِ الطلاق ؛ أنتِ طالقٌ بأجمَلِ الطلاق

أنتِ طالقٌ طَلاق الحَق ؛ أنتِ طالقٌ طَلاق القرآن ؛ أنتِ طالقٌ طَلاق الکتاب

Ин лафзҳое, ки гуфта шуд, агар бар забон ҷорӣ шаванд, ҳатто агар дар ният нагӯяд, ки талоқи суннатӣ, боз ҳам далолат бар талоқи суннатӣ мекунанд.

Лафзҳои талоқи бидъӣ:

Талоқи бидъӣ низ лафзҳое дорад, ки бо гуфтани онҳо мушаххас мешавад, ки манзури талоқдиҳанда талоқи бидъӣ аст, онҳо иборатанд аз:

أنتِ طالقٌ لِلبِدعة ؛ أنتِ طالقٌ طَلاق البِدعة

أنتِ طالقٌ طَلاق الجور ؛ أنتِ طالقٌ طَلاق المعصیة ؛ أنتِ طالقٌ طَلاق الشیطان

Агар ин лафзҳо гуфта шавад, талоқ бидъӣ мешавад ва агар нияти се талоқ низ бикунад, се талоқ воқеъ мешавад.

2- Лафзи кинояӣ:

Лафзи кинояи лафзе аст, ки қасди он маълум набошад ва барои мушаххас шудани қасди гӯяндаи он лафз ниёз ба қарина бошад.

Лафзҳои кинояии талоқ бар ду қисм ҳастанд:

Қисми аввал: Лафзҳое ҳастанд, ки агар мард онҳоро бигӯяд ва нияти талоқ дошта бошад, як талоқ риҷъӣ воқеъ мешавад.

Барои ин қисм аз лафзҳо се мисол зикр шудааст:

  1. Мард ба ҳамсари худ бигӯяд “шумора кун”.
  2. Мард ба ҳамсари худ бигӯяд “пок соз раҳими худро”.
  3. Мард ба ҳамсари худ бигӯяд “ту як ҳастӣ”.

Дар ин се лафз агар мард замоне, ки ҳар кадом аз онҳоро мегӯяд нияти талоқ надошта бошад, ҳеҷ талоқе ҳосил намешавад, зеро ки сароҳат бар талоқ надоранд.

Қисми дуввум: Лафзҳое ҳастанд, ки бо гуфтани онҳо як талоқи боин воқеъ мешавад ва агар мард нияти се талоқ кунад, се талоқ воқеъ мешавад ва агар нияти ду талоқ дошта бошад, як талоқи боин сурат мегирад.

Барои ин қисм 21 лафз гуфта шудааст, ки агар ҳар кадом аз онҳо тавассути мард дар ҳолате гуфта шавад, ки баҳси талоқ бошад ва нияти талоқ дошта бошад, ҳокими шаръ ҳукм ба талоқ медиҳад.

Он лафзҳо иборатанд аз:

Мард ба ҳамсари худ бигӯяд:

  1. Ту ҷудо ҳастӣ ; 2. Ту қатъ ҳастӣ ; 3. Ту ҳаромӣ ; 4. Ресмонат бар гарданат ; 5. Ба аҳли худ бипайванд ;6. Ту холӣ ҳастӣ ; 7. Ту бари ҳастӣ ; 8. Бахшидам туро ба хонаводаат ; 9. Раҳо кардам туро ; 10. Ҷудо шудам аз ту ; 11. Ихтиёри ту ба дасти ту аст ; 12. Ихтиёр намо ; 13. Ту озоди ; 14. Рӯбанд бипӯш ; 15. Чодар бипӯш ; 16. Талаби покӣ кун ; 17. Дӯр шав ; 18. Берун шав ; 19. Бирав ; 20. Ҳаракат кун ; 21. Ҷустуҷӯ кун шавҳарҳоро.

Манобеъ:

1) Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

2) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

3) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

4) Хулосатулмасоил, Мавлоно Шамсуддини Мутаҳҳарӣ.

Аҳкоми талоқ(бахши панҷум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед