Аҳкоми талоқ (бахши нуҳум)

0
38

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Талоқи ахрас (гунг)

Талоқи шахсе, ки гунг аст аз рӯи ишораҳояш аст ва фарқе намекунад, ки навиштан бидонад ё на ва ҳамчунин фарқе надорад, ки гунги модарзод бошад ва ё баъд ба сурати доимӣ гунг шуда бошад (на инки гоҳе битавонад ҳарф бизанд ва гоҳе натавонад).

Шахсе ки гунг аст агар ишораҳояш маънодор ва дорои мафҳум бошад ба онҳо эътибор дода мешавад ва ишораҳое, ки ҳеҷ мафҳуме аз онҳо бардошт намешавад ва ё шак эҷод мекунанд эътиборе надоранд.

Аҳкоми додани ихтиёри талоқ ба зан

1) Агар марде ба ҳамсари худ гуфт “ихтиёр кун”, ё инки гуфт “талоқ бидеҳ нафси худро”, дар ин сурат то мавқее, ки зан дар ҳамон маҷлис аст метавонад худро талоқ диҳад ва агар аз он маҷлис ҳаракат кард ва кори дигареро шурӯъ кард, ба маҳзи анҷоми ин кор ихтиёр аз ӯ бардошта мешавад.

2) Дар сурате, ки марде бихоҳад ихтиёрӣ талоқро ба ҳамсари худ бидиҳад, бояд калимаи нафс дар суҳбатҳояшон зикр шавад, монанди инки мард бигӯяд “нафси худро ихтиёр” кун ва зан бигӯяд “ихтиёр кардам”, ё мард бигӯяд “ихтиёр кун ва зан бигӯяд ихтиёр кардам нафси худро”, вале агар мард бигӯяд “ихтиёр кун ва зан бигӯяд ихтиёр кардам” бидуни инки калимаи нафс дар каломи яке аз онҳо гуфта шавад, ин калом ботил аст.

3) Агар марде ба ҳамсараш бигӯяд ихтиёр кун нафси худро ва зан бигӯяд ихтиёр кардам, як талоқ боин воқеъ мешавад.

4) Агар марде ба ҳамсари худ бигӯяд кори ту бадасти худат ва бо ин гуфтаи худ нияти се талоқ дошта бошад ва зан дар ҷавоб бигӯяд ихтиёр кардам нафси худро ба яке, дар ин сурат се талоқ воқеъ мешавад, агар зан дар ҷавоб бигӯяд талоқ додам нафси худро ба яке, ё ихтиёр кардам нафси худро ба талоқ додан, дар ин маврид як талоқи боин воқеъ мешавад.

5) Агар марде ба ҳамсари худ бигӯяд худатро талоқ бидеҳ ва ҳеҷ нияте надошта бошад ё нияти як талоқ кунад ва зан дар ҷавоб бигӯяд талоқ додам худамро, дар ин сурат як талоқи риҷъӣ воқеъ мешавад, ва агар мард бо ин гуфтаи худ нияти се талоқ дошта бошад ва зан ҳам бигӯяд худро се талоқ додам, се талоқ воқеъ мешавад.

6) Агар марде ба ҳамсари худ бигӯяд худатро талоқ бидеҳ ва зан бигӯяд худро боин кардам, як талоқи риҷъӣ воқеъ мешавад ва агар бигӯяд худро ихтиёр кардам, талоқе воқеъ намешавад.

7) Агар марде ба ҳамсари худ бигӯяд худатро талоқ бидеҳ, наметавонад аз гуфтаи худ пушаймон шавад ва гуфтаи худро баргардонад, вале агар зан аз ҳамон маҷлис ҳаракат кард ва маҷлис тағйир кард, барои зан ихтиёре боқӣ намемонад.

8) Агар марде ба ҳамсари худ бигӯяд ҳаргоҳ ки хости худатро талоқ бидеҳ, зан метавонад дар ҳамон маҷлис ва ё баъд аз он ҳаргоҳ ки бихоҳад худро талоқ диҳад.

9) Агар марде шахсеро вакил кунад, ки ҳамсарашро талоқ диҳад, вакил метавонад дар ҳамон маҷлис ва ё баъд аз он маҷлис зани ӯро талоқ диҳад, вале вакил кунанда метавонад вакилро қабл аз инки талоқ диҳад аз ваколат бигирад.

Аҳкоми талоқи бо шарт

1) Агар марде ба зани бегонае бигӯяд, ки агар бо ту издивоҷ кунам ту талоқӣ, ё инки бигӯяд агар бо ҳар зане издивоҷ кунам ӯ талоқ аст, дар ин сурат билофосила баъди инки издивоҷ анҷом гирад, талоқ воқеъ мешавад.

2) Агар марде ба ҳамсари худ бигӯяд, ки агар дохили манзили фалон шахс шудӣ талоқ ҳастӣ, дар сурате, ки зан дохили манзили он шахс шавад талоқ воқеъ мешавад.

3) Агар марде ба ҳамсари як шахси дигар бигӯяд, ки агар дохили фалон манзил шудӣ талоқ ҳастӣ ва пас аз муддате бо он зан издивоҷ кунад ва баъд аз издивоҷашон он зан дохили ҳамон манзил шавад, дар ин сурат талоқ воқеъ намешавад.

4) Агар шахсе бигӯяд ҳар занеро никоҳ кунам талоқ аст, дар ин сурат бо ҳар зане барои аввалин бор издивоҷ кунад ӯ билофосила талоқ мешавад, вале агар барои бори дуввум бо зане никоҳ кунад, дигар талоқ воқеъ намешавад.

5) Агар марде ба зане бигӯяд, ки ҳарвақт бо ту издивоҷ кардам ту талоқӣ, дар ин сурат ҳаргоҳ бо он зан издивоҷ кунад (чи бори аввал бошад чи бори чандум) талоқ воқеъ мешавад ва барои нигаҳдоштан ва зиндагӣ бо ин зан роҳе вуҷуд надорад.

Ҳамчунин агар марде ба сурати мутлақ бигӯяд, ки ҳарвақт ва бо ҳар зане издивоҷ кунам ӯ талоқ аст, дар ин сурат ин мард дар тамоми умри худ ҳаргоҳ бо ҳар зане издивоҷ кунад, он зан фавран талоқ мешавад ва наметавонад ҳеҷ вақт бо зане ба унвони ҳамсар зиндагӣ кунад.

Он лафзе, ки гуфтанаш сабаб мешавад мард ҳеҷ гоҳ натавонад соҳиби ҳамсар шавад ин аст:

کُلَّما تَزَوَّجتُ أمراةً فَهِي طالِقٌ

Яъне ҳар замон бо ҳар зане издивоҷ кунам ӯ талоқ аст.

Аҳкоми талоқи мариз

1) Агар марде дар ҳолати маризӣ ҳамсари худро талоқ диҳад ва пеш аз тамом шудани иддаи зан он мард фавт кунад, дар ин сурат зан аз моли мард ирс мебарад, чи як талоқ дода бошад ва чи се талоқ, вале агар иддаи зан тамом шуд ва баъд аз он мард фавт кард, зан ирс намебарад. Аммо агар мард аз маразе, ки дар он ҳолат ҳамсари худро талоқ дода буд халос шуда ва дубора мариз шавад ва фавт кунад, дар ин сурат зан ирс намебарад, агарчи иддааш тамом нашуда бошад.

2) Агар зане талоқи худро аз мард бихоҳад ва мард талоқи боин диҳад ва пас аз он мард фавт кунад, дар ин сурат зан ирс намебарад, фарқе намекунад, ки мард пеш аз тамом шудани иддаи зан бимирад ва ё баъд аз он. Аммо агар мард талоқи риҷъӣ дода бошад ва пас аз он бимирад, дар ин сурат зан агар иддааш тамом нашуда бошад ирс мебарад.

3) Агар марде дар ҳолати беморӣ ба ҳамсари худ бигӯяд, ки агар аз хона хориҷ шавӣ талоқи боин ҳастӣ ва зан берун биравад, дар ин сурат зан талоқи боин мешавад ва агар мард пас аз он фавт кунад зан ирс намебарад. Аммо агар мард ингуна бигӯяд, ки агар ғизо бихӯрӣ ё намоз бихонӣ талоқи боин ҳастӣ ва зан ғизо бихӯрад ва ё намоз бихонд, дар ин сурат талоқи боин воқеъ мешавад, аммо агар мард бимирад ва зан дар идда бошад аз моли мард ирс мебарад, зеро ки хӯрдани ғизо ва хондани намоз лозим аст.

4) Агар марде дар ҳолати саломатӣ ба ҳамсари худ бигӯяд, ки агар аз хона берун рафти талоқи боин ҳастӣ ва зан дар ҳолати бемории шавҳар аз хона хориҷ шавад, дар ин сурат зан талоқ мешавад ва агар шавҳар бимирад, зан аз моли ӯ ирс намебарад, агарчи дар идда бошад.

5) Агар марде дар ҳолати саломатӣ ба ҳамсари худ бигӯяд, ки ҳаргоҳ падарат аз шаҳр биёяд ту талоқи боин ҳастӣ, дар сурате ки падараш аз шаҳр биёяд, дар ҳоле ки мард мариз бошад, ҳамон лаҳза талоқ ҳосил мешавад ва агар мард аз ҳамон мараз фавт кунад, зан аз моли ӯ ирс намебарад. Аммо агар мард дар ҳолати беморӣ бигӯяд ва падари зан биёяд, дар ҳамон лаҳзаи омадани падар талоқ ҳосил мешавад ва агар қабл аз тамом шудани иддаи зан шавҳар фавт кунад, зан аз моли ӯ ирс мебарад.

Манобеъ:

1) Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва Дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

2) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

3) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

4) Хулосатулмасоил, Мавлоно Шамсддини Мутаҳҳарӣ, Ҳавзаи илмии аҳнофи Хавоф.

Аҳкоми талоқ(бахши ҳаштум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед