Аҳкоми Таҳорат 4

0
163

 

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Аҳкоми  Таҳорат
Қисмати чорум

Масҳ бар хуффайн (масҳӣ)

Миқдори фарз дар масҳ

_ Ба миқдори кашидани се ангушт аз поини соқ

Масҳ бар хуффайн ба ҷои шустани по барои касе, ки вузуяш шикастааст, на бар касе, ки ғусл бар ӯ воҷиб шудааст.

_ Касе, ки ғусл бар ӯ воҷиб шудааст ҷоиз нест вузу бигирад ва бар хуффайн масҳ кунад.

_ Ҳар чизе, ки пойҳоро пӯшонда ва сафар кардан бо он мумкин бошад, яъне чизе, ки битавон бо он роҳ рафт бидуни он, ки аз рӯи он чизе пӯшида шавад, монанди кафш, масҳ кардан чоиз аст.

_ Масҳ бар ҷурмуқ ( чизе, ки болои хуффайн пӯшида мешавад) ҷоиз аст.

_ Ба чизҳое, ки ғайри пойро мепӯшонад масҳ ҷоиз нест, монанди дасткаш ва кӯлоҳ.

Шароити масҳ

_ Касе, масҳӣ мепӯшад, қабл аз пӯшидани он бояд вузу гирифта ва таҳорати комил дошта бошад.

Нукта: Агар касе пояшро шуста ва масҳиро бипӯшад ва баъд аз он аъзои дигари вузуро бишӯяд, таҳораташ комил буда ва саҳеҳ аст.

_ Муддати масҳ бар хуффайн барои муқим ( касе, ки дар шаҳри худаш аст) як шабонарӯз ва барои мусофир се шабонарӯз мебошад.

_ Агар шахси муқиме, ки хуффайн пӯшидааст, пеш аз тамом шудани муддати масҳаш ( як шабонарӯз) ба мусофират биравад, дар ҳукми мусофир буда ва се шабонарӯз метавонад масҳ бикашад ва агар касе, ки дар сафар аст ва муддати масҳаш се шабонарӯз аст, агар пеш аз поёни муддаташ муқим шуд, ҳукми муқимро мегирад.

_ Агар хуффайн пора шуда ва порагии он ба андозаи се ангушти кӯчак бошад, наметавон бар он масҳ кард

Шиканандаҳои масҳ

(1)_ Он чи, ки вузуро ботил мекунад
(2)_ Тамом шудани муддати масҳ
(3)_ Хуруҷи аксари ақиби по ба сӯи соқ

 Аҳкоми ҷабира ( чизе, ки болои захм баста мешавад)

_ Ҷабира ҳамонтавр, ки гуфта шуд яъне чизе, ба василаи он захмро мебанданд. Агар шустани маҳали захм зараровар бошад, масҳ кашидан ба ҷабира саҳеҳ буда ва қабл аз бастани он таҳорат шарт намебошад.

_ Масҳ бар ҷабира вақти муайяне надорад ва то замони хуб шудани захм метавон бар ҷабира масҳ кард.

_ Агар ҷабира биафтад ва маҳалли захм хуб шуда бошад, бояд зери он шуста шавад, аммо агар захм хуб нашудааст, метавон дубора ҷабираро дар ҷои худ гузошта ва рӯи он масҳ кашид.

Аҳкоми ҳайз ва нифос

Таърифи ҳайз: Ба хуне гуфта мешавад, ки аз раҳими зани болиғ хориҷ шавад ва хориҷ шудани он аз рӯи беморӣ ва ёисагӣ (занони болои 55 сол) набошад.

Таърифи нифос: Ба хуне гуфта мешавад, ки баъд аз таваллуди фарзанд аз раҳими зан хориҷ мешавад ва бештарин муддати он 40 рӯз буда ва барои камтарин муддати он ҳадде муайян нашудааст.

_ Камтарин муддати ҳайз се шабонарӯз аст ва бештарин муддати он даҳ рӯз мебошад. Агар хун камтар аз се рӯз ва бештар аз даҳ рӯз биёяд ҳайз нест.

_ Камтарин муддат байни ду ҳайз понздаҳ рӯз аст, ки ба он покии аз ҳайз мегӯянд ва барои бештарин муддати он ҳадде нест.

_ Агар дар ҳангоми ҳайз муддате хун наояд, дар ҳукми ҳайз аст, зеро хун барои муддате қатъ шуда ва дубора меояд.

_ Ҳар хуне дар муддати ҳайз ба ҳар ранге бошад дар ҳукми ҳайз мебошад, магар ранги сафед, ки ҳайз нест.

_ Агар зане даҳ рӯзи комил  ҳайз бибинад ва ҳамчуни зане, ки чиҳил рӯзи комил нифос дида бошад, бар ҳамсари он ду раво аст, ки қабл аз ғусл бо онҳо наздикӣ кунанд

_ Агар ҳайзи зане дар камтар аз даҳ қатъ шавад, пас бар ҳамсари ӯ наздики кардан ҳалол нест, магар қабл аз ғусл кардан ва ё гузаштани муддате, ки дар он муддат имкони ғусл ва ё такбири таҳрима бошад.

_ Ҳамчунин агар нифоси зане дар камтар аз чиҳил рӯз қатъ шавад, наздикӣ бар шавҳари ӯ ҳалол намебошад, магар қабл аз ғусл кардан ва ё гузаштани муддате, ки дар он муддат имкони ғусл ва ё такбири таҳрима бошад.

_ Нифоси зане, ки ду кӯдак дар шикам дошта ва бояд таваллуд кунад, аз аввалин кудаке, ки ба дунё овард ҳисоб мешавад.

_ Иддаи зане, ки ду кӯдак мезояд, бо зоидани кӯдаки дуввум тамом мегардад.

_ Агар фарзанди зане сиқт шавад, агар он фарзанд дорои аъзои комил бошад ё баъзе аз аъзои хилқатро дошта бошад, ҳукми занеро дорад, ки фарзанд таваллуд кардааст.

_ Ҳайзи зане, ки аввалин бор хун мебинад, даҳ рӯз мебошад ва агар хуне бештар аз даҳ рӯз бошад, истиҳоза аст.

Нукта: Истиҳоза хуне аст, ки ба тибқи одат набуда ва беморӣ ба ҳисоб меояд ва ҳукми ҳайз ва нифосро надорад.

_ Нифоси зане, ки аввалин кӯдаки худро таваллуд мекунад, чиҳил рӯз буда ва хуне, ки бештар аз чиҳил рӯз бошад нифос набуда ва истиҳоза аст.

Анҷоми корҳое, ки дар замони ҳайз, барои ҳоиз ( зане, ки ҳайз шуда аст) ҳаром аст

(1)_ Намоз хондан ( баъд аз тамом шудани ҳайз қазо надорад)
(2)_ Рӯза гирифтан ( баъд аз тамом шудани ҳайз қазо дорад)
(3)_ Дохил шудан ба масҷид
(4)_ Ҷимоъ ( ҳамхобагӣ, духул)
(5)_ Қуръон хондан
(6)_ Даст задан ба Қуръон, магар ҳангоме, ки Қуръон дар ҷилде аст
(7)_ Тавофи хонаи Каъба
(8)_ Даст расондан ба пуле, ки дар он ояти Қуръон навишта бошад, магар ин ки дохили киса ё кифе бошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед