Аҳкоми Таҳорат 3

0
275

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Аҳкоми Таҳорат
Бахши севвум

Аҳкоми чоҳе, ки дар он наҷосат афтода бошад

_ Агар ҳайвоне дар чоҳ афтода ва мурда бошад ва ҳамчунин варам карда ва аҷзои он аз ҳам ҷудо шуда бошад бояд тамоми оби чоҳ кашида шавад.

Нукта: Фарқе намекунад он ҳайвон бузург буда бошад ( мисли инсон) ё кӯчак бошад ( мисли муш).

_ Агар ҳайвоне, ки андом ва пайкари он бузург буда ( мисли инсон ва гусфанд) ва дар чоҳ афтода бошад ва бимирад, пеш аз он, ки варам кунад аз чоҳ хориҷ кунанд бояд тамоми оби чоҳ хориҷ карда шавад

_ Ҳайвоне, ки пайкари кӯчак дорад ( монанди мурғ) агар дар чоҳ афтода ва бимирад, агар қабл аз варам кардан онро аз чоҳ хориҷ кунанд, барои пок гардондани оби чоҳ кашидани чиҳил сатили миёна кифоят мекунад. Албатта мустаҳаб аст, ки шаст сатили миёна кашида шавад.

_ Агар парандагони хурд ва кӯчак дар чоҳ биафтанд ва бимиранд, кашидани бист сатил кофӣ мебошад, гарчи мустаҳаб аст, ки си сатил кашида шавад.

_ Агар замони афтодани наҷосат дар чоҳ маълум бошад аз ҳамон замон ба наҷас будани об ҳукм мешавад, аммо агар замони афтодани наҷосат дар об маълум набошад ду ҳукм дорад:

(1)_ Агар ҳайвоне, ки афтодааст варам накарда бошад, пас ҳукми наҷосати об як шабонарӯз қабл аз пайдо шудани он мебошад ва намозҳоеро, ки дар як шабонарӯз аз он об вузу гирифта ва хондааст бояд дубора бихонад.

(2)_ Агар ҳайвоне, ки афтодааст варам карда бошад, ҳукми воқеъ шудани наҷосат се шабонарӯз қабл аз пайдо кардани он буда ва ҳар намозе, ки дар се рӯзи гузашта бо он об вузу гирифта ва хондааст бояд дубора қазо кунад.

Нукта: Чизҳое, ки дар замони наҷосати оби чоҳ аз он об барои пок шудани онҳо истифода шудааст ( монанди либос, қолин, парда ва …) бояд дубора шуста ва пок гардонда шаванд.

Аҳкоми оби даҳон ва пасмондаи ҳайвонот

_ Оби даҳони инсон, асб ва ҳайвонҳои ҳалолгушт пок буда ва пасмондаи онҳо низ пок мебошад

_ Оби даҳони хайвонҳои дарранда ва гуштхор монанди, гурғ, рӯбоҳ, хирс наҷас буда ва агар бар чизи поке даҳон бизананд, барои пок гардондани он шайъ бояд се маротиба онро шуст ва пасмондаи онҳо низ наҷас аст.

_ Пасмондаи мурғи хонагӣ ва парандагони дарранда, монанди каркас ва уқоб ва ҳайвоноте, ки хона доранд, монанди муш ва мор, макрӯҳ аст.

_ Оби даҳон ва пасмондаи хар машкук аст. Яъне олимони дин дар мавриди наҷас будан ё пок будани он шак кардаанд.

Нукта: Бо оби машкук вузу гирифта ва болои он таяммум кардан лозим аст. ( Шарҳи Дарконӣ, боби таҳорат )

Аҳкоми таяммум

_ Таяммум дар ҳолатҳое, ки инсон ба об дастраси надорад ва ё аз истифодаи об оҷиз мешавад ҷонишини вузу ва ғусл мегардад.

Сабабҳои оҷиз шудани инсон аз вузу ва ғусл

_ Об ба миқдори як майл ( 2 км ) аз инсон дур бошад.

_ Шахс бемор буда ва истифода аз об зараровар бошад.

_ Ҳаво сард буда ва барои гарм кардани об василае надошта бошад ва битарсад, ки агар аз оби сард истифода кунад бемор мешавад.

_ Об вуҷуд дорад, аммо василае барои кашидани об надорад, мисли касе, ки дар канори чоҳ аст, вале сатиле надорад, то об таҳия кунад.

_ Об вуҷуд дорад, аммо барои ошомидан аст ва агар аз он об барои таҳорат истифода кунад, дигар обе надорад ва ташна  мемонад.

_ Об дар наздикии шахс мебошад, аммо дар канори об душмани ӯ аст, ки ҷони ӯро таҳдид мекунад, мисли касе, ки дар ҷангал буда ва дар канори чоҳ, ҳайвони даррандае аст, ки наметавонад аз об истифода кунад.

_ Касе, ки агар вузу бигирад, ба намози ҷаноза намерасад, бояд таяммум кунад.

_ Метавон барои намоз қабл аз расидани вақти он таяммум кард.

Барои мисол метавон барои намози зуҳр қабл аз завол таяммум кард.

_ Касе, ки дар сафар аст, пеш аз он, ки аз ҳамсафари худ талаби об кунад метавонад таяммум кунад, аммо агар об талаб кунад ва ҳамроҳи ӯ ба вай бидиҳад таяммумаш ботил мегардад.

Равиши таяммум кардан

Ният кардан ва задани дастҳо бар чизи поке, ки аз ҷинси замин аст ва кашидани дастҳо ба рӯй ва дубора задани дастҳо бар чизи поке, ки аз ҷинси замин аст ва кашидани онҳо то оринҷ.

Нақзкунандаҳои ( шиканандаҳои) таяммум

_ Ҳар чизе, ки вузуро мешиканад, шиканандаи таяммум низ ҳаст.

_ Пайдо кардани об барои вузу кифоят мекунад

_ Касе, ки умед дорад об барояш мерасад мустаҳаб аст, ки намозашро ба таъхир биандозад, аммо агар дар аввали вақт бо таяммум бихонад саҳеҳ аст

_ Агар касе гумон кунад, ки дар наздикии ӯ обе аст, воҷиб аст, ки ба ҷустуҷӯи об биравад ва барои пайдо кардани об талош кунад.

_ Агар касе бо таяммум намоз бихонад ва баъд аз намоз ба ёдаш биёяд, ки об доштааст, намозаш саҳеҳ буда ва қазо кардани намоз лозим нест.

( Алфикҳулмуяссар, боби ибодот )

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед