Аҳкоми Таҳорат 2

0
258

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Аҳкоми Таҳорат
Бахши дуввум

Фарзҳои ғусл
(1)_ Шустани тамоми бадан як маротиба
(2)_ Мазмаза ( шустани даҳон)
(3)_ Истиншоқ ( шустани бинӣ)

Далоили фарзҳои ғусл

وَ إِن كُنتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُوا

Ва агар ҷунуб бошед, пас, ғусл кунед. ( Сураи Моида, ояти 6 )

عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ:  قَالَتْ مَيْمُونَةُ: وَضَعْتُ لِلنَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَاءً لِلْغُسْلِ فَغَسَلَ يَدَيْهِ ثُمَّ مَضْمَضَ وَاسْتَنْشَقَ وَغَسَلَ وَجْهَهُ  ثُمَّ أَفَاضَ عَلَى جَسَدِهِ ثُمَّ تَحَوَّلَ مِنْ مَكَانِهِ فَغَسَلَ قَدَمَيْهِ

“Аз Ибни Аббос ( рз) нақл шудааст, ки Маймуна ( рз) гӯфт: Ман барои ғусли Паёмбари Акрам (с) об мерехтам ва эшон дастҳояшонро шустанд, сипас мазмаза ва истиншоқ карданд ( даҳон ва бинии худро шустанд) ва рӯйяшонро шустанд, сипас бар бадани худ об рехтанд ва баьд аз он ба макони дигаре рафтанд ва поҳои худро шустанд”. ( Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ 1, саҳ 101)

Суннатҳо ва тартиби ғусл
(1)_ Шустани дастҳо то банди даст
(2)_ Истинҷо кардан (дафъ кардан ва аз байн бурдани наҷосатҳои боқимонда)
(3)_ Вузу гирифтан ( агар инсон дар ҷое, ки дар зери пояш об ҷамъ мешавад ғусл мекунад, поҳояшро баъд аз ғусл бишӯяд, аммо агар об дар он макон ҷамъ намешавад поҳояшро ҳамроҳи дигар аъзои вузу шустушу диҳад)
(4)_ Се маротиба расондани об бар тамоми бадан
(5)_ Агар мӯйи зан бофта шудааст, обро бар решаи мӯй расондан кифоят мекунад ва лозим нест тамоми мӯйи худро бишӯяд.

Мавориде, ки ғусл воҷиб мегардад
(1)_ Хуруҷи манӣ бо шаҳват ва ҳамроҳ бо фишор
(2)_ Дохил шудани ҳашафа ( сари олат) дар қубул ( шармгоҳи зан ) ё дар дубур ( маҳалли хуруҷи мадфуъ). Дар ин маврид  бар фоил ва мафъул ғусл воҷиб мешавад
(3)_ Муҳталим шудан ( иҳтилом ҳолате аст, ки барои мардон баъд аз бедор шудан аз хоб воқеъ мешавад. Дар ин ҳолат мард дар либоси худ тарӣ мебинад.
(4)_ Тамом шудани ҳайз
(5)_ Тамом шудани нифос

Ғуслҳои суннат
(1)_ Ғусли рӯзи ҷумъа
(2)_ Ғусл дар рӯзи иди Фитр ва иди Қурбон
(3)_ Ҳангоми бастани иҳром дар Ҳаҷ
(4)_ Ғусл дар рӯзи Арафа

Аҳкоми обҳо

Обҳое, ки метавон бо он вузу гирифт
(1)_ Обе, ки аз осмон биборад
(2)_ Обҳои замин ( мисли оби чоҳ ва дарё)
(3)_ Агар бар об чизе изофа гардад ва ҳадаф аз он покизагӣ бошад метавон бо он об вузу гирифт
(4)_ Оби ҷорӣ, то замоне, ки наҷосате дар он биафтад пок аст, аммо агар мазза, ранг ва бӯйи он иваз шавад наҷас буда ва наметавон бо он вузу гирифт.
(5)_ Агар ҳавзи бузуге, ки андозаи он даҳ зироъ дар даҳ зироъ бошад ҳукми оби ҷориро дорад

Нукта: Ҳар зироъ шаст сантиметр аст.
(6)_ Ҷонвароне, ки зоду валади онҳо дар об аст агар ҷасади онҳо дар об  биафтад наҷас набуда ва вузу бо он об саҳеҳ мебошад
(7)_ Ҷонвароне, ки хунашон ҷорӣ нест, агар да обе биафтанд, обро наҷас намекунанд.

Обҳое, ки наметавон бо онҳо вузу гирифт
(1)_ Обе, ки аз мева ва ё аз дарахт гирифта шавад
(2)_ Оби мустаъмал ( обе аст, ки барои вузу ё ғусл аз он истифода шудааст ва фарқе намекунад шахсе, ки истифода кардааст кабл аз он вузу дошата ё надошта бошад).

Таҳорати пуст ва аъзои бадани инсон ва ҳайвонот
(1)_ Пусти ҳар ҳайвоне ба ғайр аз инсон ва хук бо дабоғат (аз байн бурдани тарӣ ва намӣ) пок шуда ва метавон бар рӯйи он намоз хонад, ҳатто агар он ҳайвон бидуни зибҳ мурда бошад
Нукта: Пусти инсонро ба хотири шарофат ва эҳтиром ва пусти хук аз ҷиҳати барои пастии он наметавон дабоғат кард.
(2)_ Пусти ҳар ҳайвоне, ки бо дабоғат пок мешавад, бо зибҳ кардан низ пок мешавад, гарчи ҳайвон ҳалолгӯшт набошад.
(3)_ Пашм ва устухон агар хушк шуда бошанд ва рутубати наҷаси онҳо аз байн бурда шавад, пок мегардад.
(4)_ Устухон ва мӯй ва асаби инсон пок аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед