Аҳкоми Рӯза 2

0
244

Ба номи Ҳудованди бахшандаи меҳрубон
Аҳкоми Рӯза
Бахши дуввум

Дар навиштори гузашта ба фалсафа, маънои луғавӣ ва истилоҳӣ ва нияти рӯза ишора кардем. Дар идомаи ин навиштор ба замони вуҷуби рӯзаи моҳи мубораки Рамазон баҳс хоҳем кард.

Замони вуҷуби рӯза
Қоидаи куллӣ дар фарз шудани рӯзаи моҳи мубораки рамазон ва ҳамчунин ид кардан баъд аз ин моҳ, дидани ҳилоли (моҳтоби аввали моҳ) ҳар як аз моҳҳои Рамазон ва Шаввол аст, ки бо дидани ҳилоли моҳи Рамазон бояд рӯза гирифт ва бо дидани ҳилоли моҳи Шаввол бояд ид кард.

Нукта: Моҳтоби аввал то 7 рӯзагӣ моҳро “ҳилол”, аз 7 то 13 рӯзагии онро “қамар” ва аз 14 то 16 рӯзагии онро “бадр” мегӯянд.

Аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст, ки он ҳазрат фармуданд:

لاَ تَصُومُوا حَتَّى تَرَوُا الْهِلاَلَ وَلاَ تُفْطِرُوا حَتَّى تَرَوْهُ فَإِنْ غُمَّ (أُغْمِىَ) عَلَيْكُمْ فَاقْدرُوا لَهُ

Рӯза нагиред то инки ҳилол (-и моҳи рамазон)ро бубинед ва ифтор накунед, то инки ҳилол (-и моҳи шаввол)ро бубинед, пас агар бар шумо пӯшида шуд (ба василаи абр ё …) бар асоси муҳосибаи худ амал кунед.

(Саҳеҳи Бухорӣ, саҳ 451 , ҳадиси” 1906 ; Саҳеҳи Муслим, ҷ 2, саҳ 759 , ҳадиси 1080)

Дар ҳадиси дигаре низ ингуна омадааст:

إِذَا رَأَيْتُمُ الْهِلاَلَ فَصُومُوا وَإِذَا رَأَيْتُمُوهُ فَأَفْطِرُوا

Ҳангоме, ки ҳилол (-и моҳи рамазон)ро дидед, пас рӯза бигиред ва ҳангоме, ки ҳилол (-и моҳи шаввол)ро дидед ифтор кунед.

( Саҳеҳи Бухорӣ, саҳ 451 ; Сунани Ибни Моҷа, ҷ 5, саҳ 232, ҳадиси 1723 ; Саҳеҳи Муслим, ҷ 2, саҳ 762, ҳадиси 1081 )

Дидани  ҳилол ва явмушшак (یوم الشک)
Рӯзи охири моҳе, ки дар он ҳастем ва рӯзи аввали моҳе, ки қарор аст шурӯъ шавадро дар сурате, ки маълӯм набошад кадом як аз он ду аст, “явмушшак” номида мешавад.

Барои касе, ки одат дорад рӯзҳои охири ҳар моҳро рӯза бигирад ва ҳамчунин барои хавос (муфтиён ва аҳли илм), беҳтар аст, ки явмушшакро рӯза бигиранд.

Агар қабл аз нисфи наҳори шаръӣ эълон шуд, ки имрӯз аввали моҳи мубораки рамазон аст ҳама бояд нияти рӯзаи фарзӣ кунанд ва агар аввали моҳи рамазон эълон нашуд, онҳо, ки одат доштаанд охири ҳар моҳро рӯза бигиранд ва ҳамчунин хавос, он рӯзро рӯза гирифта ва бақия ифтор мекунанд зеро, ки дар явмушшак рӯзаи нафлӣ ва ҳатто рӯзаи воҷиби низ макрӯҳ мебошад.

Агар касе ингуна ният кунад, ки агар фардо моҳи рамазон буд ман рӯзадор ҳастам ва агар моҳи рамазон набуд ман рӯзадор нестам, ин навъ ният дуруст нест зеро, ки нияти ин шахс дар мавриди рӯза гирифтан ё нагирифтан қатъӣ набуда ва дар натиҷа рӯзааш ҳам қабул намебошад ва дуруст нест ҳарчанд, ки он рӯз аввали рамазон бошад.

Аммо агар ингуна ният кунад, ки агар фардо моҳи рамазон буд рӯзаи ман рӯзаи рамазон ва агар рамазон набуд рӯзаи ман рӯзаи нафлӣ аст, дар ин сурат нияташ байни фарз ва нафлӣ қарор дорад. Ҳоло агар фардо рамазон бошад рӯзаи ӯ фарзӣ аст ва агар рамазон набошад рӯзаи нафлии ҳамроҳ бо кароҳат буда ва саҳеҳ аст.

Дар сурати аввал шахс байни рӯза гирифтан ва нагирифтан мураддад буд ва қатъӣ ният накарда буд, аммо дар сурати дуввум нияти қатъӣ барои рӯза гирифтан вуҷуд дорад ва фақат байни рӯзаи фарзӣ ва рӯзаи нафлӣ мураддад аст.

Чанд масъала:

1) Ҳаркас ба танҳои ҳилоли аввали рамазон ва ё ҳилоли аввали шавволро бубинад ҳарчанд қавлашро касе бовар накунад, он ду рӯзро рӯза мегирад. Аммо агар ин шахс ин ду рӯзро ифтор кунад қазои онҳо бар гарданаш ҳаст, вале каффора надорад.

2) Агар ҳаво абрӣ бошад, қавли як шахси одил, ки мегӯяд “ман ҳилоли аввали рамазонро дидам” маврид қабул аст ҳарчанд, ки он шахс ғулом (барда) ё зан бошад. Аммо барои ифтор ва ид кардан дар ҳавои абрӣ шаҳодати ду нафар марди озод ва одил ҳамроҳ бо лафзи шаҳодат шарт аст, на шаҳодате, ки барои даъвоҳо дар ростои расидан ё маҳрум кардани ҳаққи шахсе бошад.

3) Дар ҳавои соф ва бидуни абр шаҳодати ҷамъи азим (зиёд), ки имкони дуруғ гуфтани онҳо вуҷуд надошта бошад, ҳам барои шурӯи рӯза ва ҳам барои ифтори (ид) шарт аст.

4) Агар бо шаҳодати ду одил сӣ рӯз рӯза гирифта шавад, ҳалол аст, ки ид кунанд ва агар ба гуфтаи як нафари одил рӯза гирифта шавад,
ҳалол нест, ки баъди сӣ рӯз ид кунанд ва эҳтиёт он аст, ки ҳилоли шавволро бубинанд ва баъд ид кунанд.

Аммо агар пас аз сӣ рӯз рӯза гирифтан ҳаво абрӣ бошад рӯзаи худро ифтор мекунанд.

5) Агар эмом ё қозӣ ҳилоли моҳи рамазонро ба танҳои бубинад, ихтиёр дорад байни инки якеро мансуб кунад, то хабари рӯъяти ҳилолро ба мардум бирасонад ё худаш мустақим ба мардум амр ба рӯза гирифтан кунад.

6) Пас аз тамом шудани 29 рӯз аз моҳи мубораки Рамазон лозим аст, ки ҷиҳати дидани ҳилоли моҳи шаввол талош ва таҳқиқ анҷом бигирад.

7) Агар касе ба танҳои тавонист ҳилоли моҳи шавволро бибинад, аз боби эҳтиёти дар ибодат, набояд рӯзаи худро ифтор кунад ва агар ифтор кард қазо дорад, вале каффора надорад. Ва агар ин шахс рӯъяти ҳилоли шавволро ба дӯсти худ бигӯяд ва ӯ низ бо тасдиқи ин қавл ифтор кунад, қазои он рӯзро бояд баҷо оварад, вале каффора надорад.

8) Агар эмом ё қозӣ ба танҳои ҳилоли моҳи шавволро бибинад, набояд ба самти иқомаи намози ид биравад ва низ набояд мардумро ба намози ид амр кунад, ҳамчунин набояд худаш чӣ ошкоро ва чӣ пинҳонӣ ифтор кунад.

9) Агар дар шаҳре қозӣ ва волӣ набошад ва шаб торик ва осмон ҳам абрӣ бошад, шаҳодати ду мард бар рӯъяти ҳилоли моҳи шаввол кифоят мекунад, барои инки мардум рӯзаи худро ифтор намоянд.

10) Агар касоне, ки дар самти ғуруби хуршед зиндагӣ мекунанд, ҳилоли моҳи рамазонро бубинанд бар касоне, ки дар самти офтоббаро ҳастанд рӯзаи рамазон фарз мешавад.

11) Агар аҳли як шаҳр бо дидани ҳилоли рамазон рӯзаро гирифтанд ва пас аз 29 рӯз бо дидани ҳилоли шаввол ид карданд, бар касоне, ки дар дохили он шаҳр буданд ва ба далели маризӣ натавонистанд рӯза бигиранд дар сурате, ки аз 29 рӯз бо хабар бошанд, ҳамон 29 рӯзро қазо медоранд, аммо агар хабар надошта бошанд, бояд 30 рӯз қазо ба ҷо оваранд.

12) Агар дар рӯзи сиюми моҳи рамазон чӣ қабл аз завол ва чӣ баъд аз завол ҳилоли моҳи шаввол дида шуд, он ҳилол аз шаби оянда ҳисоб мешавад, на шаби гузашта.

Идома дорад…!

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед