Аҳкоми мусофир (қисми чорум)

0
176

Ба номи Худованди бахшандаи  меҳрубон

Ватани аслӣ ва ватани иқоматӣ

Тавре, ки дар қисмҳои гузашта зикр кардем қасри намоз, яъне ба ҷои намозҳои чорракъатии пешину асру хуфтан ду ракъат ба нияти қаср (шикаста) хонда шавад, ҳукми ҷоиз будани қаср хондан дар намозҳои субҳу шом ҷорӣ намешавад. Ҳар вақто, ки фарде сафаре, ки беш аз 81 километр масофат дорадро оғоз кард, қасри намоз барои ӯ лозим аст ва чигунагии тай кардани масофат матраҳ нест, хоҳ бо мошин бошад хоҳ бо ҳавопаймо, ки дар муддати кӯтоҳе онро тай кунад, боз ҳукми қасрро дорад. Дар ин қисм аз баҳс ватани аслӣ ва иқоматии мусофир ва аҳкоми марбут ба онро баён хоҳем кард.

Ватани аслӣ

Ба ватане гуфта мешавад, ки инсон дар ҳамонҷо таваллуд шуда бошад ва дар онҷо бо хонаводааш зиндагӣ кунад.

Ватани иқоматӣ

Ватане мебошад, ки инсони мусофир иқомати 15 рӯза ё бештарро дар он макон ният кунад.

Чанд масъала дар робита бо ин мавзӯъро баён мекунем:

Масъалаи якум:

Ватани аслӣ гоҳ вақт ба сабаби кӯч ҳукмаш бекор шуда ба ватани иқоматӣ табдил меёбад, аммо дар сурате, ки шахс ҷои дуюмро барои худ интихоб кунад, аммо бо аҳлаш ба онҷо интиқол пайдо накунад ва танҳо хона созад, масалан дар як деҳаи дигар, ватани аслиаш ботил нашуда ва макони дуюм ҳам ватани аслии вай ба ҳисоб намеравад.

Шояд зеҳни мухотаб савол кунад, ки фоидаи ватани аслӣ ва иқоматӣ чӣ мебошад?

Агар шахсе, ки ду ватан дорад (як ватане, ки ҳамроҳи хонавода дар онҷо зиндагӣ мекунад ва  ду ватане, ки дар онҷо хона сохтааст) ва байни ин ду масофате, ки шахси мусофир ба ҳисоб меравад бошад, чунин шахсе дар роҳи сафар намозҳои худро қаср хонда ва ба маҳзи расидан ба ватани дигар аз ҳукми мусофир хориҷ шуда ва ҳатто нияти иқомат ҳам барои ӯ лозим нест.

Масъалаи дуюм:

Тафовут байни мусофире, ки як ватан ва мусофире, ки ду ватан барои худ интихоб кардааст:

Мусофире, ки танҳо як ватан барои худ интихоб кардааст лозим аст, ки барои комил хондани намозҳои худ дар сафар, нияти иқомати ҳадди ақал 15 рӯза кунад, аммо мусофире, ки барои худ ду ватан интихоб кардааст ҳангоми расидан ба ватани дуюм нияти иқомат шарт набуда ва муқим ҳисоб мешавад.

Масъалаи сеюм:

Ҳаргоҳ мусофир тарс аз дарандаҳо, дуздҳову роҳзанҳо ва ҷо мондан аз шариконашро дошта бошад, метавонад намозашро бо таъхир бихонад. Зеро узре боиси ба таъхир афтодани намозаш шудааст, дар ҳоле, ки дар шароити оддӣ мустаҳаб аст, ки намозашро дар аввали вақт бихонад.

Масъалаи чорум:

Аз ҷумла намозҳое, ки марбут аст ба боби сафар хондани намози нофила дар болои добба (чорво, мошин ва дигар васоити нақлиётӣ) ва маркабу сафина, яъне қоиқ мебошад. Ҷоиз аст хондани намози нофила дар ҳолати савор ба маркаб ба шарте, ки аз шаҳр берун бошад. Намозгузор дар ин мавқеият намози худро нишаста ва бо имову ишора адо мекунад. Дар ин ҳолат шарт нест, ки сурати намозгузор рӯ ба қибла бошад, шояд сафараш акси қибла бошад, аммо намозгузор рӯ ба масири худ намози нофиларо мегузорад ва намозаш ҳам саҳеҳ мебошад.

Аммо агар баръакс дар маркаб нишинад ё қисме аз сурати худро ба тарафи қибла гардонад саҳеҳ намебошад.

Ҳатто барои хондани намозҳои нофила дар болои маркаб мусофир будан ҳам шарт нест, аммо аз боби инки марбут ба ҳаркат аст дар ин ҷо онро зикр кадем.

Пас намозгузор дар болои маркабу зин чунин аст, ки намозро нишаста, бо имо ва ишора мехонад ва қироат, рукуъ, саҷда, ташаҳҳуд ва саломро ҳам дар ҳадди мақдур анҷом медиҳад. Ба монанди намози мариз, ки бо имо ва ишора намозашро мехонад ва саҷдаашро поинтар аз рукуъаш ба ҷо меоварад. Ҳатто дар инҷо лозим нест, ки баръакси мариз чизе ба монанди болиштро дар пеши худ гузорад, то пешониаш ба он бирасад. Яъне саҷдаро каме поинтар аз рукуъ анҷом диҳад кифоят мекунад.

Дар бораи ҳолати маркабу добба ҳам қобили зикр аст, ки фарқе намекунад, ки дар ҳолати ҳаракат бошад ё дар ҳолати истода, дар ҳар ду ҳолат намозгузор метавонад намози нофилаашро бо имо ва ишора бихонад.

Агар намозгузор дар болои маркаб чизеро дар саҷдагоҳи худ гузораду бар рӯи он саҷда кунад, саҳеҳ нест ва беҳтар он аст, ки бо ишораи сар онро анҷом диҳад.

Агар намозгузор дар замин нияти намози нофиларо кунад ва сипас савор бар маркаб шавад, дигар наметавонад намозро бо имо ва ишора бихонад, зеро ҳукми дар замин хондан томму комил аст. Аммо баръакси он яъне дар болои маркаб ният кунад, дар замин комил бихонад, намоз саҳеҳ аст.

Барои намозгузор бар болои маркаб, ки намози худро рӯ ба қибла ният кардаасту дар роҳ ба ҷиҳати тағйири масири маркаб пушт ба қибла қарор гирифтааст, лозим нест рӯи худро ба сӯи қибла гардонад.

Агар дар сурате, ки чанд маркаб дар канори ҳамдигар ҳаракат кунанду саворон бихоҳанд намозро ҷамоъат баргузор кунанд, танҳо намози имом саҳеҳ мебошад ва намози қавм ботил аст, магар онки узре вуҷуд дошта бошад. Аммо ду марди савор ба як маркаб метавонанд ба ҳамдигар иқтидо кунанд, вале асл дар нофила фуродо хондан аст.

Ду шахс дар ду тарафи маркаб метавонанд ба ҳамдигар иқтидо кунанд ба шарте, ки байни онҳо ҳоил ва пардае набошад.

Масъалаи панҷум:

Оё намозгузор бар болои маркаб ва хориҷ аз шаҳр метавонад ҳамзамон, ки намоз мехонад, маркабро ҳам биронад?

Агар маркаб барои рондан танҳо ниёз ба ишора ва амале, ки кам ба ҳисоб меравад ниёз дошта бошад, намозгузор метавонад дар ҳини хондани намоз маркабро ҳам ҳидоят кунад, аммо агар барои рондани маркаб ниёз ба садо задан ё амали касире ба монанди дасту по задан бошад, намоз саҳеҳ намебошад.

Пас рондани мошин дар ҳолати хондани намози нофила саҳеҳ намебошад, аммо рондани аспу хар бо ишора (ба шарте, ки ишора табдил ба амали касир нашавад) дар ҳолати хондани намози нофила саҳеҳ мебошад.

Масъалаи шашум:

Намозҳои нофилаи панҷвақтаро ҳам метавон дар болои маркаб тавре, ки баён шуд хонд.

Идома дорад…

Намози мариз– бемор (қисми сеюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед