Аҳкоми мусофир(қисми сеюм)

0
104

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Иқомат ва намози мусофир

Дар баҳсҳои гузашта гуфтем, ки камтарин масофате, ки сабаби шикаста хондани намозҳо мешавад, сафарест, ки дар он ба таври мутавассит масофати се шабу се рӯз бо пиёдагардӣ ва ё роҳравии шутур тай мешавад. Ва ҳамчунин баён кардем, то замоне ки мусафир нияти 15 рӯз иқоматро накунад, бояд намозро шикаста бихонад. Дар ин қисмат аз баҳс дар бораи иқомат ва навъи намози мусофир масъалаҳоеро баён хоҳем кард.

Масъалаи якум

Агар мусофир 15 рӯз иқоматро дар ду макон ният кунад, пас агар ҳар кадом аз ин ду макон ҷудогона бошад ба мисли Макка ва Мино чунин шахсе муқим ба ҳисоб нарафта ва лозим аст, ки намозашро шикаста бихонад, зеро нияти иқомат бояд дар як шаҳр бошад ё ду ҷое бошад, ки яке аз онҳо тобеи бузургтар аз дигараш бошад. Агар шаҳре тобеи шаҳри бузургтаре бошад, намози ҷумъа ҳам бар мусофири нияти иқоматкарда лозим мешавад.

Масъалаи дуюм

Агар шахси мусофир дар ду деҳа нияти иқомат кунад, ба тавре, ки рӯз дар як деҳа ва шаб дар деҳаи дигар иқомат кунад, чунин шахсе муқим ба ҳисоб рафта ва лозим аст, замоне ки дар маконе, ки ният карда буд рӯз дар онҷо бошад, намозҳои пешин ва асрро комил бихонад ё дар ҷое, ки ният карда буд шаб онҷо бимонад, намозҳои хуфтану субҳро комил бихонад, агар баръакс шавад, яъне дар ҷое, ки ният карда буд рӯз онҷо бимонад шаб монд, бояд намозҳои шабро шикаста бихонад ва дар ҷое, ки ният карда буд шаб онҷо бимонад, рӯз дар онҷо монд, бояд намозҳои рӯзро шикаста бихонад.

Шарт дар инҷо вуруд нест, балки шарт вақти намоз аст, яъне то пеш аз вақти намоз ба макони дигар рафта бозгардад, ин рафту бозгашт иқоматашро намешиканад.

Масъалаи сеюм

Агар барда ду мавло дошта бошад, яке аз онҳо нияти иқомат бикунад ва дигарӣ не, барда ҳамроҳ бо ҳар кадом аз мавлои худ бошад (мусофир ё муқим) намозҳои худро бар тибқи он мехонад, яъне ҳамроҳи мавлои мусофираш бошад намозҳояш шикаста ва агар ҳамроҳи мавлои нияти иқомат кардааш бошад, намозҳояшро бояд комил бихонад. Зеро барда тебеи мавло худ аст.

Масъалаи чорум

Агар барда бар мавлои худ имом шавад (агарчи макрӯҳ аст, вале мумкин аст ба хотири мушкил дар қироати мавло бошад) ва ҳамроҳи мавло як гурӯҳ аз мусофирон бошанд, пас аз хондани як ракъати намоз мавло иқоматро ният кунад, чун барда пайрави мавло мебошад, дар чунин шароите барда ду раъкати намозро хонда барои салом додан яке аз мусофиронро ҷонишини худ мекунад ва худ ва мавлояш ду ракъати дигарро фурода мехонанд.

 Савол!

Барда чӣ гӯна фаҳмад, ки мавлояш нияти иқомат кардааст?

Мавло дасташро болои зону гузошта ибтидо як ангуштро баланд карда ва поин меорад ва сипас чор ангушташро баланд мекунаду поин меорад ва бо ин кор ба барда мефаҳмонад, ки нияти иқомати 15 рӯза кардааст ва бояд намозро комил бихонад ва ё агар рӯза бошад, бояд рӯза бигиранд.

Масъалаи панҷум

Агар мусофир дар дохили намоз нияти иқомат бикунад, дар чунин шароите фарқе намекунад, ки ин шахс мунфарид ё муқтадӣ, масбуқ, мудрик ва ё лоҳиқ бошад, бояд намозро комил бихонад.

Масълаи шашум

Мусофир ҳар вақт пас аз салом додан нияти иқомат бикунад бо ин тафовут, ки бар чунин шахсе пас аз саломи ахир саҷдаи саҳв ҳам бар гардани ӯ будааст ва бояд барои саҷдаи саҳв ҳам салом диҳад, аммо саҷдаи савҳро фаромӯш кард ва танҳо ба саломи ахири намоз иктифо кард, пас агар баъд аз чунин саломе нияти иқомат кунад, ин шахс муқим ба ҳисоб намеравад, ки лозим шавад намозашро комил кунад, зеро инки нияти иқоматаш пас аз хуруҷ аз намоз анҷом шудааст.

Дар инҷо мумкин аст савол пеш ояд, ки чӣ гӯна мумкин аст, ки чунин шахсе, ки ҳануз бар гардани вай саҷдаи саҳв воҷиб аст ва намозаш комил нашудааст, салом дода намозашро ба итмом расонду нияти иқомат кард, пас таклифи саҷдаи саҳви вай чӣ мешавад?

Дар посух бояд гуфт, ки як қонун аст, ки фаромӯш кардани ҷуброни амали фаромӯшшуда дар намоз аз гардани намозгузор соқит аст. Масалан шахсе бар асари фаромӯшӣ воҷиберо тарк карду бар ӯ саҷдаи саҳв лозим шуд, аммо саҷдаи саҳвро ҳам фаромӯш кард, намозаш саҳеҳ аст. Ба ин қоида мегӯянд: саҳви дар саҳв мусқит аст, яъне воҷиберо бар асари фаромушӣ тарк ё воҷиберо таъхир андохт ё фарзу рукнеро такрор кард, бар ӯ саҷдаи саҳв воҷиб мешавад ва агар ҷуброни онро ҳам фаромӯш кард, дигар бар гардани ӯ воҷибе нест. Дар чунин шароите бар мусофири нияти иқомат карда лозим нест, ки намозашро, ки пас аз саломи охири намоз, ки саҷдаи саҳви худро фаромӯш кардааст, комил бихонад, аз дидгоҳи Имоми Аъзам (рҳ).

Масъалаи ҳафтум

Агар мусофир пас аз саломи охир ва пеш аз саломи саҷдаи саҳв нияти иқомат кунад, бояд пас аз такмили намоз, яъне пас аз саломи дар ракъати чорум дубора саҷдаи саҳвро ба ҷо оварад, зеро саҷдаи саҳв дар охири намоз аст ва он саҷдаи саҳве, ки дар байн намоз ба ҷо овардааст ҳисоб намешавад.

Масъалаи ҳаштум

Агар мусофире ба мусофири дигар иқтидо кунад ва пас аз он ба имом ҳадасе бирасад ва имом як фарди муқимро халифа кунад, бар мусофир лозим нест, ки намозро ҳамроҳи муқим комил бихонад. Баръакси масъале, ки гуфтем агар мусофир дар шаҳре бар имоми муқим иқтидо кард, бояд намозашро комил бихонад.

Масълаи нуҳум

Мусофире, ки пушти имоми муқим ният ва намозашро фосид кард, бояд намозашро шикаста иода кунад, аммо агар дар намозҳои нафл пас аз иқтидо намозро фосид кунад, лозим аст, ки онро комил иода кунад.

Масъалаи даҳум

Агар мусофир барои афроди муқим имоми ҷамоат шавад, пас аз ду ракъат салом дода ва афроди муқим, боқӣ намозашонро ба сурати фуродо мехонанд ва беҳтар аст, ки мусофир ба иқтидокунандагон пас аз салом додан бигӯяд, ки шумо намози худро комил кунед, ки ман мусофир ҳастам.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед