Аҳкоми мусофир(қисми панҷум)

0
128

Ба номи Худованди бахшандаи  меҳрубон

Баёни чанд масъала дар мавриди аҳкоми мусофир

Дар идомаи мабоҳиси ватани аслӣ ва ватани иқоматии мусофир дар ин қисмат аз баҳс ба баёни чанд масъала дар  мавриди аҳкоми мусофир мепардозем.

Масъалаи якум:

Агар намозгузор хориҷ аз шаҳр намози суннатҳои панҷвақтаро бар болои маркаб оғоз кунад, қабл аз тамом шудани намоз дохили шаҳр шуд, аксари олимон бар он ҳастанд, ки намозгузор бояд пиёда шуда ва боқӣ мондаи намозро бар рӯи замин бо рукуъ ва суҷуди комил бихонад.

Аммо агар татавуъ (суннатҳои намозҳои панҷвақта)-ро оғоз кард бар рӯи замин тавре, ки дар қисмати қабл зикр кардем, аммо бар болои маркаб намозро комил кунад ҷоиз нест.

Масъалаи дуюм:

Агар намозгузор намозҳои витр, назр, намозе, ки ботил шудааст, намози ҷаноза ва саҷдаи тиловатро дар замин ният кунад лозим аст, ки онҳо дар замин комил кунад дар болои маркаб комил карданашон саҳеҳ нест.

Масъалаи сеюм:

Намозгузор хавф дошта бошад, ки агар аз маркаб барои намоз пиёда шавад ҷонаш таҳдид мешавад ё либосаш бар асари борону хоку лой касиф мешавад ва ё тарси аз даст додани маркабашро дошта бошад ё аз душману даррандае хавф дошта бошад ё агар пиёда шавад дубора савор шудан барои ӯ мушкил аст ва бояд касе бошад, то барои савор шудан ба вай кӯмак расонад ё пирамарде бошад, ки натавонад дубора савори маркаб шавад ё дар ҷое бошад, ки дар он замини сахте нест, ки саҷда кунад, зеро барои саҷда замин бояд тавре бошад, ки пешонӣ ором гирад, дар ин сурат ҳам метавонад намозгузор намозашро бар болои маркаб бихонад.

Дар шароите, ки зикр шуд, барои намозгузор лозим нест, ки намозҳои худро иода кунад.

Масъалаи чорум:

Намоз бар болои арроба (каҷова ва иҷла) агар арроба ба маркаб ва добба васл бошад намозгузор метавонад ба сурати нишаста ва бо имову ишора намозро бихонад, аммо агар ба маркаб васл набошад ҳукми сарир (кат ё каравот)-ро дорад ва бар намозгузор лозим аст, ки намозашро комил ва бо рукуъ ва суҷуд бихонад.

Масъалаи панҷум:

Оё бар рӯи маркабе, ки олуда ба наҷосат аст мешавад намоз хонд?

Ҷавоб: агар наҷосат бар рӯи зину бандҳои зини маркаб бошад ё ду тарафи зин, хондани намоз саҳеҳ нест, аммо агар ин наҷосат бар бадани маркаб бошад ё дигар ҷойҳое, ки аз зин ҷудо аст хондани намоз саҳеҳ мебошад.

Масъалаи шашум:

Намоз бар болои сафина (қоиқ)

Агар намозгузор савори сафина шуд, ки вақте намози пешин фаро расид, агар қодир бошад, ки аз сафина хориҷ шавад дар сурате, ки ҷо намонад бояд аз қоиқ пиёда шуда намозашро дар хушкӣ бихонад, аммо қодир набошад барои пиёда шудан ва нигарон аст, ки дар сурати пиёда шудан аз қоиқ ҷо мемонад, бар рӯи сафина бо вуҷуде, ки қодир аст намозро ба сурати комил ва бо рукуъ ва суҷуд бихонад, метавонад нишаста ва бо имову ишора бихонад. Агар намозгузор дар чунин ҳолате намозро бо рукуъ ва суҷуд бихонад сеҳеҳ аст ҳамроҳ бо кароҳат аз назари Имоми Аъзам (рҳ), вале аз назари Имомайн саҳеҳ нест.

Агар сафина баста бошад ва ҳаракат накунад дар ин сурат ҳама иттифоқ доранд, ки намози нишаста саҳеҳ нест ва намозгузор бояд дар ин сурат намозашро ба сурати комил ва бо рукуъ ва суҷуд ба ҷо оварад. Агар қоиқ ба соҳил ё замин баста набошад ва намозгузор ҳам натавонад аз қоиқ пиёда шавад лозим аст, ки намозгузор намозашро нишаста бихонад. Агар қоиқ дар канори дарё баста шуда бошад, вале намозгузор хавф дошта бошад, ки шояд мавҷи дарё ё боди тунде онро аз соҳил ҷудо кунад намозгузор метавонад намозро ба ду сурати нишаста ва ё бо қиём, комил бихонад.

Агар намозгузор бихоҳад намозро истода бихонад, вале саргиҷа дошта бошад ва натавонад ҳолати қиёмро ҳифз кунад, дар ин сурат ҳам хондани намоз ба сурати нишаста саҳеҳ мебошад.

Барои намозгузор лозим аст, ки дар ҳолати ифтитоҳ ва ё такбири таҳрима рӯ ба қибла бошад. Агар намозгузор дар ҳоли намозхондан ва рӯ ба қибла бошад, ки сафина ҷиҳати ҳаракаташ тағйир кунад намозгузор рӯи худро ба тарафи қибла бар мегардонад, дар сурате, ки қодир бошад, дар сурате, ки намозгузор қодир бошад, ки рӯи худро ба тарафи қибла баргардонад, вале барнагардонад, фарқе намекунад, ки намозро ба сурати истода мехонад ё нишста, намоз саҳеҳ намебошад.

Чуноне, ки дар баҳсҳои гузашта баён кардем, агар намозгузор дар дохили намоз масалан намози пешин, қабл аз бархостан барои ракъати сеюм нияти иқомат кунад, дигар ҳукми мусофирро надошта ва бояд намозашро ба сурати комил бихонад; Аммо намозгузор бар болои сафина наметавонад дар дохили намоз нияти иқоматӣ бикунад, зеро  дар қисматҳои гузашта баён кардем, ки мусофир барои онки нияти иқоматӣ кунад лозим аст, ки ба қаря ва ободие бирасад, барои ҳамин мусофире, ки бар рӯи об аст, наметавонад нияти иқоматӣ кунад. Ҳатто соҳиб ва нохудои сафина ҳам наметавонад нияти иқоматӣ кунад. Магар онки сафина ба шаҳр ё ободие наздик бошад.

Агар намозгузори мусофир дар аснои намоз шаҳр ё деҳаеро дар соҳил мушоҳида карда ва нияти иқоматӣ кунад, аммо сафина масираш иваз шуда ӯро аз соҳил дур кунад намозгузор бояд намозро ба ҷиҳати нияти иқомате, ки кардааст комил бихонад аз назари Имом Абу Юсуф (рҳ) ва ин дар сурате аст, ки сафина ба ҳадде дур нашуда бошад, ки мусофир азони он шаҳр ё деҳае, ки дар соҳил қарор дорадро нашунавад.

Масъалаи ҳафтум:

Агар шахси мусофир бар болои сафина намозро оғоз кунад, дар хориҷ аз шаҳр сипас сафина ӯро бирасонад ба дохили шаҳр, намозгузор бояд намозро комил (чаҳор ракъат) ба итмом бирасонад.

Масъалаи ҳаштум:

Агар ду сафина дар канори ҳам ҳаракат кунанд, иқтидо кардан ба имоме, ки дар сафинаи дигар аст саҳеҳ намебошад, аммо агар байни ин ду сафина фосилаи зиёд набошад (ба ҳадде бошад, ки бидуни заҳмат ба сафинаи дигар рафту омад кунад) иқтидо кардан саҳеҳ аст ва ин ду сафина ҳукми як сафинаро доранд.

Масъалаи нуҳум:

Агар шахсе дар рӯи сафина бошад ва ба имоме, ки дар соҳил аст ва  ё баръакс иқтидо кунад, агар байни ин ду фосила ба ҳадде бошад, ки дигар сафинаҳо аз он тариқ гузар кунанд, ҷоиз нест иқтидо кардан, агар фосила камтар буд иқтидо саҳеҳ мебошад.

Масъалаи даҳум:

Агар намозгузор дар дохили сафина мушоҳида кунад, ки ресмони сафина кушода шудааст ва барои бастани он ҳаракат кунад, намозаш саҳеҳ намебошад, зеро амали касир анҷом додааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед