Аҳкоми қасм(бахши якум)

0
70

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Қасм ба маънои тақсими саҳми занон аст, ки мард бояд байни занҳои худ адолатро риоят карда ва ба яке бештар аз дигарӣ аҳаммият надиҳад.

Дар идома ба баёни аҳкоми ин мавзӯъ мепардозем.

Аз ҷумлаи он чизҳое, ки барои мардҳо дар мавриди занҳояшон воҷиб аст, риояти адолату баробарии байни онҳост ва ин воҷиб будан дар чизҳое аст, ки мард молики онҳо аст ва ихтиёрашонро дорад; монанди шабгузаронӣ бо зан, суҳбат кардан бо зан, ҳамнишинӣ бо зан, хӯрок, либос ва …, ва дар чизҳое, ки мард молики онҳо нест, адолату баробари воҷиб нест, монанди дӯст доштан, ки як амри қалбӣ аст ва дар ихтиёри мард нест, ҳамбистар шудан бо зан, ки як майли қалбӣ ва эҳсосӣ аст ва дар ихтиёри мард нест.

Аз Оиша (рз) нақл шудааст, ки Расули Худо (с) адолатро дар навбати ҳамсаронаш ва рафтор бо онҳо риоят мекард ва мефармуд:

«اللَّهُمَّ هَذَا قَسْمِي فِيمَا أَمْلِك، فَلا تَلُمْنِي فِيمَا تَمْلِكُ، ولاَ أَمْلِك»

”Худоё, ин тақсиму саҳмгузории ман дар он чизҳое аст, ки дар ихтиёри ман аст; пас маро дар мавриди ончи ки молики он ту ҳастӣ ва дар ихтиёри ман нест (муҳаббати қалбӣ), сарзаниш ва муохиза нафармо.”

(Сунани Тирмизӣ, боби алтасвия байналзароир, ҳадиси 1140 / Сунани Абу Довуд, боби филқасм байнаннисо, ҳадиси 2134)

Рукни асосии ин қасм ва саҳми занҳо, шабгузаронӣ бо онҳо аст, яъне мард ҳатман бояд бо он зане, ки навбаташ аст, шабро бигузаронад ва дар канораш бошад.

Нукта: Дар баъзе аз маворид аҳкоми илоҳӣ баёнгари баробарии саҳми занон нест, аммо ин масъала мухолифи адолат ҳам нест, зеро ки дар он мавридҳо Худованди Мутаол аз рӯи адолат ва бо риояти ҳоли занҳо ҳукм ба нобаробарии саҳмҳо додааст. Монанди инки саҳми зани озод аз зани каниз бештар аст ва ё саҳми зани мусалмон аз зани ғайри мусалмон бештар аст. Пас мумкин аст дар якҷо баробарӣ набошад, аммо адолат вуҷуд дошта бошад ва адолат муҳимтар аз баробарӣ аст. Дар ин баҳси саҳмгузории занон низ дар бархе ҷоҳо ҳам баробарӣ ва ҳам адолат аст ва дар бархе ҷоҳо баробари нест, вале адолат ҳаст, ки Худованд ба он ҳукм додааст.

Дар мавориде, ки дар идома ишора мекунем мард бояд байни занҳои худ адолат ва баробариро риоят намояд:

1) Зани ҷадид дар баробари зани қаблӣ ҳаққу саҳми баробар дорад.

2) Зане, ки дар ҳоли душизагӣ ба издивоҷи марде даромада, бо зане, ки дар ҳолати бевагӣ ба издивоҷи мард даромадааст, аз назари ҳаққу саҳм баробар ҳастанд.

3) Зани маризу зани солим ҳаққу саҳми баробар доранд.

4) Зани ратқо ва ё маҷнун ҳам дар баробари дигар занҳо ҳаққу саҳми баробар доранд.

Ратқо: Зане аст, ки бахотири вуҷуди гушти изофа дар фарҷаш наметавон бо ӯ ҳамбистар шуд.

Маҷнун: Зани девона, аммо дар ин ҳукм манзур девонае аст, ки мард тарс аз осеб хӯрдан аз у надошта бошад ва он зани девона, девонаи беозор бошад.

5) Занони ҳоиз, нуфасо ва ҳомиладор низ дар ҳаққу саҳм бо дигар занҳо баробар ҳастанд.

6) Зани сағир, ки ҳамбистар шудан бо ӯ мумкин аст, ҳаққу саҳми баробар бо дигар занҳо, ки аз назари сину сол аз ӯ бузургтар ҳастанд дорад.

То инҷо дар мавриди занҳо гуфтем, ки ҳар кадом ҳаққу саҳми худро доранд ва аммо дар мавриди мард низ бояд гуфт, ки марди саҳеҳу солим, марди ахта шуда, марде ки олати таносули надорад, марди анин, марди болиғ, марди муроҳиқ (аз кудакӣ хориҷ шуда, вале ба балоғат нарасида), марди мусалмон, марди зимми ва … низ ҳамагӣ дар саҳм баробар ҳастанд.

Чанд масъала

1) Агар яке аз занҳо мусалмон бошад ва дигари зиммӣ, зани мусалмон ду аз се ва зани зимми як аз се саҳмро ҳақ доранд. Масалан зани мусалмонро бояд мард ду шаб канораш бошад ва зани зиммиро як шаб.

2) Агар яке аз занҳо озод бошад ва дигари каниз, дар инҷо низ барои озод ду аз се ва барои каниз як аз се саҳм вуҷуд дорад.

Зани мукотиба (касе аст, ки бо мавлои худ ақд бастаанд, ки қимати озодии худро кам-кам бидиҳад ва дар ниҳоят озод шавад), зани мудаббира (касе аст, ки мавлояш эълон карда бошад, ки баъд аз маргаш ӯ озод аст) ва зани умми валад (канизе аст, ки аз мавлои худ соҳиби фарзанд шудааст) низ монанди зани каниз ҳастанд.

3) Агар мард як зани озод ва як зани каниз дошта ва як шаб назди он каниз монад ва баъд ӯро озод кунад, дар инҷо он зани озод як шаб бештар ҳаққу саҳм аз ҳамнишинӣ бо мардро надорад, зеро ки дар сурати каниз будани зани дигар он зани озод ду шаб ҳақ ва саҳм дошт, аммо акнун, ки он каниз озод шудааст ҳарду саҳми баробар доранд.

4) Баробари ва риояти ҳақи занҳо дар шабгузаронӣ лозим аст, на дар рӯз ва ҷимоъ, агар мард дар рӯз ба хонаи яке аз занҳо бештар рафтуомад дошта бошад ва ё бо яке аз занҳо бештар ҳамбистар шавад, монее надорад ва гуноҳ накардааст.

Аммо агар ба хонаи яке аз занҳо баъд аз мағриб биравад ва ба хонаи дигарӣ баъд аз ишо (хуфтан), ин кор ҷоиз нест.

5) Дар мусофират занҳо ҳаққе бар гардани мард надоранд ва мард метавонад ҳар кадом аз онҳоро хост бо худ ба мусофират бибарад, албата беҳтар аст, ки қуръа бикашад ва ҳар кас интихоб шуд, бо ӯ ба мусофират биравад.

عن عائشة رضي الله عنها قالت: كان رسول الله صلى الله عليه وسلم إذا أراد أن يخرج أقرع بين أزواجه فأيتهن خرج سهمها خرج بها معه

Аз Оиша (рз) нақл шудааст, ки гуфт: Ҳар гоҳ Расули Худо (с) мехост ба сафар биравад, миёни ҳамсарони худ қуръа мекашид ва қуръа ба номи ҳар кас меафтод, ӯро ҳамроҳи худ мебурд.”

(Фатҳулборӣ, шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ 8, саҳ 308, ҳадиси 4473)

Идома дорад…

Манобеъ:

1) Фатҳулборӣ, шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Дорулраён литтурос – Қоҳира

2) Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

3) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

4) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

5) Сунани Тирмизӣ.

6) Сунани Абу Довуд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед