Аҳкоми қасм(бахши севвум)

0
79

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар қисматҳои гузашта қасмро таъриф карда, ҳолатҳое ки мард бояд байни занҳои худ адолатро риоят кунад баён намуда ва сипас ба чанд масъала дар ин робита пардохтем. Акнун дар ин бахш низ чанд масъалаи дигар дар ин бора баён хоҳем кард.

Идомаи масъалаҳо:

15) Агар марде танҳо як зан дошта бошад, аммо ё рӯзҳоро рӯза бигирад ва шабҳо ба ибодат машғул шавад ва ё вақтҳои худро бо канизҳои худ гузаронда ва ба зани худ таваҷҷӯҳ накунад ва барояш вақт нагузорад, дар ин сурат зан ҳақ дорад шикояти худро назди қози бибарад ва қозӣ ба он мард амр мекунад, ки бояд дар ҳар чаҳор шабонарӯз як шаб ва як рӯзро ба зани худ ихтисос диҳад ва назди ӯ биравад.

Далели ин амри қозиро низ метавон ингуна гуфт, ки чун мард метавонад чаҳор зан бигирад ва дар ин сурат бояд ҳар шабонарӯзро ба яке аз онҳо ихтисос бидиҳад, дар сурате ки як зан дошта бошад, бояд аз ҳар чаҳор шабонарӯз як шаб ва як рӯзро дар канори он зани худ бимонад ва ҳақ надорад дар он рӯз худро ба ибодат машғул кунад ва ё рӯза бигирад ва нисбат ба зани худ бе таваҷҷӯҳӣ кунад.

Ин қавли Имом Абӯҳанифа (раҳ)аст.

16) Агар марде ду зани озод дошта бошад ва чанд умми валад, дар ин сурат аз ҳар чаҳор рӯз бояд барои ҳар кадом аз занҳои озоди худ як рӯзро ихтисос  бидиҳад ва ду шабонарӯзи дигарро бо ихтиёри худ назди ҳаркадом аз умми валадҳо бихоҳад метавонад биравад.

Уммӣ валад: Канизе аст, ки аз мавлои худ фарзанд дошта бошад.

17) Агар марде чаҳор зани озод дошта бошад ва чанд умми валад ё каниз, дар ин сурат бояд барои ҳаркадом аз занҳои озоди худ як рӯзро ихтисос диҳад ва чун ҳар чаҳор рӯзи он мард пур мешавад ва барои умми валад ва канизҳои худ вақт надорад, дар ин сурат метавонад дар тӯли шабонарӯз ба сурати муваққат ва кӯтоҳ барои ҳар кадом аз он канизҳо ва ё умми валадҳои худ вақт бигузорад, аммо шабро бояд назди зани озоди худ, ки навбаташ аст бимонад.

18) Ҳамонтавр ки қаблан гуфта шуд, агар марде бихоҳад мусофират биравад, ихтиёр дорад, ки ҳаркадом аз занҳои худро интихоб карда ва бо худ ба сафар бибарад, аммо беҳтар ва мустаҳаб он аст, ки барои инки дилҳои занҳо ором бигирад қуръа бикашад ва ҳаркадом ки интихоб шуд онро бо худ ба сафар барад.

Аммо пас аз инки аз сафар бозгашт, дигар занҳо ҳақ надоранд ба мард бигӯянд, ки чун ту бо он зани ҳамроҳи худ масалан як ҳафта дар сафар будӣ, пас бо ҳаркадом аз мо низ бояд як ҳафта бимонӣ.

Лизо пас аз бозгашт аз сафар ҳукм ҳамон ҳукми аслӣ мешавад, ки барои ҳар зани худ аз ҳар чаҳор рӯз як рӯз бояд ихтисос бидиҳад.

19) Марде як зан дорад ва қасд дорад як зани дигар низ бигирад, аммо метарсад, ки натавонад адолатро дар мавриди онҳо аз назари ихтисос додани вақти худ ба онҳо риоят кунад, дар ин сурат беҳтар аст, ки зани дуввумро нагирад, зеро ки дар вақт гузоштан байни занҳо, танҳо ҳамон канори онҳо будан шарт аст ва на инки ҳатман бояд аз назари муҳаббати қалбӣ ҳам як бошанд ва ё ҳатман бояд дар он шабҳое, ки ихтисос медиҳад бо занҳо ҳамбистар шавад, лизо дар сурате, ки наметавонад байни занҳои худ ҳаддиақал як шабро каноршон бимонад беҳтараст, ки ба ҳамон як зан басанда кунад ва зани дигар нагирад.

Далели ин ки гуфта шуд беҳтар аст зани дувумро нагирад ин аст, ки агар бигирад ва натавонад адолатро риоят кунад, ҳам як зулме ба он зан карда ва онро ғамгин мекунад ва ҳам ба вазифаи шаръиӣ худ натавонистааст амал кунад.

20) Дар мавриди ихтисос додани вақт ва риояти адолат байни занҳо гуфтем, ки шарт танҳо назди он зан мондан аст, аммо мустаҳаб аст, ки байни занҳои худ амалҳои яксоне дошта бошад ва агар бо яке ҳамбистар шуд бо дигари низ дар навбати худаш ҳамбистар шавад ва ё агар якеро бӯса кард ва бо у ишқбозӣ кард бо дигарӣ низ ҳамон корро дар навбаташ анҷом диҳад ва ба ҳамин наҳв дар дигар корҳо мувосот ва баробариро риоят намояд.

Дар байни канизҳо ва умми валадҳо низ мустаҳаб аст, ки баробарӣ ва мувосотро риоят кунад ва ҳар амалеро, ки бо яке анҷом медиҳад бо дигар канизҳо ва умми валадҳо низ анҷом диҳад.

21) Гуфтем, ки мард дар вақт гузоштан барои занҳои худ бояд байни онҳо адолатро риоят кунад ва аз ҳар чаҳор рӯз як рӯзро дар ихтиёри зан ё занҳои худ қарор диҳад ва шабро назди онҳо бимонад ва шарти ин низ фақат дар канори зан будан аст ва на ҳамбистар шудан.

Аммо дар мавриди ҳамбистар шудан бояд гуфт, ки мард ҳақ надорад бидуни узри шаръӣ беш аз чаҳор моҳ бо зани худ ҳамбистар нашавад ва дар ҳар чаҳор моҳ ҳаддиақал як бор воҷиб аст, ки бо ҳамсари худ ҳамбистар шавад, магар инки аз зани худ розигӣ гирифта бошад.

Масалан мард агар бихоҳад ба як сафари баландмуддат биравад, ки беш аз чаҳормоҳ давом мекунад, дар ин сурат агар зан ба ин сафар розигӣ дода бошад ишколе надорад, аммо агар зан розӣ нашавад, мард беш аз чаҳор моҳ наметавонад сафар кунад ва бояд бозгардад ва бо ҳамсари худ ҳамбистар шавад ва агар ин корро накунад муртакиби гуноҳ шудааст.

Манобеъ:

1) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

2) Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

3) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

Аҳкоми қасм (бахши дуввум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед