Аҳкоми қасм(бахши чаҳорум)

0
153

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Аҳкоме ки ба навъе бо саҳм ва ҳуқуқи занҳо иртибот доранд

Дар бахшҳои гузашта дар бораи қасм суҳбат карда ва аҳкоме, ки мустақиман ба масаълаи риояти адолат дар навбат ва саҳми занон аз шабгузаронӣ бо шавҳари худ иртибот доштро баён кардем.

Акнун дар ин бахш ба чанд масаъла ишора мекунем, ки ба навъе бо масаълаи риояти ҳуқуқи занҳо иртибот доранд.

 1) Касе, ки чанд зан дорад, барои ӯ ҷоиз нест, ки онҳоро дар як хона ҷамъ кунад ва бояд барои ҳар кадом хонаи ҷудогона дар назар бигирад.

Иллати ин ҷоиз набудан ин аст, ки мумкин аст байни он занҳо иттифоқоти бад, нороҳатӣ ва ҷанг ба вуҷуд биёяд.

Аммо агар ҳамаи занҳо розӣ шаванд, бар инки дар як хона ҷамъ шаванд, дар ин сурат ин кор ҷоиз аст.

Дар сурате, ки занҳо бо розигии худашон дар як хона ҷамъ шуданд, бар мард макрӯҳ аст, ки бо яке аз занҳои худ дар ҳузури дигар занҳо ҳамбистар шавад. Ва агар мард аз яке аз занҳои худ дар ҳузури дигар занҳояш талаби ҳамбистар шудан кунад, он зан ҳақ дорад, ки ин дархости мардро қабул накунад ва дар инҷо ба ин зан ношиза наметавон гуфт, то инки баъзе аз ҳақҳояш аз дасташ биравад, зеро ки ӯ бахотири ҳаё нахостааст, ки як кори макруҳ анҷом диҳад.

 2) Мард дар ҷоҳое метавонад зани худро маҷбур ба коре кунад ва ё инки ӯро аз коре манъ кунад:

  • Мард ҳақ дорад зани худро маҷбур кунад, ки ғусли ҷанобат, ҳайз, нифос ва …-ро анҷом диҳад, магар инки занаш кофиризиммӣ бошад, ки дар ин сурат ба далели инки зан мусалмон нест, наметавон ӯро маҷбур кард, ки қонунҳои исломиро риоят кунад.
  • Ҳамчунин мард метавонад зани худро маҷбур кунад, ки худашро барои шавҳараш хушбӯва зинат кунад ва агар зан аз чизҳое барои хушбӯкардани худ истифода кунад, ки бӯяш мардро озор диҳад, масалан аз ҳино ё усма ва ё дигар чизҳое худро зинат кунад, ки мард бӯи онҳоро дӯст намедорад, дар ин сурат мард метавонад занро аз ин кор манъ кунад.
  • Зан агар мӯйҳои худро бибофад, мард метавонад ӯро аз ин кор манъ кунад.
  • Мард метавонад зани худро аз зинат кардан манъ кунад, ҳарчанд ки зан он зинат карданро дӯстбидорад. Ва ҳатто мард метавонад зани худро бизанад, то инки зинат карданро тарк кунад, ҳатто агар он зинат карданро зан дӯстбидорад.
  • Мард метавонад зани худро дар сурате, ки азҳайзу нифос тоҳир бошад,маҷбур ба ҳамбистар шудан кунад ва агар зан қабул накунад, мард метавонад ӯро бо задан маҷбур ба анҷоми ин кор кунад.

3) Агар марде зане дошта бошад, ки намозхон набошад, дар ин сурат мард ҳақ дорад, ки он занро талоқ диҳад, ҳатто агар қудрати пардохти маҳри он занро ба сурати нақд надошта бошад.

4) Зан бидуни иҷозати шавҳари худ наметавонад берун биравад, ҳатто масалан агар бихоҳад ба як маҷлиси аҳли илм биравад, боз ҳам бояд бо иҷозати шавҳар бошад .

5) Агар барои зан як коре пеш биёяд, ки шавҳараш аз он хабар дошта бошад ё надошта бошад, дар ин сурат бидуни иҷозати шавҳараш наметавонад биравад.

6) Агар зане падаре дошта бошад, ки аз кор афтода ва замингир бошад ва аз он зан бихоҳад, ки назди ӯ рафта ва аз ӯ парасторӣ кунад, дар ин сурат агар шавҳари он зан ба ӯ иҷозат надиҳад, ки назди падараш биравад, зан метавонад нофармонии шавҳарашро карда ва барои хизмат ба падари худ назди ӯ биравад, фарқе надорад, ки падараш мӯъмин бошад ё кофир.

7) Агар зани ҷавоне шавҳараш бимирад ва ҳол онки як писари бузург дошта бошад, дар ин сурат он писар ҳақ надорад модари худро аз рафтан барои ҳар коре (масалан рафтан барои харид, барои дидани хешу табор, барои ширкат дар маросимҳо ва …) манъ кунад ва ниёзе нест, ки модар аз писари бузурги худ иҷозат бигирад.

Аммо агар писар мутаваҷҷеҳ шавад, ки модар барои гуноҳ ва фасод берун меравад, дар ин сурат бояд қозиро аз ин кор огоҳ кунад ва агар қозӣ ҳукм бидиҳад, ки писар ба унвони сарпарасти хонавода метавонад модарашро аз рафтан ба самти гуноҳ ва фасод манъ кунад, ихтиёри модар ба дасти писар меафтад ва метавонад модарашро аз он кораш манъ кунад.

8) Агар марде бо як модар ва ду духтараш дар се ақди ҷудогона никоҳ кунад ва надонад, ки бо кадом як аввал никоҳ кардааст, чизе ҳам нагӯяд ва қабл аз инки бо яке аз онҳо ҳамбистар шавад аз дунё биравад, дар ин сурат барои ҳарсеи он занҳо (модар ва ду духтараш) як маҳр дода мешавад, ки тақсим кунанд, вале дар мерос ҳаркадом ҷудогона аз он мард ирс мебаранд.

Аммо инки мерос ба чи андоза байни онҳо тақсим мешавад ду назар вуҷуд дорад:

Қавли Имом Абӯҳанифа (раҳ) ин аст, ки модар нисфи ирсро мебарад ва нисфи дигарро он ду духтараш тақсим мекунанд.

Қавли Имом Муҳаммад ва Абӯюсуф ин аст, ки ирс тақсим бар се мешавад ва ҳаркадом ба сурати баробар ирс мебаранд.

– Аммо агар мард дар як ақд бо модар никоҳ кунад ва дар як ақди дигар бо ду духтари он модар никоҳ кунад ва ҳамон шароитро дошта бошад (надонад кадомро аввал никоҳ кардааст, чизе ҳам нагуфта бошад ва қабл аз ҳамбистар шудан бо яке аз онҳо аз дунё биравад), дар ин сурат маҳри комил ба модар дода мешавад ва барои духтарҳо маҳре нест.

Ҳамчунин ирс низ ба модар дода мешавад на ба духтарҳо.

– Агар мард бо як зан, бо модари он зан ва бо духтари он зан никоҳ кунад ва ҳамон шароите ки гуфта шудро дошта бошад ва бимирад, дар ин сурат бинобар назари ҳамаи олимон маҳр ва ирс байни онҳо ба сурати баробар тақсим мешавад.

Манбаъ:

Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

Аҳкоми қасм(бахши севвум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед