Аҳкоми қасм (бахши дуввум)

0
101

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамон гуна ки дар бахши аввал гуфтем қасм ба маънои ин аст, ки агар марде чанд зан дорад, бояд дар масаълаи шаб мондан байни онҳо адолатро риоят кунад.

Дар бахши аввал тавзеҳотеро дар мавриди қасам баён кардем ва ба панҷ масъала ишора кардем.

Акнун  ба идомаи баҳс мепардозем.

Идомаи масъалаҳо

6) Гуфта шуд, ки агар марде чанд зан дошта бошад, бояд бо тавваҷӯҳ ба шароити онҳо (зани озод бошад ва ё канизе бошад ки бо ӯ никоҳ карда бошад) шабҳоро байни онҳо бо риояти адолат тақсим намояд, аммо агар марде соҳиб ва молики чанд каниз бошад, ки ихтиёри онҳоро дорад, дар ин сурат ниёзе ба риояти адолат байни онҳо нест ва ҳар вақт бо ҳаркадоме аз онҳо бихоҳад метавонад бимонад, зеро ки молики онҳо аст.

7) Марде, ки чанд зан дорад наметавонад бо занҳои худ дар ғайри шабе ки навбати онҳо аст ҳамбистар шавад. Масалан агар марде шабро бояд назди зани дуввумаш бигузаронад, дар ин сурат ҳақ надорад бо зани аввали худ дар он шаб ҳамбистар шавад.

Ҳамчунин ҳақ надорад шабро пеши зане бимонад, ки навбати ӯ нест ва бояд шабро дар канори зане, ки навбаташ аст бигузаронад.

Аммо агар барои кор ва ҳоҷате назди зане биравад, ки навбаташ нест ва дубора назди зане, ки навбаташ аст бозгардад, ин кор мушкиле надорад ва ҷоиз аст, зеро ки масаълаи муҳим дар риояти адолат, мондан ва ҳамбистар шудан бо занҳои худ дар навбаташон аст ва дар инҷо ба назди зане, ки навбаташ аст бозгаштааст.

8) Агар зане, ки навбаташ аст мариз бошад, дар ин сурат низ мард ҳақ надорад қисмате аз шабро назди зани дигари худ биравад ва бо ӯ ҳамбистар шавад ва дубора ба назди зани маризаш, ки навбаташ аст бозгардад ва ё зани дигараш ба назди ӯ омада ва дар ғайри навбаташ бо ӯ ҳамбистар шавад.

Аммо агар маризии он зане, ки навбаташ аст ба ҳадде бошад, ки натавонад бо шавҳараш ҳамбистар шавад, дар ин сурат мард ҳақ дорад, ки назди зани дигари худ биравад ва бо ӯ ҳамбистар шавад ва дубора назди зани маризи худ бозгардад.

Вале мустаҳаб ин аст, ки мард дар канори зани маризи худ илова бар навбаташ бимонад ва аз у нигаҳдорӣ кунад, то он зан саломатии худро ба даст оварда ва шифо пайдо кунад.

9) Агар қозӣ, мардеро амр ба риояти адолат байни занҳои худ кунад ва он мард хиёнат карда ва адолатро дар ҳаққи занҳои худ риоят накунад ва занҳо низ шикояти худро назди қозӣ бибаранд, дар ин сурат қозӣ ҳақ дорад, ки он мардро бахотири ин кораш ҷазо диҳад ва ӯро амр ба риояти адолат дар ҳақи занҳои худ кунад.

10) Агар марде назди яке аз занҳои худ ба муддати якмоҳ бимонад ва зани дигараш аз у назди қозӣ шикоят кунад, дар инҷо қозӣ бояд он мардро амр ба риояти адолат кунад дар идомаи зиндагиаш ва ончи ки дар гузашта иттифоқ афтодааст ҳадар рафта ва ҷуброн намешавад.

Яъне баъд аз инки қозӣ ба мард амр ба риояти адолат кард, зани дигараш ҳақ надорад бигуяд ҳоло ки назди он зан якмоҳ мондаӣ, назди ман низ бояд якмоҳ бимонӣ ва дар инҷо ва дар идома бояд ҳамон равиши адолатро риоят кунад, ки ҳар шабро ба яке аз занҳои худ ихтисос диҳад.

11) Агар яке аз занҳо (масалан зани аввал) навбати худро ба зани дигар (масалан зани дуввум) бибахшад, дар ин ҷо мард метавонад, ки ба ҷои як шаб ду шаб дар канори зани дигарӣ (зани дуввум) худ бимонад, зеро ки яке аз занҳояш навбати худро бахшидааст.

Аммо агар он зане, ки навбати худро бахшидааст аз тасмими худ бозгардад ва бигӯяд, ки пушаймон шудам ва бояд дар навбати ман пеши худам бимонӣ, дар инҷо зан ин ҳақро дорад ва мард ҳақ надорад ин хостаи занро нодида бигирад ва бояд дар навбати ин зан пешаш бимонад.

12) Агар зан (масалан зани аввал) навбати худашро ба зани дигар (масалан зани дуввум) бахшид ва мард низ он шабро дар канори он зан (зани дуввум) монад, аммо баъд аз чанд соат (масалан дар нимаҳои шаб) зан (зани аввал) аз тасмими худ пушаймон шуд ва навбату ҳаққи худро аз шавҳар талаб кард, дар инҷо шавҳар бояд соатҳои боқимондаи аз он шабро ба ҳамон зане, ки аз тасмими худ пушаймон шуда ва ҳақашро талаб кардааст (зани аввал) ихтисос диҳад ва аз назди зани дигари (зани дуввум) худ бозгардад.

Ба таври куллӣ бояд гуфт, ки ҳар кадом аз занҳо ҳақ доранд навбати худро ба зани дигар бубахшанд ва боз дубора ҳақ доранд аз тасмими худ бозгашта ва ҳаққи худро талаб кунанд ва мард низ ҳақ надорад хостаҳои онҳоро ба далели инки дафъаи аввал навбати худро бахшидаанд нодида бигирад ва дар сурате, ки аз бахшидани худ баргарданд ва дубора талаби навбати худро кунанд, мард бояд ба назди онҳо бозгардад.

13) Агар марде бо зане издивоҷ кунад ва шарт кунад, ки бо зани дигараш бештар бимонад; ва ё мард бо яке аз занҳои худ шарт кунад, ки бо ту бештар мемонам ба шарти ин ки мол ё чизе ба ман бидиҳӣ ё ин ки коре барои ман анҷом диҳӣ; ва ё яке аз занҳо бо мард шарт кунад, ки агар назди ман бештар бимонӣ метавонӣ аз маҳрам кам кунӣ ва …; ин шартҳо ва ё шартҳои дигаре, ки монанди инҳо ҳастанд ҳамагӣ ботиланд ва мард бояд дар навбати шаб мондан байни занҳои худ адолатро риоят кунад, ҳатто агар чунин шартҳое чи аз тарафи занҳо ва чи аз тарафи мард карда бошанд.

14) Агар мард моле ба яке аз занҳои худ бидиҳад, то он зан ҳақ ва навбати худро ба зани дигар бибахшад, дар ин сурат он зан метавонад навбати худро бибахшад ва ё набахшад, ҳатто агар мард ба ӯ моле бидиҳад.

Аммо агар он зан навбати худро набахшад, дар сурате, ки моле гирифта бошад, бояд онро бозгардонад ва ҳаққи истифода аз онро надорад.

Идома дорад…

Манобеъ:

1) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

2) Алҳидоя шарҳи бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

3) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед