Аҳаммияти шаби қадр ва аъмоли он аз назари Қуръон ва ривоёт 2

0
192

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Аҳаммияти шаби қадр ва аъмоли он аз назари Қуръон ва ривоёт Қисмати дуввум

 Муқаддима
     Дар шаби қадр Худованд бисёре аз чизҳоеро, ки бениҳоят ва бепоён аст, барои бандагонаш муҳайё карда ва дар дили шаби қадр ҷой додааст. Худованди Мутаол дар ин шаби бузург Қуръонро нозил карда ва ҳамвора дар тамоми шабҳои қадр ҳарсола малоикаи худро бар бандагонаш фурӯ мефиристад, Худованд дар шаб салом, рӯҳ ва ризвони худро бар бандагонаш нозил мекунад. Шаби қадр шабе аст, ки Худованди Мутаол дар суфраи бениҳоят ва номутаноҳии худаш раҳмат ва фазли хешро барои бандагонаш нозил мекунад, то баҳраманд шаванд, Худованди Мутаол хитоб ба Расули Акрам (с) мефармояд:

نَبِّئْ عِبَادِي أَنِّي أَنَا الْغَفُورُ الرَّحِيمُ

“Бандагонамро огоҳ кун, ки ман бахшандаи меҳрубонам.” (Сураи Ҳиҷр, ояти 49)

Аз оёт ва аҳодис истифода мешавад, ки яке аз муҳимтарин ҳадафи хилқати инсонҳо ин аст, ки онҳо аз раҳмати Худовнди Мутаол баҳраманд шаванд ва дар сояи баҳрамандӣ аз раҳмати Худо ба самти камол ҳаракат кунанд. Рушди камоли саодат ва нуронияти инсонҳо дар сояи раҳмти Худованд қобили таҳқиқ аст. Дар Қуръони Карим ҳудуди 900 оят дар мавриди раҳмати Худо нозил шудааст. Дар сураи муборакаи Ҳуд ояти 119 Худованд мефармояд:

إِلَّا مَنْ رَحِمَ رَبُّكَ وَلِذَلِكَ خَلَقَهُمْ

“Магар касонеро Парвардигорат раҳм кунад ва барои ҳамин онҳоро офарид.” (Сураи Ҳуд, ояти 119)

Иборатҳои ин ояти шарифа баёнкунандаи он аст, ки агар раҳмати Парвардигор набошад, ҳаммаи инсонҳои рӯи замин ҷаҳаннамӣ хоҳанд шуд. Худованд дар ҳаммин ояти шарифа баён мекунад, ки ман барои раҳм кардан халқ кардам шуморо ва ин шабе, ки ибодат дар он беҳтар аз ҳазор моҳ аст, яке аз лутфҳои илоҳӣ аст, ки шомили уммати Муҳаммади Мустафо (с) шудааст ва ин бузургтарин раҳмати илоҳӣ бар бандагонаш мебошад.

Дар қисмати аввали навиштор ба азамат, пайдоиш ва вежагиҳои шаби қадр пардохта шуд. Дар ин қисмат дар робита ба замон, аъмол ва мушахас шудани шаби қадр мепардозем.

Замони шаби қадр
Ривоятҳои зиёде дар робита ба замони шаби қадр баён шудааст, ки ба хотири кӯтоҳии сухан ба баёни чандто аз онҳо басанда хоҳем кард.

قال رسول الله(ص): تحروا لیلة القدر فی العشر الأواخر من رمضان

Расули Худо (с) фармудааст: Шаби қадрро дар шабҳои охири моҳи Рамазон ҷустуҷӯ кунед. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси шумораи 1169)

Баъзе аз уламо бо истинод ба ҳадиси Расули Акрам (с) гуфтаанд: шаби қадрро дар моҳи Рамазон дар шабҳои “фарди” даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед.

قال رسول الله(ص): تحروا لیلة القدر فی الوتر من العشر الأواخر من رمضان

Расули Худо (с) фармудааст: Шаби қадрро дар шабҳои фарди даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед. (Саҳеҳи Бухори, ҳадиси шумораи 1913)

Аммо дар робита ба ин ки дар шабҳои фарди даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон кадом шаб эҳтимоли бештар барои шаби қадр буданаш вуҷуд дорад, байни уламо ихтилофи назарҳои зиёде аст. Аммо дар байни ҳамаи ин шабҳо шаби 23 ва шаби 27 бештарин эҳтимолро барои шаби қадр будан дорад, ки ривоёти онро зикр хоҳем кард.

قال: وسمعتُه يقول: قال أُبْيّ بن كعب ليلة القدر ليلة سبعٍ وعشرين

Аз Зир ибни Ҳубайш нақл шудааст, ки Убай ибни Каъб қасам хурд, ки шаби қадр шаби 27 мебошад. (Саҳеҳи Муслим, ҷилди 8, саҳ65)

Дар ин ривоят ва ривоёти дигаре омадааст, ки далолат доранд шаби 27 Рамазон шаби қадр мебошад. Аммо ривоёти дигаре ҳам ҳастанд, ки шаби 21 ва ё 23-ро шаби қадр медонанд. Дар бисёре аз манобеъ ривояте омадааст, ки ба номи шаби ҷаҳаннӣ машҳур аст ва он ривоят далолат  дорад, ки шаби 23 шаби қадр аст. Ривоят чунин аст:

Абдуллоҳ ибни Анис аз тираи Ҷуҳанния, ки чупони бодиянишин буд,  ба далели дурӣ аз Мадина имкони ҳузури доим дар Мадинаро надошт. Рӯзе хидмати Расули Худо (с) расид ва аҳволи хешро баён кард, ки ба далели дур будани масофат имкони ҳузури доим дар шабҳои Рамазон ва эҳёи шабҳоро дар Мадина надорад ва аз Расули Худо (с) хост, то шаби қадрро барои ӯ муайян кунад, то дар он шаб ӯ дар Мадина ҳузур ёбад ва ба ибодат бипардозад. Паёмбари Акрам (с) дар посухи ӯ фармуданд: Шаби 23-и моҳи Рамазон ва аз он замон шаби 23 ба унвони шаби ҷуҳаннӣ маъруф шуд. ( Дуррул-мансур, ҷ 6, саҳ 373)

Дар Саҳеҳи Муслим омадааст, ки шаби 23 шаби қадр аст ва ин қавли бисёре аз саҳоба ва тобеин мебошад. (Саҳеҳи Муслим, ҷ 8, саҳ 58)

Бо таваҷҷӯҳ ба ривоёте, ки зикр шуд шаби қадр будани шаби 23 ва 27 эҳтимолаш аз дигар шабҳои Рамазон бештар аст.

Ҳикмати мушаххас нашудани дақиқи шаби қадр
Шояд ҳикмати пинҳон мондани шаби қадр ин бошад, ки агар замони дақиқи он мушаххас буд мо фақат ба қиёми он шаб иктифо мекардем ва дар натиҷа ибодат кам анҷом медодем. Ҳол онки улгӯи мо Расули Худо (с) ҳастанд ва бо амали худашон ба мо ёд додаанд, ки дар даҳ шаби охири Рамазон камари ҳиммат бибандем ва бо мондан дар масҷид эътикоф кунем, то аҷри бузурги ин шабро аз даст надиҳем.

Аъмоли шаби қадр

  • Ҳадисе аз ҳазрати Оиша (рз) омадааст, ки гӯяд гуфтаи Расули Худо (с) агар донистам чӣ шабе шаби қадр аст, дар он шаб чӣ бигуям? Ҳазрати Расул (с) фармуданд: бигӯ;

اللهم ‌ٰٔإنک عفو تحب العفو فأعف عنی

Худоё ту бисёр гузашткунанда ва бахшандаи ва гузашту бахшишро дуст дори, пас маро бубахш. (Сунани ибни Моҷҷа, ҳадиси шумораи 3850)

Ин ҳадиси шариф, ки зикр шуд баёнкунандаи он аст, ки дар шабҳои қадр бояд бештар истиғфор ва дуо кард.

  • Яке дигар аз аъмоли ин шаб эҳёи ин шаби боазамат мебошад.

قال رسول الله(ص): من قام لیلة القدر إیمانا و إحتسابا غفر له ما تقدم من ذنبه

Ҳар касе, ки шаби қадрро аз рӯи имон ва умед ба подоши илоҳӣ бапо дорад гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси шумораи 1802)

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳадисе, ки зикр  шуд дар ин шабе, ки арзиши ибодии он болотар аз ҳазор моҳ аст, метавон ҳар аъмоли ибодиеро анҷом дод, мисли намоз хондан, Қуръон хондан, истиғфор, дуо ва… ки арзиши ҳар кадом аз ин аъмол дар шаби қадр баробар бо ҳазор балки бештар аз ҳазор мешавад.

Нишонаҳои шаби қадр
Расули Худо (с)  нишонаҳоеро, ки бо он нишонаҳо метавон донист чӣ шабе шаби қадр аст, ба мо хабар доданд ва ин нишонаҳо чунин ҳастанд:

1) Аз Убай ибни Каъб(рз) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд:

Субҳи шаби қадр хуршед ҳамонанди ташти партавафкане тулӯъ мекунад, то ин ки боло биёяд. (Муснади Аҳмад ибни Ҳамбал, ҳадиси шумораи 3479)

2) Аз Абдуллоҳ ибни Абос (рз) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

Шаби қадр шаби ором ва равшан аст, ки на гарм аст ва на сард ва субҳи он хуршед тулӯъ мекунад, дар ҳоле  ки сурхранг ва партавҳои он заиф аст. (Шаъбул-имон, ҳадиси шумораи 3536)

Фазилати хондани сураи Қадр
Дар мавриди хондани сураи Қадр аз Расули Акрам (с) ривояти бисёр боазамат нақл шудааст.

قال رسول الله(ص): من قرأ سورة القدر أعطی من الأجر کمن صام رمضان و أحیأالیلة القدر

Расули Худо (с) фармудааст: Ҳар кас сураи Қадрро бихонад подоши монанди касе ба ӯ медиҳанд, ки моҳи рамазонро рӯза гирифта ва шаби қадрро зинда нигоҳ дошта бошад. (Тафсири Кашшоф, ҷ 3, саҳ976)

Натиҷа
 Оёт ва аҳодисе, ки баён шуд ба чанд  нукта ишораи мустақим доштанд. Аз ҷумла он нуктаҳо баёни замон ва аъмоли шаби қадр мебошад. Чӣ бисёр ҳазорон моҳ ва ҳазорон соле, ки сипарӣ шуд бидуни инки бахше аз осор ва таҳавулотеро дар зиндагии инсонҳо ба вуҷуд биёварад, аммо ин шаби муборак ва бо азамат дар зиндагии инсонҳо  аз ҳазорон моҳ бартар аст. Арзиши ибодат дар ин шаб баробар аст бо ибодати 80 сол, балки бештар, ба ҳамин сабаб Худованди Мутаолро бояд ҳамвора ва дар ҳамаҷо сипос гуфт ва ситойиш кард ба хотири шабе, ки бар мо миннат ниҳодааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед