Аҳаммияти шаби қадр ва аъмоли он аз назари Қуръон ва ривоёт 1

0
227

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Аҳаммияти шаби қадр ва аъмоли он аз назари Қуръон ва ривоёт Қисмати аввал

Муқаддима
Худованди Мутаол сазовори тамоми сипосҳо ва  ситоишҳо аст ва агар тамоми махлуқоти рӯи замин барои шукргузории яке аз неъматҳои Худо ҷамъ шаванд, наметвонанд шукр ва сипоси он неъматро ончунон ки сазовори Ӯст ба ҷо оваранд. Яке аз он неъматҳои бузург моҳи мубораки Рамазон мебошад, ки гуноҳон дар он моҳ мавриди бахшиши Худованди Мутаол қарор мегирад.

Дар ин моҳи бузург шабе аст ба номи шаби Қадр, ки тамоми Қуръон дар ин шаб бар Паёмбари Акрам(с) нозил шуд. Ба ин хотир ин моҳ аз аҳаммияти бисёр болое бархӯрдор аст. Шаби Қадр ҳадяи қиматбаҳо ва неъмате аст аз ҷониби Худо барои бандагонаш. Дар ин шаби бузург подоши амалҳои хуб чанд баробар шуда ва дарҳои раҳмати илоҳӣ ба сӯи бандагонаш боз мешавад. Ин шаби азиз он қадар дар назди Худо ҷойгоҳи болое дорад, ки Худо дар Қуръони Карим сураеро ба номи он шаби бузург ихтисос дода аст ва он сура ба номи “Қадр” номгузорӣ шудааст.

Мафҳумшиносӣ
Маънои Қадр дар китобҳои луғат ба ин шарҳ омадааст:

1 . Қадр ба маънои сарнавишт, тақдир, тавоноӣ, қудрат мебошад. (Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи қадр)

  1. Қадр ба маънои андоза, арзиш, эътибор, ҳурмат, шаби Қадр. (Мунтаҳалараб ва луғатномаи Амид)
  2. Лайлатулқадр ба маънои шабе аст, ки дар он андозаи корҳоро муқарар мекунанд ва дар бораи он корҳо тасмимгирӣ мешавад. (Тафсири Кашшоф, ҷ 3, саҳ 976)

Азамати шаби қадр аз нигоҳи Қуръони Карим
Худованди Мутаол дар Қуръон дар мавриди ин шаби бузург чунин мефарамояд:

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ  وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ  لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ

Ҳамоно мо он (Қуръон)- ро дар шаби Қадр нозил кардем. Ва ту чӣ медонӣ шаби Қадр чист. Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст.” (Сураи Қадр, ояти 1-3)

Сухан дар ин сура аз он шаби бузург ва диданӣ аст. Шабе, ки саросари ҷаҳони ҳастӣ он шабро бо шодӣ ва дуо сабту забт кардааст.

Шаби иртиботи мутлақи замин бо олами боло ва фариштагон будааст. Шабе, ки ин Қуръони Азим ин китоби осмонӣ бар қалби поки охирин фиристодаи илоҳӣ Муҳаммади Мустафо(с) нозил шуд. Сухан дар ин робита бо шабе аст, ки он иттифоқи азим ба вуҷуд омад. Иттифоқе, ки мисли онро ҳаргиз аз назари азамат ва шукӯҳ ва аз лиҳози таъсирот дар зиндагии инсонҳо ҳеҷ шабе ба худ надидааст. Азамате, ки дарк ва фаҳми башар ба он намерасад.

Дар робита ба азамат ва бузургии ин шаб Паёмбари Акрам(с) чунин мефармояд:

اٍن الله تعالی وهب لامتی لیلة القدر لم یعطها من کان قبلهم

Ҳамоно Худованд шаби қадрро ба уммати ман ато кард, ки ба ҳеҷ як аз умматҳои гузашта надодааст. (Тафсири Дурулмансур, ҷ 6, саҳ 371)

Ин ҳадиси шариф баёнкунандаи азамати шабе аст, ки Худованд он шабро насиби уммати охирин фиристодаи худ Муҳаммади Мустафо(с) кардааст.

Пайдоиши шаби қадр
Дар мавриди муқарар шудани ҳазор шаб гуфта шудааст, ки Расули Худо(с) марде аз бани Исроилро ёд кард, ки ҳазор моҳ либоси разм дар роҳи Худо пӯшида буд ва мӯъминон аз таърифи ин қисса тавасути Расули Худо(с) шигифтзада шуданд ва корҳои худро нисбат ба он қисса андак шумурданд ва Худованди Мутаол онҳоро ба шабе мужда дод, ки ибодати як шаби ин умматро болотар аз ибодати ҳазор моҳи он марди исроилӣ қарор додааст. (Тафсири Ибни Касир, зери ояти 2, сураи Қадр)

Ривояти дигаре аз Анас Ибни Молик нақл шудааст, ки Анас фармуд:

قال مالک ابن انس: أری رسول الله(ص) أعمال الناس فاستقصر أعمال أمته و خاف أن یبلغوا من الاعمال مثل ما بلغه سائر الأمم فأعطاه الله لیلة القدر و هی خیر من ألف شهر لسائر الأمم

Ба Расули Акрам (с) умури мардум нишон дода шуд ва Расули Худо (с) умури уммати худро аз дигар умматҳо кӯтоҳтар дид ва тарсид ончунон, ки умматҳои дигар аз дигар аъмоле баҳраманд шудаанд, ки уммати худ баҳраманд нашуд. Пас ин гуна шуд, ки Худованд шаби қадрро фурӯ фиристод, ки он шаб беҳтар аз ҳазор моҳҳои дигар умматҳо мебошад. (Тафсири Фахри Розӣ, зайли сураи Қадр)

Вежагиҳои шаби Қадр дар Қуръони Карим

  • Бузургтарин вежагии ин шаб ин аст, ки Қуръон дар он шаб нозил шудааст.

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ

“Мо Қуръонро дар шаби қадр нозил кардем”. (Сураи Қадр, ояти 1)

2) Яке аз вежагиҳои ин шаб ин аст, ки арзиши ибодат дар ин шаб бо азамати болотар аз ҳазор моҳ дар тӯли сол аст. Худованд дар  идомаи ин сура мефармояд:

لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ

“Шаби қадр  аз ҳазор моҳ беҳтар  аст”. (Сураи Қадр, ояти 3)

3)  Яке дигаре аз вежагиҳои ин шаб фурӯд омадани малоика ва Рӯҳ ба замин барои мушахас кардани тақдироти як солаи инсонҳо мебошад:

تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ

“Дар он шаб фариштагон ва Рӯҳ ба изни Парвардигорашон аз барои ҳар коре нозил мешавад”. ( Сураи Қадр, ояти 4)

Тафосир ҳам ба ин маъно ишора кардаанд. Шаби қадр фариштагон барои таъйини сарнавишти як солаи ҳар фарде, ки Худованд барояш мушахас кардааст, ба замин меоянд. Ин матлабро ояти 14-и сураи Духон таъйид мекунад. (Тафсири Кашшоф, зайли ояти 4 сураи Қадр)

Худованд дар сураи Духон мефармояд:

فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ

Дар он шаб ҳа кор ҳакимона баён ва муқаррар мегардад”. (Сураи Духон, ояти 14)

4) Яке дигар аз вежагиҳои ин шаб саломат ва раҳмат будани он шаб мебошад.

سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ

“Ин шаб то баромадани субҳ (саросар) саломат ва раҳмат аст”. (Сураи Қадр ояти 5)

5) Яке дигаре аз вежагиҳои ин шаб муборак будани он мебошад. Худованди Мутаол мефармояд:

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُبَارَكَةٍ

 “Ҳамоно мо онро дар шаби пурбаракат нозил кардем”. (Сураи Духон, ояти 3)

Шаби қадр аз забони Расули Акрам (с)

قال رسول الله (ص): أتاکم رمضان شهر مبارک فرض الله عزو جل علیکم صیامه تفتح فیه أبواب السماء و تغلق فیه أبواب الجحیم و تغل فیه مردة الشیاطین لله فیه لیلة خیر من ألف شهر من حرم خیرها فقد حرم

Рамазон бар шумо ворид мешавад. Моҳе, ки муборак аст ва Аллоҳи Ҷалла Ҷалола рӯзаи онро бар шумо фарз кардааст. Дар ин моҳ дарҳои осмон боз шуда ва дарҳои ҷаҳаннам баста шуда ва шаётини бузург ба ғул ва занҷир кашида мешаванд ва барои Худо дар ин моҳ шабе аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст  ва касе, ки аз хайри он маҳрум монд пас яқинан маҳрум аст. (Сунани Насоӣ, ҳадиси ҳадиси шумораи 2106)

Аз маънои  ин ҳадиси шариф чунин ба даст меояд, ки барои як сол 12 моҳ аст ва беҳтарин моҳҳо аз ин дувоздаҳ моҳ, моҳи мубораки Рамазон аст ва беҳтарин шаб дар моҳи шарифи Рамазон шаби Қадр аст, ки арзиши маънавии он шаби боазамат болотар аз ҳазор шаб мебошад.

Натиҷа: Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар ин навиштор мухтасаре аз азамат ва арзиши ин шаб баён шуд, инсони муъмин бояд тамоми талоши худро бикунад, то ин шабро аз даст надиҳад. Ҳамонтавр ки Расули Худо(с) фармуданд: Касе, ки аз хайри он маҳрум мондааст пас яқинан маҳрум мондааст. Дар робита ба аъмол ва маносики ин шаб Расули Худо (с) аҳодисеро баён кардаанд, ки дар қисмати дуюм муфассал баён хоҳад шуд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед