Аҳаммият ва фазилати намози ҷамоат

0
83

Ба номи Худованди бахшандаи  меҳрубон

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ

“Ва намозро бапо доред, ва закотро бипардозед, ва ба ҳамроҳи рӯкуъкунандагон рӯкуъ кунед (Намозро бо ҷамоат бигузоред)! (Сураи Бақара, ояти 43)

Бо тавҷҷӯҳ ва истинод ба оятҳои Қуръони Карим (Сураи Нисо, ояти 102; Сураи Бақара оятӣ 43) ва аҳодиси мутавотир ва низ суннати амалии Расули Акрам (с) (Саҳеҳ Муслим, ҷ 2, саҳ 122; Сунани Абӣ Довуд, ҷ 1, саҳ 134; Сунани Тирмизӣ, ҷ 1, саҳ 138-139) дар бораи намози ҷамоат барои намозҳои панҷгона исбот шудааст, ки мо дар ин навиштор аҳаммият ва фазилати онро баён мекунем.

Аҳаммият ва фазилати намози ҷамоат

Пеш аз онки дар бораи намози ҷамоат шуруъ ба баҳс кунем лозим аст, ки чанд сатре дар бораи фалсафа ва иллати иҷтимооте, ки дини мубини Ислом барои пайравонаш, ҳатто барои олами башарият дар назар гирифтааст баён шавад.

Ҳар иҷтимое дар ҳадду андозаи худ фойда дошта ва таъсири худро дар ҷомеа мерасонад, ба шарти ин ки мутобиқи фармоишоти Ислом ва баёнкунандаи он яъне Расули Акрам (с) бошад. Намози ҷамоат низ яке аз ин дастуроте аст, ки аз назари фиқҳӣ суннати муаккада, яъне болотар аз суннати маъмулии оддӣ буда ва наздик ба воҷиб мебошад.

Расули Акрам (с) баъди адои намози ҷамоат агар мушоҳида мекарданд, ки яке аз ёронашон як ё ду рӯз дар намози ҷамоат намеояд, суроғи ӯро мегирифтанд, ки чӣ шудааст фалонӣ дар намози ҷамоат ҳозир намешавад? Накунад беморӣ ё гирифторие барояш пеш омада бошад? Худи ҳазрат рафта сабаби наёмадани он шахсро муайян мекарданд, ки ин паёмҳои омӯзандае дар ҳадди худ дорад:

Аввал онки он шахс рӯҳияи дилгармӣ ва умедворӣ ҳосил мекард ва дуюм ин ки агар ҳам ририфторие медошт, дар рафъи гирифтории он даст ба кор шуда онро бартараф менамуданд.

Ин амал яъне намози ҷамоат  дар як рӯз панҷбор сурат мегирад ва дар ҳар навбати ҷамоат ҷиҳати  ваҳдат ва ҳамдардӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таъсири худро дорад, илова бар онки тибқи ҳадиси Паёмбари Акрам(с) намози ҷамоат нисбат ба намози танҳогузор чанд баробар саваб дорад.

Расули Акрам (с) фармуданд:

صَلاَةُ الْجَمَاعَةِ أَفْضَلُ مِنْ صَلاَةِ الْفَذِّ بِسَبْعٍ وَعِشْرِينَ دَرَجَةً

Назоми ҷамоат аз намози танҳо, бисту ҳафт баробар беҳтар аст. (Ҷамъ байни Саҳеҳайн, Бухорӣ ва Муслим, ҷ 2, саҳ 170)

Абу  Довуд аз Убай ибни Каъб нақл мекунад:

صَلَّى لَنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِمَّا صَلَاةَ الصُّبْحِ، وَإِمَّا صَلَاةَ الْعِشَاءِ، فَقَالَ: «أَشَاهِدٌ فُلَانٌ؟» قَالُوا: نَعَمْ، قَالَ: «إِنَّ هَاتَيْنِ الصَّلَاتَيْنِ أَثْقَلُ الصَّلَوَاتِ عَلَى الْمُنَافِقِينَ , وَلَوْ يَعْلَمُونَ مَا فِيهِمَا لَأَتَوْهُمَا وَلَوْ حَبْوًا، وَعَلَيْكُمْ بِالصَّفِّ الْمُقَدَّمِ؛ فَإِنَّهُ مِثْلُ صَفِّ الْمَلَائِكَةِ، وَلَوْ تَعْلَمُونَ مَا فِيهَا لَابْتَدَرْتُمُوهُ، وَصَلَاتُكَ إِلَى الرَّجُلِ أَزْكَى مِنْ صَلَاتِكَ وَحْدَكَ , وَصَلَاتُكَ مَعَ رَجُلَيْنِ أَزْكَى مِنْ صَلَاتِكَ إِلَى رَجُلٍ، وَمَا أَكْثَرْتَ فَهُوَ أَحَبُّ إِلَى اللَّهِ تَعَالَى

Расули Худо (с) пас аз намози ҷамоати субҳ фармуданд: Оё фалонӣ ҳозир аст? Гуфтанд: Бале, Расули Худо фармуданд: Ин ду намоз (субҳ ва хуфтан) сахттарин намоз бар мунофиқон мебошад; Агар медонистед, ки ин ду намоз чӣ қадар фазилат дорад, ба сӯи он рӯй меовардед, агарчи бар рӯи дастҳо ва зонуҳоятон мебуд, сафи аввали намози ҷамоат монанди сафи аввали фириштагон мебошад ва агар фазилати сафи аввалро медонистед, ҳатман барои расидан ба он аҷала мекардед. Намози ду нафарӣ беҳтар аз намози инфиродӣ аст ва намози се нафарӣ беҳтар аз намозӣ ду нафарӣ мебошад ва ҳарчи ҷамоати намоз бештар бошад, назди Худованди Мутаол дустдоштанитар мебошад. (Сунани Абӣ Довуд, ҷ 1, саҳ 416)

Расули Худо (с) дар мавриди фазилати намози ҷамоат фармуданд:

لَوْ يَعْلَمُ النَّاسُ مَا فِى النِّدَاءِ وَالصَّفِّ الأَوَّلِ ، ثُمَّ لَمْ يَجِدُوا إِلاَّ أَنْ يَسْتَهِمُوا عَلَيْهِ لاَسْتَهَمُوا

Агар мардум бидонанд, ки чӣ қадар саваб дар азон ва сафи аввали намози ҷамоат аст, барои ин ду роҳе пайдо намекарданд, магар инки қуръакашӣ кунанд. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 1, саҳ 222)

Ҳоло ин барои намози ҷамоати дар масҷиди маҳаллае, ки зиндагӣ мекунем, намози ҷумъа, ки дар ҳафта дар ноҳияе, ки зиндагӣ мекунем боз таъсири худро дорад.

Намози иди Қурбон ва намози иди Рамазон ҳар кадом дар ҷои худ таъсири худро доранд ва Ҳаҷ, ки дар сол як маротиба ва ҳатто дар умр барои инсон як бор такрор мешавад, ин ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҷаҳонӣ мекунад, зеро аз намози панҷвақта, ваҳдати маҳалла, аз намози ҷумъа ваҳдати ноҳия, аз намози иди Қурбону Рамазон, ваҳдати вилояту шаҳру кишвар ва аз намози Ҳаҷ ва маносики Ҳаҷ, ваҳдати мусулмонони тамоми ҷаҳон ба вуҷуд меояд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки иҷтимоъ аз ҷамъ фарқ дорад, масалан дар рӯзи қиёмат мардум ҷамъанд, вале иҷтимоъ нестанд, яъне иҷтимоъ он аст, ки дар фикри якдигар бошем ва ба ҳамдигар ёрӣ ва кумак расонем, ин дар рӯзи қиёмат нест, зеро ҳамакас ба ҳолу гирифтории худ меандешанд, на инки дар андешаи ёрӣ ва кӯмак ба дигаронанд,
балки аз наздиктарин афроди худ ҳам гурезонанд.

Пас аз ончи ёдоварӣ шуд рӯшан мешавад, ки намози ҷамоат дар айни инки савоби бештар дорад, ин паёмҳоро низ дорад, ки мусулмонон дар фикри якдигар бошанду ваҳдат дошта бошанд, ки ҳамон дастури қуронӣ аст.

Худованди Мутаол дар Қурони Карим мефармояд:

وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا

“Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо (Қуръон ва ислом ва ҳаргуна василаи ваҳдат), чанг занед ва пароканда нашавед! (Сураи Оли Имрон, ояти 103)

Илова бар паёми ваҳдат, ин  оят иҷтимоӣ будани инсонро мефаҳмонад, ки шумо инсонҳо иҷтимоӣ халқ шудаед, пас ба ҳамон тавре, ки халқ шудаед иҷтимоӣ зиндагӣ кунед, яъне дар канори ҳам, дар фикри ҳам ва ёрии ҳамдигар бошед, мувофиқи дастури ояти Қуръони Карим.

Шоир ҳам дар ин маврид хуб гуфтааст:

Донӣ, ки Худо дода ба ту ду даст?

Зеро, ки дар он сирре наҳуфтааст

Бо як даст ба кори худ бирасӣ

Бо дасти дигар зӣ дигарон гирӣ даст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед