Аҳаммият ва фазилати намози ҷамоат(қисмати дувум)

0
33

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Шароит ва вазоифи имоми ҷамоат

Муқаддима

Дар баҳси гузашта дар бораи фазилати намози ҷамоат суҳбат кардем. Ҳоло  ки намози ҷамоат воҷиб аст, пас бояд касе, ки имомати намози ҷамоатро бар уҳда мегирад, аз тарафи шаръ муайян гардад.

Шароит ва вазоифи имоми ҷамоат

Шариат мефармояд, ки имоми ҷамоат бояд чунин фарде бошад:

  1. Доно ба аҳкоми намоз, зеро агар дар намоз саҳв ва хатое рӯх диҳад битавонад тариқи ислоҳ ва адои онро анҷом диҳад. Ва худи имоми ҷамоат бояд, ки пеш аз мардум ба масҷид биёяд ва баъд аз ҳама ба манзилаш баргардад ва иллаташ ҳам ин аст, ки агар қавм дар бораи намоз саволе дошта бошанд аз ӯ битавонанд бипурсанд.
  2. Имоми ҷамоат набояд намозро тулонӣ кунад, зеро мумкин аст дар байни қавм одамҳое аз назари синнӣ ё, ки саломатии ҷисмӣ узре дошта бошанд, ки натавонанд тулонӣ будани намозро сарипо таҳаммул кунанд. Лизо авлои ба имомат аълами ба суннат буд, ки гуфтем сазовор аст саволҳои мардумро, ки марбут ба намози ҷамоат аст ҷавоб гуфта битавонад.
  3. Авраъ: яъне касе, ки на танҳо аз ҳарому макрӯҳ худро нигаҳ медорад, балки аз чизҳое, ки дар ҳалол буданашон шубҳа дорад ҳам парҳез мекунад.
  4. Баъд аз авраъ, асан: яъне касе, ки аз назари син ва сол нисбат ба дигарон бузургтар бошад, албатта ба ҳамон шартҳои зикршуда, ки олим ба аҳкоми намоз бошад, қироаташ хуб бошад, тақво дошта бошад ва авраъ бошад. Чаро? Зеро инки худи хуб будани имоми ҷамоат аз назари рафтору ахлоқ сабаби рағбати мардум ба адои намози ҷамоат мешавад.

Аммо касоне, ки имоматии онҳо наҳй шудааст:

  1. Агар мард барда, яъне ғулом, ки маъмулан вақте барои касби илм ва аҳкоми намозро надорад, имоми ҷамоат шавад макруҳ аст, ки наметавонад бо он аҳком мардум ё барои худаш пеш ояд, худашро ислоҳ кунад ё, ки барои дигарон пеш ояд барои онҳо ҷавоб дошта бошад.
  2. Инчунин касе, ки аъробӣ, яъне бодиянишин аст ин ҳам макруҳ аст ё фосиқ касе, ки ноодил аст ва ё аъмо, кур ва касе, ки наметавонад худро аз маърази наҷосот нигаҳ дорад. Инҳо макрӯҳанд имоми ҷамоат шуданашон мисли касе, ки мубтадиъ бошад. Мубтадиъ, яъне бидъатгузор ё валадуззино, яъне касе, аз роҳи номашруъ, ғайри шаръӣ ба дунё омада бошад, имоматашон макруҳ аст.

Сабаб ҳам он аст, ки мардум нисбат ба намози ҷамоат берағбат мешаванд.

Пас натиҷа ин шуд, ки имоми ҷамоат бояд касе бошад, ки ҳам огоҳ ба аҳкоми намоз бошад, ҳам дар рафтори шахсӣ ва иҷтимоияш ва хонаводагияш марде бошад, ки ӯро мардум дӯст бидоранд. Худи ин дӯст доштан сабаби пурравнақ шудани намози ҷамоат мешавад. Аммо агар занҳо ба танҳоӣ намози ҷамоат барпо кунанд ин намози ҷамоат низ макрӯҳ аст, вале дар сурати баргузор шуданаш зане, ки имоми ҷамоати занҳо аст, ки аз ҷинси худашон аст ҳамон имом бояд, ки дар васати сафи аввал қарор бигирад, на инки мисли сафи мардон як сафи алоҳида дошта бошад. Занҳои ҷавон ҳузурашон дар тамоми намози ҷамоат макрӯҳ аст,  занҳое, ки синашон аз 55-60 сол боло бошад ҳузурашон макруҳ нест, дар намози зуҳру аср, вале дар се навбати дигар макруҳ аст.

Дар бораи иқтидо кардан

  1. Агар касе, ки бо таямум намоз мехонад, метавонад барои фарде, ки бо вузу намоз мехонад имом шавад.
  2. Касе, ки поҳояшро дар вузу шустааст, метавонад ба касе, ки масҳ кашидааст иқтидо кунад.
  3. Агар имом аз рӯи узр нишаста намоз мехонад касе, ки сарипо намоз мехонад, метавонад ба имоми нишаста иқтидо кунад.
  4. Фарде, ки бо имо, яъне бо имо ва ишора намоз мехонад, метавонад барои мисли худаш, яъне касе, ки ӯ ҳам бо имо ва ишора намоз мехонад имом шавад.
  5. Касе, ки нафлгузор аст, метавонад ба касе, ки фарзгузор аст иқтидо кунад.

Ин чанд масъалаи зикр шуда, ки дар бораи намози ҷамоат буд, аҳаммияти намози ҷамоатро мерасонад, ки то ҳадди имкон бояд баргузор шавад.

Мавориде, ки наметавонанд имоми ҷамоат шаванд

  1. Зан барои мард наметавонад имом шавад, агарчанде, ки аз маҳорими мард бошад.
  2. Тоҳир бар маъзур наметавонад иқтидо кунад. Тоҳир касе аст, ки вузуяш аз ин намоз то намози дигар намешиканад. Маъзур касе аст, ки бо як таҳораташ наметавонад масалан ду намозро бихонад. Ба ҳамин хотир намози ӯ ва таҳорати ӯ ба вақтҳо бастагӣ дорад.
  3. Қорӣ ба уммӣ, яъне касе, ки илм надорад. Қорӣ наметавонад ба уммӣ иқтидо кунад.
  4. Марди либоспӯшида ба марди урён, яъне бараҳна наметавонад иқтидо кунад.
  5. Касе, ки бо рукуъ ва қиём ва суҷуди том намоз мехонад, наметавонад ба касе, ки бо имо ва ишора намоз мехонад иқтидо кунад, яъне пушти сари имоме, ки он имом бо имо ва ишора бихонад ва ин бо рукуъ ва суҷуди том наметавонад намоз бихонад.
  6. Фарзгузор наметавонад ба нафлгузор иқтидо кунад. Масалан як нафар фарзи пешинро мехонад дар пушти сари касе, ки ӯ суннати пешинро мехонад, наметавонад иқтидо кунад. Акси он гуфтем, ки мешавад.
  7. Фарзгузор наметавонад ба фарзгузоре, ки ғайри он фарзро мехонад иқтидо кунад. Ӯ як намозро мехонаду ин намози дигареро мехонад.

Ҳоло дар ин қисмат тариқа ва наҳваи сафгирии қавмро баён мекунем.

  1. Агар мутам, яъне касе, ки аз аввали намози имом аст ва то охираш ҳамон як нафар бошад бояд, ки дар тарафи рости имом биистад.
  2. Агар зиёд шаванд дар пушти имом меистанд. Ҳоло баъди иқтидо шудани дувум ва севум агар омад.

Ҳоло агар ҳама ҷамъ бошанд аввал мардон саф мегиранд, дувум кудакони ноболиғ саф мегиранд, севум хуносо саф мегиранд, яъне касе, ки ҳам олати мардонагӣ доранд ва ҳам олати занонагӣ доранд саф мегиранд, чаҳорум занҳо саф мегиранд. Вале агар зане дар баробар ё дар канори мард биистад ва намоз намози ҷамоати соҳиби рукуъ соҳиби суҷуд бошад, дар таҳрима бо ҳам шарик шаванд ва бо ҳам иқтидо кунанд, намози мард ботил аст, агар имом ният кунад имоматии занро. Яъне ду нафар буданд қавм, як зану як мард бояд, ки мард ҷудо меистод ва зан ҷудо меистод, аммо зан омад дар канори мард истод, ҳоло намози кадомашон дуруст аст? Агар имом бигӯяд, ки ман барои зан имом ҳастам ва мард риояти сафи худашро накардааст, намози мард ботил мешавад ва агар бигӯяд, ки ман барои мард имом ҳастам ва зан риояти сафро накардааст, ки бояд пушти сари мард меистод, ки наистодааст намози зан ботил мешавад. Ин чанд масъалае буд дар бораи саф гирифтани қавм пушти сари имом.

Идома дорад…

Намозҳои суннат ва аҳкоми он (қисми дуюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед