Ҳиҷрат ва зарурати он дар роҳи Худо1

0
130

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳиҷрат ва зарурати он дар роҳи Худо

Қисмати аввал

Муқаддима

 Дар Қуръони Карим ҳиҷрат як амри воҷиб ва муқаддас ҳисоб шудааст. Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим ба мусалмонон дастур додааст, агар дар ҷомеае наметавонанд вазифа ва таклифҳои динии худро анҷом диҳанд ба минтақаи дигар хиҷрат кунанд, зеро Ислом маҳдуд ба макони мушаххасе нест. Ҳадафи офариниши инсон бандагии Худованд ва ба саодат расидан аст. Бинобар ин ҳаргоҳ ин ҳадаф дар маконе муяссар нашуд, бояд аз он макон ё минтақа ҳиҷрат кард ба сабаби инки замини Худованди Мутаол бузург аст. Ва бояд ба маконе ҳиҷрат кард,  ки ин ҳадафи боло муҳаққақ шавад. Ҳиҷрат дар зиндагии ашар пешрафти илм ва ба вуҷуд омадани тамаддунҳо нақши бисёр доштааст. Бо таваҷҷуҳ ба матлабҳое, ки баён шуд ҳиҷрат ғазаби илоҳӣ нест, балки суннати илоҳӣ мебошад. Дар замони халифаи дуввум ҷаноби Умар ибни Хаттоб,  ки Ислом тавсеа пайдо карда буд мусалмонон ба фикри мушахас кардани мабдаи таърихӣ барои Ислом афтоданд. Пас аз гуфтугӯи фаровон назари  интихоби Ҳазрати Алӣ(а) мавриди қабул гардид ва  мабдаи таърихро аввали ҳиҷрат номгузорӣ карданд, ки ин номгузорӣ баёнгари аҳаммияти ҳиҷрат мебошад (Таърихи Табари Ҷилди 2, с. 516)

 Аҳамияти ҳиҷрат дар Қуръони Карим                                                     

Худованд дар бораи мусулмононе, ки дар билоди куфр зери фишори бединон ва ҳокимони золим зиндагӣ мекунанд ва тан ба зиллат медиҳанд ва ба замини васеи Худованд ҳиҷрат намекунанд, ҳушдор медиҳад ва мефармояд:

   إنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنْتُمْ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا فَأُولَئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَسَاءَتْ مَصِيرًا

Дар ҳақиқат, касоне, ки фариштагон ҷонашонро меситонанд, дар ҳоле ки ситамгари хешанд, ба онҳо гӯянд: «Дар чӣ [ҳоле] будед?» Гӯянд: «Мо дар замин мустазъаф будем»; гӯянд: «Оё замини Худо васеъ набуд, то дар он ҳиҷрат кунед?» Пас, онон ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва бад ҷойгоҳеаст.(Сураи Нисо ояти 97)

Агар касе дар сарзамине бошад, ки натавонад дар онҷо он тавре, ки мумкин аст ба аъмоли динии худ бипардозад ва ё ба сабаби далелҳои дигар наметавонад диндорӣ кунад ва бидонад метавонад дар сарзамини дигар устувортар ҳуқуқи илоҳиро  ба ҷо оварад ва Худоро беҳтар ибодат кунад, муҳоҷират бар ӯ воҷиб мешавад. (Тафсири Кашшоф зери ояти 97 сураи Нисо)

Шаъни нузу

Иддае аз мусалмонон ба ҷиҳати вобастагиҳои моддӣ аз Макка ба Мадина муҳоҷират накарданд, аммо ҳангоме  ки мушрикони  Макка мардумро барои ҷанг дар муқобили мусулмонон даъват карданд ва он даста(гурӯҳ) аз мусулмононе, ки ҳиҷрат накарда буданд, мушрикон онҳоро таҳдид карданд, ки бояд ҳамроҳи мо барои муқобила бо мусулмонон ба ҷанг биёянд. Онҳо аз сари тарс ҳамроҳи мушрикон ба назди мусулмонон омаданд ва кушта шуданд. Онгоҳ ин ояти дар боло зикршуда  нозил гардид ва онҳоро гунаҳкор дониста ва сарзаниш кард. (Тафсири Ибни Касир зери оят 97 сураи Нисо)

 Аҳамият ва арзиши ҳиҷрат аз забони Расули Акрам (с)

م‍ن فر بدینه من ارض الی ارض وان کان شبرا من الارض استوجبت له الجنه و کان رفیق ابیه ابراهیم ونبیه محمدعلیهما الصلاه و السلام

Ҳар касе барои ҳифзи дини Худо аз сарзамине ба сарзамини дигаре ҳиҷрат кунад ҳатто агар як ваҷаб бошад, сазовори вуруд ба биҳиштро хоҳад дошт ва ҳамчунин дар биҳишт бо ниёиши ҳазрати Иброҳим (а) ва  ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамроҳ аст. (Тафсири Кашшоф зери ояти 97 сураи Нисо)

Ин ҳадис ва ояте, ки зикр шуд баёнкунандаи мақоми ҳиҷрат ва ҳиҷраткунандагон аст ва ҳамчунин ҷавобе аст, барои касоне, ки ҳамеша  муҳоҷирони роҳи Худоро сарзаниш мекунанд.

Ҳиҷрат аз забони устод шаҳид Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Ҳиҷрат дар роҳи Худо ва ҳифзи дини Ислом ба қадре аҳаммият дорад, ки мо мусалмонон мабдаи таърихии худро аз он шуруъ кардаем ва ин зербинои ҳамаи ҳаводиси сиёсӣ ва иҷтимоии мо мебошад. Мо хуб медонем, ки ҳар қавме барои худ мабдаи таърихӣ дорад. Масалан масеҳиён солшумории худро аз тавалуди ҳазрати Исо (а) шурӯъ кардаанд. Дар Ислом ҳаводиси муҳими зиёде ҳаст, ки метавонад мабдаи таърихӣ бошад, аз ҷумла таваллуди ҳазрати Расул (с), оғози ваҳӣ, фатҳи Макка, беъсати Паёмбари гиромӣ (с) ва реҳлати ҳазрати Расул(с). Вале Ислом солшумории худро аз ҳиҷрат оғоз намудааст. Ин бошараф ва боаҳаммият будани ҳиҷратро аз дигар ҳаводиси динӣ нишон медиҳад. Дар воқеъ ҳиҷрати Расули Худо (с) сароғози пирӯзии Ислом дар замони Расули Акрам (с) буд. ( Он сӯи сиёсат саҳ. 11)

Натиҷа

Худованд дар Қуръони Карим аз муҳоҷирон дар чанд ҷо зикр кардааст ва онҳоро мӯъмини ҳақиқӣ ёд мекунад. Албата бояд донист мӯъмини воқеъӣ (ҳақиқи) шудан кори осон нест. Аз бисёр имтиҳонҳо бояд гузашт ва бояд бар бисёре аз чизҳое, ки назди инсон азиз ҳастанд чашм пӯшид, мисли ватан ва таҳаммули дурии он ва зиндагӣ дар ғурбат ва …, ки ҳамаи инҳо барои инсон бисёр азиз ҳастанд ва ҳамчунин душвориҳоеро бояд гузаронд, то Худованд бигӯяд ту мӯъмини ҳақиқӣ ҳастӣ, ту назди Худованд дараҷаи азим дорӣ, ту вусъат ва зиндагии фаровоне хоҳи ёфт, аҷри ту бо Худованди Мутаол аст. Ҳиҷрат кори бисёр сахте аст ва сахтар аз он дурӣ аз падару модар, зану фарзанд ва хешутабор мебошад. Вале бояд муҳоҷири илаллоҳ аз ин ҳиҷрат, ки дар роҳи Худо кардааст, розӣ бошад ва аз мусибатҳое, ки дар роҳи Худо ба сараш меояд шукргузор бошад ва ҳеҷ вақт ба хотири сахтиҳое, ки ба сараш меояд аз роҳи муборизаи худ боз намонад ва фаромӯш накунад, ки чаро ҳиҷрат кардааст ва бахотири чи дар ғурбат зиндагӣ мекунад. Ҳамвора ҳадафи худро ба ёд оварад, ки мубориза бо золимон аст ва ифтихор дошта бошад, ки Худованд ӯро ба ин мақоми баланд ҳамчун пайғамбарони илоҳӣ ва авлиёӣ худаш қабул фармудааст. Ҳарчанд афроди зиёде ҳастанд аз сари нодонӣ муҳоҷирони роҳи Худоро бо суханҳои худ нороҳат мекунанд, аммо набояд интавр суханҳо дар қалби поки як муҳоҷири роҳи Худо асаргузор бошад. Ҳаркас аз тақдироти Худованд норозӣ шавад ва кӯшиши бозгаштан ба зери султаи золимони сарзамини худашро кунад бидуни инки ҳадафе дошта бошад,  бояд бидонад дар дунё хор ва дар охират русиёҳ хоҳад шуд ва ин ваъдаи илоҳӣ аст, ки Худо ҳаргиз хилофи ваъда амал намекунад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед